.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Хатлон: Бунгоҳҳои тиббиро мефурӯшанд

Дар вилояти Хатлон 74 бунгоҳи  тиббӣ ва марказҳои саломатӣ пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта,  ниёз ба таъмир доранд. Ин вазъият сокинону корафтодагонро нигарон кардааст. 

 

30 бунгоҳи тиббӣ дар хона

Зимни суҳбат муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Матлуба Шоҳназарова бо изҳори ташвиш изҳор дошт, ки 74 бунгоҳи  тиббӣ ва марказҳои саломатӣ вазъи хароб доранд. Аз ин шумора, 4 бунгоҳ дар вагон, 30 бунгоҳ дар хонаҳои шахсӣ, 20 бунгоҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва 12 бунгоҳи тиббӣ дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгиранд. Аз ин бунгоҳҳои тиббӣ имрӯз сокинон аз ноилоҷӣ истифода мебаранд.

Тавре мавсуф афзуд: “Чунин бунгоҳҳои тиббӣ дар шаҳру  ноҳияҳои   Кӯлоб 6, Ҳамадонӣ 8, Муъминобод 12, Балҷувон 10, Кӯшониён 5,  Дӯстӣ 5, Қубодиён 5, Панҷ 5 ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 4 адад ҷойгиранд, ки сокинон аз сифати пасти хизматрасонии онҳо нигаронанд”. 

 

Балхӣ: Мушкил бартараф мешавад    

Ба қавли Азиз Холов, менеҷери Кӯмаки авалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: «Дар ҳақиқат, дар ноҳия  4  бунгоҳи тиббӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва барои таъмиру бозсозии онҳо тадбирҳо андешида истодаем».

Номбурда афзуд, ки: «Дар ноҳия давоми 9 моҳи соли равон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 2 маркази саломатии деҳот бо харҷи 150 ҳазор доллари ИМА сохта ба истифода дода шуд. Ҳачунин, сохтмони 2 маркази саломатии дигар бо дастгирии молиявии бонки болозикр бо харҷи 150 ҳазор доллари ИМА  идома дорад. Дар ин баробар, марказҳо бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” таъмин гардиданд, ки дар расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба беморон мусоидат менамоянд”. 

 

Чаро бунгоҳҳои тиббӣ фурӯхта мешаванд?

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Маҳмадхӯҷа - сокини деҳаи Кирови ноҳияи Кӯшониён: «Бунгоҳи тиббии деҳаи моро фурӯхтанд ва бинои онро тахриб карданд. Аз набудани бунгоҳи тибби дар деҳа мо ба куҷо муроҷат карданамонро намедонем». 

Маллазода Сайдулло - сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар гуфт: «Дар ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён ду бунгоҳи тиббӣ фурӯхта шудааст. Бунгоҳҳои тиббии мазкур дар мувозинати хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд ва аз ҳамин сабаб фурӯхта шудаанд». Ҳамсӯҳбати мо дар идома афзуд, ки «Ҳоло табибони ин ду деҳа сокинонро дар хонаҳояшон хизматрасонӣ менамоянд».

Вале масъулини мақомоти маҳаллии ноҳияи Кӯшониён мегӯянд, барои сохтмони бунгоҳҳои тиббии нав соҳибкорон ҷалб шуда истодаанд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкили набудани бунгоҳи тиббӣ дар ин деҳаҳо бартараф мешавад.

 

Норасоии бунгоҳҳои тиббӣ дар 50 деҳа

Бо ин ҳама муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Матлуба Шоҳназарова итминон дорад, ки: «Бо зиёд шудани деҳаҳо дар нақша аст, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар  54 деҳаи вилояти Хатлон  бунгоҳҳои саломатӣ сохта шаванд”.

Дар баробари ин, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Сайдулло зикр намуд, ки: “Барои бартараф кардани мушкили мавҷуда ва баровардани бунгоҳҳои тиббӣ аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуб ирсол карда шудааст ва умед аст, ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад. 

