.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

КДАМ: Тоҷикистон ба Афғонистон ҳамла накардааст

Авг 28, 2018 Хонданд: 528
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабарҳои ба хоки Афғонистон ҳамла кардани ҷониби Тоҷикистонро рад карда, иттилоъ медиҳад, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд, аммо амалиёт барои пайдо кардани гуруҳи ҷиноятие, ки шаҳрвандони кишвари моро ҳадафи тир қарор доданд, дар марз идома дорад.

Чуноне дирӯз хабар дода будем, 26 август, соати 15:00, аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи 10-12-нафараи номаълуми афғон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев, шахсони мусаллаҳ ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  оташ кушодаанд.

«Дар натиҷаи ҳамла ду корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор кардааст», - гуфтааст ин манбаъ ба «Ховар».

Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз чархболу ҳавопаймо баъзе минтақаҳои Афғонистонро ҳадафи мушакборон қарор додааст.

Ин матлабро сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев рад намуда, зикр кардааст, ки «дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ягон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст. Дар айни ҳол дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи  афғон идома дорад».

Тағйироти охир Сешанбе, 28 Август 2018 10:04
Хонданд 528
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.