.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Слайд

Иброҳим Усмонов: Кӯдакиро не, умри боқиро бояд фикр  кард!

- Устод, ба наздикӣ ҳафтодсола мешавед. Ёди гузашта ба Шумо чӣ медиҳад?

- Аслан ман гузаштаамро фикр намекунам. Гузаштаро бояд пеш аз омаданаш фикр кард. Вохӯрие, суҳбате, ҳодисае ё воқеае, ки ҳоло ба амал меояд, агар монандаш чанд соли қабл бо ман рух дода бошад, ба ёдам меояд, тамом. Ба андешаи банда,  на ман ба гузашта ва на гузашта ба ман дигар чизе дода наметавонем.

- Кӯдакию наврасӣ чӣ?

- Ман нисбат ба он ки кӯдакиамро фикр кунам, авлотар медонам, ки дар фикри умри боқимонда бошам. Аз он фикр мекунам, ки чӣ гуна умри боқимондаамро ба нафъи миллату давлат истифода барам.

- Бисёриҳоро дидему шунидем, ки бо гузашти солҳо ақидаашонро иваз карданд...

- Шуморо фаҳмидам. Ман ҳеҷ вақт ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст. Қаблан ҳам ақидаи тоҷикона доштам, ҳоло ҳам ба ақидаи тоҷикона зиндагӣ дорам ва итминони комил дорам, ки ҳамин тавр то охирин нафас мезиям. 

- Дар дафтари луғати ҳар нафар вожае вуҷуд дорад, ки барои соҳибаш арзишмандтар аз дигар муқаддасот аст. Барои Шумо кадом калима муқаддас аст?

- ТОҶИК. Ман тоҷикам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ман тоҷикам ва гузаштаву ояндаамро танҳо ба калимаи тоҷик муаррифӣ мекунам. Бобову бобокалон ва набераҳову абераҳои маро ҳам танҳо бо калимаи тоҷик муаррифӣ бояд кард. Бароям пеш ва болотар аз ҳама тоҷик будан аст. Ҳатто пеш аз эътиқоди динию сиёсиям ҳам.

- Чӣ тавр метавон шукри тоҷик буданро кард?

- Шукри нафасҳоро кардан, аз худ розӣ будан маънои онро дорад, ки аз тоҷик буданатон шукргузор ҳастед. 

- Шумо дар арафаи 70-солагӣ қарор доред. Чи хотираи муҳимеро гуфтан мехоҳед? 

- Лаҳзаҳои хубу мондагор дар ҳаёти ман зиёданд. Яке аз онҳо ин аст, ки дар шабу рӯзе, ки ман мактаби миёнаро хатм кардам, дар ДДМТ шӯъбаи журналистика таъсис ёфт.Ман хеле хушбахт будам, ки шомили ин шӯъба шуда, бо шарофати устодоне чун С. Табаров, Д. Тоҷиев, М. Қосимова, С. Воҳидов онро бо дипломи аъло хатм кардам.

- Лаҳзаи дувум...

- Лаҳзаи дувум аспирантураро дар Маскав пеш аз муҳлат хатм карданам аст.

- Лаҳзаи савум...

- Ман дар замони музокироти миёни тоҷикон як чизи муҳимро омӯхтам. Тарафҳои музокиракунанда бояд дар симои якдигар душман не, балки дӯстро бубинанд. Вақте роҳи интихобкардаи мухолифин ба роҳи интихобкардаи мо мувофиқат намекунад, бояд кӯшиш кард, ки аз ду роҳ як роҳ сохт.

- Лаҳзаи чаҳорум...

-Дар дил тасдиқ кардани он ки мо ва мухолифини Ҳукумат як ният доштем: фазои ватанамон бояд ором бошад. Бояд ҳама шаҳрвандони кишварамон озодона кору зиндагӣ карда тавонанд. Бояд кӯдаку ҷавону пир нафаси озод ва осуда бигиранд...

- Лаҳзаи панҷум...

- Солҳои 1990-1992 дар телевизиони мо журналистоне кор кардаанд, ки натавонистанд ҳақро дастгирию ноҳақро маҳкум кунанд. Ба мардум нишон дода натавонистанд, ки роҳи хаторо аз роҳи рост фарқ кунад. Он вақт раиси Кумитаи Телевизиён ва Радиё Бобоҷон Икромов таъин шуданд ва тавонистанд телевизиони дар хиҷолатбуда ва беобрӯшударо аз он ҳолати ногувор бароранд. Он замон бисёр душвор буд зидди ҷараёни дарё ҳаракат кардан, аммо мо ба мақсад расидем. 

- Лаҳзаи шашум...

- Агар мо то фардо доири лаҳзаҳои ба хотир монда бигӯем, тамом намешаванд. Фикр мекунам кифоя аст...

- Шумо умри худро сарфи таълиму тарбия кардед. Буданд ва ё ҳастанд донишҷӯёне, ки монанд ба худи Шумо бошанд?

