.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Дар шаҳри Душанбе боз як ронанда, ки ғайриқонунӣ ба мусофрикашӣ машғул буду пиёдагардро дашному таҳқир ва ҳатто латукӯб кардааст, боздошт шуда ҷазои аъмолашро гирифтааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

4 сентябр шаҳрванд Олимов Шаҳром Ҳусейнович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, бо ирсоли наворе аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашоне, ки ҳамсараш - ҷавонзани 22-сола, соҳиби 1 фарзандро дар наздикии бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор дода, бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафашро дар назди ҷамъият паст задааст, чора андешад.

Бо супориши бевоситаи раиси шаҳр мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вазифадор ва масъул гардиданд, ки ҳодисаи мазкурро пайгирӣ ва чораандешӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия субҳи 5 сентябр автомашинаи дар навор сабтгардида, тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 6792НА01-ро боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварданд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки автомашинаи номбурда ба «қаҳрамони» дар навор зикргардида, шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Назаршоев тааллуқ дошта, номбурда ҳангоми фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ ва ҳаракат тариқи роҳи пиёдагарди назди бозори «Корвон» бар замми оне, ки ба ҷавонзани пиёдагард роҳ надодааст, боз аз автомашина фаромада нисбати ҷавонзани 22-сола бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат дода, дар ҳузури атрофиён бо дастонаш ба ду тарафи рӯи ҷавонзан ду маротиба задааст.

Зимни пурсиши ҷавонзани муроҷиаткунанда ва ронандаи боздоштшуда ҳолати ҳодиса муайян карда шуда, ронандаи бадахлоқ ҳангоми додани баёнот барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриҳуқуқиаш пурра иқрор гардидааст. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

5 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Рустам Олимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба мақомоти Суд ирсол карда шуд. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.

Чанде пеш як ронандаи дигар ҳам бо ҷурми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дашноми як зан боздошт ва муҷозот шуда буд.

Хонданд 697

усМОНов

Сен 03, 2018
Хонданд: 998
усМОНов

Дар навиштани ягон очерк ё мақола перомуни ин ё он шахсият чунин азоб накашида будам. Мушкил сари он набуд, ки ҳарфи гуфтанӣ надоштам, балки мушкил он буд, ки хотираҳою лаҳзаҳои гоҳе тақдирсоз бо устод Усмонов ончунон зиёд буданд, ки намедонистам кадомеро гӯям, аз кадоме оғоз кунам. 

Ниҳоят, ба ин хулоса омадам, ки аз аввал оғоз намоям:

 Аз рӯзе, ки бо ин ном шинос шудаму аз рӯзе, ки бо ин чеҳра ошно гаштам. Ва аз нақшҳое, ки шояд дар ёди устод намонда бошад.

***

Соли 1990. 

Имтиҳони қабул ба факултаи ҳуқуқшиносӣ идома дошт. Мани довталаб ҳангоми супоридани имтиҳони забон ва адабиёти тоҷик талош мекардам то баҳои «панҷ» гирам. Имтиҳонро аз ман шахси ҷавону мӯйҷингила мегирифт. Баъдтар фаҳмидам, ки Иброҳим Усмонов будаанд. Он кас ҷавоби маро ба суолҳои додашуда, бодиққат гӯш мекарданд. Баъди ба итмом расонидани посух ба суолҳо «баҳои шумо чор» гуфтанд. Ман эътироз кардам, ки саволи иловагӣ диҳанд, зеро ман баҳои панҷ мехоҳам. Бо табассум пурсиданд:

- «Дар достони Комде ва Мадан  кадоме мард буд ва кадоме зан?»

- «Комде мард ва Мадан зан» - бо боварӣ посух додам ман.

- «Чаро ин қадар дилпурона мегӯед? Шояд баръакс бошад» - табассум карданд Усмонов.

- «Не! Ҷавоби ман қатъӣ аст» - гуфтам…

Устод бархостанду китоби адабиёти тоҷикро аз куҷое оварданд ва ба ман нишон доданд, ки хонам. Ман хато карда будам ва бо сари хам ба баҳои чор розӣ шуда, баромадам.

Ин ҳодиса тақдирсоз гардиду ман ҳуқуқшинос нашудам. Соли дигар ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорида, ба Донишгоҳ дохил шудам.

