.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Сомон тиллоӣ шуд

Дек 03, 2018 Хонданд: 181
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Сомон тиллоӣ шуд

Паҳлавонони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов дар Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо, ки 1-2 декабр дар Ҳонконг баргузор  гардид, 2 медал ба даст оварданд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг гӯштӣ гирифтанд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро мағлуб карда, дар финал бар варзишгари ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд ва соҳиби медали тилло гардид.

Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё иштирок карданд.

Тағйироти охир Душанбе, 03 Декабр 2018 12:58
Хонданд 181
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.