- Не. Ман тӯли фаъолияти омӯзгориам бо донишҷӯе, ки монанди худам бошад вонахӯрдаам. Ба ин маънӣ, ки фикру мақсад ва шиоре, ки дар замони донишҷӯӣ доштам, ҳарчанд мехостам, вале дар насли баъдӣ надидам.

- Метавонед ин гуфтаатонро шарҳ диҳед... 

- Деворҳо зиёданд барои монандӣ надоштан. Миёни онҳое, ки ман дарс гуфтам, бачаҳои пурталош зиёд буданд. Аз миёни онҳо журналистони варзида ба майдон баромаданд, ки матбуоти солҳои 90-умро соҳибӣ карда тавонистанд. Аммо рафта-рафта сифат паст шудан гирифт. Он вақт маҳфили адабӣ ва илмӣ ҷону дили донишҷӯ буд. Баъдан ин аз байн рафт. Шояд талошҳои сиёсӣ бо талошҳои касбӣ омехта шуданд. Дар талошҳои сиёсӣ ҷавонҳои мо аз миллатталабӣ дида, динпарастиашон зиёд шуд. Ҷавонҳои насли баъдӣ ифтихори миллиро камтар дарк мекардагӣ шуданд. Аммо дар замони мо тамоман дигар чиз буд. Он вақт руҳияи худшиносии миллӣ болотар аз ҳама чиз меистод. Ҳоло худшиносии тоҷикона хиратар шуд. Умед мекунам, ки монандамро ҳарчи зудтар вохӯрам. 

- Насли пештар солҳои донишҷӯии худро бо доштани як ё ду тафовут аз дигарон, ёд мекунад. Шумо ба мо чӣ мегӯед?

- Мо аввалин гуруҳи касбии журналистон будем ва аз ин ифтихори бузург ҳам мекардем. Дар маҳфилҳо, вохӯриҳо, ҷамъомадҳо, умуман дар ҳар қуҷо бо ифтихори хос таъкид мекардем, ки мо журналист мешавем. Мо аввалинҳо ҳастем!  

- Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан, чӣ маъно дорад?

- Аслан ягон маънои хос надорад. Мо бехабар аз ҳамдигар таваллуд шудаем. Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданам танҳо аз он ҷиҳат бароям боиси ифтихор аст, ки ман имконияти таҳсил ва кор карданро дар ин маркази бузурги илмӣ пайдо кардам.

- Як фарқияти ДМТ аз ДДМТ 52 сол қабл дар чист? 

- Тафовутҳо хеле зиёданд. Чун мо дар арафаи 70-солагиаш қарор дорем ва Шумо танҳо як фарқият пурсидед, ман ҳам яке аз ин фарқиятҳоро мегӯям. Вақте мо ба ДДМТ дохил шудем, навҷавони 18 сола будем. Он замон бештари муаллимони мо рус буданд. Ин маънои истисмор шудани мо аз тарафи Русияро надошт, балки ин аз набудани мутахассисон шаҳодат медод. Имрӯз дар арафаи 70-солагии донишгоҳ мебинем, ки аксарияти кулли муаллимон, муаллимони худӣ ҳастанд.

- Ба андешаи Шумо ҳоло ба ДМТ чӣ намерасад?

- Чизи муҳим барои ДМТ таъсиси “Маркази пуриқтидори тоҷикшиносӣ” мебошад. Ман барои он мегӯям, ки аз худношиносию бегонапарастӣ мо вақте халос мешавем, ки чунин марказе дошта бошем. Олимони дунёро на ба шарқшиносие, ки як ҷузъи хурди тоҷикшиносӣ аст, балки ба тоҷикшиносии хос даъват кардан даркор аст. Ҳодисае ба хотирам омад. Профессори немис Манфред Лоренс охири солҳои 50-ум дар ДМТ забони тоҷикӣ омӯхта буд. Соли 1983 тасодуфан мо дар Донишгоҳи Кобул вохӯрдем. Ман аз эшон хоҳиш кардам, ки бо донишҷӯёни факултети улуми иҷтимоӣ, ки ман онҷо кор мекардам, вохӯрӣ кунанд. Профессор Лоренс бо донишҷӯён вохӯрданд. Дар охир бачаҳо савол доданд, ки ба назари Шумо аз се гӯйишӣ форсӣ: эронӣ тоҷикӣ ва афғонӣ кадомаш ба адабиёти классикӣ наздиктар аст? Вай гуфт, ки албатта тоҷикӣ. Тоҷикӣ ин бунёди он забонест, ки ба номи форсӣ ёдоварӣ мекунем. Ҳеҷ қисмати дунёи форсинишин забонаш беҳтар аз забони Осиёи Миёна ва ба забони Рӯдакию Фирдавсӣ наздиктар нест. Аз ин лиҳоз, таъсис чунин Марказ  метавонад тарғибгари забони тоҷикӣ боша. Бубинед, ки як нафари огоҳ аз забони мо, дар бораи мо ингуна суханҳо мегӯяд. Маҳз дар ҳамин аст зарурияти мактаби тоҷикшиносӣ. Агар мо чунин мактаб дошта бошем, он вақт, ДМТ вазифаи худро дурусттар иҷро мекунад. 