***

Соли 1996. 

Пеш аз ҳимояи рисолаи дипломӣ ман ҳеҷ наметавонистам имтиҳон аз Иброҳим Усмоновро супорам. Аниқтараш, устод ба фаъолияти сиёсӣ машғул гардиданду ба ҷойи он кас шогирдашон Аъзамҷон Азимов имтиҳон қабул мекарданду муносибати мо он замон хуб набуд. Аъзамҷон раҳнамои курси мо буданд ва мани он замон шӯху бебок , дар куҷое эшонро сахт ранҷонида будам. 

Ҳозир намедонам, аммо он солҳо то имтиҳонро намесупоридӣ, ба супоридани имтиҳонҳои хатм, минҷумла ҳимояи рисолаи дипломӣ роҳ намедоданд. Як рӯз пеш аз имтиҳони аввалини давлатӣ бори ёздаҳум ба назди Азимов рафтаму боз ҳам аз имтиҳонро насупоридам. Ноумед  аз назди бозори «Баракат» мегузаштам, ки садое маро ба худ овард:

- Хуршедҷон! Тайёрӣ ба имтиҳони давлатӣ чӣ хел?

Пас гаштам. Устод Усмонов буданд. Он кас ҳамаро аз рӯйи ному насаби дар журнал сабтшуда, ёдовар мешуданд. Ва гарчи барои ҳама «Хуршед» будам, барои Устод «Хуршедҷон».  

- Ман имтиҳонҳоро супорида натавонистам. Ба Русия меравам. Мардикорӣ, - маҳзунона посух додам.

  - Чӣ хел? Аз кадом фан? – таваҷҷӯҳ карданд устод.

- Аз Шумо. Азимов бори ёздаҳум баҳои маро нагузошт…- бо ғазаб гуфтам.

- Ҳамагӣ ба ду саволи ман посух диҳед, - гуфтанд устод ва тезу пайиҳам ду савол аз фанни «Таърихи матбуоти тоҷик» доданд. Ман, ки дар ин ёздаҳ бори кӯшиши имтиҳонсупорӣ ба ҳама савол ҷавоб доштам, зуд посух гуфтам.  

- Дафтарчаи имтиҳониатон канӣ?

Дафтарчаро хушҳолона дароз кардам. Ба ман баҳои панҷ гузоштанд ва каме бо оҳанги ҷиддӣ гуфтанд:

- Бо Азимов ман ҳоло худам гап мезанам!

Ҳамин тавр, ман ниҳоят имтиҳонҳои давлатиро супорида, Донишгоҳро хатм кардам.

***

Соли 2000.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷашни 70- солагӣ дошт. Аввал масъулияти омода кардани маҷмӯаро ба дигарон супориданд. Чун дигарон танбалӣ карданд, масъулияти омодасозии онро ду-се моҳ пеш аз ҷашн ба ман супориданд. Баъде ки маҷмӯаи «Пайванди пайкараҳо» омода шуд, сармуҳаррири он замони нашрия Раҳим Сайдалиев гуфт:

- Дар навиштаи ту атрофи шахсиятҳое чун Отахон Латифӣ, Муҳиддини Олимпур, Додоҷони Атовулло  андешаҳои таърифӣ ҳастанд. Ҷой додани зиндагиномаи ин шахсиятҳо, бойиси гапу калочаи зиёд мешавад, чунки ҳоло дар «боло» ба шахсияти онҳо баҳои якгуна надодаанд.

- Чӣ кор кунем? Охир, бе онҳо таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» маъние надорад- ғамгинона гуфтам.

- Роҳи ҳал ҳаст. Бо Иброҳим Усмонов муносибати ту чӣ хел аст? – пурсид Раҳим Сайдалиев.

- То ба вазифаҳои сиёсӣ рафтанашон, хуб буд. Ҳозир намедонам, чунки он касро намебинам.

