.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ

Сен 03, 2018
Диданд: 1188
Марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ

21-уми август дар баробари мусалмонони дунё мардуми Тоҷикистон низ Иди сайиди Қурбонро бо хурсандӣ  пешвоз гирифта, ҳамдигарро табрику муборакбод мегуфтанд, аммо дар хонаводаи Ёдгоровҳо аз деҳаи Сармантой-2 (қаблан деҳаи ба номи Ленин)-и ҷамоати Озодагони ноҳияи дурдасти Панҷ ғаму мотам ҳукмфармо буд: Волидон ва пайвандон ҷасади беҷони Абдуқаюми 19-соларо интизорӣ мекашиданд.

Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ҷои тааҷҷуб нест, ӯ ҳам мисли дигар ҷавонони муҳоҷири ҷавонмарги тоҷик маъмулан дар ғурбат, дар шаҳрҳои Русия аз дасти тоссарону «скинхед»-ҳо ё авбошону нарконманҳо ба ҳалокат расидааст. Ин аллакай барои ҳар як оилаи тоҷик чизи маъмулӣ гаштааст ва  коре аз дасташон намеояд.

Аммо, хонандаи гиромӣ, ҷасади ин ҷавонмарги навхати 19-солаи аз зиндагӣ бӯе набурдаро на аз шаҳри ғурбат, балки аз яке аз қисми ҳарбии ватани озоду ободу маҳбубамон -Тоҷикистон ба волидон расонданд.

Наздикони Абдуқаюм (равонаш шод бод) иддао доранд, фарзандашон бар асари латукӯби шадид дар макони хизматаш-қисми ҳарбии Язғулом, воқеъ дар ноҳияи Ванҷ, ки зертобеи отряди сарҳадии Дарвоз аст, ба шаҳодат расидааст, аммо ҳарбиёне, ки ҷасадро ҳамроҳӣ карданд, гуфтаанд, ки «Абдуқаюм аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расидааст ва ҷузъиёти бештаре надоранд».

Пайвандони марҳум дар суҳбат иброз доштанд, ки қазияро ҳамин тавр нахоҳанд гузошт ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҷинояти нобахшиданӣ ҳама талошҳошро хоҳанд кард. Яке аз наздикони марҳум бо қатъият мегӯяд, барои исботи ҳарфаш, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расонида шудааст, сабти суҳбати телефонии яке аз кормандони ҳамин қисми низомиро дар даст дорад. Аз он сӯи гӯшӣ, аз ноҳияи Ванҷ гуфтаанд, ки «ин ҷавон мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва нафари ӯро ба марг расонида, аллакай дар боздошт аст», аммо ин корманди қисми низомӣ дар бораи сабабҳои латукӯб, нафарон ва ё нафари ӯро ба марг расонида, маълумоти бештаре надодааст.

Наздикон гуфтанд, ҷасади Абдуқаюми ҷавонмаргашонро соати 18-и рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон ба онҳо расониданд. Ҷисми беҷони сарбози ғурамарги Ватанро намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ва ҳамчунин, афсарони қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Ванҷ, ҳамроҳӣ мекарданд. Ба қавли эшон, тани беҷони фарзандашон пас аз панҷ моҳи хизмати аскарӣ танҳо барои 15 дақиқа дар хонаи падар меҳмон буд. Пайвандон гуфтанд, мақомот барои шустани ҷасад иҷозат надоданд ва онҳоро мутмаъин сохтанд, ки ҷасад аллакай тибқи суннату шариати исломӣ шуставу кафан карда шудааст.

Абдусалом, тағои сарбози марҳум мегӯяд, мақомот ба наздикон имкон доданд, ки  танҳо рӯи майитро бубинанд. Бино ба гуфтаи ӯ, пас аз кушодани рӯйии ҷиянаш, осори латукӯби шадидро мушоҳида кардаанд: «Аз ҷумла, лабаш дарида, бинияш шикаста ва сару рӯйяш сиёҳу кабуд буд».

Дар ин рӯзи шум натавонистем бо падари ғамзадаи хонадон дар мавриди фарзанди ғӯрамаргаш суҳбат кунем, вале Абдураҳмон -тағои дигари Абдуқаюми ҷавонмарг гуфт, ӯ 5 моҳ қабл, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафта буд.