Аммо мутахассисон ва ҳолдонҳо бар ин боваранд, ки то се соли оянда бунёди беш аз 50 бунгоҳи тиббӣ ва ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби буҷети мақомотҳои маҳалл кори сода нест ва барои амалӣ намудани ин тадбир маблағи зиёд лозим аст.                                       

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж”.

Хонданд 301
Генерал Гадоев 28 сол зиндонӣ шуд

Дар Тоҷикистон як генерал-майор аз рутбаву дигари унвонҳои давлатӣ маҳрум ва ба муддати 28 сол паси панҷараи зиндон равон карда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

15-уми октябри соли 2018 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Гадоев Файзулло Нуриллоевич, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия баррасӣ намуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 200, қисми 4 бандҳои «в, д» (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ; ва дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда), 262 қисми 3 банди «б» (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда; ба миқдори калон содир шуда), 314 қисми 3 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 қисми 3 банди «в» (баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ; бо расонидани оқибатҳои вазнин) ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г» (гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ба миқдори калон)  ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 28 сол бо мусодираи молу амвол ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Ф.Н. аз рутбаи «Генерал-майори милитсия» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳрум карда шуд.

Ҳамчунин бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев Ф.Н., ки пеш ба ӯ тақдим гардида буд, бекор карда шуданд.

Кай ва дар кадом ҳолат боздошт шудани собиқ генерал ошкор нашудааст.

Гадоев Файзулло соли 1959 дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз ихтисоси омӯзгори фанни таърих сабақ гирифта, онро соли 1981 ба охир расондааст. Аз соли 1982 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст. Соли 1995 дар Идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ВКД фаъолият кардааст. Аз сентябри соли 2002 роҳбари ин Идора буд, ки соли 2007 «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифа барканор карда шуд.

Хонданд 367
То ҳанӯз журналистонро мекушанд...

Қатли пурсарусадои ду журналист дар моҳи октябр ҷаҳонро ба ларза овард

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҷаҳон шоҳиди ду куштори пурсарусадои журналистони озодандеш гардид, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дод. Яке дар Булғористон ва дигаре дар Туркия. Гарчанде ҳар сол дар дунё даҳҳо журналистон вобаста ба фаъолияти пурхатари худ ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо ин ду кушторе, ки дар бораи онҳо нақл намуданием, аз дигар маргҳои журналистон бо хусусиятҳои хоси худ фарқ дорад.

Куштори ин ду журналист на дар майдони ҷангҳои Сурия, Ироқ, Яман ва ё Фаластин ҳангоми ба наворгирӣ ва ё таҳияи гузориш, балки марги ин ду журналисти барҷаста  дар ду кишваре, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишварҳои орому демократӣ ба қайд гирифта шудаанд, рух додааст.

Ин ду қаҳрамони мо, ки ин ҷо дар бораашон ҳарф мезанем, яке журналисти булғорӣ Виктория Маринова ва дигаре рӯзноманигори араб -Ҷамол Хошуқчӣ мебошад, ки ҳар ду ҳам ба таври ваҳшиёна дар моҳи октябри ҳамин сол кушта шуданд. Нахуст дар бораи Виктория Маринова.

Виктория Маринова.  

Виктория Мариноваи 30 сола - барандаи барномаи «Детектор»-и телевезиони TVN  дар кишвари Булғористон рӯзи 6 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Русеи  ҳамин кишвар сараввал латукӯб гардида, баъд ба номусаш таҷовуз сурат гирифт ва сипас, бераҳмона кушта шуд. Гуноҳи Виктория Маринова ин буд, ки ӯ дар барномаи телевизионии худ бар зидди фасод ҳарф мезад ва фасодкоронро ошкор месохт. Дар барномаи охирини худ Виктория ду журналистеро муаррифӣ намуд, ки онҳо рафти фасодкорӣ ва ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҷудошударо пайгирӣ намуда буданд.

