.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Сухангӯи Хадамоти гумрук аз фишори баланд ҷон дод?

Окт 15, 2018 Хонданд: 6250
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Сухангӯи Хадамоти гумрук аз фишори баланд ҷон дод?

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки хабари аз ҷониби нафарони номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Фахриддин Улмасович дар маркази шаҳри Душанбе асоси воқеӣ надорад.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки ин ҳодиса ҳанӯз 13-уми октябр дар Китоби қайди маълумоти ҳодисаҳои Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун «Ҳодисаи нохуш» ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва обективона қарор дода шудааст: «Дар натиҷа кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02-дақиқаи рӯзона ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш шаҳрванд Собиров Фахриддин Улмасович, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст. Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба беморхона дастрас мекунанд. Аз рӯи маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Собиров Фахриддин ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омил сабабгори асосии беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст».

Фахриддин Собирови 51-сола, ки ҳафтае пеш сардори дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Дар хабар бул, ки ӯро роҳгузарон дар наздикии телевизиони «Сафина» беҳушу беёд пайдо кардаанд ва дар бемористони Қарияи Боло ҷарроҳӣ шудааст. Ҷарроҳӣ тақрибан 4 соат идома кардааст.

Табибон дирӯз гуфтаанд, ки сари Фахриддин Собиров сахт осеб дида ва дучори хунравии мағзӣ шудааст. Имрӯз, 15-уми октябр, соати 12:20 хабар расид, ки Фахриддин Собиров бар асари ин ҳодиса аз дунё гузашт.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз фоҷиаи марги ҳамкасби худ андуҳгин буда, ба тамоми журналистони кишвар ва наздикони марҳум ин талафотро таслият мегӯяд.

Тағйироти охир Душанбе, 15 Октябр 2018 15:19
Хонданд 6250
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.