.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Бар зидди сил муттаҳид бояд шуд!

Авг 31, 2018
Диданд: 95

Бемории сил, ки яке аз бемориҳои сироятии паҳншудатарин ва марговартарин маҳсуб меёбад, дар даҳсолаи ахир ҷомеаи ҷаҳониро башиддат нигарон кардааст, зеро тибқи ҳисоботҳои расмӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 10 млн. нафар гирифтори ин беморӣ гашта, 1,5 млн. нафари онҳо мефавтанд.

Ҳарчанд ин беморӣ асрҳо дарди башарият будааст, аммо барангезандаи он (микробактерияи сил) танҳо соли 1882 аз ҷониби олим Роберт Кох кашф гардидааст, ки ҳоло дар илми тиб бо номи “чӯбчамикроби Кох” маълум аст. Табиати зишти бемории сил ҳам ин аст, ки саривақт дарёфту табобат нагардидани он на танҳо боиси фалокати як шахс, балки чун мушкили тиббию иҷтимоӣ, барои ҷомеа паёмадҳои сангине ба бор меорад.

Бемории сил ба воситаи ҳаво ва оби даҳон аз шахси бемор ба дигарон мегузарад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ, хандидан ё балғампартоии фарди мубталои сил бактерияҳои беморӣ ба ҳаво паҳн шуда, метавонанд зуд дигаронро сироят намоянд. Аз ин ҷост, ки тахминан аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра дорои бемории сили пинҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёт 10%-ро ташкил медиҳад, вале бояд гуфт, ки ба шахсони дорои масунияти заиф, беморони ВНМО, диабет ва инсонҳои тамокукаш ин хавф ба андозаи бештаре таҳдид мекунад. Бемории сил дар бештари ҳолатҳо ба шуш осеб мерасонад, аммо мағзи сару пардаи мағзи сар, сутунмуҳра, устухону пайвандҳо, узви ҳозима, пӯст, системаи олати таносул ва шоша низ аз он эмин нестанд.

Нишонаҳои аввалини бемории сил ба нишонаҳои дигар бемориҳо, мисли зукому сармозада хеле шабоҳат доранд, аз ин рӯ ҳам бисёре аз беморон дар оғоз аз гирифтории худ пай намебаранд. Ин омил ҷараёни сиҳатёбии онҳоро ба таъхир андохта, суръати паҳншавии бемориро афзоиш медиҳад. Бино бар ин, ҳар шахс бояд ҳангоми мушоҳидаи нишонаҳое мисли сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона фавран ба табиб муроҷиат намуда, аз ташхис гузарад. Дар ҳолати ошкор гардидани беморӣ қоидаҳои санитариро қатъан риоя намуда, дигаронро сироят накунад ва ҳатман барои табобат бистарӣ шавад. Мавриди зикри хос аст, ки бемории сил табобатшаванда буда, ҳаргиз авлодӣ нест. 

Бояд гуфт, ки бемории сил дар чанд шакл вомехӯрад, ки паҳншудатарини онҳо сили ҳассос ва сили мутобиқгашта мебошанд. Ба андешаи силшиносон шакли ҳассоси силро метавон дар муддати кӯтоҳе пурра табобат намуд, аммо мутаассифона ин шакли сил ба сабаби риоя накардани табобати бевоситаи зери назорат, риоя накардани реҷаҳои стандартии табобат, набудани доруҳои зиддисилии қатори II, фурӯши озоди доруҳои зиддисилӣ  дар дорухонаҳо, иҷрои сусти вориднамоии барнома, номусоидии ташкилотҳо ё маблағгузорӣ, вайрон кардани реҷаи табобат (танаффуси кимиёдармонӣ, табобати нопурра), таъсироти вазнини номатлуб аз доруҳои зиддисилӣ, монеаҳои иҷтимоӣ ва риояи паст ба табобат, сатҳи пасти иттилоотӣ аз бемории сил метавонад ба сили шакли мутобиқгашта табдил ёбад, ки муолиҷааш то 24 моҳ тӯл мекашад.

Мувофиқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 60%-и ҳолатҳои нави бемории сил ба шаш кишвар; Ҳиндустон, Индонезия, Чин, Нигерия, Покистон ва Африқои Ҷанубӣ рост меоянд. Коршиносони масоили иҷтимоӣ баланд будани сатҳи афзоиши сил дар ин кишварҳоро ба омилҳои зерин алоқаманд мешуморанд:

1. Паст будани вазъи иқтисодӣ, сатҳи пасти сармоягузории давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;

2. Сатҳи пасти зиндагии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ (дастнорасии манзил, камбизоатӣ, мушкилоти маводи хӯрока, бекорӣ, маоши кам, истифодаи маводи мухаддир ё машруботи спиртӣ, мастии музмин, мушкилоти коммуналӣ);

3. Дастрасии маҳдуд ба хизматрасонии  тиббӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;

4. Муҳоҷирати фаъоли хориҷиву дохилӣ;

5. Афзоиши шакли мутобиқшуда ва шакли васеъ мутобиқшудаи сил;

6. Афзоиши сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)

7. Бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ ва ғайра.

Хушбахтона, сатҳи гирифториву фавт аз бемории сил дар кишвари мо рӯз ба рӯз коҳиш ёфта, вазъи эпидемиологии он хеле умедворкунанда ба назар мерасад. Тибқи иттилои расмии ниҳодҳои тандурустӣ дар соли 2018, нисбат ба соли 2007 беморшавӣ дар кишвар 3/1 баробар коҳиш дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки бо пайдо шудани аввалин имконият аз ҷониби ҳукумати мамлакат Барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемории сил қабул гардида буд ва то соли 2015 ду Барномаи миллӣ амалӣ гардида, аз соли 2015 тибқи “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2015-2020” фаъолияту табобат ба роҳ монда шудааст. Ҳоло санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои дахлдор, аз  қабили Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.05.2017, №1413; боби 23., Ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил), Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал менамоянд, ки назорати амалигардии чорабиниҳоро дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба дӯш доранд.  

Имрӯзҳо заминаи ташхисии бемории сил низ мукаммал гардонида шуда, аксари кулли воситаҳои ташхиси бемории сил барои шаҳрвандон дастрас аст. Ҳоло дар кишвар воситаҳои ташхисии ҳозиразамон, аз қабили усулҳои молекулярии ташхис, томмографияи компютерӣ, рентгенграфияи рақамӣ ва ғайра дастрасанд, ки имкон медиҳанд, бемори сил саривақт ва дар муҳлати кӯтоҳтарин дарёфт гардад ва хавфи паҳн гаштани сил пешгирӣ шавад. Инчунин воситаҳои ташхисӣ дар ҳар шаҳру ноҳияҳо насб гардида, ба аҳолӣ наздик гардонда шудаанд. Бояд зикр намуд, ки танҳо воситаи навтарини ташхиси молекулярии сил бо номи GeneXpert дар 45 шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ насб гардидааст, ки имкони дар 2 соат дарёфт намудани шакли сирояткунандаи сили шушро дорост ва ҳассосияти барангезандаи силро ба доруҳои асосӣ муайян менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони гирифтори бемории сил табобати зиддисилии ройгонро кафолат додааст. Аз соли 2002 ин ҷониб доруҳои зиддисилӣ барои тамоми шаклҳои бемории сил бефосила таъмин гашта, тамоми беморон аз табобати ройгон бархӯрдоранд. Метавон ин нуктаро махсус қайд намуд, ки сатҳи дастрасӣ ба табобати ройгони сил дар кишвар нисбати давлатҳои пешрафтаи Чин, Ҳиндустон ва Покистон ба андозаи назаррас беҳтар аст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, барои пешгирӣ аз сироятёбии бемории сил дар миёни аҳолӣ чорабиниҳои зиёде роҳандозӣ карда шудаанд. Дар ин замина пешгирии махсуси иммунологӣ-эмгузаронии БСҶ барои тамоми навзодони  ҷумҳурӣ мавҷуд аст ва ҳар сол 97– 98% навзодон фаро гирифта мешаванд. Табобати пешгирикунандаи бемории сил бо доруи Изониазид барои кӯдакони ҳамнишин бо бемори сил ва сироятёфтагони ВНМО ба пуррагӣ таъмин мебошад.

Мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои зиёди иттилоотию фарҳангӣ ҳанӯз масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ нисбати бемории сил ба таври комил ҳалли худро наёфтааст. Бинобар менталитети миллати мо  сатҳи “тамғанокӣ аз сил” (стигма ва дискриминатсия)  дар ҷомеа ташвишовар аст, ки барои аз байн бурдани он чораҳои васеи иттилоотию фарҳангӣ тақозо мешавад. Дар ин самт ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа нақши муҳим дорад. Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам бисёре аз беморони сил ба сабаби паст будани дониши санитарӣ ё тарси тамғазанӣ бемории худро пинҳон дошта, боиси афзоиши сирояти дигарон мешаванд. Ё ки ҳоло ҳам қисмате аз сокинони кишвар дар бораи бемории сил маълумоти зарурӣ надоранд ва ба ҳамин лиҳоз аз шахсони бемори сил фосила гирифта, фазои тамғанокиро тавсеа медиҳанд. Воқеан, агар онҳо бидонанд, ки шахси бемори сил баъди як муддати кӯтоҳи табобат (на то анҷоми табобат) аллакай безарар аст ва метавонад баъди анҷоми табобат пурра шифо ёбад, дигар ба тамғазанӣ рӯй нахоҳанд овард. Барои рафъи тамғазанӣ дар бисёр кишварҳои дунё чеҳраҳои маъруфе, ки худ замоне аз бемории сил шифо ёфтаанд, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои иттилоотӣ-фарҳангӣ мегузаронанд. Масалан, ситораи синамои Болливуд Амитабх Баччан ҳамчун шахси шифоёфта дар манотиқи мухталифи кишвараш бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом дода, дар тамоми чорабиниҳои алоқаманди бемории сил фаъолона иштирок мекунад. Ҳамзамон, ӯ гоҳҳо ба дидорбинии беморон рафта, онҳоро ба риояи табобат ва дарёфти шифои комил ташвиқ менамояд. Албатта, ин гуна фаъолиятҳо самараи дилхоҳ медиҳанд. Вақти он расида, ки дар кишвари мо низ тамоми қишрҳои ҷомеа, хосса мутахассисони соҳаи тандурустиву кормандони васоити ахбори омма, фарҳангиёну ҷомеашиносон ва ҳоказо сарҷамъона дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотӣ-ташвиқотӣ баранд, то бемории сил қиёфаи нави мусбӣ бигирад ва дар ояндаи наздиктарин аз байн биравад.

М. Қосимов

Хонданд 95

Дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои ҷорӣ гарон шудани нархи симкортҳо ҳам баррасӣ гардидааст.

Дар хабаре, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд. Ҳамчунин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар ин муҳлат доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкортҳои телефони мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд».

Ширкати МегафонТоҷикистон низ дар як муроҷтаи худ ба муштариён эълон кард: «Муштариёни муҳтарам!  Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки арзиши пайвастшавӣ ва барасмиятдарории сим-кортҳо то 01.01.с.2019 мавқуф гузошта шуд».

Ҳамин тавр, боло бурдани нархи симкортҳо ва бақайдгирии онҳо то соли 2019 мавқцф гузошта шуд.

Воабста ба боло рафтани нархи пайвастшавӣ ва ба охир расидани муҳлати бақайдгирӣ дар сартосари кишвар навбатпоиҳои тӯлоине дар назди марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ба вуҷуд омад, ки мардумро нигарон карда буд.

Хонданд 94

Имрӯз боз як варзишгари тоҷик медали сеюми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 ба даст овард, ки он низ нуқра аст.

Дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд ва варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард. Дар мусобиқа 8 варзишгар иштирок карданд. Шаҳриёр бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид. Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи ӯзбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд.

Дар финали қувваозмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Ин сеюмин медали нуқраи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад. 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ ва 29 август Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг гӯштии кураш сазовори медали нуқра гардиданд.

Варзишгарони мо имрӯз, ҳамчунин дар намудҳои дзюдо (Шоҳида Қаландарова, вазни -57кг, Беҳрӯз Хоҷазода, вазни -73кг, Акмал Муродов, вазни -81кг) ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (С-2, 1000 метр) иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 30-юм аст.

Хонданд 49

Паҳлавони маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар намуди гуштии самбо, Беҳрӯз Хоҷазода дар финали кураши Бозиҳои Осиё-2018 бо намояндаи Эрон Илёс Алиакабрӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомурдови ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон баромад.

Хоҷазода, ки 73 кг вазн дорад дар вазни -81 кг ба муқобили ҳарифи эронӣ майдондорӣ кард. Ӯ то финал се ҳарифи худро аз сари роҳ бо дилпурӣ бардошта буд. Илёс Алиакбарӣ 81 кг вазн дошт ва ҳамин бартарӣ ба ӯ имкон дод, ки ғолиб ояд ва соҳиби медали тиллои Бозиҳо гардад. Беҳрӯз бо медали нуқра мукофотонида шуд, ки ин дуюмин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Осиё ба ҳисоб меравад. Пеш аз ин варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ медали нуқра ба даст оварда буд.

Хонданд 86

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.