Ҷасади Викторияро дар ҳоле дарёфт намуданд, ки он нимурён буд ва бархе аз амволи шахсияш, аз қабили айнак, пул, телефон, калидҳои ӯ дар ҷайбаш набуданд. Қисмате аз ашёи шахсии ӯ каме дуртар аз ҷасадаш пайдо гардиданд. Пулиси шаҳри Русе муайян намуд, ки пеш аз кушта шудан Виктория таҷовуз ва сипас буғӣ гардидааст. Ҷинояткорон бо таҷовуз намудан ва ғорати пулу ашёи журналист хостаанд, ин корро ҳамчун як аъмоли авбошонае нишон диҳанд. Аммо дар асл онҳо Викторияро барои ошкор намудани тарҳҳои фасодӣ дар сохторҳои кишвари Булғористон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегарданд, куштаанд.    

Куштори ваҳшиёнаи ин журналисти мубориз дар кишваре, ки аъзои Иттиҳоди Аврупост, сурат гирифт ва на танҳо дар Булғористон, балки дар саросари ҷаҳон аҳли оламро такон дод. Хабари куштори мазкур дар сархати хабарҳои расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Мардуми Аврупо куштори журналистеро ба чунин ваҳшоният дар таърих хабар надоштанд ва ин буд, ки ба ҳар навъ эътирозоти худро болои ин қазия баён менамуданд… 

Имрӯз парвандаи Виктория Маринова дар сатҳи олӣ аз тарафи додситонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва аллакай чандин гумонбаршудагони қатли номбурда дастгир ва бозпурсӣ мешаванд. Ҳукумати Булғористон ваъда додааст, ки қотилони Виктория ҳатман дастгир ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷамол Хошуқчӣ

Куштори дигари ваҳшиёнаи журналист, ки дар бораи он ин ҷо мехоҳам нақл кунам, ин қатли рӯзноманигори дар арсаи ҷаҳонӣ номвари Арабистони Саудӣ - Ҷамол Хошуқчӣ мебошад.

Ҷамол Хошуқчӣ 2 октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони амниятии Арабистон Саудӣ дар консулгарии ҳамин давлат дар Туркия ба таври ваҳшиёна кушта гардид. Ӯ барои гирифтани санади издивоҷ дохили консулгарӣ шуда, аз он ҷо барнагашт.

Ҷамол Хошуқчӣ соли 1959 дар Мадинаи Арабистони Саъудӣ таваллуд шуда, муддатҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои машҳури Арабистон ба ҳайси сармуҳаррир кору фаъолият намудааст. Ӯ баъди интиқоди шадидаш аз ҳукумати Амрико, валиаҳди шоҳ - Муҳаммад бин Салмон, ҷанги Арабистони Саудӣ бо Яман ва дахолати Арабистони Саудӣ ба давлати Қатар ба унвони як рӯзноманигори нотарсу мунаққид машҳур гардид. Соли 2017 ҳукумати Арабистон фаъолияти журналистии ӯро барои танқиди рӯирости Доналд Тромп манъ намуд. Ин буд, ки ӯ ба Амрико ҳиҷрат намуд ва дар рӯзномаи машҳури «Вашингтон Пост» сутуннависи ин рӯзнома гардид. Дар мақолаҳои худ ӯ сиёсати ҳукумати Арабистони Саудӣ, бахусус валиаҳди шоҳ - Муҳаммад бин Салмонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ хабар медиҳанд, қатли ин рӯзноманигори варзида дар дохили консулгарии Арабистони Саудӣ, воқеъ дар шаҳри Истанбул аз тарафи 15 нафар агентҳои ҳукумати Оли Сауд сурат мегирад. Қотилон, ки аз афташ кайҳо боз дар ҷустуҷӯ ва қатли Хошуқчӣ буданд, имконияти хубро барои нест намудани ӯ пайдо намуданд, вале онҳо натавонистанд сирри ин амалиёти ғайриинсониашоро пинҳон доранд. Чунки Ҷамол Хошуқчӣ пеш аз даромадан ба консулгарӣ соати ҳушманди худро (Apple Watch) ба кор дароварда буд ва он сабти рафти мусоҳибаи ӯро дар дохили консулгарӣ ба телефони  (iPhone)-и ӯ, ки дар дасти номзадаш - Хадича Чингиз қарор дошт, интиқол менамуд. Хадиҷа Чингиз ӯро берун аз консулгарӣ дар кӯча интизорӣ мекашид. Сабтро мақомоти интизомии Туркия дастрас намуда, собит карданд, ки Ҷамол Хошуқчӣ дар дохили консулгарӣ аввал панҷаҳояш, баъд гарданаш бурида шуда, сипас, танаш ба қисматҳо пора- пора гардидааст.  Бо чунин ваҳшоният ба қатл расонидани рӯзноманигореро таърихи башарият то ҳанӯз ёд надорад.

