.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!

Нояб 07, 2018 Хонданд: 134
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!

Пас аз чандин соли интизориҳои халқҳои тоҷику ӯзбек моҳи марти соли 2018 байни ду давлати дӯсту бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳои  судманд оғоз гардид, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии ин кишварҳои собиқ шӯравӣ назир надошту надорад. 

Дигаргуниҳое, ки дар таҳкими муносиботи дӯстонаи ду кишвар иттифоқ афтод, арзишҳои дӯстиву ҳамсоядории накуи мардумони тоҷику ӯзбекро ба асли хеш баргардонд ва исбот намуд, ки ба қавли бузургон “об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”. Воқеан тоҷикону ӯзбекҳо таърихан дӯсту бародар буда, тамаддуни муштарак доранд.

Ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъмини рафтуомади бемонеаи шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар суруру шодмониҳои зиёдеро ба бор овард, ки аз баракати сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рақам зада мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Мо масъалаҳои ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии ду халқи бародар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳои миёни ходимони фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро баррасӣ намудем».

Маҳз татбиқи амалии ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ман – як духтари оддии деҳотӣ, хатмкардаи МТМУ №12-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ дар Академияи олии тиббии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил намуда истодаам. Таҳсил берун аз ватан ва падару модару хешу табор, албатта, каме мушкил аст, дилам ба ёди волидайну дӯстон ва устодону ҳамсинфон гум мезанад, вале ифтихор дорам, ки ман аввалин ва ҳоло ягона духтари масчоӣ ҳастам, ки бо шарофати сиёсати пурфайзи сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоям. Дар ин ҷо, дар шаҳри Тошкент мардум моро эҳиром мекунанд, устодону ҳамкурсон ҳамеша оид ба дӯстии абадии як халқу ду миллати бузург – тоҷикону ӯзбекҳо сухан мегӯянд. Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандону донишҷӯёни кишвар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона кардааст ва дар ҳамаи масоил ба эшон дасти ёриву мадад дароз мекунад. Махсусан, сафири муҳтарами мо дар ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон Имоми Содиқ мунтазам аз ҳоли мо – донишҷён бохабар мешаванд ва ҳамеша таъкид мекунанд, ки шумо, донишҷӯён, намояндаҳои фарҳанги Тоҷикистон маҳсуб меёбед, аз ин рӯ кӯшиш намоед, ки бо рафтору таҳсили худ намунаи ибрат ва номбардори ватани азизи хеш бошед. Маҳз дастгирии сафири муҳтарам буд, ки ман дар як муддати кутоҳ раводиди донишҷӯиро дастрас намуда, саривақт ба дарс ҳозир шудам.

Имрӯзҳо дар тамоми кишвари азизи мо барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои наҷиб амалӣ мешаванд, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар авҷанд.  Бо ташаббуси раиси муҳтарами вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, ки воқеан ҳам ҳар фарди ватандӯстро ба ободкорию созандагӣ таҳрик медиҳад. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ бо дили гарму азми қавӣ ташаббусҳои созандагиро дастгирию пайравӣ намуда, ҳар яке бо қадри имкону тавон дар ободии диёри худ саҳм мегузоранд.

Ман низ дар қатори дигар ҳамдиёрони бунёдкори худ тасмим гирифтам, ки аз ҳисоби маблағҳои стипендияи президентӣ, ки ба гирифтани он ҳангоми таҳсил дар синфи 11 мушарраф шуда будам ва дастгирии падари азизам, ки худ низ дастпарвари МТМУ №12 мебошанд, маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимиро, ки солҳо ноободу зери барфу борон буд,  аз таъмири куллӣ баровардем, ки дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бо зикри  ин нукта мехоҳам бигӯям, ки ин ҳама ободиҳо, хурсандиҳо, дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ва аз ҳама муҳим оғози муносиботи дӯстонаи байни ду давлати ҳамсоя, шарики стратегӣ эълон шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо насли даврони истиқлол бояд ба қадри ин ҳама неъматҳои бузург бирасем ва шукрона кунем, ки чунин Ватан, чунин Пешвои бузург ва давлати қавӣ дорем. Зинда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, поянда бод дӯстии бародаронаи авлоди Ҷомию Навоӣ!

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо!

Ҳангомаи АЗИЗЗОДА,

донишҷӯи Академияи тиббии шаҳри Тошкент

Тағйироти охир Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 09:47
Хонданд 134
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.