.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Ҷонибек Муродов ба Қадами Қурбон клип ваъда кард

Янв 11, 2019 Хонданд: 284
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ҷонибек Муродов ба Қадами Қурбон клип ваъда кард

Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Ҷонибек Муродов, молики ширкати “ҶМ компания”, ба мухлисони сарояндаи зарифи тӯйҳо Қадами Қурбон ваъда кард, ки бо иштироки ӯ як клип забт хоҳад кард.

Дирӯз дар муроҷиати видеоӣ худи Ҷонибек Муродов ин хабарро дар ҳоле расонд, ки сари як миз бо Қадами Қурбон менишаст. Ӯ гуфт, ки то ҷашни Наврӯз ин клип омода ва пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.

Қадами Қурбон, омӯзгори мусиқии як мактаб дар Сари Чашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки дар тӯйҳо бо сурудҳои шӯх табъи ҳозиринро болида мегардонад. Вақтҳои охир атрофи номи ӯ сару садоҳо зиёд шуданд. Ӯро барои нақзи қонуни танзим ҷарима ҳам карданд. Худи Қадами Қурбон дар сӯҳбат дар шабакаи иҷтимоии Youtube низ вайрон кардани қонуни танзимро тасдиқ кард. Дар ин забти нимсоата ин ҳунарманд хоксору самимӣ будани худро намоиш медиҳад ва ин сӯҳбати ӯ боис шуда, ки назари аксари мардум ба шахсияти Қадами Қурбон тағйир кунад. Ҳоло ӯ аз маҳбубтарин ситораҳои тоҷикӣ дар Youtube  ба шумор меравад. 

Тағйироти охир Ҷумъа, 11 Январ 2019 13:03
Хонданд 284
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

1 Назар

  • Хуршед Паём аз Хуршед Душанбе, 14 Январ 2019 15:23

    Салом ба коргарони мачалаи Фараж!
    Кадами Курбон дар дехаи Чагами миёнаи нохияи Ш.Шохин таваллуд шудааст ва на дар дехаи Сари чашма. Аз ин маълум мешавад, ки Кадами Курбон аз Чагами буданаш шарм медорад? Сухбати у бо хабарнигори Youtube дар мавзеи дехаи Сари чашма буд ва барои чи ин сухбат дар дехаи Чагам нашуд, ки ин хунарманди туйгард ба воя расидааст ва дар мактаби хамин деха дарс медихад?
    Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар дехаи хушманзари Чагам шоири забардаст Хайрандеш таваллуд шудааст ва барои хамин мухтарам Кадами Курбон аз ном бурдани дехаву зодгохат шарм надор!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.