.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Барои муғризон дар Бадахшон ҷойгоҳ нест!

Окт 19, 2018 Хонданд: 291
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Барои муғризон дар Бадахшон ҷойгоҳ нест!

Вазъи кунунии ҷаҳон бо дар назардошти бархурди манфиатҳои геополитикӣ ҳар замон метавонад тағиротҳо ва ноамниву бесомониҳоро дар ин ё он минтақа ба миён орад. Ин бархурдҳо ва равандҳои ногусастанї Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро низ дар назар дорад.

Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ мо дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ дорем. Албата ин ҳама заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо азму иродаи қаввї Сарвари давлатамон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳтарини таърихӣ ба ҷангӣ ҳамватанӣ дар Тоҷикистон хотима бахшанд.  Ҳарчанд 21-умин солгарди Ваҳдат ва ризоияти миллро таҷлил намуда бошем ҳам, вале то ҳанӯз ҳастанд афрод ва қувваҳое, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором ва фазои осоиштаи онро халалдор намоянд. Барои қудратҳо ва бозиҳои геополитикӣ вақтҳои охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди ҳадаф қарор гирифтааст, ки муҷиби он метавон чанд омилро номбар намуд. Аз қабили марзи тулонӣ бо Афғонистон ва Чин, дурӣ аз маркази ҷумҳурӣ,  захираҳои саршори табиӣ, пойгоҳи муносиб барои идора намудани давлатҳои минтақа, масоили мазҳабӣ ва забониву  амсоли ин.

Ҳамин аст, ки гоҳо дар баъзе аз ВАО бегонагон онҳое, ки муттаҳидии миллати куҳанбунёди тоҷиконро намехоҳанд, муғризона бо ҳамин васила дар байни мо тухми кинаву адоватро дучанд намуда, мардуми Бадахшонро ҳамчун аққалият ва гӯё бегона аз тоҷикият талқин менамоянд, ки ин иштибоҳи маҳз аст. Зеро мардуми Бадахшон тоҷикони асилианд, ки дар гирудорҳои таърихӣ дароз забонҳои қадимии моро нигоҳ доштаанд ва ҳеҷ гоҳ онҳо аққалият ё мардуми ғайритоҷик набуданду нестанд. Ин андешаҳои ботил танҳо ғаразҳоеанд, ки барои ноамниву бесуботии кишвар аз тарафи гурӯҳҳои манфиатхоҳу моҷароҷӯ мавриди  истифода қарор мегиранд. Бархе аз беномусон бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар байни мо тоҷикон низоъ андохта, ба ин васила мехоҳанд тухми кинаву адоватро боз ҳам ғанӣ созанд.

Бо назардошти он, ки чунин таҷрибаҳоро дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта миллати ҷафокашидаи мо дар худ дошт, даргириҳо зуд хомӯш ва мардум паси миззи музокирот нишастанд. Чунин ранг гирифтани вазъ ба манфиати коргардонҳои ин саҳна набуд, ки хостанд дасиссаи дигареро тавассути нафарони маҷзубшудаашон таҳти пушишҳои дипломатӣ анҷом диҳанд, ки он ҳам фош шуд. Яъне ташкилотҳои байналмилалӣ ва фондҳои хайриявӣ ба таври пинҳонӣ ва махфӣ ба ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша ҳамкории муштаракро ба роҳ монда,         талош  доранд,  авзои сиёсӣ ва муҳити иҷтимоии ВМКБ -ро   коста ва осебпазир намоянд.

Аз ҷумлаи чунин созмонҳои моҷароҷӯ ва ихтилофангезӣ “Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ – Crisis Group ICG”  ва САҲА мебошанд.  Имрӯз то андозае вазъияти сиёсӣ ва низомӣ дар  ВМКБ аз ҷумла шаҳри Хоруғ муташанниҷ ва ноором аст. Гӯё дар ин минтақа нақши  асосиро на Ҳукумати иҷроия, балки гуруҳҳои олами ҷиноӣ  ба қавле "қумондонҳо",  "оппозитсия", "ҷинояткорон",   “авторитетҳо”, “лидерҳо”  ва қочоқчиёни маҳаллӣ мисли Толиб Аёмбеков, Ёдгор, Мамадбоқир, Имумназар ва ҳаммаслаконашон дар даст дошта бошанд.

