.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Хуҷанд: Ду духтари синфи 9 бачаеро шаш корд заданд

Авг 22, 2018 Диданд: 4580
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ноболиғ, ки дар синфи 9 таҳсил мекунанд, писарбачаеро, ки гуфта мешавад ҳамсинфашон аст, бо задани шаш корд захмӣ кардаанд. 

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода дар машварати роҳбарони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз ин ҳодиса бо изҳори нигаронӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, духтарон хонандаҳои синфи 9-уми мактаби №23 шаҳри Хуҷанд мебошанд.

“Ду духтараки ноболиғ, ба як писарбача — хонандаи синфи 9-уми мактаби №23 шаш корд задааанд. Бале, духтар корд задааст”, — гуфт бо таассуф Нуруллозода. Ҳамзамон ӯ мегӯяд, ки чунин ҳодиса дар Хуҷанд бори аввал рух додааст ва  айни замон ҷабрдида дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ ва бистарӣ шудааст.

“Худоро шукр, ҳоло саломатиаш беҳтар аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, - афзудааст муовини раиси шаҳр.

Нуруллозода мудирони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки ба тарбияву таълими хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 558 ҷиноят содир шудааст. 22 ҷиноят аз ҷониби 18 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо хонандагони мактабҳои миёнаи Хуҷанд мебошанд.

Тағйироти охир Чоршанбе, 22 Август 2018 13:49
Хонданд 4580
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.