.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Tajikistan Fashion Week: Кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо

Нояб 16, 2018 Хонданд: 652
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Tajikistan Fashion Week: Кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо

Моҳи марти соли равон бори аввал дар Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи Tajikistan Fashion Week (TFW) – Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон баргузор гардид.  Ин ҷашнвораи тарроҳонро, ки сатҳи байналмиллалиро дошт, Агентии рекламавии «Тайрон» баргузор кард ва ҳамагонро ба ҳайрат овард. Ин шабу рӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузории даври дуввуми ҳафтаи мӯд эълонҳо пахш мешаванд. Бо мақсади огоҳ шудан аз сатҳи баргузории  Tajikistan Fashion Week  - коллексияи тирамоҳ-зимистон бо асосгузори он, директори Агентии рекламавии «Тайрон» Шаҳноза Ҳамдамова хостем ҳамсӯҳбат шавем. Баробари ворид шудан ба утоқи Шаҳноза бо фараҳ эшонро табрик кардам: 

-Шаҳноза, Шуморо бо баргузории даври дуввуми  ҷашнвораи «Tajikistan Fashion Week», ки ба наздикӣ дар Душанбе баргузор мегардад, табрик мегӯям.

Хаёлам, табрикоти ман ба Шаҳноза Ҳамдамова писанд наомад, ки чеҳраи хандонаш каме гирифт ва хеле сард посух дод:

- Мутаассифона, дар баргузории он банда даст надорад. Дар заминаи идеяи мо касоне пайдо шуданд, ки чолокӣ зоҳир намуданд ва аз мо пешдастӣ карданд. Аслан, ин одамон касоне буданд, ки дар баргузории «Tajikistan Fashion Week» аз ҷониби Агентии рекламавии «Тайрон» барои ҳамдастӣ даъват шуда буданд. Зеро «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» чорабинии калон ва сатҳи ҷумҳуриявӣ аст. Мо ба ин кор аз қувваҳои беруна ва волонтёрҳо низ истифода кардем. Тоҳири Зоҳирро, ки ба мӯд шавқи зиёд дошт, бо пешниҳоди як кормандамон, ки бо ӯ дӯстӣ меварзид, ба ҳамкорӣ даъват шуд.  Ӯ ба боварии мо даромада, бо ҳушёрии ба худаш хос вориди ошхонаи мо шуда, кӯшиш дорад моликияти зеҳнии моро моли худ кунад. Ман ин иқдоми нодурусташро барояш гуфтам, вале тавре ки мебинед, аз раъяш нагашт. Ширкати «T&Z», ки ба Тоҳири Зоҳир таалуқ дорад, ҳоло даст ба ин кор задааст.

- То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, ӯ корманди гумрук аст, аз қонун бохабар аст, чаро ба ин кор даст зад?

- Инро аз худаш савол кунед.

-Аҷиб, ба ҳамагон маълум аст, ки шумо нахустин маротиба ин чорабиниро ташкил намудаву эълом дошта будед, ки тирамоҳи имсол давраи дуввуми онро баргузор мекунед. 

-Бале, шумо дуруст қайд кардед. Баргузории чунин як чорабинӣ заҳмат ва вақти зиёд мехоҳад. Тӯли 7 сол ин идеяро мо коркард кардем. Дар ин муддат дар саҳифаҳои маҷаллаи IDEAS ҳамеша аз дастовардҳои тарроҳони тоҷик матлабҳо нашр намуда, бештар ба тарроҳони ҷавон таваҷҷӯҳ зоҳир кардем. Ба ин васила хостем, ки индустрияи мӯди Тоҷикистонро ба вуҷуд орем ва онро тарғиб кунем, ба сатҳи ҷаҳон барорем. Билохира, орзуи 7- солаи мо дар Наврӯзи имсола амалӣ шуд. Мо «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон»-ро дар Душанбе баргузор намудем. Дар ҳафтаи мӯди мо намояндагони 7 кишвар: Тоҷикистон,  Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Италия ва Фаронса ширкат карданд ва коллексияҳои худро ба намоиш гузоштанд. Идеяи моро ҳамагон ба хушӣ қабул карданд. 

- Хабар дорам, дар як мусоҳибааш сафири Фаронса хонум Ясме Гуедар чунин гуфта буд: «Ман бо дидани ин либосҳо ва ин чорабинии сатҳи баланд ба ҳайрат афтодам.  Бовар намекардам, ки дар Тоҷикистон чунин як чорабиниро гузаронидан имкон дорад. Тарроҳони тоҷик ба ман писанд омаданд. Ман ваъда медиҳам, ки барои тарғиби онҳо ва дар Фаронса нишон додани коллексияҳошон мусоидат мекунам». 

- Бале. Ногуфта намонад, ки пас аз чорабинии мо хонуми сафир ба ваъдаи худ вафо карда, тарроҳони моро ҳаматарафа дастгирӣ карданд. Дар бисёр чорабиниҳои сафорати Фаронса тарроҳони мо коллексияҳои худро ба намоиш гузоштанд. Яъне мо ба ҳадафи худ расидем: тарроҳони ҷавони мо эътироф шуданд. 

Аммо шумо нағз медонед, ки расидан ба ҳадаф кори душвор аст. Мо то баргузории ҳафтаи мӯд азобҳои зиёд кашидем, ширкати тарғитботӣ ба вуҷуд овардем, то ки ҳадафҳои худро тариқи ВАО-и ватаниву хориҷӣ ба мардум ва алоқамандони мӯди ҷаҳонӣ расонем. 

-Ҷолиб ин буд, ки Шумо бори аввал дар кишварамон коллексияи либосҳои мардонаро ҳам нишон додед… 

-Бале. Ибтидо фикр мекардем, ки шояд коллексияи мардонаро истисно кунем, зеро ба шумо маълум, ки алоқамандони мӯд дар Тоҷикистон бештар ба коллексияҳои занона таваҷҷӯҳ доранд, аммо мо таваккал кардем ва дере нагузашта ҷавононе пайдо шуданд, ки майли чун модел ба подиум баромаданро карданд. Ҳамин тавр, коллексияи мардона низ хеле хуб қабул карда шуд. Натанҳо либоси мардона, балки бисёр чизҳо таҷрибаи нахустин буданд, бори аввал моделҳои тоҷик рӯйи подиуми 30-метра қадам мезаданд. 

Тарроҳи машҳури кишвар, муаррихи либосҳо Мукаррама Қаюмова дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтаанд: «Моро «Тайрон» ба ҳайрат овард. Баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд ва сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон орзуи чандинсолаи ман буд, ки онро Шаҳноза Ҳамдамова бо ҳайати кормандонаш дар ҳаёт татбиқ кард».

-Шаҳноза, Шумо дар хотимаи «Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон» эълон карда будед, ки ин чорабинӣ ҳар сол ду маротиба баргузор мешавад ва коллексияи тирамоҳ-зимистонро ҳам шумо муаррифӣ мекунед. 

-Бале, мо аз раъямон нагаштаем. Омодагӣ дар ин самт идома дорад. Рӯзи баргузориашро ҳатман ба шумо хабар медиҳем.

Мусоҳиб Нигора Саидбекова, «Фараж»

Тағйироти охир Душанбе, 19 Ноябр 2018 13:44
Хонданд 652
Баҳо диҳед
(3 )

Медиа

3 Назар

  • Мадина Паём аз Мадина Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 19:22

    Можно узнать, кто статью написал?

  • Мадина Паём аз Мадина Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 19:22

    Можно узнать, кто статью написал?

  • Мадина Паём аз Мадина Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 19:22

    Можно узнать кто статью написал?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.