-Соати 12-и рӯзи 20-уми август, 3-4 соат қабл аз марг, бо Абдуқаюм телефонӣ суҳбат доштам. Хеле хурсанд буд. Гуфт, ки «барои пагоҳ, рӯзи Иди Қурбон тайёрӣ дида истодаем. Ош мепазем». Ҳамаамонро бо ид табрик кард, бо падару модар ва хоҳару бародаронаш ҳам суҳбат карда, бо рӯзи ид онҳоро ҳам муборакбод кардааст - мегӯяд тағои марҳум.

Бино ба гуфтаи Абдураҳмон, оилаи Ёдгоровҳо иборат аз 6 нафар-4 писару ду духтаранд ва Абдуқаюм писари хурдии хонадон шуху боору номус буд. Бо сабаби муҳоҷир ва донишҷӯ будани бародарон, Абдуқаюм аз ёрдамчиёни асосии падар будааст. Новобаста аз ҷавонӣ аллакай касби кафшергарӣ, ронандагиро омӯхта, дар баробари падар, ки сохтмончӣ аст, ин касбро низ хуб аз худ кардааст. Абдуқаюм мақсад доштааст, ки пас аз ба анҷом расонидани хизмати Модар-Ватан сохтмончӣ шуда, ризқу рӯзии хонаводаро бо ҳунару касби ҳалол таъмин созад.

-Аммо ҳайҳот, ки мақсаду ният ва орзуҳои беолоишашро дар ин синну соли ҷавонӣ ба зери хоки сард бурд, - гиря дар гулӯи Абдураҳмон банд мешавад.

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов рӯзи 23-юми август дар як суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки Ёдгоров Абдуқаюм ихтиёран ба хизмати аскарӣ сафарбар шудааст ва мардонавор барои Ватан хизмат кардааст.

-Ҷузъиёти ҳодиса барои мо ҳам то ҳол маълум нест, зеро он ҷо набудем ва гуфта наметавонем, ки чӣ воқеа шудааст. Мақомоти дахлдор аллакай тафтишотро оғоз кардаанд ва рӯзҳои наздик сабабҳои ҳодиса маълум хоҳад шуд,- гуфт Гулов.

Комиссар Гулов боздошти нафареро барои латукӯби аскар Ёдгоров Абдуқаюм тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ҳамхизматон ва шахсони дар гирду атроф қарордошта, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд: 

-Агар ҷиноят бошад, он ҳатман ошкор ва тариқи телевизион намоиш дода мешавад, то барои дигарон дарси ибрат гардад. Касе, ки ҷиноят содир мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд,- хулоса кард Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, айни замон нисбат ба ҳолати фавт ё ба ҳалокат расидани сарбоз Ёдгоров Абдуқаюм аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон санҷиш оғоз гардидааст ва то ба анҷом расидани санҷиш ҷузъиёти бештаре дар ин маврид дода наметавонанд.

Номбурда дар мавриди он ки гӯё нафарони дар латукӯб дастдошта аллакай дар боздошт қарор доранд, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт он ба салоҳияти Прокуратураи ҳарбӣ рабт дорад.

-Агар ҳангоми санҷиш даст доштани ягон нафар дар марги сарбоз ошкор карда шавад, ӯ ҳатман тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва ба сазои амалаш хоҳад расид,- гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев. 

Марги наваскарон ҳангоми адои қарзи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии кишвар дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотӣ дар аксар маврид сабабҳои рух додани чунин фоҷиаҳоро ба худи аскарон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки беэътиборӣ ва беэҳтиётӣ нисбат ба оинномаву дастурамалҳои қисми низомӣ бештар бо фоҷиа анҷом меёбанд.

Ҳамчунин, моҳи июни соли равон мақомот ҷасади беҷони Давлатов Исмоил Комилович, аскари ҷавонмарги дигареро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард, ба волидон супориданд.

Аз ин қисми ҳарбӣ ба волидони ин ҷавони марҳум гуфтаанд, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар гулӯяш «переловка» дармонда, роҳи нафасашро бастааст ва ин ҳолат боис ба марги сарбоз гардидааст. Марги Исмоил Давлатов дар ҳоле рух дод, ки пас аз ду моҳ муҳлати хизматаш поён меёфт ва ба назди волидон баргашта, бояд  бо номзадаш, ки тӯли 2 сол содиқонаву бесаброна ӯро интизорӣ мекашид, тӯйи арӯсӣ барпо мекард.

