.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Парвандаи марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ ба суд рафт

Окт 05, 2018 Хонданд: 1546
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Парвандаи марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ ба суд рафт

Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ ба баррасии парвандаи марги сарбози қаторӣ Ёдгорзода Абдуқаюми 19-сола, ки рӯзи 20-уми август дар макони хидматаш ба ҳалокат расид, шуруъ хоҳад кард.

Аз Суди мазкур ба мо гуфтанд, мурофиаи аввалин рӯзи 16-уми октябр дар назар дошта шудааст ва аллакай волидони сарбози марҳум, ки  дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, дар ҷараён гузошта шудаанд.

Тибқи иттиллои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ, парванда аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ-373 қ. 2 банди “д”«Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» ва 110 қ. 3 «Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» банду баст гардида, ба суд ирсол гардидааст.

Ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба шахси гунаҳкор аз 5 то 10 ва аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Як манбаъ аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, гунаҳгори асосӣ дар парванда як нафар ҳамхизмати марҳум Ёдгорзода Абдуқаюм мебошад. “Ҳамчунин, нисбати шахсони мансабдор чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ пешниҳод карда шуд ва бояд фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ масъалаи аз вазифа озод карданашонро дида барояд”.

Марҳум Ёдгорзода Абдуқаюми 19-сола баҳори имсол ихтиёран аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ба хизмати аскарӣ сафарбар карда шуд ва дар қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ванҷ адои қарзи шаҳрвандӣ мекард.

Нимаи дуюми рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон афсарони қисми ҳарбии мазкур ва намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ҷасадашро ба наздикон расониданд ва худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Наздикони марҳум он замон дар суҳбат ба “Фараж” иброз дошта буданд, ки фарзандашон мавриди латукӯби шадид қарор гирифааст, вале як нафар афсар бо исми Баҳодур, ки аз майитро ҳамроҳӣ кардааст, гуфтааст, сарбоз аз баландӣ афтидааст.

Абдусалом Саломов, тағои марҳум гуфт, ҳарфҳои афсарро бовар накарданд ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани омилони марги ҷиянаш талош хоҳанд кард.

Номбурда имрӯз, 5-уми  октябр дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, итминон дорад, ки ҷиянаш мавриди латукӯби чанд нафар ҳамхизматаш қарор гирифтааст. «Вақте ҷасадро ба волидон супурданд, мақомот нагузоштанд онро кушоянд ва бишӯем. Гуфтанд, ки аллакай мурдаро шӯстаанд.Танҳо рӯяшро нишон доданд. Чун рӯяшро кушодем, ягон ҷои обод надошт, шинохтанаш номумкин буд».

Абдусалом Саломов ҳамчунин гуфт, талаб доранд, афсарони ин қисми ҳарбиро ҳам ба додгоҳ кашанд, зеро маҳз ҳамин бепарвоӣ ва бемасъулиятии эшон сабаби латукӯб ва ҳатто марги наваскарон дар қисмҳои ҳарбии кишвар мегардад. «Барои ин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии кишвар ба таври хаттӣ муроҷиат кардем».

Тағйироти охир Ҷумъа, 05 Октябр 2018 13:30
Хонданд 1546
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.