- Агар Усмонов дар китоби ту пешгуфтор нависанд, касе эрод намегирад. Дар журналистикаи имрӯз дар сатҳи Ҳукумат касе бо эшон баҳс ҳам карда наметавонад. Агар ҷуръат карда, пешгуфтор нависанд, китоб бетаҳрир чоп мешавад. Шояд аз назари он кас барои Латифию Олимпур монеае набошад, аммо барои Додоҷони Атовулло шояд эрод гиранд. Чунки Додоҷон зидди устод дар солҳои навадум маводи танқидии тунду тезе бо сарлавҳаи «Уштура гуфтам, ки ғамза кун, полиза вайрон карду рафт» навишта буд.

- Бахт таваккал! Дигар роҳе надорем – гуфтам ман.

Сайдалиев ба ман рақами утоқи кори устодро пайдо кард. Устод он бегоҳ дастнависи маро гирифтанду гуфтанд:

- Рӯзи душанбе барои пешгуфтор биёед…

Усмонов пешгуфтори аҷибе навиштанд, ки як ҷумлаи аҷиб дошт:

- «Бар падари Хуршедҷон ҳазор раҳмат!».

Дар мавриди журналистони дар боло зикршуда ҳангоми сӯҳбат ёдрас шудам. Устод посух доданд:

- Мо ҳуқуқи таҳрифи таърих надорем! Онҳо, махсусан Додоҷон, номи худро дар таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои абад навиштааст…

Китоб нашр шуду то ба имрӯз касе ба он эроде надорад…

***

Соли 2010.

Бо пойфишориҳои вазири мудофиаи он замон якбора чандин нашрия, минҷумла «Фараж» аз нашр бозмонданд. Чопхонаҳо онро нашр намекарданд, аммо ман онро дар шакли варақи А-3, дастӣ чоп мекардам.

Дигар аз фазои фишору таҳдид ба тақдири нашрия дилгир шуда будам. Чунин иттифоқ уфтод, ки он шабу рӯз бо устод ва чанд нафари дигар ба сафари шаҳри Варшава барои ширкат дар як конфронс рафтем. Дар он ҷой қазияи баста шудани ин нашрияҳо ҳам баррасӣ гардид. Бегоҳи он рӯз нафаре ба назди ман омаду худро аз созмони байналмилалие муаррифӣ кард ва гуфт, ки метавонад дар гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ кумак кунад. Аммо барои ин ман бояд аз Варшава ба Тоҷикистон барнагардам…

Назди устод омадаму ҳамраҳ ба боғи назди меҳмонхона рафтем. Аз он сӯҳбат дар боғи Варшава аксе ҳам ба ёдгор дорам. Устод маро то охир шуниданд ва гуфтанд:

- Шумо агар дар Ғарб бимонед, то охири умр фақат як паноҳҷӯ, як овора ҳастеду бас! Хуршеди Атовулло дар Тоҷикистон Хуршеди Атовулло аст! Ӯро дар Душанбе мешиносанд, дар Тоҷикистон касе ӯро мехонаду касе эҳтиром қойил аст. Шумо метавонед чун паноҳҷӯю овораю гурезаю фирорӣ аз Ватан зиндагӣ кунед? 

- Не!, – қатъиян гуфтам ман.

- Пас, дигар дар мавриди паноҳгоҳ ҳатто фикр накунед! 

Ва ман ҳам то ҳол дар ин мавзӯъ дигар ҳатто фикр накардаам..

***

. Ин чаҳор лаҳзае буд аз нақши тақдирсози Иброҳим Усмонов дар хати тақдири ман.

Тақдири яке аз камтарин шогирдони Усмонов.

 Тақдири яке аз ҳазорон ҳазор… 

Зиҳӣ устоде, ки тавонистаӣ нақши тақдирсози хешро дар зиндагии ҳазорон ҳазор бигзорӣ!

…Садҳо лаҳзаҳое буданд, ки маҳз маслиҳату раҳнамоии устод маро аз хатое, аз лағжише, аз балое раҳо додааст…

Имрӯз ҳам дилам, ки аз чуну чароҳои рӯзгор гирифт, ба суроғи устод мешитобам ва ҳазорон бор шукрона мекунам, ки гурезгоҳе дорам…

Шукри буданатон Устод! МОНед ва бо МОНед!

Ҳафтодсолагӣ муборак!

