.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

«Барқи тоҷик»: Маблағҳои ҷамъовардашуда ба манфиати шахсӣ истифода нашудаанд

Авг 09, 2018 Диданд: 883
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» сабаби зуд-зуд иваз шудани роҳбарони шабакаҳои барқро дар навоҳии кишвар шарҳ  дод. Бино ба қавли роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик» Исмоилзода Мирзо, иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ аз аҳолӣ яке аз омилҳои аз кор озод шудани сардорони шабакаҳои барқ дар ноҳияҳо будааст.

- Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ яке аз масъалаҳои ташвишовар барои вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» мебошад. Агар мо маблағи истифодашудаи барқро ба пуррагӣ ҷамъоварӣ накунем, нақшаҳои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизотҳои асосии ширкат ва хизматрасониҳои саривақтӣ ба аҳолиро, иҷро карда наметавонем. Дар ҳақиқат ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки сардорони шабакаҳои барқ пайи ҳам иваз карда шуданд. Яке аз ин ҳолатҳо дар ноҳияи Панҷ буд. Мо ҳар семоҳа ва шашмоҳа ҷаласаҳои васеи ширкатро баргузор мекунем ва яке аз масъалаҳои асосии он ҷамъоварии маблағи барқ аст. Ҳангоми таҳлилу баррасии вазъ он роҳбаронеро, ки дар иҷрои вазифаи хизматии худ саҳлангорӣ мекунад ва раванди ҷамъоварии маблағи истифодашудаи нерӯи барқро аз аҳолӣ дар сатҳи паст қарор медиҳанд, маҷбур мешавем, аз вазифа барканор кунем ва ба ҷои онҳо нафари қобилиятноки дигарро пешниҳод мекунем. Сабаби асосии ивазшавии сардорон ҳамин аст,- гуфт раиси ширкати «Барқи тоҷик» Исмоилзода.

Бино ба гуфтаи раиси «Барқи тоҷик», дар шашмоҳаи соли ҷорӣ маблағи ҷамъоварии қувваи барқ дар ширкат 84 дарсад таъмин карда шудааст, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.

Исмоилзода иброз дошт, ки миёни кормандон озмун баргузор карда мешавад ва шахсони қобилиятноку кордон ҳамчун роҳбар ба шабакаҳои барқ қабул мешаванд.

Исмоилзода ҳамчунин, овозаҳоро дар мавриди азхудкунии маблағҳои ҷамъовардашуда ва ба манфиати шахсӣ истифода кардани он аз ҷониби сардорони шабакаҳои барқ дар навоҳии дурдаст рад намуда гуфт, то ҳануз чунин ҳолат аз ҷониби мақомот ошкор нашудааст.

Бино ба гуфтаи Исмоилзода, ҳар ду сол аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ширкати «Барқи тоҷик» санҷиш гузаронида мешавад, ки ба ин монанд қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст.   

Тағйироти охир Панҷшанбе, 09 Август 2018 16:02
Хонданд 883
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.