Дар баробари гузаронидани санҷиш барои муайян кардани сабабҳои марги наваскари панҷӣ Ёдгоров Абдуқаюм ҳамчунин, комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбози дигари ин ниҳодро тафтиш мекунанд.

Бино ба хабарҳо, сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ҳангоми дар зодгоҳ дар рухсатии хизматӣ қарор доштан даст ба худкушӣ задааст. Ин сарбоз аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ, дар ноҳияи Ишкошим хизмат мекард ва рӯзи 20-уми август ба назди волидон рафтааст. Пас аз ду рӯз, субҳи 22-юми август ҷасадашро дар назди трансформатори назди манзили зисташон овезон ёфтаанд.

Аз қисми марзбонӣ гуфтаанд, ба Набиев Аваз барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон рухсатӣ додаанд, ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.

Ин сарбоз дар маҳалле, ки худро овехтааст, бо навиштае рӯи хок аз волидон узр хоста, бародарашро бо тӯй табрик гуфтааст.

Наздиконаш гуфтаанд, ки шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд ва субҳ хеста чӣ гуна ва барои чӣ ба ин кор даст задани сарбоз барояшон рӯшан нест.

Шамсулло Фозилов, МТЖТ

Хонданд 1188

Дар бинои «Тоҷик эйр» 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи ҷумҳуриро қайд карданд. 3 сентябри соли равон дар толори конфронсҳои ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷаласа бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», Лоиқ Ашӯров, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Суҳроб Ҷӯраев, муовини якуми директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Саидҷон Касиров, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон, собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, намояндагони корхонаю ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва иттифоқҳои касабаи соҳа иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа, директор оид ба парвозҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» Файзулло Сатторов иброз дошт, ки мо дар арафаи ҷашни бузург - 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон қарор дорем.

- Ҳамаи Шуморо ба ин муносибат самимона табрик менамоям. Дар солҳои сипаришуда ҳавопаймоии гражданӣ чун як соҳаи муҳими иқтисодиёт хеле пеш рафт. Дар ин қатор Ширкати “Тоҷик Эйр”, ки интиқолдиҳандаи миллӣ маҳсуб меёбад, бо вуҷуди баъзе душвориҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва қонеъ гардонидани талабот ба интиқолоти ҳавоӣ саҳми муносиби худро мегузорад. Боварии комил дорам, ки кормандони ҶСК “Тоҷик Эйр” минбаъд низ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакатамон фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мешаванд. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон муборак бод. Ба ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои беназирро орзумандам», - дар анҷом гуфт Файзулло Сатторов.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ҶСК “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ки Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст.

- Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаъолияташро бо мақсади  интиқоли мусофирон, бору бағоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим ва иттилои ошкор иборат аст. Тақвияти географияи парвозҳо, таъмини бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо, эътимодият ва ҳузуру ҳаловати мусофирон вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошанд,- илова намуд Азиз Хайруллоев.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар  ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ӯзбекистон (Самарқанд), Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ва вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд низ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои “Boeing” 737-300, “Boeing” 757-200, “Boeing” 767-300, Ан-28, Ми-8 МТВ ва аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” бо ҳавопаймоҳои “Boeing” 737-300, “Boeing” 737-800 ва “Boeing” 737-900 анҷом дода мешавад.

Парвиз Аминзода

Хонданд 414

Ноҳияи Ҷайҳун яке аз минтақаҳои таърихии вилояти Хатлон ба шумор рафта, дар он 23 осори таърихӣ арзи ҳастӣ мекунад, ки онҳо дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд. Қайд кардан зарур аст, ки як қисми ёдгориҳои таърихии ноҳия аз беназоратии масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯ ба нестӣ овардаанд.