 

Хуршед Атовулло,

Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 998
Оби Сиёма дар Душанбе: Орзуе, ки Маҳкамов ба хок бурд

Рӯзи шанбе як нафар ҷавони тақрибан 30 сола ва як духтари 24-25 сола ба хона ташриф оварданд. Онҳо худро кормандони кадом як ширкате муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки хона ба хона гашта, ҳолати оби нӯшокиро дар хонаҳои сокинони пойтахт месанҷанд ва ба сифати он баҳо медиҳанд. “Хуб” - гуфтаму хардуро ба хона даъват кардам. Онҳо аз оби ба хона воридшаванда ба якчанд зарфи стаканӣ рехта, онро бо асбобе санҷиданд. Ростӣ, натиҷа маро тарсонид. Муайян шуд, ки дар оби нӯшидание, ки ба воситаи кран ворид мешавад, элементҳои гуногуни зараровар зиёд буда, барои нӯшидан комилан мутобиқ нест ва сатҳи чиркинии он қариб ду баробар бештар аз сатҳи асосист. 

Гуфтам:

–Мо обро ҳамеша ҷӯшонида, хунук карда менӯшем. 

Ҷавон гуфт:

–Оби ҷӯшонидашуда доред?

–Бале, - гуфтам ва косаи пур аз обро пешашон гузоштам.

Натиҷаи ташхиси оби ҷӯшонидашуда низ нишон дод, ки он барои нӯшидан мувофиқ нест ва ба саломатӣ зиён дорад.

Ба саволи “Чӣ бояд кард?” -духтар иброз дошт, ки мо полоягари об (филтр) пешниҳод мекунем. Агар қабул кунед, онро дар кран насб мекунем ва Шумо ҳамеша оби тозаи нӯшиданӣ ба даст меоред. 

Вақте аз нарху навои полоягар  огоҳ шуда, пешниҳодро қатъиян рад кардам ва пулро аз саломатӣ боло гузоштам, ҷавон варианти дуюмро пешниҳод карда, гуфт:

–Мо метавонем оби тозаи нӯшиданӣ бо нархи арзон пешниҳод кунем. Ҳар вақт, ки ба итмом расид, фармоиш медиҳед, кормандони мо ба хонаатон меоранд.

 Инро ҳам рад намуда, ҳардуро ҷавоб додаму худ ба худ гуфтам:

– Наход обҳое, ки ҳар рӯз мо менӯшем, то ба ин сатҳ ба нӯшидан мутобиқ набошад? Наход мо ҳар рӯз аз обҳои зиёновар бинӯшем ва ба фарзандонамон бинӯшонем? 

Нахуст бояд гуфт, ки шахсан ман ба натиҷаи чунин ташхис шубҳа кардам. Зеро ташхисгарон фурӯшандагони оби тоза ва таҷҳизоти филтрӣ барои об буда, ба хотири фурӯхтани маҳсулоти худ, метавонанд натиҷаро аз будаш  бештар нишон диҳанд. 

Вале ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ин аст, ки сифати оби нӯшокие, ки мо дорем, воқеан паст аст. Зеро ҳанӯз зери пиёлаву чойник қум ҷамъ мешавад, зиёд ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бе таҳшон кардан, нӯшидани он ғайриимкон аст ва лаззати хуб ҳам надорад. Баъдан, новобаста ба он ки пойтахти азизи мо дар поёноби бузургтарин дарёҳо аз қабили Варзобу Ромит қарор дорад, вале оби нӯшокии он ба андозаи зарурӣ ба талабот ҷавобгӯй нест ва хеле беҳбудӣ мехоҳад.

 

41 млн доллари Бонки Осиёии Рушд (АБР)