Қатли Хошуқчӣ вокуниши калонеро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард. Ин ҳодиса ончунон Оли Саъудро дар ҳолати ногувор гузошт, ки шояд дар гузашта ба чунин аҳвол наофтода буд. Сараввал мақомоти Арабистон ин ҳодисаро пинҳон доштанд, баъд гуфтанд, ки Хошуқчӣ аз консулгарӣ баромада, ғайб задааст, вале билохира маҷбур шуданд, ки кушта гардидани онро тасдиқ намоянд. Барои дарки пурраи ин ҳодиса рӯзи 15 октябр раиси Вазорати умури хориҷаи Амрико - Майк Помпео ба Ар-Риёз ва баъдан ба Истанбул сафар намуд. Рӯзи 19 октябр 40 конгресмени Амрико ба Президент Доналд Трамп муроҷиатнома навиштанд, ки вобата ба қатли рӯзноманигор – Хошуқчӣ нисбати Ҳукумати Арабистони Саудӣ таҳримҳо ҷорӣ карда шавад. 

Бо гузашти зиёда аз 20 рӯз ҳамарӯза дар сархати хабарҳои расонаҳо қазияи куштори Хошуқчӣ давр мезанад. Ҷаҳон мунтазири сухани охирони Амрико нисбат ба ин қазия аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Амрико нисбати ин иттифоқчии худ, ки харидори асосии аслиҳоти ҷангии амрикоӣ аст, чорае андешиданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои бузург ба унвони эътироз аз қатли бераҳмонаи Ҷамол Хошуқчӣ аз иштирок дар анҷумани сармоягузорони иқтисодие, ки бинобар дар миқёси ҷаҳон машҳур буданаш - "Давос дар биёбон" ном дорад, даст мекашанд. Дар байни онҳое, ки аллакай номзадии худро бозхонд намудаанд, роҳбари ширкати «Viacom» Боб Бекиш, президенти ширкати «Uber» Доро Хусравшоҳӣ, сармоягузори соҳибмақом Стив Кокс, соҳиби «Los Angeles Times» - Патрик Сун-Шонг, намояндаи роҳбарияти «HP» - Ҳоа Попер ҳам ҳастанд.

Сару садо атрофи қазияи куштори бераҳмонаи Ҷамол Хошуқчӣ ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар айни замон мақомоти Туркия ҷасади пора-пора шудаи рӯзноманигорро ҷустуҷӯ менамоянд.       

Омори марги журналистон дар ҷаҳон

Ҳар сол даҳҳо журналистон дар гӯшаву канори ҷаҳон кушта мешаванд. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи журналистон аз соли 1990 ин ҷониб шумораи кормандони кушташуда, рабудашуда ва ё гуму бедарак шудаи васоити ахбори оммаро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ менамоянд. 

Нигаред, ба ҷадвали тартибдодаи Созмони байналхалқии журналистон, ки аз шумораи журналистони кушташуда дар саросари ҷаҳон давоми 28 соли охир хабар медиҳад.

 

Дар ҳамин ҳол, Созмони байналхалқии журналистон чордаҳ давлатеро, ки дар онҳо аз ҳама бештар журналистон қурбон мешаванд, нишон додааст.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қатли журналистон дар солҳои охир бинобар сабаби муборизаи онҳо бо фасод ба вуҷуд омадааст.