- Ба фикрам замоне мо чунин як марказ доштем...

- Бале, замоне професор Мансурхон Бобохонов “Созмони илмии тоҷикшиносӣ”-ро таъсис дода буданд, аммо аз сабаби имкониятҳои моддӣ ва камтар ҷалб шудани кадрҳо марказ он вазифаеро, ки бар дӯш дошт, иҷро карда натанавонист.

-Пурқувваттарин давраи журналистикаи тоҷик кадом солҳост? 

-Барои ҷавоби ин савол бояд ба таърих назар кард. Солҳои 1919-1929 давраи бисёр пуртуғёни журналистикаамон маҳсуб мешуд. Дар солҳои 1930, 1940 ва 1960 кӯшиши пеш рафтанро кардем. Аллакай дар солҳои 70-ум журналистикаи мо ба сатҳи журналистикаи умумишӯравӣ расид. Журналистоне ба майдон омаданд, ки бо дилхоҳ журналисти Шӯравӣ муқоиса карданашон мумкин буд. Ҳам дар миёни онҳое, ки бо забони тоҷикӣ менавиштанд ва ҳам миёни онҳое, ки бо русӣ эҷод мекарданд Масалан, устоди равоншод Отахон Латифӣ. Қалами ӯро на ҳар журналисти давраи Советӣ дошт. Дар майдони журналистикаи мо номҳои Насрулло Асадуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, баъдтар Умед Бобохонов ва дигарон пайдо шуданд. Дар арафаи истиқлият ва пас аз он давраи нави журналистикаи тоҷик шуруъ шуд. Дар ин давра мо журналистикаи зӯр доштем, вале бисёр вақт намедонст, ки зӯрияшро дар куҷо истифода барад. Монанди навҷавоне, ки дар куҷо истифода кардани зӯрӣ бозуяшро намедонад. Бояд қоил шуд, ки солҳои 90-ум ва нимаи аввали даҳсолаи асри XXI журналистони тавонои мо дар шахсияти Додоҷони Атовулло, Салими Аюбзод, Ҷовид Муқим, Акбари Саттор, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва дигарон суханашонро зӯрвор ва нишонрас мегуфтанд. 

- Ба андешаи Шумо ҳоло журналистикаи мо чӣ ҳол дорад?

- Ҳозир мавзӯи сиёсии журналистикаи мо тағйир ёфтааст. Дар мо бештар журналистикаи маърифатӣ эҳтиром пайдо кардааст. Ёфтани чизи зебо дар журналистикаи маърифатӣ кори осон нест. Бояд гуфт, ки журналистикаи маърифатӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам дар ҳолати хуб қарор дорад.  

- Метавонед бигӯед, ки бори журналситикаи имрӯзаи тоҷикро фалон ё фалониҳо кашида истодаанд?

- Не, инро ҳеҷ кас гуфта наметавонад. Дар шакли умум журналистикаи мо ба манфиати миллату давлат хизмат карда истодааст, аммо он ки бигӯям фалонӣ набошад журналистика мемирад ё фалонист, ки журналистика зинда аст, хатост.

- Мушкилии журналистикаи мо кадом аст?

- Журналистикаи имрӯзаи мо худашро танҳо бо хабар маҳдуд кардан мехоҳад. Аксар вақт, хабарҳои дар ҳафтаномаҳо нашр шуда ба касе лозим нестанд. Хабар пас аз як соат аҳамияташро гум мекунад. Вазифаи хабаррасониро сомонаҳои интернетӣ иҷро карда истодаанд. Дар ин сурат бояд ҳафтаномаҳои мо бештар ба матолиби таҳлилӣ таваҷҷуҳ кунанд. Гоҳо ҳайрон мешавам, ки чаро ба дарки ҳамин чиз  журналистоне монанди Шарифи Ҳамдампур, Хуршеди Атовулло ва Сайёфи Мизроб камтар мерасанд. Ҳоло бештар Иршод Сулаймонӣ дар ҳафтаномаи “Озодагон” ба таҳлил рӯ меорад ва ӯ бештар муҳим будани матолиби таҳлилиро дарк кардааст. 

- Ҳамраъйӣ миёни журналистони мо эҳсос мешавад?

- Журналистика ин мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ аст. Мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ хеле кам ҳамраъй дорад. Вақте ба сари журналисте мушкилие меояд, бонги изтироб мезанад, ки чаро дигарон ба ӯ ҳамраъйӣ намекунанд, аммо вақте ба сари дигарон балое ояд худаш ҳамраъйиро фаромӯш мекунад. Ба андешаи ман дар ҳеҷ ҷойи дунё ҳамраъйӣ нест. 

