.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Боздошти ронандаи бадзабон баъди нашри навор

Авг 22, 2018 Хонданд: 736
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар дод, ки дар роҳҳои пойтахт ба кирдорҳои ғайриахлоқӣ роҳ дода, пиёдагардонро таҳқиру дашном мекард.

17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавони тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Гуфта мешуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мекардааст.

Бо супориши бевоситаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р. баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ чораҷӯӣ карда шуда, баъди як рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, шахсияти ронандаи автомшаинаи мазкурро муайян ва автомашинаи мазкур ба мақомоти милитсия дастрас гардид.

Муайян гардидааст, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Файзуллозода Лутфуллои Муртазо, соли таваллудаш 1992 буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0203АК08, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон мебошад. Номбурда ба таври ғайриқонунӣ, бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҳамчун таксии кироякаш дар хатсайри ғайрирасмии рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст. Тавре аз навор бармеояд, номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба ҷавонзани тахминан 25-30-сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, муроҷиат карда, бо алфози қабеҳ ӯро таҳқиру дашном мекунад. Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани ронандаи бадахлоқ номбурда пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардидааст. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 20 август бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Файзуллозода Лутфуллои Муртазо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Илова бар ин нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Лутфулло Файзуллозода барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати охирон бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда мешавад.

Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.

Хонданд 736
Баҳо диҳед
(2 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.