Журналистон на танҳо куштаву бедарак мешаванд, балки онҳо аз тарафи ҳукуматҳо ба маҳбас низ кашида мешаванд. Танҳо дар соли 2017, тибқи омори Созмони байналхалқии журналистон 262 нафар журналистон дар саросари ҷаҳон пушти панҷара рафтаанд, ки ин шумора дар сӣ соли охир баландтарин аст.

Дар байни давлатҳое, ки аз ҳама бештар журналистонро пушти панҷара мекашанд Туркия (73 журналист), Хитой (41) ва Миср (20) пешсафанд.

Ҷадвали зер аз ҳабсшавии журналистон дар солҳои гуногун хабар медиҳад.

 Олимҷон САФОЛОВ

Хонданд 291
ДОНИШМАНДИ ФАРҲЕХТА, ШОҲНОМАШИНОСИ БЕҲАМТО

Ҳангоме сухан аз забони ширини тоҷикӣ, ҳувият ва таърихи миллат ба гӯшам мерасад, чеҳраи устод Зафар Мирзоён пеши назарам меояд. Ин бесабаб нест, зеро ба гуфтаи пажӯҳишгарони имрӯз, суханҳои калидии устод аз ҳамин вожаҳо сарчашма мегиранд ва аз сӯҳбату навиштаҳои устодамон он суханони ба худшиносии миллӣ ишора дошта, дар зеҳни мо шогирдонашон сахт ҷой гирифтааст. Он сӯҳбатҳое, ки ҳамеша саршор аз ифтихори миллату ватандӯстист, ба ростӣ як масъунияте (иммунитете) шудааст, ки намегузорад ақидаҳои бепарвоӣ ба сарнавишти миллату давлатамон фарогирамон бошад.

Зиндагӣ, рафтор, кирдор ва гуфтори устод худ як достони ростини дифоъ аз миллат аст. Достоне, ки ҳар варақаш боиси ибрат ва пайгирӣ ҳаст. Гоҳо ӯро мо шогирдон «Чароғи миллат» меномем. Чароғе, ки ба торикиҳои гузаштаҳои ҳазорсолаамон рӯшноӣ мебахшад. 

Соле пеш, вақте устод Зафар Мирзоён ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси мушовир омаданд, иқдомҳеро рӯи даст гирифтанд, ки воқеан, кори як равшанфикри воқеист. Мавриди ёддоварист, ки устод ба ёрии ҷавонон алоқаи хос дорад ва ҳамеша талош барои раҳнамоии беғаразонаи онҳо мекунад. Ҳанӯз хонандаи мактаб будам, ки бародарам маро ба мафҳиле овард, ки дар он ҳамсолонаш аз устод дарси “Шоҳномахонӣ” меомӯхтанд. Он замон устод дар ҳеҷ донишгоҳе кор намекарданд, вале раҳнамоии насли наврасро бидуни кадом музду миннате ба дӯш гирифта буданд. Ҳоло, ба истилоҳ сад дар сади онҳое, ки дар маҳфили устод ширкат доштанд, дар кору зиндагии худ ба комёбиҳо ноил шуданд. Дар миёни онҳо имрӯз рӯзноманигори муваффақ, номзаду докторҳои илм ва сиёсатмадорони шинохтаро метавон дид, ки аз маҳфили худомӯзии он кас гузаштаанд.

Ҳоло ҳам кореро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб анҷом медиҳанд, ки солҳо ба ин тараф дар он маҳфили “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ карда буданд ва имрӯз, ҷавонони ба миллату давлат содиқ аз омӯзишҳои ӯ баҳра мебардоранд.

Дари утоқи ӯ, ҳамеша боз аст ва ҳар ҳарфу ҳиҷояш наву омӯзанда аст. 

Ӯ бо камтарин хоҳиш бо донишҷӯён ҳамсуҳбат мешавад ва дар дилхоҳ мавзӯъ ба онҳо машварат мекунад.