- Хиёнат ба пеша аз куҷо оғоз мешавад?

- Вақте ки дурӯғ менависеду дурӯг мегӯед. Дурӯғ хиёнат ҳам ба қалам аст ва ҳам ба касби худ.

- Дар хусуси он ки баъзеҳо бо дипломи иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ номи журналистро доранд, чӣ мегӯед?

- Ин гуна ашхос дар мо хеле зиёд аст, аммо ин намуна нест, балки тасодуф аст. Хушбахтона, онҳо ботинан эҷодкор ҳастанд. 

- Баъзе муҳаррирон ба он назаранд, ки журналистони беҳтарро онҳо тайёр карда метавонанд на факултаву бахшҳои журналистӣ. Фикри Шумо чист?

- Тарбия кардани журналист вазифаи факултету бахшҳои рӯзноманигорӣ аст. Агар муҳаррирон аз таъриф худашонро овезанд ҳам, бояд фаҳманд, ки онҳо журналист тайёр карда наметавонанд. Онҳо барои худ корманд тайёр карда метавонанд. Масалан он чи ки Хуршед Атовулло мехоҳаду ёд дода метавонад, меомӯзонад. Аммо барои донишҷӯ ба ғайр аз дониши Хуршед боз дониши Умед Бобохонов, Шарифи Ҳамдампур, Раҷаби Мирзо, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим ва дигарон лозим аст. Муаллими факултет ин донишҳоро дар маҷмӯъ ба донишҷӯ меомӯзонад. Муҳаррир вақт надорад, ки фикр карданро ба журналистшаванда омӯзонад. Вай танҳо талаб мекунад. Дар мактаби олӣ ба донишҷӯ меомӯзонанд, ки журналистика дар кадом мамлакатҳо тараққӣ дорад, дар радаи аввал кадом журналистон қарор доранд, кадом мактаби журналистӣ хубтар аст, кадом адабиёти илмӣ барои омӯхтани ин касб мусоидат мекунанд, эҷоди киҳо моро ба халқ наздиктар мекунад. Магар ин ҳамаро муҳаррир метавонад ба шогирдаш бигӯяд? Албатта не. Мактаби олӣ робитаи филология, таърих, фалсафа ва мантиқро ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, гумони он ки журналисти нағзро редаксия тайёр мекунад,  хатост. Танҳо бояд гуфт, ки муҳаррир дар беҳтар шудани кадри мактаби олӣ мусоидат карда метавонад. Баъзе камбудиҳо ва нуқсонҳоро мегӯяд, роҳ нишон диҳад, ба амалия ворид шуданро омӯзонад, тамом. Дар редаксия мақсад таълим додан нест, балки мақсад пур шудани саҳифа аст. Дар ин росто, мақсади мактаби олӣ таълим додану пур кардани мағз аст. Хулоса, журналисти хубро мактаби олӣ тайёр мекунад, муҳаррир барои беҳтар шудани ӯ кумак мекунад.

- Метавонем муҳаррирро мунаққиди хайрхоҳ гӯем?

- Албатте не. Муҳаррир як одами худхоҳ аст. Ба он маънӣ, ки аз журналист он чизеро талаб мекунад, ки барои ӯ ва газетаи ӯ лозим ва маъқул бошад. Барои вай одами нағзу журналисти нағз лозим нест, барои вай одаме даркор аст, ки чизи лозимиро нависад. Муҳаррир мунаққиди хайрхоҳ нею падари серталаб аст.

- Журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

- Аз ҳақиқатро шинохтан. Агар Шумо дар дил гапи ростро шунидан хоҳед, Шумо журналист мешавед. 

- Чаро мардум журналистонро дӯст намедоранд, дар ҳоле, ки журналистон барои дигарон умр ба сар мебаранд?

- Бале, қариб ҳеҷ кас журналистро чашми дидан надорад. Журналист дар чашми аксарият иғвогар ва дурӯғгӯ менамояд. Ин хеле бад аст. Ин ҳақиқат нест. Агар он баддиданҳо 1% дуруст бошанд, фикр мекунам, ба ягон журналист сахт намерасад, аммо афсӯс, ки бесабаб шубҳа карда, онҳоро бад мебинанд.

- Агар нафаре ба шумо бо саволи “Чӣ кор кунам, ки навишта тавонам?” муроҷиат кунад, чӣ ҷавоб медиҳед?

- Мегӯям, ки ту ҳеҷ гоҳ навишта наметавонӣ. Ҳар нафаре, ки бо ин савол зиндагӣ мекунад, вай асло журналист намешавад. 

- Шумо чӣ гуна менависед?

- Вақти сиёҳнавис кардан ҳар он чизе ки дар сарам меояд, менависам ва вақти сафеднавис кардан ҳар чизе, ки нолозим бошад хат мезанам.  Барои навиштан басанда аст, ки мисли одам фикр кунем ва ҳамчун одам андеша ронда тавонем. 

