.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Дасткорӣ ё таҳриф: Адолат Мирзоеваи “Независимая газета” кист?

Дар вебгоҳи нашрияи “Независимая газета”-и Русия сар аз 17 сентябр то 12 ноябри имсол дар се мақолаи марбут ба Тоҷикистон: «Рахмон наметил спецоперацию на Памире», «Неформальные лидеры Памира угодили в ловушку» ва «Глава Таджикистана представит президенту РФ своего преемника» назари коршиносе бо номи “Адолат Мирзоева” истифода шудааст.

Муаллифи ин се мақола рӯзноманигор Виктория Панфилова аст. Панфилова пештар аз ин дар чанд расонаи байналхалқӣ фаъолият карда ва барои рӯзноманигорони Тоҷикистон як чеҳраи ошност. Аммо коршиноси Панфилова - "Адолат Мирзоева" кист? Аз чанд хабарнигор  пурсидам, ки оё коршиносе бо ин ному насаб мешиносанд. Бархеҳо изҳори бехабарӣ карданд ва иддае ба Адолати Мирзо - муассис ва сармуҳаррири нашрияву сомонаи "Миллат" ишора намуданд.

Аз Адолати Мирзо пурсидам, ки ҳамсуҳбати Виктория Панфилова ӯст? Ӯ гуфт, дарвоқеъ дар ин авохир шуморе аз дӯстону ошноён ҳам ин суолро аз ӯ мекунанд.

"Чун коршиноси ношиноси "Независимая газета"-ро касе дар Тоҷикистон намешиносад, хонандаро ба иштибоҳ меандозад, ва ангушти ишорати бархе ба сӯи ман аст. Агар коршиносе бо ин ном зуҳур кардаву худро таҳлилгари масоили ҷомеаи мо медонад, хуб аст, то чеҳраи худро ба мардум ошкор кунад. Ва агар касе муғризона пушти ин ном сарнавишти миллатро ба бозӣ гирифта бошад, мояи нигаронӣ аст. Агар ҳампешаи гиромии мо кори ҳирфаӣ мекунад, бояд ин коршиноси ношиносро муаррифии дуруст бикунад, вале агар дидаву дониста ин корро мекунад, мояи таассуф аст. Шахсан ман бо хабарнигори "Независимая газета" Виктория Панфилова суҳбат накардаам ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ҳам дар ҳеч куҷо назар надодаам", - гуфт Адолати Мирзо.

Бори дигар ҳамон суол - пас "Адолат Мирзоева"-и Панфилова кист? Чунин коршиносе бо он сатҳи огоҳӣ аз вазъи Бадахшону Тоҷикистон чаро барои аҳли матбуоти Тоҷикистон то кунун ношинохта боқӣ мондааст?

Мустақиман ба худи Виктория Панфилова дар Фейсбук паём фиристодам ва хоҳиш кардам, ки дар пайдо кардани "Адолат Мирзоева" кумак расонад. "Ман ҳам мехоҳам аз ӯ назар бигирам", - навиштам ба Виктория Панфилова. Баъд аз чанд лаҳза Панфилова посух дод, ки "Адолат Мирзоева" иқтисоддоне аз шаҳри Душанбест ва паёми маро ба ӯ расонидааст. "Агар зарур донад, худаш бо шумо тамос мегирад", - навишт дар паёми баъдӣ Виктория Панфилова.

3-4 рӯз аз паёми дувуми Панфилова гузашту аз "Адолат Мирзоева" хабаре набуд. Бори севум аз Панфилова хоҳиш кардам, ки шумораи телефон ё василаи дигари пайдо кардани коршиносро бидиҳад. Ин бор Панфилова навишт, ки: "Адолат - номи мустаор аст. Вай намехоҳад худашро ошкор кунад. Мебахшед. Шумо бояд инро дарк кунед".