Бояд гуфт, ки ҳар сол барои беҳтар гардонидани сатҳи обтаъминкунии пойтахт маблағҳо ва грантҳои зиёде ҷудо мешаванд. Тибқи гузориши  нашрияи “Азия Плюс” №60 (1343) аз 9 августи соли 2018 Бонки Осиёии Рушд (АБР) барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе 41 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Албатта ин хуб аст. Зеро воқеан низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад ва шояд ин аввалину охирин грантҳое набошанд, ки дар ин самт ҷудо мешаванд, вале ҳамоно камбудиҳо дар самт хеле зиёданд ва обе, ки алъон аз чумакҳои хонаҳои сокинони пойтахт ҷорӣ мешавад аз обе, ки то солҳои истиқлолият ҷорӣ мешуд, хеле фарқ мекунад. Шояд ин пеш аз ҳам ба он вобаста бошад, ки обе ки қаблан аз дараи Варзоб ба Душанбе ворид мешуд, нисбатан тозатар буд. Алъон бошад дар дараи Варзоб ҳазорон бӯстонсароҳову истироҳатгоҳҳо пайдо шуда, тибқи нақли баъзе шоҳидон, ҳатто баъзе канализатсияҳо низ ба ин дарё пайваст карда шудаанд ва об аз сарчашма аллакай чиркин меояд. Дар Душанбе бошад, тоза намудани он заҳмат ва хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ барои пурра барқарор намудани низоми обтаъминкунии пойтахт ва пурра ба талабот мувофиқ намудани он 120 млн доллар зарур аст, вале дарёфти чунин маблағ дар шароити бӯҳронӣ кори саҳле нест. Пас чӣ бояд кард, ки ҳам хароҷот камтар шаваду ҳам сифати оби нӯшокии мо беҳтар шавад? 

 

Таҷрибаи шаҳри Ереван

Таҷрибаи баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки аз тоза кардани оби чиркин ва овардани об аз сарчашмаҳои тоза комилан камхарҷтару манфиатноктар аст. Масалан, дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван соли сеюм аст, ки барномаи муҷаҳҳазгардонии низоми обтаъминкунӣ идома дорад. Маблағи лоиҳа ҳамагӣ 20 миллион доллар буда, ташхиси лабараторӣ нишон медиҳад, ки обе, ки ба ин шаҳр ворид мешавад, дар қиёс ба оби дигар пойтахтҳои ИДМ тозатару болаззаттар аст. Об дар шаҳри Ереван на танҳо манбаи табиат ва боигарӣ, балки ба яке аз брендҳои сайёҳӣ низ табдил ёфтааст. Дар кӯчаҳои пойтахти Ереван на танҳо оби кранҳо, балки обҳоеро, ки тариқи фаввораҳо ҷорӣ мешаванд, нӯшидан мумкин аст. Чунки ин обҳо мустақиман аз чашмаҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан мувофиқанд. Чунин сифати тозаи обро дар ҳеҷ кишвари дигари ИДМ дучор шудан мумкин нест. Дар ин шаҳр зарурияте барои харидани оби тоза ҳам нест, муҳим ки ҳар нафар бо худ зарфе дошта бошад, ки онро мустақиман дар кӯча пур намуда, аз он нӯшад. Барои он ки обҳои ин шаҳр мустақиман аз сарчашмаҳо оварда мешаванд, ба таври иловагӣ тоза карда намешаванд. Оби ин шаҳр чун оби чашмасорони кӯҳҳои Тоҷикистон хеле болаззат ва нӯшиданаш гуворо аст. Ҳатто пурсиши миёни сайёҳон гузаронидашуда нишон додааст, ки оби нӯшокии шаҳри Ереван ҳамаро дар ҳайрат гузошта, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. 

 

Оби дарёи Сиёма

Пас, чаро мо бо истифода аз таҷрибаи арманиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба чунин шаҳри дорои оби тоза табдил надиҳем? Душанбе барои ин ҳама имконотро дорад ва муҳим аст, ки ин имконот самаранок истифода бурда шавад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, лоиҳае мавҷуд будааст, ки тибқи он, бояд об аз 50 километрии Душанбе, аз дарёчаи Сиёмаи дараи Варзоб ба Душанбе оварда мешуд ва он ба пуррагӣ пойтахтро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекард. Президенти аввалини Тоҷикистон, марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш гуфта буд, ки овардани оби Сиёма ба Душанбе яке аз орзуҳои амалӣ нашудааш аст. 

Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи мазкур амалӣ нашуд ва мо то ҳол аз оби дарёи Варзоб, ки алъон аз ҳазорон бӯстонсароҳо гузашта, то дараҷае чиркин шуда, ба Душанбе мерасад, менӯшем. Новобаста ба он ки оби мазкур пеш аз ба хонаҳо тақсим шудан, коркард мешавад, вале лаззат ва сифати хубе надорад.