- Таъриф ва тавсиф аз куҷо пайдо мешавад?

- Аз надонистан, аз камсаводӣ. Бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои беобрӯ шудани журналистикаи советӣ таърифҳои беасос ва дурӯғи журналистон буд. 

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳонӣ дорад?

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳон надорад. Бисёр вақт хаёлпарастона фикр карда, аз ҳама чиз идеал мекобем. Заминро гузошта, мехостаамонро дар осмон мекобем. Бояд донист, ки навиштаи мо заминӣ аст ва журналист дар замин менависад. Шоиру файласуфоне буданд, ки аз болои абр истода дар бораи замин менавиштанд. Онҳо хайёлӣ буданд. Дар журналистика набояд ҳикмати пинҳонбударо кофт, зеро мо сухани имрӯзро мегӯем ва фардоро гапи фардоро гӯем.

Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, МТЖТ

Хонданд 391

Дар шаҳри Душанбе боз як ронанда, ки ғайриқонунӣ ба мусофрикашӣ машғул буду пиёдагардро дашному таҳқир ва ҳатто латукӯб кардааст, боздошт шуда ҷазои аъмолашро гирифтааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

4 сентябр шаҳрванд Олимов Шаҳром Ҳусейнович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, бо ирсоли наворе аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашоне, ки ҳамсараш - ҷавонзани 22-сола, соҳиби 1 фарзандро дар наздикии бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор дода, бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафашро дар назди ҷамъият паст задааст, чора андешад.

Бо супориши бевоситаи раиси шаҳр мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вазифадор ва масъул гардиданд, ки ҳодисаи мазкурро пайгирӣ ва чораандешӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия субҳи 5 сентябр автомашинаи дар навор сабтгардида, тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 6792НА01-ро боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварданд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки автомашинаи номбурда ба «қаҳрамони» дар навор зикргардида, шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Назаршоев тааллуқ дошта, номбурда ҳангоми фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ ва ҳаракат тариқи роҳи пиёдагарди назди бозори «Корвон» бар замми оне, ки ба ҷавонзани пиёдагард роҳ надодааст, боз аз автомашина фаромада нисбати ҷавонзани 22-сола бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат дода, дар ҳузури атрофиён бо дастонаш ба ду тарафи рӯи ҷавонзан ду маротиба задааст.

Зимни пурсиши ҷавонзани муроҷиаткунанда ва ронандаи боздоштшуда ҳолати ҳодиса муайян карда шуда, ронандаи бадахлоқ ҳангоми додани баёнот барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриҳуқуқиаш пурра иқрор гардидааст. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

5 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Рустам Олимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба мақомоти Суд ирсол карда шуд. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.

Чанде пеш як ронандаи дигар ҳам бо ҷурми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дашноми як зан боздошт ва муҷозот шуда буд.

Хонданд 645

усМОНов

Сен 03, 2018
Диданд: 671
усМОНов

Дар навиштани ягон очерк ё мақола перомуни ин ё он шахсият чунин азоб накашида будам. Мушкил сари он набуд, ки ҳарфи гуфтанӣ надоштам, балки мушкил он буд, ки хотираҳою лаҳзаҳои гоҳе тақдирсоз бо устод Усмонов ончунон зиёд буданд, ки намедонистам кадомеро гӯям, аз кадоме оғоз кунам. 

Ниҳоят, ба ин хулоса омадам, ки аз аввал оғоз намоям:

 Аз рӯзе, ки бо ин ном шинос шудаму аз рӯзе, ки бо ин чеҳра ошно гаштам. Ва аз нақшҳое, ки шояд дар ёди устод намонда бошад.

***

Соли 1990. 

Имтиҳони қабул ба факултаи ҳуқуқшиносӣ идома дошт. Мани довталаб ҳангоми супоридани имтиҳони забон ва адабиёти тоҷик талош мекардам то баҳои «панҷ» гирам. Имтиҳонро аз ман шахси ҷавону мӯйҷингила мегирифт. Баъдтар фаҳмидам, ки Иброҳим Усмонов будаанд. Он кас ҷавоби маро ба суолҳои додашуда, бодиққат гӯш мекарданд. Баъди ба итмом расонидани посух ба суолҳо «баҳои шумо чор» гуфтанд. Ман эътироз кардам, ки саволи иловагӣ диҳанд, зеро ман баҳои панҷ мехоҳам. Бо табассум пурсиданд:

- «Дар достони Комде ва Мадан  кадоме мард буд ва кадоме зан?»

- «Комде мард ва Мадан зан» - бо боварӣ посух додам ман.

- «Чаро ин қадар дилпурона мегӯед? Шояд баръакс бошад» - табассум карданд Усмонов.

