Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон дар марҳалаи финалии Чемпионати Осиё-2018-U-19 дар Индонезӣ дар даври гуруҳӣ вохӯрии аввалини худро бо ғалаба анҷом дод.

Ҳарифи дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон чиниҳо буданд, ки фаворити ин гурӯҳ ба ҳисоб мерафтанд. Шогирдони Мубин Эргашев дар ин бозӣ маҳорати хуб нишон доданд ва Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 78-ум тавонист, ки аз як фурсати муносиб истифода барад. Голи задаи ӯ голи ягонаи ин бозӣ буд, ки дастаи мунтахаби кишвари моро ба пирӯзӣ расонд. Довар аз Сурия ба футболбозони тоҷик 5 маротиба корти зард нишон дод.

Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ дастаҳои Малайзия ва Арабистони Саудӣ бозӣ карданд, ки ғалаба насиби дуюмӣ гашт. Ҳисоби ин бозӣ бо натиҷаи 1:2 анҷом ёфт ва арабҳо бо задани голи бештар дар ҷадвал якум шуданд.

Дастаи мунтахаби кишвари мо вохӯрии дуюмро 23-юми октябр бо дастаи Малайзия баргузор мекунад, ки оғози он соати 17:00 (ба вақти Душанбе) аст.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гуруҳ ба чорякфинал мебароянд. Чор дастаи беҳтарин ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар кишвари Лаҳистон (Полша) баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Добавить комментарий