Бояд гуфт, ки қадимтарин ёдгориҳои ноҳияи Ҷайҳун - Куҳна Қалъа, Қумтеппа, ки ба асрҳои 1-и пеш аз мелодӣ рост меояд ва имрӯз ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ равона нагардидааст. Ин мероси таърихӣ, ки гузаштаи миллати моро фаро мегиранд, имрӯз ҳолати ногувор доранду касе парво надорад. Ёдгории таърихии Қалъаи Якадин низ аз зумраи қадимтарин ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ҷайҳун ба шумор меравад, ки дар Ҷамоати деҳоти Якадин воқеъ аст. Аз барфу борон ва беназоратии масъулин хавфи нестшавӣ онро таҳдид мекунад. Раиси ноҳияи мазкур, Аминзода Фотеҳ Файзулло зимни нишасти матбуотиаш қайд карда буд, ки аз ҳоли Қалъаи Якадин воқиф аст ва барои обод кардани он чораҳои зарурӣ меандешанд, аммо ин ваъдаҳо кай амалӣ мегарданд, маълум нест.

Ба иддаои Шералӣ Сафаров, мудири бахши фарҳанги ноҳия, ин қалъа ба асрҳои 7, ба давраи Кӯшониён тааллуқ дорад. Айни ҳол бошандагони деҳаи атрофи он ин ҷоро ба оромгоҳ табдил додаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин қалъа ба худ таърихи бою рангин дорад, ки давраҳои гуногунро дар бар мегирад. Сокини солманди ноҳия Холмурод Исломқулов мегуяд, аз ин қалъа, ки имрӯз ба қабристон мубаддал гардидааст, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳ будаааст.

Дар баробари ин, набудани осорхона дар ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун мушкилоти меҳварии соҳаи фарҳанг ба шумор меравад. Боз ҳам, раиси ноҳияи мазкур дар нишасти хабариаш дар соли 2017 гуфта буд, ки дар маркази ноҳия осорхонаи замонавӣ сохта хоҳад шуд, лекин то ҳанӯз хишти аввали ин иншоот гузошта нашудааст.

Ссоли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, аммо вазъи маконҳои таърихии ноҳияи Ҷайҳун нигаронкунанда боқӣ мемонаду касе нест ба дарди онҳо даво бахшад.

Аҳмадҷон Раҳимзода

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Хонданд 263

Бинои љамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷойгир аст, ки пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

20-уми август зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хостем бо фаъолияти љамоти деҳоти «Ҳалевард» ошно шавем. Ҳангоми ворид шудан ба бинои ҷамоат тарс моро фаро гирифт, зеро бино пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Оид ба вазъи бинои мазкур хостем бо раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо ӯро дар утоқи кориаш пайдо кардан натавонистем. Дар утоқи дигар ду нафар менишастанд. Аз онҳо куҷо будани раиси ҷамоатро пурсон шудем. Яке аз онҳо гуфт: «Раис дар рухсатӣ асту ҳама ҳуҷҷатҳо дар утоқи кории раисанд ва ман айни замон иҷрокунандаи вазифаам». Хостем бо иҷрокунандаи вазифа суҳбат кунем, аммо бо садои хаста гуфт: «ман танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳуҷҷатҳо имзо мегузорам ва бо шумо суҳбат кардан наметавонам”.

Мо хело кӯшиш кардем, бо иҷрокунадаи вазифаи раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо худро муаррифӣ накарда, дархости моро рад кард ва дар ин масъала танҳо ба раис муроҷиат кунед гуфт. 

Бо яке аз муовинони раиси ҷамоат тамос гирифтем. Ў гуфт: «Мо даҳҳо маротиба ба ҳукумати ноҳия мактуб барои таъмири бинои ҷамоат ирсол кардем, дар ҷавоби ҳукумати ноҳия гуфта шудааст, ки бинои ҷамоат таъмир намешавад, зеро сохтмони бино дар дигар минтақаи ноҳия ба нақша гирифта шудааст».

Ростӣ, бо дидани бинои садамавии Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, роҳраву утоқҳои пур аз хок ва гирду атрофи аз партов пур табъи кас хира мешавад. Дидани чунин манзара дар асри 21 хеле боиси таассуф аст.

Дар ҳақиқат барои таъмиру бозсозии ин бино маблағ зарур аст, аммо бо ташкил ва гузаронидани шанбегӣ масъулин метавонанд утоқҳои корӣ, роҳрав ва гирду атрофи биноро тоза кунанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Хонданд 285

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.