- «Не! Ҷавоби ман қатъӣ аст» - гуфтам…

Устод бархостанду китоби адабиёти тоҷикро аз куҷое оварданд ва ба ман нишон доданд, ки хонам. Ман хато карда будам ва бо сари хам ба баҳои чор розӣ шуда, баромадам.

Ин ҳодиса тақдирсоз гардиду ман ҳуқуқшинос нашудам. Соли дигар ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорида, ба Донишгоҳ дохил шудам.

***

Соли 1996. 

Пеш аз ҳимояи рисолаи дипломӣ ман ҳеҷ наметавонистам имтиҳон аз Иброҳим Усмоновро супорам. Аниқтараш, устод ба фаъолияти сиёсӣ машғул гардиданду ба ҷойи он кас шогирдашон Аъзамҷон Азимов имтиҳон қабул мекарданду муносибати мо он замон хуб набуд. Аъзамҷон раҳнамои курси мо буданд ва мани он замон шӯху бебок , дар куҷое эшонро сахт ранҷонида будам. 

Ҳозир намедонам, аммо он солҳо то имтиҳонро намесупоридӣ, ба супоридани имтиҳонҳои хатм, минҷумла ҳимояи рисолаи дипломӣ роҳ намедоданд. Як рӯз пеш аз имтиҳони аввалини давлатӣ бори ёздаҳум ба назди Азимов рафтаму боз ҳам аз имтиҳонро насупоридам. Ноумед  аз назди бозори «Баракат» мегузаштам, ки садое маро ба худ овард:

- Хуршедҷон! Тайёрӣ ба имтиҳони давлатӣ чӣ хел?

Пас гаштам. Устод Усмонов буданд. Он кас ҳамаро аз рӯйи ному насаби дар журнал сабтшуда, ёдовар мешуданд. Ва гарчи барои ҳама «Хуршед» будам, барои Устод «Хуршедҷон».  

- Ман имтиҳонҳоро супорида натавонистам. Ба Русия меравам. Мардикорӣ, - маҳзунона посух додам.

  - Чӣ хел? Аз кадом фан? – таваҷҷӯҳ карданд устод.

- Аз Шумо. Азимов бори ёздаҳум баҳои маро нагузошт…- бо ғазаб гуфтам.

- Ҳамагӣ ба ду саволи ман посух диҳед, - гуфтанд устод ва тезу пайиҳам ду савол аз фанни «Таърихи матбуоти тоҷик» доданд. Ман, ки дар ин ёздаҳ бори кӯшиши имтиҳонсупорӣ ба ҳама савол ҷавоб доштам, зуд посух гуфтам.  

- Дафтарчаи имтиҳониатон канӣ?

Дафтарчаро хушҳолона дароз кардам. Ба ман баҳои панҷ гузоштанд ва каме бо оҳанги ҷиддӣ гуфтанд:

- Бо Азимов ман ҳоло худам гап мезанам!

Ҳамин тавр, ман ниҳоят имтиҳонҳои давлатиро супорида, Донишгоҳро хатм кардам.

***

Соли 2000.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷашни 70- солагӣ дошт. Аввал масъулияти омода кардани маҷмӯаро ба дигарон супориданд. Чун дигарон танбалӣ карданд, масъулияти омодасозии онро ду-се моҳ пеш аз ҷашн ба ман супориданд. Баъде ки маҷмӯаи «Пайванди пайкараҳо» омода шуд, сармуҳаррири он замони нашрия Раҳим Сайдалиев гуфт:

- Дар навиштаи ту атрофи шахсиятҳое чун Отахон Латифӣ, Муҳиддини Олимпур, Додоҷони Атовулло  андешаҳои таърифӣ ҳастанд. Ҷой додани зиндагиномаи ин шахсиятҳо, бойиси гапу калочаи зиёд мешавад, чунки ҳоло дар «боло» ба шахсияти онҳо баҳои якгуна надодаанд.

- Чӣ кор кунем? Охир, бе онҳо таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» маъние надорад- ғамгинона гуфтам.

- Роҳи ҳал ҳаст. Бо Иброҳим Усмонов муносибати ту чӣ хел аст? – пурсид Раҳим Сайдалиев.

- То ба вазифаҳои сиёсӣ рафтанашон, хуб буд. Ҳозир намедонам, чунки он касро намебинам.

- Агар Усмонов дар китоби ту пешгуфтор нависанд, касе эрод намегирад. Дар журналистикаи имрӯз дар сатҳи Ҳукумат касе бо эшон баҳс ҳам карда наметавонад. Агар ҷуръат карда, пешгуфтор нависанд, китоб бетаҳрир чоп мешавад. Шояд аз назари он кас барои Латифию Олимпур монеае набошад, аммо барои Додоҷони Атовулло шояд эрод гиранд. Чунки Додоҷон зидди устод дар солҳои навадум маводи танқидии тунду тезе бо сарлавҳаи «Уштура гуфтам, ки ғамза кун, полиза вайрон карду рафт» навишта буд.

