.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар шуданд

Авг 09, 2018 Хонданд: 286
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Варзишгарони Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои Осиё-2018, ки  аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд ва масъулини ҳар намуди варзиш беҳтаринҳоро ба ин мусобиқа сафарбар кардаанд.

Мусобиқа оид ба таэквондо 20-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 10 вазн миёни мардону занон дар равияи кийоругӣ баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Суннатов Маҳмадҷон (-58кг), Меҳтаршоев Хуррам (-63кг) ва Неъматов Фарҳод (-80кг) намояндагӣ мекунанд. Варзишгаронро сармураббӣ Далер Фозилов ҳамроҳӣ мекунад.

Шиноварӣ 19-24 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 21 намуд миёни мардону занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 5 қувваозмоӣ ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Климик Карина (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle), Тюрина Анастасия (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle), Хайруллоев Алиҷон (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly) ва Ишанов Олимҷон (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle) намояндагӣ мекунанд. Варзишгаронро сармураббӣ Алишер Чингизов ҳамроҳӣ мекунад.

Мусобиқа оид ба самбо 31 август – 1 сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 2 дараҷаи вазнӣмиёни мардон (-52 кг, -90 кг) ва 2 дараҷаи вазнӣмиёни занон (-48 кг, -68 кг) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳар 2 вазн миёни мардон ширкат мекунанд. Инҳо дар вазни -52 кг Сомон Сангов ва Ҷомии Ҳасан, дар вазни -90 кг КомроншоҳУстопириён ва Умед Ҳасанбеков ҳастанд, ки бо роҳбарии сармураббӣНосир Бозоров ва президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон Наҳтуллозода Давлатмурод ба Ҷакарта мераванд.

Мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Палембанг аз рӯи 9 қувваозмоӣ миёни мардон ва 8 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 6 қувваозмоӣ миёни мардон ширкат мекунанд. Инҳо Даминов Шаҳриёр, Нурмуҳаммади Тоҳир, Набиев Зоҳирҷон, Назиров Саидаҳтамхон, Ғафуров Абдусаттор, Даминов Мустафо ҳастанд. Даста дар Искандаркӯл ба ҷамъомади тамринии 21-рӯза фаро гирифта шуда, феълан дар шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ба тамрин машғул аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу (3 нафар) ва вазнбардорӣ (1 нафар) низ тасдиқ шуд. Мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу 24-26 август ва вазнбардорӣ 20-27 август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон, 2 вазн миёни бонувон дар равияи “Ню Ваза” рақобат мекунанд. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон иштирок менамоянд. Дар намуди вазнбардорӣ рақобатҳо аз рӯи 8 категорияи вазн миёни мардон ва 7 категорияи вазн миёни бонувон сурат мегирад. Тоҷикистонро дар ҷиу-ҷитсу Абдулназаров Шоимард (-62кг), Раҳимов Абдуманон (-77кг), Абдуллоев Абдуғафур (-85кг) ва вазнбардорӣ Шукуров Илҳомҷон (-77кг) намояндагӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби каратэчиёни Тоҷикистон барои ширкат дар ин мусобиқа дар ҳайати 4 нафар тасдиқ шуд. Мусобиқа оид ба каратэ 25-27 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 6 категорияи вазн миёни мардон ва 6 категорияи вазн миёни бонувон дар равияи кумитэ, ҳамчунин рақобатҳои инфиродӣ дар равияи ката баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон дар равияи кумитэ иштирок мекунанд. Инҳо Гулосори Суҳроб (-55кг), Абдулваҳоб Шарапов (-60кг), Раҷаббек Раҳимов (-67кг), Ҷавоҳир Ҳайдаров (-84кг) ҳастанд, ки шарафи Тоҷикистонро ҳимоя бояд кунанд.

Дар намудҳои варзиши камонварӣ ва тирандозӣ аз кишвари мо 3-нафарӣ ширкат мекунанд. Камонварӣ 21-28 август дар шаҳри Ҷакарта ва тирандозӣ 18-26 август дар Палембанг баргузор мешаванд. Аз Тоҷикистон дар намуди камонварӣ Фирӯза Зубайдова, Зуҳро Тағоева, Умедҷон Худоёров ва тирандозӣ Бежан Файзуллоев,  Малика Лагутенко, Тоҷиддин Валиев ширкат мекунанд.

Бокс 22-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазн миёни мардон ва 3 категорияи вазн миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 2 вазн миёни мардон ва 2 вазн миёни бонувон ширкат мекунанд. Ғаффорова Мадина (-51кг, бонувон), Зулқайнарова Шоира (-60кг, бонувон), Воҳидов Асрор (-56кг, мардон), Усмонов Баҳодур (-64кг, мардон) нафароне ҳастанд, ки бокси Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Ин охирин ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 буд. Ҷумҳурии мо дар бозиҳои мазкур дар ҳайати 80 нафар варзишгар аз рӯи 15 намуди варзиш ширкат мекунад.

Тағйироти охир Панҷшанбе, 09 Август 2018 11:08
Хонданд 286
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.