.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Парвиз Назаров бо 30-юмин солгарди овозхонии худ дар Тоҷикистон

Авг 16, 2018 Диданд: 1022
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Овозхони шинохтаи тоҷик Парвиз Назаров, ки айни ҳол дар Қазоқистон умр ба сар мебарад, имсол 30-мин солгарди овозхонии худро бо барномаҳои консертӣ дар Душанбе баргузор менамояд. 

Имрӯз дар толори калони “Шарқи озод” вохурии журналистони тоҷик бо ин ҳунарманди шинохта баргузор гардид.

Ба гуфтаи худи ҳунарманд барномаҳои консертиаш, ки аллакай дар Қазоқистон шуда гузашт, акнун дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон гузаронида мешавад.

“Бо сабаби баъзе мушкилҳо ва ҳамзамон масъалаи молӣ наметавонам дар Хоруғ барномаи консертӣ диҳем”, - иброз намуд овозхон.

Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои консертӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва шаҳри Хуҷанд бо овози зинда ва бе истифодаи фонограмма гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки дар барномаҳои консертиаш овозхонҳои шинохтаи тоҷик Баҳроми Ғаффурӣ, Зикриоллоҳи Ҳаким ва Таҳмина Рамазонова низ суруд мехонанд.

Сарпарастии барномаҳои консертии Парвиз Назаровро Медиа-Альянси Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.   

Тағйироти охир Панҷшанбе, 16 Август 2018 16:18
Хонданд 1022
Баҳо диқед
(2 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.