- Бахт таваккал! Дигар роҳе надорем – гуфтам ман.

Сайдалиев ба ман рақами утоқи кори устодро пайдо кард. Устод он бегоҳ дастнависи маро гирифтанду гуфтанд:

- Рӯзи душанбе барои пешгуфтор биёед…

Усмонов пешгуфтори аҷибе навиштанд, ки як ҷумлаи аҷиб дошт:

- «Бар падари Хуршедҷон ҳазор раҳмат!».

Дар мавриди журналистони дар боло зикршуда ҳангоми сӯҳбат ёдрас шудам. Устод посух доданд:

- Мо ҳуқуқи таҳрифи таърих надорем! Онҳо, махсусан Додоҷон, номи худро дар таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои абад навиштааст…

Китоб нашр шуду то ба имрӯз касе ба он эроде надорад…

***

Соли 2010.

Бо пойфишориҳои вазири мудофиаи он замон якбора чандин нашрия, минҷумла «Фараж» аз нашр бозмонданд. Чопхонаҳо онро нашр намекарданд, аммо ман онро дар шакли варақи А-3, дастӣ чоп мекардам.

Дигар аз фазои фишору таҳдид ба тақдири нашрия дилгир шуда будам. Чунин иттифоқ уфтод, ки он шабу рӯз бо устод ва чанд нафари дигар ба сафари шаҳри Варшава барои ширкат дар як конфронс рафтем. Дар он ҷой қазияи баста шудани ин нашрияҳо ҳам баррасӣ гардид. Бегоҳи он рӯз нафаре ба назди ман омаду худро аз созмони байналмилалие муаррифӣ кард ва гуфт, ки метавонад дар гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ кумак кунад. Аммо барои ин ман бояд аз Варшава ба Тоҷикистон барнагардам…

Назди устод омадаму ҳамраҳ ба боғи назди меҳмонхона рафтем. Аз он сӯҳбат дар боғи Варшава аксе ҳам ба ёдгор дорам. Устод маро то охир шуниданд ва гуфтанд:

- Шумо агар дар Ғарб бимонед, то охири умр фақат як паноҳҷӯ, як овора ҳастеду бас! Хуршеди Атовулло дар Тоҷикистон Хуршеди Атовулло аст! Ӯро дар Душанбе мешиносанд, дар Тоҷикистон касе ӯро мехонаду касе эҳтиром қойил аст. Шумо метавонед чун паноҳҷӯю овораю гурезаю фирорӣ аз Ватан зиндагӣ кунед? 

- Не!, – қатъиян гуфтам ман.

- Пас, дигар дар мавриди паноҳгоҳ ҳатто фикр накунед! 

Ва ман ҳам то ҳол дар ин мавзӯъ дигар ҳатто фикр накардаам..

***

. Ин чаҳор лаҳзае буд аз нақши тақдирсози Иброҳим Усмонов дар хати тақдири ман.

Тақдири яке аз камтарин шогирдони Усмонов.

 Тақдири яке аз ҳазорон ҳазор… 

Зиҳӣ устоде, ки тавонистаӣ нақши тақдирсози хешро дар зиндагии ҳазорон ҳазор бигзорӣ!

…Садҳо лаҳзаҳое буданд, ки маҳз маслиҳату раҳнамоии устод маро аз хатое, аз лағжише, аз балое раҳо додааст…

Имрӯз ҳам дилам, ки аз чуну чароҳои рӯзгор гирифт, ба суроғи устод мешитобам ва ҳазорон бор шукрона мекунам, ки гурезгоҳе дорам…

Шукри буданатон Устод! МОНед ва бо МОНед!

Ҳафтодсолагӣ муборак!

 

Хуршед Атовулло,

Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 671
Оби Сиёма дар Душанбе: Орзуе, ки Маҳкамов ба хок бурд

Рӯзи шанбе як нафар ҷавони тақрибан 30 сола ва як духтари 24-25 сола ба хона ташриф оварданд. Онҳо худро кормандони кадом як ширкате муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки хона ба хона гашта, ҳолати оби нӯшокиро дар хонаҳои сокинони пойтахт месанҷанд ва ба сифати он баҳо медиҳанд. “Хуб” - гуфтаму хардуро ба хона даъват кардам. Онҳо аз оби ба хона воридшаванда ба якчанд зарфи стаканӣ рехта, онро бо асбобе санҷиданд. Ростӣ, натиҷа маро тарсонид. Муайян шуд, ки дар оби нӯшидание, ки ба воситаи кран ворид мешавад, элементҳои гуногуни зараровар зиёд буда, барои нӯшидан комилан мутобиқ нест ва сатҳи чиркинии он қариб ду баробар бештар аз сатҳи асосист. 

Гуфтам:

–Мо обро ҳамеша ҷӯшонида, хунук карда менӯшем. 

