.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Рӯзи 31-уми август аввалини гуруҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки имсол дар Каъба ин маросимро адо карданд, ба ватан бармегарданд.

ИА «АП» дар такя ба иттилои як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ хабар дод, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки намояндагони ин кумита дар Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат ороста, меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро, ки мувофиқи он гуселу пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешавад, бори дигар шарҳ доданд.

Дар ин шарҳ гуфта шудааст, ки қонун ташкили маросимҳое чун «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ»-ро манъ мекунад. Тақсими оби зам-зам ва хурмои хушкшуда мумкин аст. Сокинон ҳоҷиро бо адои маросими ҳаҷ табрик карда метавонанд.

Имсол наздики 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ рафтанд. Арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил додааст.

Акс аз "АП"

Хонданд 100

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабарҳои ба хоки Афғонистон ҳамла кардани ҷониби Тоҷикистонро рад карда, иттилоъ медиҳад, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд, аммо амалиёт барои пайдо кардани гуруҳи ҷиноятие, ки шаҳрвандони кишвари моро ҳадафи тир қарор доданд, дар марз идома дорад.

Чуноне дирӯз хабар дода будем, 26 август, соати 15:00, аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи 10-12-нафараи номаълуми афғон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев, шахсони мусаллаҳ ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  оташ кушодаанд.

«Дар натиҷаи ҳамла ду корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор кардааст», - гуфтааст ин манбаъ ба «Ховар».

Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз чархболу ҳавопаймо баъзе минтақаҳои Афғонистонро ҳадафи мушакборон қарор додааст.

Ин матлабро сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев рад намуда, зикр кардааст, ки «дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ягон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст. Дар айни ҳол дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи  афғон идома дорад».

Хонданд 474

11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон барои роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳо боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. АИ «АП» хабар медиҳад, ки охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи "Тошбозорсавдо" ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шудаанд.

Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳоро давоми ду моҳ дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд.

"Падари маро он рӯз ба ҷаласа даъват карданд. Вале дар рафти ҷаласа ӯро боздошт карданд. Ба ҷуз падари ман роҳбари 10 бозори дигарро ҳам боздошт карданд", - гуфтааст писари яке аз раисони боздоштшуда.

Баҳори имсол дар бозорҳои Тошканд ба харидорон тақрибан 3 ҳазор тонна пиёзи ройгон тақсим карданд. Ба гуфтаи яке аз масъулони эътилофи "Тошбозорсавдо", боздошти роҳбарони бозорҳо маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт дорад.

"Боздоштшудаҳо дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллар) айбдор мешаванд", - гуфтааст намояндаи эътилоф.

Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо раисони бозорҳои "Урикзор", "Челонзор", "Бек тупӣ", "Чорсу" ва ғайра будаанд.

Хонданд 1120

Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров шоми дирӯз дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд.

Дар мусобиқа 14 варзишгар барои медалҳо талош карданд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74,16 метр партофта, ҷои дуюмро ишғол кард. Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд. Ҷои сеюмро варзишгари тоҷиктабори Узбекистон Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи 74,06 ба даст овард.

Дилшод Назаров се маротиба қаҳрамони Бозиҳои Осиё шудааст. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардидааст.

Хонданд 206

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.