.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Ҳукми Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дар расонаҳои хориҷӣ дастгирӣ ёфт

Нояб 24, 2018 Хонданд: 469
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ҳукми Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дар расонаҳои хориҷӣ  дастгирӣ ёфт

 

23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод,  ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад.

Бо истинод ба маълумоти адвокат Абдуқаҳхори Қурбониён хабар дода мешавад, ки Суди олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз мутаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. 

Падидаи ҷолиб ва фаромӯшнашуданӣ аз зовияи таърих он аст, ки Абдусамадов (минбаъд Нахӯдов)  пурра ва довталабона аз нақшаҳои тахрибкоронаи ҳизби террористии наҳзат парда бардошта, ба гуноҳи худ, ки дар ноором сохтани вазъияти чумҳурӣ ифода меёбад, иқрор шуд.          

Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Қисмати муҳими мусоҳиба, изҳори акидаи  модари Абдусамадов мебошад, ки бо маълумоте ки дар бораи ҳодиса ва писараш дорад, гунаҳкорони асосӣ чи тавре ки интизор мерафт: Кабирӣ ва аъзои шӯрои раёсати олиро медонад, ки писарашро ба ин гумроҳӣ тела додаанд.

Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо тавассути миёнарави ТТЭ ҲНИ қорӣ Носир мебошад. 

Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст.

Коршиносони ворид дар ин масъала, мегӯянд, ки  ҲНИ таҷрибаи анҷом додани ин ҳилаҳоро дорад. Чунончи, дар солҳои 1993-1994 вақте ки ҷомеаи чаҳонӣ аз амалҳои бунёдгароҳои исломӣ ба даҳшат омада буданд ва ВАО-и ватанӣ ва хориҷи онҳоро рад мекарданд, ба ҳодисаҳои ҳаммонанд даст заданд. Сараввал, соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд.

Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва  қобили дарк мебошад.

Як ҳилаи шаръии ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаи террористии  29-уми июл ба муқобили сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар он баён мегардад, ки ин ҳизб таҳти пӯшиши ҳаракатҳои дигари террористӣ аз ҷумла ДОИШ баромад намуда, обрӯи дурӯғин касб мекунад.       

Фирӯз Каҳрамонов, тахлилгар

 

Тағйироти охир Шанбе, 24 Ноябр 2018 12:19
Хонданд 469
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

3 Назар

  • Одам Паём аз Одам Якшанбе, 09 Декабр 2018 07:57

    террористон нею туристонро ба катл расондааст, хохишмандам Бо диккаттар нависед. И рузномаро бисерихо мутолиа менамоянд.

  • Ибрагим Паём аз Ибрагим Ҷумъа, 07 Декабр 2018 08:36

    "Бо истинод ба маълумоти адвокат Абдуқаҳхори Қурбониён хабар дода мешавад, ки Суди олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард".
    Ин ҷо ҷумла ғалат шудааст. террористони хориҷӣ не, балки сайёҳони хориҷӣ бояд бошад.

  • Фолчи Паём аз Фолчи Панҷшанбе, 29 Ноябр 2018 22:18

    Саркардаи террористонеро, ки соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд, кай хукми абад медода бошанд? Хо ха вай Абдурахими домуллоя.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.