Хеле хуб мешуд, агар лоиҳаи аз дарёи Сиёма овардани оби нӯшокӣ аз нав баррасӣ ва дар амал татбиқ карда мешуд. 

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Тибқи гузориши олимон оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати мустақиман ба пойтахт овардани оби мазкур Душанбе аз рӯи сифат ва самараи об аз Ереван ҳам пеш гузашта, бо ба даст овардани маъруфият,  як бреди нави сайёҳиро соҳиб хоҳад шуд. 

Дар баробари оби дарёи Сиёма дар водии Варзоб чашмасорону дарёчаҳои зиёди дигаре низ мавҷуданд, ки дар масофаҳои наздиктар қарор дошта, овардани он хароҷоти камтареро ташкил хоҳад кард. Масалан дарёчаи Хоҷа оби гарм,ки дар 30 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, аз тозатарин ва болаззаттарин обҳо дониста шудааст. Агар оби Сиёма барои пойтахт камӣ кунад, метавон ин сарчашма ва чандин сарчашмаҳои дигарро низ ба он ҳамроҳ намуд. 

 

Ҳама умед ба шаҳрдори Душанбе

     Ман фикр мекунам, алъон вақте фаро расидааст, ки шаҳрдорӣ лоиҳаи кашонидани оби нӯшокии Сиёмак ва бар иловаи он оби Хоҷа оби гарм ва ё дигар сарчашмаҳоро ба Душанбе баррасӣ намояд. Зеро алъон хеле фурсати хуб барои ин фаро расида, нахуст Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амал мекунад, ки бо пешниҳоди пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баъдан бо Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ чунин умед барои пурра беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин замина фароҳам омадааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар муддати кӯтоҳи Раиси шаҳри Душанбе таин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахт чӣ гуна ободу зебо шуда истодааст. Ба истифода додани даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо, таъмир ва васеъ намудани роҳҳо ва даҳҳо мисолҳои дигаре мавҷуданд, ки қобили таҳсинанд. Боварӣ ҳаст, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» татбиқи чунин як лоиҳа пойтахти азизамонро вирди забонҳо хоҳад кард. Умед аст, шарҳдорӣ ба ин масъала таваҷҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, сокинони пойтахтро бо оби тоза ҳаматарафа таъмин менамояд ва лоиҳаи афсонавии “Оби Сиёма” чун НОБ-и Роғун ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Зеро замоне ба амалишавии лоиҳаи НОБ-и Роғун на ҳама бовар мекарданд, вале алъон ҳама интизори ба истифода додани нахустин агрегати ин иншооти бузурги ҷаҳониянд.

Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ?

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

PS: Идораи редаксияи “Фараж” омода аст, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду андешаҳои дигаронро низ дар ин мавзӯъ нашр намояд. 

Хонданд 554

Марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ

Сен 03, 2018
Хонданд: 1404
Марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ

21-уми август дар баробари мусалмонони дунё мардуми Тоҷикистон низ Иди сайиди Қурбонро бо хурсандӣ  пешвоз гирифта, ҳамдигарро табрику муборакбод мегуфтанд, аммо дар хонаводаи Ёдгоровҳо аз деҳаи Сармантой-2 (қаблан деҳаи ба номи Ленин)-и ҷамоати Озодагони ноҳияи дурдасти Панҷ ғаму мотам ҳукмфармо буд: Волидон ва пайвандон ҷасади беҷони Абдуқаюми 19-соларо интизорӣ мекашиданд.

Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ҷои тааҷҷуб нест, ӯ ҳам мисли дигар ҷавонони муҳоҷири ҷавонмарги тоҷик маъмулан дар ғурбат, дар шаҳрҳои Русия аз дасти тоссарону «скинхед»-ҳо ё авбошону нарконманҳо ба ҳалокат расидааст. Ин аллакай барои ҳар як оилаи тоҷик чизи маъмулӣ гаштааст ва  коре аз дасташон намеояд.

Аммо, хонандаи гиромӣ, ҷасади ин ҷавонмарги навхати 19-солаи аз зиндагӣ бӯе набурдаро на аз шаҳри ғурбат, балки аз яке аз қисми ҳарбии ватани озоду ободу маҳбубамон -Тоҷикистон ба волидон расонданд.