Дар ниҳоят хабарнигори "Независимая газета" эътироф кард, ки коршиносаш шахси мустаор аст ва чеҳраи воқеӣ надорад! Муаллиф дар се мақола пайи ҳам назари коршиносеро бо номи "Адолат Мирзоева"-ро истифода, аммо ҷое ишора накардааст, ки ин ному насаб мустаор аст. Ҳамин боис шуд, ки хонандагон Адолати Мирзо - сармуҳаррири "Миллат"-ро бо "Адолат Мирзоева"-и тахаюлии Панфилова иштибоҳ гиранд.

Агар бо диққат назар кунем, як фарқияти кӯчак байни ду ном ҳаст, вале ин боис нашуд, хонандаи "Независимая газета" дар Тоҷикистон он фарқиятро дарк кунад. Пас суол ин аст, ки чаро коршинос ва хабарнигори нашрияи мазкур чеҳраи худро пушти номи шахсони воқеӣ пинҳон мекунанд? Ахлоқи касбӣ чаро риоя нашудааст? Дар ҳоле ки бояд муаллифи мақолаҳо ҷое ишора мекард, ки номи коршиносаш мустаор аст. Не?!

Хонданд 407
Фитнаи нави ТЭТ ҲНИ дар маҳбасхона

Тавре ки аз ҳодисаи даҳшатбор дар маҳбасхонаи рақами №3/3 шаҳри Хуҷанд рух дод, маълум мегардад дар пушти ин бетартибиҳо ва хунрезиҳои бесомон гурӯҳҳои хушунадталабу ифротии ТЭТ ҲНИ, “Давлати Исломӣ” ва “Гурӯҳи 24”пинҳон мебошанд.

Ин гурӯҳҳои ҷинояткор тавассути сарбозони маргталаби ТЭТ ҲНИ, “Давлати исломӣ” ва гумоштаҳои ифротии худ дар дохили маҳбасхона ба қатлу куштори оммавии маҳбусон даст зада, аз ҷониби дигар дастгоҳҳои иттилоотии ташкилотҳои террористӣ ба ин ҳодиса характер ва тобеиши сиёсӣ дода, ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном мекунанд.

Изҳоротҳои додашудаи ташкилоти экстремистии “Гуруҳи-24” ва ТЭТ ҲНИ дар фазои иттилоотӣ ноқиз ва нодуруст буда, аз ҳақиқати воқеият хабар намедиҳанд, балки қадам фарохтар гузошта, ҳадафҳои нопок ва мақсадҳои шуми худро пинҳон месозанд.

То ҷое мо огоҳ ҳастем, тартибот дар дохили маҳбасхонаи мазкур тибқи муқарароти муайянкардаи қонун ҳифз карда мешуд, ба ин нигоҳ накарда, сарбозони маргталаби ТЭТ ҲНИ, “Давлати исломӣ” ва дигар маҳбусони ифротӣ даст ба амалҳои терррористӣ, ғайриинсонӣ ва ғайришариатӣ задаанд. Дар натиҷа, маҳбусони зиёд ҷароҳатҳои гуногуни вазнин бардошта ва як қисми онҳо ба ҳалокат расиданд.

Бо шарофати ҳушёрӣ ва бедории ниҳодҳои зудаамали мақомоти дахлдор пеши ошӯби террористӣ дар маҳбасхонаи мазкур гирифта шуд.

Ба ҳар инсони бохирад ва ҳушманд маълум аст, ки террористони маргталаб ба осонӣ ҷон намедиҳанд, балки онҳо мувофиқи ақидаи ифротӣ ва усулу методҳои террористӣ то охири нафаси худ меҷанганд. Барои ин маргталабон муҳим нест, ки онҳо дар зиндон ё дар ҷабҳаи ҷанг мебошанд. Табиати фитрии онҳо иборат аз хунрезӣ ва нооромии ҷомеа мебошад. Барои ин маргталабони ифротӣ ҳаёти инсон ва зиндагии ягон фарди мусалмон эътибор ва арзиш надорад.

