.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Номаи як модар ба президент: «Ҷаноби олӣ, ману фарзандонамро аз зиндаҷудоӣ раҳонед»

Окт 10, 2018 Хонданд: 1505
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Номаи як модар ба президент: «Ҷаноби олӣ, ману фарзандонамро аз зиндаҷудоӣ раҳонед»

Сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ва модари чор фарзанд Шаҳло Хӯҷаназарова  бо навиштани як нома аз президенти Тоҷикистон хостааст, то барои соҳиб шудани як ҳуҷраи кӯчак ба ӯ кумак намояд. Ӯ дар як мактуби пур аз дард ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон аз зиндагиии вазнини худ шикоят карда илтиҷо намудааст, то ӯро аз зиндаҷудоӣ бо фарзандонаш раҳо бахшад.

“...тӯли ин солҳо бидуни шавҳар фарзандонамро дар як шароити тоқатфарсои оилавӣ, яъне бидуни хонаи зист, танҳо калон кардам. Алъон фарзанди хурдиям дар синфи нӯҳ мехонад. Чун хонаи шаваҳарам ба номи холааш буд, пас аз вафоташ он ба мо нарасид ва мо бе макони зист мондем. Ҳоло оилаи мо дар чаҳор сӯй парешон аст ва ман ҳамчун модар наметавонам ҷигарбандҳоямро ҷамъ карда, зери боме зиндагӣ кунам”- менависед Шаҳло Хӯҷаназарова.

Мактуби ин сокини ноҳияи Роштқалъа ба роҳбари кишвар дар ҳоелет, ки  пештар аз ин маҳз  бо дахолати Дастгоҳи иҷроияи президент ба ӯ хона ҷой дода буданд, аммо он барои бунёди манзил тамоман мусоид нест. Ӯ аз ҷумла дар мактуби худ навиштааст: “Аз аҳволи хеш чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ариза дода будам, танҳо баъди дахолати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ман ҷой барои хона доданд, аммо дар мавзеъи санглохе, ки ҳар хоросангаш баробари як ҳуҷра мебошад”.

Ҳамчунин, ин зан дар мактуби худ аз муроҷиат ба Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон ва посухи рад гирифтанаш хабар додааст. “…Ба  идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон барои кӯмак муроҷиат кардам, аммо булдозер надоданд. Гуфтанд ин сангҳоро таркондан даркор, зӯри трактор намерасад. Мутаассифона арзиши хизмати таркондан хеле гарон буда, иҷозати махсус мехостааст”. 

Ҳоло ин модари бехона аз президенти кишвар хоҳиш дорад, то барои соҳиб гаштани ақалан як ҳуҷра шахсан ба ӯ кӯмак намояд, зеро ба гуфти худаш дигар ба касе умед надорад.

"Аз Шумо бо сад илтиҷо хоҳиш мекунам, ки дар Хоруғ ё Роштқалъа, ақаллан барои соҳиби як ҳуҷраи кӯчак шудан ба мо кӯмаки хешро бирасонед. Дигар аз касе умед надорем!.”

Матни пурраи мактуби Шаҳло Хӯҷаназарова ба Президент:

Ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ,  модари чаҳор фарзанд,.

АРЗИ ҲОЛ

Ҷаноби Олӣ, бо ин номаи хеш ба Шумо арз менамоям, ки ман модари чаҳор фарзанд, тӯли ин солҳо бидуни шавҳар фарзандонамро дар як шароити тоқатфарсои оилавӣ, яъне бидуни хонаи зист танҳо калон кардам. Алъон фарзанди хурдиям дар синфи нӯҳ мехонад. Чун хонаи шаваҳарам ба номи холааш буд, пас аз вафоташ он ба мо нарасид ва мо бе макони зист мондем. Ҳоло оилаи мо дар чаҳор сӯй парешон аст ва ман ҳамчун модар наметавонам ҷигарбандҳоямро ҷамъ карда, зери боме зиндагӣ кунам. Аз аҳволи хеш чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ариза дода будам, танҳо баъди дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ман хонаҷой доданд. Аммо дар мавзеъи санглохе, ки ҳар хоросангаш баробари як ҳуҷра мебошад. Ба Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон барои кӯмак муроҷиат кардам, аммо булдозер надоданд. Гуфтанд ин сангҳоро таркондан даркор, зӯри трактор намерасад. Мутаассифона арзиши хизмати таркондан хеле гарон буда, иҷозати махсус мехостааст.

Хулоса хона сохта наметавонистам. Алъон як писарам дар Роштқалъа, писари дигарам дар Бартанг ва ману ду фарзанди дигарам, ки дар Хоруғ иҷоранишин будем, ба сабаби беэҳтиромӣ аз ҷониби соҳибхона онро тарк карда, ҳоло тамоман парешон ҳастем. Наметавонем бо ҳам зери як боме чун як оила зиндагӣ кунем. Чун модар дигар ин вазъиятро тоқат карда наметавонам. Аз Шумо бо сад илтиҷо хоҳиш мекунам, ки дар Хоруғ ё Роштқалъа, ақаллан барои соҳиби як ҳуҷраи кӯчак шудан ба мо кӯмаки хешро бирасонед. Дигар аз касе умед надорем.

Бо эҳтироми беандоза ва умеду боварӣ ба Шумо Шаҳло Хӯҷаназарова

ш. Хоруғ, 10 октябр 2018

Тағйироти охир Чоршанбе, 10 Октябр 2018 16:24
Хонданд 1505
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.