Наздикони Абдуқаюм (равонаш шод бод) иддао доранд, фарзандашон бар асари латукӯби шадид дар макони хизматаш-қисми ҳарбии Язғулом, воқеъ дар ноҳияи Ванҷ, ки зертобеи отряди сарҳадии Дарвоз аст, ба шаҳодат расидааст, аммо ҳарбиёне, ки ҷасадро ҳамроҳӣ карданд, гуфтаанд, ки «Абдуқаюм аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расидааст ва ҷузъиёти бештаре надоранд».

Пайвандони марҳум дар суҳбат иброз доштанд, ки қазияро ҳамин тавр нахоҳанд гузошт ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҷинояти нобахшиданӣ ҳама талошҳошро хоҳанд кард. Яке аз наздикони марҳум бо қатъият мегӯяд, барои исботи ҳарфаш, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расонида шудааст, сабти суҳбати телефонии яке аз кормандони ҳамин қисми низомиро дар даст дорад. Аз он сӯи гӯшӣ, аз ноҳияи Ванҷ гуфтаанд, ки «ин ҷавон мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва нафари ӯро ба марг расонида, аллакай дар боздошт аст», аммо ин корманди қисми низомӣ дар бораи сабабҳои латукӯб, нафарон ва ё нафари ӯро ба марг расонида, маълумоти бештаре надодааст.

Наздикон гуфтанд, ҷасади Абдуқаюми ҷавонмаргашонро соати 18-и рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон ба онҳо расониданд. Ҷисми беҷони сарбози ғурамарги Ватанро намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ва ҳамчунин, афсарони қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Ванҷ, ҳамроҳӣ мекарданд. Ба қавли эшон, тани беҷони фарзандашон пас аз панҷ моҳи хизмати аскарӣ танҳо барои 15 дақиқа дар хонаи падар меҳмон буд. Пайвандон гуфтанд, мақомот барои шустани ҷасад иҷозат надоданд ва онҳоро мутмаъин сохтанд, ки ҷасад аллакай тибқи суннату шариати исломӣ шуставу кафан карда шудааст.

Абдусалом, тағои сарбози марҳум мегӯяд, мақомот ба наздикон имкон доданд, ки  танҳо рӯи майитро бубинанд. Бино ба гуфтаи ӯ, пас аз кушодани рӯйии ҷиянаш, осори латукӯби шадидро мушоҳида кардаанд: «Аз ҷумла, лабаш дарида, бинияш шикаста ва сару рӯйяш сиёҳу кабуд буд».

Дар ин рӯзи шум натавонистем бо падари ғамзадаи хонадон дар мавриди фарзанди ғӯрамаргаш суҳбат кунем, вале Абдураҳмон -тағои дигари Абдуқаюми ҷавонмарг гуфт, ӯ 5 моҳ қабл, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафта буд.

-Соати 12-и рӯзи 20-уми август, 3-4 соат қабл аз марг, бо Абдуқаюм телефонӣ суҳбат доштам. Хеле хурсанд буд. Гуфт, ки «барои пагоҳ, рӯзи Иди Қурбон тайёрӣ дида истодаем. Ош мепазем». Ҳамаамонро бо ид табрик кард, бо падару модар ва хоҳару бародаронаш ҳам суҳбат карда, бо рӯзи ид онҳоро ҳам муборакбод кардааст - мегӯяд тағои марҳум.

Бино ба гуфтаи Абдураҳмон, оилаи Ёдгоровҳо иборат аз 6 нафар-4 писару ду духтаранд ва Абдуқаюм писари хурдии хонадон шуху боору номус буд. Бо сабаби муҳоҷир ва донишҷӯ будани бародарон, Абдуқаюм аз ёрдамчиёни асосии падар будааст. Новобаста аз ҷавонӣ аллакай касби кафшергарӣ, ронандагиро омӯхта, дар баробари падар, ки сохтмончӣ аст, ин касбро низ хуб аз худ кардааст. Абдуқаюм мақсад доштааст, ки пас аз ба анҷом расонидани хизмати Модар-Ватан сохтмончӣ шуда, ризқу рӯзии хонаводаро бо ҳунару касби ҳалол таъмин созад.

-Аммо ҳайҳот, ки мақсаду ният ва орзуҳои беолоишашро дар ин синну соли ҷавонӣ ба зери хоки сард бурд, - гиря дар гулӯи Абдураҳмон банд мешавад.