Мусаллам аст, ки пешгирии хунрезӣ ва безараргардонии террористони дар маҳбасхона қарор дошта, кори осон ва саҳл нест, зеро онҳо ба ягон маҳбуси дигар раҳм накарда, бидуни мақсад ва ҳадафи муайян ҳамсафони худро ба қатл расониданд.

Чуноне ки аз изҳороти саҳифаи расмии “Давлати исломӣ” бармеояд кирдори содиршудаи террористӣ дар маҳбасхонаи зикргардида, тибқи нақшаи он амалӣ гардидааст. Мутаассифона, мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баёни омилҳои асосии ҳодисаи мазкур чашм пушида, балки дидаву дониста ва ғаразнок ҷониби давлати Тоҷикистонро мавриди туҳмат қарор доданд.

Айни замон мақомоти дахлдори кишвари Тоҷикистон аз лиҳози касбият таҷрибаи хуби муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро доранд. Онҳо намегузоранд, ки шахси алоҳида ё гуруҳҳои муташаккили террористӣ фазои амниятии кишвар ва давлатдории миллиро осебпазир созанд.

Хуб шуд, ки сари вақт оташи фитнаи террористон дар дохили маҳбасхона  гирифта шуд, дар дигар сурат онҳо ба берун фирор намуда, хуни садҳо шаҳрванди бегуноҳро мерезониданд.

Ҳодисаҳои даҳшатбори кишвари Сурия ва Ироқ моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар як падида ва ҳодисаи террористӣ, чӣ дар дохили маҳбасхона ва чи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, чораҳои мушаххас ва қотеона нисбати террористон биандешем. Дар дигар сурат, онҳо ҳар як лаҳзарро истифода намуда, даст ба амалҳои хушунатбор ва даҳшатбори террористӣ мезананд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ пурқувват аст. Омодааст, ки пеши ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуби террористӣ ва нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯрро сари вақт хунсо ва безарар гардонад.

Ҳодисаи рухдода дар маҳбасхонаи рақами №3/3-и шаҳри Хуҷанд бори дигар симои даҳшатбор ва кирдору амалҳои гурӯҳҳои ифротиро дар чашми мардум ба таври равшан ошкор ва муайян намуд.

Айни замон тамоми сокинони Тоҷикистон ба ташкилкунандагони террористии ин ҳодисаи нангин, ки боиси марги шаҳрвандони Тоҷикистон  гардидааст, нафрат мехонанд.

Маргталабони ТЭТ ҲНИ, аз ҷумла пайравони шиамазҳаб ва “Давлати исломӣ”дар зиндонҳо низ ором нестанд, балки онҳо бо ин кирдору амалҳои ғайриинсонии худ мехоҳанд, ки Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ  бадном созанд.

То ҷое ки маълум аст, нақшаи ошӯби маҳбусон дар Хуҷанд қаблан омода гашта, аз ҷониби роҳбарони ТЭТ ҲНИ, алалхусус худи Муҳиддин Кабирӣ, бо роҳи пинҳонкорӣ амалӣ гашт. Муҳиддин Кабирӣ дар фитнаангезӣ ва исён таҷрибаи хубе дорад. М.Кабирӣ сазовори эътимоди  хоҷагони хориҷиаш бояд дар Тоҷикистон амали террористӣ содир намояд. Ба ӯ куштори сайёҳони хориҷӣ камӣ кардааст ва акнун даст ба маҳбасхонаҳо зада истодааст.

М.Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш ба мақсадҳои шуми худ расида натавонистанд ва аз ҷониби мақомоти дахлдор сари вақт безарар гардонида шуданд.

Волидайнро зарур аст ки дар тарбия ва беҳдошти фарзандони худ бетараф набошанд. Онҳоро аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ пешгирӣ намоянд. Ононе, ки дар задухурдҳои зидди давлатии Сурия ва Ироқ ширкат кардаанд, ҳатто дар маҳбасхонаву масҷидҳо даст ба амал ва кирдорҳои террористӣ мезананд.

