.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Роҳбари «Умед-88» 24 сол ба ҳабс маҳкум шуд

Сен 18, 2018 Хонданд: 404
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дирӯз Суди олии Тоҷикистон нсибати роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ҳукм баровард, ки дар асоси он ин соҳибкори тоҷик ба муддати 24 сол бояд дар паси панҷара монад.

Раҳбарияти ширкат ба азхудкунии воситаҳои давлатӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз гунаҳкор дониста шудааст. Мудири ширкат Идибек Иброҳимов ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

Муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 сол аз озодӣ маҳрум гардиааст. Адвокатҳои судшавандагон аз шарҳу тавзеҳи масъала худдорӣ варзиданд.

Раҳбарияти ширкати “Умед-88” 14 октябри соли гузашта боздошт шуда будШ. Гуфта мешуд, ки ин ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, муддати қариб 4 сол аст онро ба давлат баргардонидааст. Охири моҳи майи соли ҷорӣ парвнада ба баррасии суд дода шуд. Моҳи июл раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон хабар дод, ки роҳбари ширкати “Умед-88” дар содир намудани ҷиноят аз рӯи 7 модда гумонбар дониста шуда, бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, мурофиаи судӣ пушт дарҳои пӯшида баргузор мешавад.

Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.

Тағйироти охир Сешанбе, 18 Сентябр 2018 10:07
Хонданд 404
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • 123456 Паём аз 123456 Чоршанбе, 19 Сентябр 2018 12:51

    Хамдарди. Фараж бе спонсор монд. Вашета барвакт чанозаи спонсора хондаги буду...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.