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов рӯзи 23-юми август дар як суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки Ёдгоров Абдуқаюм ихтиёран ба хизмати аскарӣ сафарбар шудааст ва мардонавор барои Ватан хизмат кардааст.

-Ҷузъиёти ҳодиса барои мо ҳам то ҳол маълум нест, зеро он ҷо набудем ва гуфта наметавонем, ки чӣ воқеа шудааст. Мақомоти дахлдор аллакай тафтишотро оғоз кардаанд ва рӯзҳои наздик сабабҳои ҳодиса маълум хоҳад шуд,- гуфт Гулов.

Комиссар Гулов боздошти нафареро барои латукӯби аскар Ёдгоров Абдуқаюм тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ҳамхизматон ва шахсони дар гирду атроф қарордошта, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд: 

-Агар ҷиноят бошад, он ҳатман ошкор ва тариқи телевизион намоиш дода мешавад, то барои дигарон дарси ибрат гардад. Касе, ки ҷиноят содир мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд,- хулоса кард Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, айни замон нисбат ба ҳолати фавт ё ба ҳалокат расидани сарбоз Ёдгоров Абдуқаюм аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон санҷиш оғоз гардидааст ва то ба анҷом расидани санҷиш ҷузъиёти бештаре дар ин маврид дода наметавонанд.

Номбурда дар мавриди он ки гӯё нафарони дар латукӯб дастдошта аллакай дар боздошт қарор доранд, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт он ба салоҳияти Прокуратураи ҳарбӣ рабт дорад.

-Агар ҳангоми санҷиш даст доштани ягон нафар дар марги сарбоз ошкор карда шавад, ӯ ҳатман тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва ба сазои амалаш хоҳад расид,- гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев. 

Марги наваскарон ҳангоми адои қарзи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии кишвар дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотӣ дар аксар маврид сабабҳои рух додани чунин фоҷиаҳоро ба худи аскарон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки беэътиборӣ ва беэҳтиётӣ нисбат ба оинномаву дастурамалҳои қисми низомӣ бештар бо фоҷиа анҷом меёбанд.

Ҳамчунин, моҳи июни соли равон мақомот ҷасади беҷони Давлатов Исмоил Комилович, аскари ҷавонмарги дигареро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард, ба волидон супориданд.

Аз ин қисми ҳарбӣ ба волидони ин ҷавони марҳум гуфтаанд, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар гулӯяш «переловка» дармонда, роҳи нафасашро бастааст ва ин ҳолат боис ба марги сарбоз гардидааст. Марги Исмоил Давлатов дар ҳоле рух дод, ки пас аз ду моҳ муҳлати хизматаш поён меёфт ва ба назди волидон баргашта, бояд  бо номзадаш, ки тӯли 2 сол содиқонаву бесаброна ӯро интизорӣ мекашид, тӯйи арӯсӣ барпо мекард.

Дар баробари гузаронидани санҷиш барои муайян кардани сабабҳои марги наваскари панҷӣ Ёдгоров Абдуқаюм ҳамчунин, комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбози дигари ин ниҳодро тафтиш мекунанд.

Бино ба хабарҳо, сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ҳангоми дар зодгоҳ дар рухсатии хизматӣ қарор доштан даст ба худкушӣ задааст. Ин сарбоз аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ, дар ноҳияи Ишкошим хизмат мекард ва рӯзи 20-уми август ба назди волидон рафтааст. Пас аз ду рӯз, субҳи 22-юми август ҷасадашро дар назди трансформатори назди манзили зисташон овезон ёфтаанд.

Аз қисми марзбонӣ гуфтаанд, ба Набиев Аваз барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон рухсатӣ додаанд, ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.

Ин сарбоз дар маҳалле, ки худро овехтааст, бо навиштае рӯи хок аз волидон узр хоста, бародарашро бо тӯй табрик гуфтааст.

Наздиконаш гуфтаанд, ки шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд ва субҳ хеста чӣ гуна ва барои чӣ ба ин кор даст задани сарбоз барояшон рӯшан нест.

Шамсулло Фозилов, МТЖТ

Хонданд 1404

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.