Барои бартараф ва решакан намудани ин омилҳои манфии террористӣ ва зиддибашарии ифротӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти ҷиддӣ ҳис намоянд.

Аслиддини Соҳибназар, сокини шаҳри Душанбе

Хонданд 138

Тоҷикистонӣ дар «Арсенал»

Нояб 14, 2018
Хонданд: 56
Тоҷикистонӣ дар «Арсенал»

Мутахассиси маъруфи тоҷикистонӣ Игор Черевченко сармураббии клуби футболи «Арсенал»-и шаҳри Тулаи Федератсияи Русия таъйин шуд.

Черевченкори 44-сола дар мавсими гузашта клуби футболи «Балтика»-и Калининградро роҳбарӣ мекард. Ин даста зери роҳбарии ӯ мавсимро дар зинаи панҷум ба охир расонд.

Игор Черевченко соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъд аз бозӣ дар ҳайати дастаи «Помир»-и маъруф ба дастаи «Локомотив»-и Маскав гузаштааст. Аз соли 2008 дар ҳайати мураббиёни ин клуб кор кардааст. Соли 2015 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Локомотив» дастаро ғолиби Ҷоми Русяия кардааст.

Черевченко дар «Арсенал» Олег Каноновро иваз кард. Ҳоло «Арсенал» дар ҷадвали мусобиқа баъди 14 давр бо 17 имтиёз дар зинаи 11-ум қарор дорад.

Хабар дода мешавад, ки Олег Кононов сармураббии клуби «Спартак»-и шаҳри Маскав таъйин гардидааст. Роҳбарияти дастаи «Спартак» бо мутахассиси 52-сола ба муддати 2 сол созишнома ба имзо расониданд. Баъди итмоми 14 даври сипаришуда дастаи «Спартак» бо гирифтани 19 имтиёз дар мақоми нуҳуми ҷадвали Пример Лигаи Русия ҷойгир шудааст.

Хонданд 56
Вахш: Касе масъулияти партовгоҳҳоро ба зимма намегирад

Дар маркази ноҳияи Вахш назди биноҳои истиқоматӣ партовгоҳҳои зиёде мавҷуданд, ки ба гуфти сокинони ноҳия моҳҳо тоза карда намешаванд ва аз буйи ғализи онҳо нафас кашидан душвор аст.

Ин ҳолатро рузи 8-ноябри соли 2018, зимни як сафари корӣ, дар маркази маъмурии ноҳияи Вахш мушоҳида ва аксбардори кардем.

Партовҳое, ки дар маркази ноҳияи Вахш мавҷуданд,  гирду аторофашон маҳкам набуда, қутиҳои партов  дар онҳо дида намешаванд. 

Ин ҳолат боиси сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегардад, зеро кӯдакони биноҳои баландошиён ҳамаруза дар назди чунин ғарави партов ба бозӣ мағуланд.

Барои огаҳӣ пайдо кардан, ки чаро ин партовгоҳҳо тоза намешаванд, ба корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Вахш роҳсипор шудем, аммо роҳбари ин корхонаро дар утоқи кориаш пайдо кардан натавонистем.

Пас аз тамосҳои бешумори тилфонӣ ӯро дар кӯча пайдо кардем ва ӯ гуфт, дар ихтиёри корхонааш 16 нуқтаи партов мавҷуд аст, ки онҳо ба навбат тоза карда мешаванд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба мавзӯъ ба назди сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия низ рафтем ва ӯро низ дар ҷойи кораш наёфем. Роҳбари ин марказ дар тамоси тилфонӣ гуфт, ки  нигоҳубини партовгоҳҳо ба зимаи онҳо нест.

Барои рафъи мушкилии ҷойдошта ва тоза намудани партовҳо масъулини идораҳои дахлдорро зарур аст, ки саривақт ҷораҷӯӣ намоянд,  зеро саломатии инсон аз ҳама ҷизи гаронарзиш аст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Хонданд 181

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.