«Албатта, аз пайи душворӣ, осонист». Сураи «иншироҳ» (кушудан), ояти 6. Мусалламаст, ки бо сахтӣ ва душворӣ осоиш ва осудагӣ меояд, ба ваъдаи Парвардигори Оламиён итминон дошта бошем, ҳамааш дар вақту замонаш ҷойгоҳи худро пайдо менамояд».

Набояд фаромӯш кард, ки Худованд ба инсон ақл ато кардааст, то ба василаи  он хубро аз бад ҷудо карда ба ҷое бирасад. Набояд шахси оқил ақли худро ба дигар инсон иҷора диҳад, мисли он беномусон ва моҷароҷӯёне, ки аз дурӣ тафриқа меандозанду  камбуди меҷӯянд.

Сокинони ватандӯст ва хайрхоҳи ВМКБ дар партави кониститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолият намуда, аз муқаддасоти мазҳабии худ ва арзишҳои фарҳанги тоҷикӣ пуштибонӣ менамоянд ва ҳаргиз ба тавтиъа ва талбисоти бегонапарастон дода намешаванд.

Баҳри бартараф намудани низоъҳои дохилӣ дар минтақаи Бадахшон аз тамоми Халифаҳои (муллоимомҳои) исмолия даъват менамоям, ки бо мардум аз наздик дар хусуси решакан намудани кинву адоват, бартарафсозии бенизомӣ дар минтақа дар асоси гуфтаҳои Қуръон, панду андарзҳои гузаштагон ва маслиҳатҳои падаронаи Пешвои миллат, ки дар ҳар баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли ҷамоатчигӣ  баён менамоянд, ба роҳ монда, бо як азму иродаи қавӣ Ватанамонро обод намоем. Дар ҳар дину оин новобаста аз ҳар равияе, ки ба дини ислом вобастагӣ дорад, ё на, хайрхоҳӣ, ободонӣ, ободкунӣ, дӯстдорӣ, меҳру муҳаббат дар мадди аввал меистад. Халифаҳо дар байни аҳолии Бадахшон эҳтиром ва нақши  асосӣ доранд. Мардуми бумӣ ба онҳо эътиқод ва эҳтироми хос доранд. Онҳо авзои сиёсии минтақаро хуб огоҳанд ва метавонанд дар татбиқи қонунгузорӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомотҳои амниятӣ    холисона кӯмак намоянд.

Гуфтаниям, ки ман аз нафароне мебошам, ки замони ҷангӣ ҳамватанӣ фирефтаи чунин гурӯҳҳои тафриқаандоз ва моҷароҷӯ будам, пай бурдам, ки ин афрод созандаю ободкор не, балки даҳшатафкану хиёнаткор ва бераҳму фосиқанд. Аз ин лиҳоз аз чунин тоифаҳои ихтилофҷӯ дӯри ҷӯста дар ободонӣ ва пешрати  Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бастаам. Лиҳозо, аз ҳамаи халифаҳо, аҳли зиёд аъват ба амал меорам, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, ба азму иродаи қавӣ мулкро ободу зебо намоем.

Нагузоранд, ки бегонагон низоми сиёсии моро халалдор кунанд. Тафриқа андозон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд. Мо, ки шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаем, пай бурдаем, ки хоҷагони хориҷӣ чигуна тавассути як гурӯҳ камхирадон моро ба чи аҳвол оварда расонида буданд. 

