Ба таваҷҷуҳи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 

ва Прокуратураи генералии ҶТ

Давоми як сол, яъне соли 2018, дар ҳафтаномаи «Фараж» низ чун дигар воситаҳои ахбори омма масоили баҳсталаби зиёд инъикос гардид. Ба мақолаҳои танқидиву таҳлилии нашрия бисёр мақомоту муассисаҳое, ки бори масъулияти қазияҳои интишоршударо бар дӯш доштанд, вокуниш нишон доданд. Аммо ниҳодҳои дигаре ҳам буданд, ки бемасъулиятӣ нишон дода ва ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро нодида гирифта, муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд. «Қарздорҳо»-е, ки дар рӯйхат ҷой гирифтаанд, бояд ба матолиби муҳим вокуниш нишон медоданд…

 

№3 (581), 17-уми январи соли 2018

1. «Мероси фарҳангиамонро ба ЮНЕСКО бубарем…».- Посухгӯён: Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ.

2. «Боз як бори дигар дар бораи мусиқии касбӣ». Посухгӯ: Вазорати фарҳанги ҶТ.

3. ««Шаҳраки донишҷӯён» ё «кони ифлосиҳо»!?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино.

№4 (582), 24-уми январи соли 2018

1. ««Муҳаммад-2009» аз касе наметарсад?!».- Посухгӯён: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ, ҶДММ «Муҳаммад-2009.

2. «Варзоб: Кӣ аз уҳдаи таъмири роҳ мебарояд?».- Посухгӯ: Вазорати нақлиёти ҶТ.

№5 (583), 31-уми январи соли 2018

1. «Алоқаҳои бе(ҳ)сифат».- Посухгӯ: Хадамоти алоқа.

2. «Серро чӣ парвои гурусна!?…».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.

№6 (584), 7-уми феврали соли 2018

«Панҷ: Як чароғак ва чорроҳаи хатарнок».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ.

№8 (588), 21-уми феврали соли 2018

«Метарсам, ки дар ҷанг пушт мегардонем!».- Посухгӯ: Вазорати мудофиаи ҶТ.

№11 (589), 14-уми марти соли 2018

1. «ВАО» ё «Партовгоҳи ақидаҳо»?».- Посухгӯ: Вазорати фарҳанги ҶТ.

2. «Кӯчонидани қабристон тасмими сокинон аст?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино.

№15 (593), 11-уми апрели соли 2018

«Кулба».- Посухгӯ: Вазорати фарҳанги ҶТ.

№18 (596), 2-юми майи соли 2018

«Мактаби №19-и Кушониён: Мушкилот зиёд аст».- Посухгӯ: Ҳукумати ноҳияи Кушониён

№20 (598), 16-уми майи соли 2018

«Оҳангар».- Посухгӯ: Кумитаи рушди сайёҳӣ.

№21 (599), 23-юми майи соли 2018

«Писари ман ягона аст…».- Посухгӯ: Вазорати мудофиаи ҶТ.

№22 (600), 30-юми майи соли 2018

«Ховалинг: Ҷавонони 7 деҳа аз варзишгоҳ бенасибанд».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг.

№28 (606), 11-уми июли соли 2018

«Мирзоев: Писарамро дар аскарӣ нашъаманд карданд».- Посухгӯ: Вазорати мудофиаи ҶТ.

№31 (609), 1-уми августи соли 2018

«Ашт: Ба зӯр боғ, ба камзӯр роғ».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

№32 (610), 8-уми августи соли 2018

«Восеъ: Дарди дилро ба кӣ гӯям?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ.

№34 (612), 22-юми августи соли 2018

«SOS: Наҳри Рӯдакӣ заҳролуд мешавад?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ.

№35 (613), 29-уми августи соли 2018

1. «Чаро гунаҳгор ҷабрдида эътироф мешавад?».- Посухгӯ: Маҷлиси намояндагони МО ҶТ.

2. ««Ҳазорхонаи гов» дар Панҷакент».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

№38 (616), 19-уми сентябри соли 2018

«Бохтар: Номи калону шаҳри вайрон».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.

№39 (617), 26-уми сентябри соли 2018

1. «Ваҳдат: Чаро ҳалномаи суд ях кард?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.

«Панҷакент кай соҳиби МРТ мешавад?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

№41 (619), 10-уми октябри соли 2018

«Оё «Қарори 600» бори дӯши мардумро гирифт?».- Посухгӯён: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

№44 (622), 1-уми ноябри соли 2018

«Хатлон: Бунгоҳҳои тиббиро мефурӯшанд».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

№45 (623), 7-уми ноябри соли 2018

«Қотил чаро афв шуд?».- Посухгӯ: Прокуратураи генералии ҶТ.

№46 (624), 14-уми ноябри соли 2018

«Кӯлоб: Кӣ бояд лифтҳоро таъмир кунад?».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

№48 (626), 28-уми ноябри соли 2018

1. «SOS: Дар Кӯлоб шуғли занона аз байн меравад!».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

№49 (627), 5-уми декабри соли 2018 

1. «SOS: Тороҷи замину амволи давлатӣ дар Истиқлол».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол

2. «Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: 80 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ҳоли хароб доранд».- Посухгӯ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Добавить комментарий