Донишманди тавоно, шоҳномашиноси камназир,  ховаршинос, адабиётшиноси варзида, забоншиноси каммонанд, таҳлилгар ва рӯзноманигори чирадаст ҳастанд. Зафар Мирзоён, хатмкардаи факултети Шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Солиёни дароз ба ҳайси омӯзгор ва корманди сиёсиву маъмурӣ, дар ноҳияи Ховалинг, шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар миёни солҳои 70 ва 80-и асри гузашта  дар кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумони муассисаҳои ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон кор кардааст. Аммо умре андешаҳои худро ба омӯзиш ва пажӯҳиши забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ нигаронида, дарёфтҳои тозаву навпардози хешро пайваста пеши дидори дустдорони забону адабиёт меоварад.

Зафар Мирзоён дар баробари фаъолияти идорӣ, корҳои зиёди равшангароиро роҳандозӣ мекунад. Ҳамчун раиси намояндагии Анҷумани  тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», дар минтақаи Кӯлоб, барои бозшинохти гузаштаи фарҳангии тоҷиктаборон талош меварзад. Ин суханҳо бардошт аз муқоваи китобҳои ӯ зери унвонҳои “Ниёиши некону покон”, “Худовандагори сухани порсӣ”, “Офаридгори сухан”, “Динпаноҳи ва меҳанпарастӣ” ва “Ҷашни Наврӯз омилм хештаншиносии миллии тоҷикон”, мебошад, ки ноширон ба таври мфишурда ҳолномаашонро баён кардаанд. 

Шоёни гуфтан аст, ки ӯ «Ҷамъияти илмии донишҷӯён»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ташкил намуда, бад-ин васила роҳи зеҳни ҷавононро ба сӯи некандешӣ ва худнигарии миллӣ мекашонад. Ҷамъияти мазкур то ҳол 11 конференсияҳои илмӣ доир намуда, дар он маърӯзаҳои донишҷӯёнро пиромуни мавзӯҳои доғи рӯз, мавриди таҳлилу баҳс қарор додааст. Конфронси ба наздикӣ доир гардида “Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим” унвон дошт, ки ба ин шакл ба миён гузоштани баҳс дар мавриди ҷомеаи демократӣ, риояи қонунҳои давлат, муқаррарот ва одоби суханрониҳои зидду нақиз, ба гумонам тоза ва ноб дида мешавад. 

Меҳри бепоён ба «Шоҳнома». Зафар Мирзоён ошиқи «Шоҳнома» аст. Умри худро сарфи пажӯҳиши ин шоҳасар кардааст. Дар ҳар суҳбаташ, иқтибоси омӯзандае аз шоҳкори Ҳакими Тус меоварад. Дидгоҳҳои забондӯстиву миллатпарварии устод реша дар ин шоҳасар дорад. Асаре, ки саропо аз сароиши ғурури миллӣ ва васфи ватандӯстиву ватанпарварӣ иборат аст. Устод Шоҳномаро аз он асарҳое медонад, ки забони тоҷикону асолати тоҷиконро аз хатари нестӣ ҳифз кардааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки забони тоҷикӣ дар роҳи дарози худ борҳо гирифтори ҳамлаҳои маргбори забонҳои тозандагони арабӣ, туркӣ ва русӣ гаштааст, ки наздики 60 фоизи калимаҳоро аз даст додааст. Аз мақолаҳои устод пай мебарем ки он кас чӣ гуна барои покии забонтоҷикӣ мубориза бурдааст ва ба истилоҳи худашон «вожаҳои зиндонӣ»-ро дубора ба озодӣ баровардааст. Ҳоло даҳҳо вожаеро метавон мисол овард, ки устод аз зиндони фаромушӣ берун кард ва ҳоло мавриди истифодаи фаровон дар матбуот қарор дорад. Ӯ дар навиштораш аз забони тоҷикӣ чунин васф мекунад: “Забони тоҷикиро кас гумон мекунад, ки гӯё дар осмонҳо офарида, ба гӯяндагонаш фиристода бошанд. Дар ин забони аҳуроӣ ҳар овое ҷойи худро дошта, дар корбасти вожаҳо ва ҷой кардани маънӣ, нақши вижа доранд