Мақсад аз гуфтаҳои боло ин аст, ки ҳар шахс бояд ба ҳаёти худ бингарад ва ба худ биандешад, ки ҳақ бо ӯст ва ё бо каси дигар, гуфтугӯ аз илми ҳақиқӣ кунад на аз таасубу ифротгароӣ, ки имрӯз фарзандони мусулмон дар доми равияҳои ифротӣ афтидаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҷумлаи онҳоест, ки пойбанди ин гуна равия гаштааст.  Ин нафари гумроҳгашта дар сомонаи интернетӣ қайд намудааст: Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ: дар баромадаш қайд намудааст: “силоҳ бояд аз дасти ҷинояткорон гирифта шавад ва тартибу низом дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.  Муҳамадиқбол донад, ки фитнаҳои ӯ дигар ба кор намеоянд. Бо ин дассисаҳояш дигар мардумро гумроҳ карда наметавонад, зеро мардуми Бадахшон амну собот ва оромиро аз ақидаҳои аҳриманонаи ва дилхарошу ботили ӯ боло медонанд. М. Садриддин донад ва огоҳ бошад, ки ақли солим ғалаба мекунад. Садриддин ту агар мусулмони ҳақиқи боши аз онҳое, ки саркардагони олами ҷиноӣ мебошанд пуштибони намекардӣ!  Масалан “хамр” дар “Қуръон” ҳаром гуфта шудааст. Андеша кунед, ки Гурӯҳҳои олами ҷиноӣ дар Бадахшон аз ҳисоби фурӯши  “маводи мухаддир”  чи қадар инсонҳоро ба марг мубтало сохтаанд. Шумо худро мусулмон метарошед, хуб мешуд дар хусуси зарари мухадирот дар сомона андешаи худро иброз менамудед, на ин ки коратон танҳо тафриқа ва ҷудоиандозӣ!

Дини мубини ислом ба мо меомӯзонад, ки ҳатто бо яҳуду насоро рафтори хуб дошта бошем, на бадфеъливу бадхӯӣ.

Худованд дар сураи “Анкабут” ояти 46 мефармояд:

“Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарз баҳс кунед”. Аз ин ояти Карима фаҳмида мешавад, ки шахси мусулмон ба ҳама кас ва дар ҳама ҳолат бояд амри Худованди якторо ба ҷо орад зеро,  ки ин муомилаи хуб аст, агар чанде ғайримусулмон ҳам бошанд”.

Ба мардуми сарбаланди Бадахшон рӯй оварда гуфтаниям, ки  ақли солимро кор фармуда ба суханони ботил, зиёновари ин шайтонсифатон бовар накунед. Зеро саҳобаи киромӣ Алӣ (р) мефармояд: “Зиндагии ором доштан хоҳӣ, ғуломи қонун бош”.

Имрӯз мардум Бадахшон дар муҳити  осоишта ҳаёт ба сар бурда, тамоми шохаҳои ҳокимият ва мақомотҳои дахлдори кишвар дар асоси конститутсия фаъолият доранд, ягон гуруҳи ҷиноӣ ва шахсони алоҳида монеи ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ нагаштааст ва гаштан низ наметавонанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар кутоҳтарин вақт авзои сиёсӣ ва ҷамъиятии Бадахшон таъмин гардида, мардумонаш дар зери ливои сулҳу ваҳдат Ватанамонро обод менамоянд.

Чуноне, ки бузурге дар васфи Ватан, дӯст доштани он ва фарзандони фарзонааш ба маврид гуфтааст:

Ватан, то ман сазовори ту бошам,

Бароят то шавам арзанда фарзанд,

Равам бо роҳи мардони накӯят,

Бигирам аз хирадмандони ту панд.

Ватан, то ки бимонад ҷовидона,

Дар оғӯши чу ҳар як қаҳрамонат.

Биомӯзам ҳамеша қаҳрамонӣ,

Зи ҳар як қаҳрамони ҷовидонат.

 

Каримов Раҳим,

декани факултети филологияи шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)

Тағйироти охир Ҷумъа, 19 Октябр 2018 15:20
Хонданд 291
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

2 Назар

  • Исфандиёр Паём аз Исфандиёр Шанбе, 20 Октябр 2018 11:56

    "аҳли зиёд аъват ба амал меорам", ори, ахли зиёд пеш аз хама бояд ба ин музахрафот гуш фаро дихад.

  • Исфандиёр Паём аз Исфандиёр Шанбе, 20 Октябр 2018 11:56

    "аҳли зиёд аъват ба амал меорам", ори, ахли зиёд пеш аз хама бояд ба ин музахрафот гуш фаро дихад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.