.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Хатлон: Оё барқ ба аҳолӣ бо реҷа дода мешавад?

Сен 24, 2018 Хонданд: 810
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Як хафта мешавад, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо реҷа додани нерӯи барқ ба аҳолӣ оғоз гардидаааст. Ин вазъ сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст.

Сокини ноҳияи Кӯшониён Қурбоналӣ Бердиев гуфт, ки: “Хурсанд шуда будем, ки ду сол боз барқро хомӯш намекунанд, аммо ин хурсандии мо дер давом накард, зеро як ҳафта боз қувваи барқ аз соати 9-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз соати 23-и шаб то 4-и бомдод хомӯш карда мешавад. Яку якбора хомӯш шудани қувваи барқ боиси вайрон шудани таҷҳизоти барқӣ гаштааст”.

Сокини дигар аз ноҳияи Ховалинг донишҷӯ Абдураҳмон зимни тамоси телефонӣ гуфт, ки дар ин ноҳия низ хомӯш кардани қувваи барқ як ҳафта боз мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, ин ҳолат боис мегардад, ки ба донишгоҳ бе тайёрӣ равем.

Ба мисли ин сокинон, даҳҳо нафари дигар аз хомӯш шудани қувваи барқ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки бармаҳал хомӯш шудани барқ сабаби вайрон шудани асбобҳои барқӣ, аз қабили телевизору яхдон ва дигар таҷҳизот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси шабакаҳои Барқи Ҷануб дар минтақаи Бохтар Раҷабалӣ Бояков гуфт, ки сабаби асосии хомӯш шудани барқ дар минтақа ва умуман вилоят омодагии шабакаҳои барқ ба давраи тирамоҳу зимистон аст. Манбаъ гуфт: “Дар кутоҳтарин муҳлат ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард  ва аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд”.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Тағйироти охир Душанбе, 24 Сентябр 2018 15:28
Хонданд 810
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

4 Назар

  • СОКИНИ САРМОХУРДА Паём аз СОКИНИ САРМОХУРДА Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 09:34

    Салом ба хамагон,

    Чи шикояти бе барки аз нохияхои дурдасти Хатлон замин ки мо сокинони пахлуи пойтахти зебову гулгулшукуфон минтакаи корвон/Гулбута ва гайра тули 2 хафта мешавад ба ин лимити барк кигирфторем ва аз сардии хаво бештари кудакхоямон ба сулфазани ва гирифтори зуком шудаанд.
    Чаро хамин намояндахои барки точик дар мохои Август ки хаво гарм аст бе барк тахамул карда мешавад ин таъмири хатхои баркро ба рох намемонанд- факат барфу борон сар шуд баъад бедор мешаванд ва лимитро сар мекунанд! сабабаш бошан мо таъмир кардааистодааем, айб аст шахрвандони хоричи ба мо чи мегуфта бошанд ки инкадар вохимахои сер гесу сер об амо бе барк--.
    Илтимос аз барки точик дар оянда мардумро азоб надихеду таъмиратонро барвактар ба рох монед..

  • юсуфи Паём аз юсуфи Ҷумъа, 28 Сентябр 2018 08:00

    дар нохияи Рудики низ речаи барк мукаррар кардаанд, ин конуни аст ё не?

  • юсуфи Паём аз юсуфи Ҷумъа, 28 Сентябр 2018 08:00

    дар нохияи Рудики низ речаи барк мукаррар кардаанд, ин конуни аст ё не?

  • юсуфи Паём аз юсуфи Ҷумъа, 28 Сентябр 2018 07:59

    дар нохияи Рудики низ речаи бар муаорар кардаанд, ин конуни аст ё не?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.