Дингустарии иртиҷоъӣ ба динпаноҳон садама меоварад. Зафар Мирзён дар навиштаҳои худ нуқсонҳои ҷойдоштаро дар динпарастии одамон аз дарнарафтан ба ҳақиқати дин ва дингустарӣ медонад. Ӯ динро муқаддас мешуморад ва пайравӣ кардан аз дини бузургро ифтихор медонад. Ба қавли ӯ, ҳама боварҳои динӣ ба он равона гаштаанд, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчӯбаи ахлоқӣ ва ё кодекси ахлоқӣ нигаҳ доранд ва ҳаргиз меҳанпарастӣ ва нигаҳбонии ҳувияти миллиро дар сафи дуюми андешаи хеш нагузорад.

Ба андешаи устод Мирзоён, бархе пешвоҳои дин қоидаҳои махсусеро ба диндорӣ пайвастаанд, ки ба инсон аз нуктаи назари  илм андешиданро имкон намедиҳанд ва мардуми нахондаву андакхонда дар бораи дин тасаввуроти омиёна ҳосил карда, донишмандонро динситез мешуморанд. Аз ин дидгоҳ, ҳақиқатҳои таҳмил шуда қобилияти интиқодии моро маҳв мекунад ва мо наметавонем мустақилона ҳар падидаро аз дидгоҳи худ арзёбӣ кунем. 

Он ҷавононе, ки бо номи дин дар кишварҳои хориҷӣ, бо ҳадафи номаълуме худро ба куштан медиҳанд, устод Мирзоён соддалавҳ ё фирефта шуда, ё худ мағзшуста медонад. 

Ба гуфтаи устод, ин гурӯҳи ҷавононро ҳанӯз Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок тасвир карда буд. Фирдавсӣ дар ин достон огоҳона ишора кардааст, ки чӣ тавр морон мағзҳои ҷавононро мехӯранд. 

Морони Заҳок ҳамон андешаҳои ботил аст, ки мағзи ҷавонони моро мешӯяд ва онҳоро ба коми марг тела медиҳад. Ҳанӯз шабаҳи морони Заҳҳок барои ошуфтасозии мағзи сари ҷавонони мо таҳдид доранд. 

Ҳоло пас аз дарсҳои устод ба ин натиҷа расидам, ки маҳз афроде мисли ӯ метавонанд, чунин рисолатро анҷом диҳанд. 

Албатта устод Зафар Мирзоён ҳанӯз ҳам эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд, ки бо талошҳои хеш барои покии забони тоҷикӣ, фаҳми дурусти динпарварӣ, дарки солими адабиёти классикӣ ва ба таври умумӣ ба воя расондани ҷавонони тоҷик, ки дар зеҳнҳои худ маниши нек, гӯиши нек ва куниши некро парвардаанд, ба комёбиҳои дилхоҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки гоҳе дар лаҳзаҳои норизоият аз шогирдон ин байти Маликушшуаро Баҳорро ба ёд мерваранд: 

Дили ман хун шуд дар орзӯи фаҳми дуруст,

Эй ҷигар, навбати туст!

Мо шогирдони устод Зафар Мирзоён бар онем, ки дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, чунин омӯзгороне ба шогирдон дарс бигӯянд, ки аз усулҳои андешаронии ӯ баҳравар бошанд. Мебояд шеваи омӯзгории ӯ ба онҳое, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон сару кор доранд, паҳн гардад. Пешниҳодҳои ӯ оид ба ҷорӣ кардани фани алоҳидаи Шоҳномашиносӣ ва ватнапарастӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷонибдорӣ ёбад.

Шерхон Сулаймон - доктор Ph.D-и соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  ихтисоси забони англисӣ.

Хонданд 203

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.