Ҷавон гуфт:

–Оби ҷӯшонидашуда доред?

–Бале, - гуфтам ва косаи пур аз обро пешашон гузоштам.

Натиҷаи ташхиси оби ҷӯшонидашуда низ нишон дод, ки он барои нӯшидан мувофиқ нест ва ба саломатӣ зиён дорад.

Ба саволи “Чӣ бояд кард?” -духтар иброз дошт, ки мо полоягари об (филтр) пешниҳод мекунем. Агар қабул кунед, онро дар кран насб мекунем ва Шумо ҳамеша оби тозаи нӯшиданӣ ба даст меоред. 

Вақте аз нарху навои полоягар  огоҳ шуда, пешниҳодро қатъиян рад кардам ва пулро аз саломатӣ боло гузоштам, ҷавон варианти дуюмро пешниҳод карда, гуфт:

–Мо метавонем оби тозаи нӯшиданӣ бо нархи арзон пешниҳод кунем. Ҳар вақт, ки ба итмом расид, фармоиш медиҳед, кормандони мо ба хонаатон меоранд.

 Инро ҳам рад намуда, ҳардуро ҷавоб додаму худ ба худ гуфтам:

– Наход обҳое, ки ҳар рӯз мо менӯшем, то ба ин сатҳ ба нӯшидан мутобиқ набошад? Наход мо ҳар рӯз аз обҳои зиёновар бинӯшем ва ба фарзандонамон бинӯшонем? 

Нахуст бояд гуфт, ки шахсан ман ба натиҷаи чунин ташхис шубҳа кардам. Зеро ташхисгарон фурӯшандагони оби тоза ва таҷҳизоти филтрӣ барои об буда, ба хотири фурӯхтани маҳсулоти худ, метавонанд натиҷаро аз будаш  бештар нишон диҳанд. 

Вале ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ин аст, ки сифати оби нӯшокие, ки мо дорем, воқеан паст аст. Зеро ҳанӯз зери пиёлаву чойник қум ҷамъ мешавад, зиёд ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бе таҳшон кардан, нӯшидани он ғайриимкон аст ва лаззати хуб ҳам надорад. Баъдан, новобаста ба он ки пойтахти азизи мо дар поёноби бузургтарин дарёҳо аз қабили Варзобу Ромит қарор дорад, вале оби нӯшокии он ба андозаи зарурӣ ба талабот ҷавобгӯй нест ва хеле беҳбудӣ мехоҳад.

 

41 млн доллари Бонки Осиёии Рушд (АБР)

Бояд гуфт, ки ҳар сол барои беҳтар гардонидани сатҳи обтаъминкунии пойтахт маблағҳо ва грантҳои зиёде ҷудо мешаванд. Тибқи гузориши  нашрияи “Азия Плюс” №60 (1343) аз 9 августи соли 2018 Бонки Осиёии Рушд (АБР) барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе 41 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Албатта ин хуб аст. Зеро воқеан низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад ва шояд ин аввалину охирин грантҳое набошанд, ки дар ин самт ҷудо мешаванд, вале ҳамоно камбудиҳо дар самт хеле зиёданд ва обе, ки алъон аз чумакҳои хонаҳои сокинони пойтахт ҷорӣ мешавад аз обе, ки то солҳои истиқлолият ҷорӣ мешуд, хеле фарқ мекунад. Шояд ин пеш аз ҳам ба он вобаста бошад, ки обе ки қаблан аз дараи Варзоб ба Душанбе ворид мешуд, нисбатан тозатар буд. Алъон бошад дар дараи Варзоб ҳазорон бӯстонсароҳову истироҳатгоҳҳо пайдо шуда, тибқи нақли баъзе шоҳидон, ҳатто баъзе канализатсияҳо низ ба ин дарё пайваст карда шудаанд ва об аз сарчашма аллакай чиркин меояд. Дар Душанбе бошад, тоза намудани он заҳмат ва хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ барои пурра барқарор намудани низоми обтаъминкунии пойтахт ва пурра ба талабот мувофиқ намудани он 120 млн доллар зарур аст, вале дарёфти чунин маблағ дар шароити бӯҳронӣ кори саҳле нест. Пас чӣ бояд кард, ки ҳам хароҷот камтар шаваду ҳам сифати оби нӯшокии мо беҳтар шавад? 

 

Таҷрибаи шаҳри Ереван

Таҷрибаи баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки аз тоза кардани оби чиркин ва овардани об аз сарчашмаҳои тоза комилан камхарҷтару манфиатноктар аст. Масалан, дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван соли сеюм аст, ки барномаи муҷаҳҳазгардонии низоми обтаъминкунӣ идома дорад. Маблағи лоиҳа ҳамагӣ 20 миллион доллар буда, ташхиси лабараторӣ нишон медиҳад, ки обе, ки ба ин шаҳр ворид мешавад, дар қиёс ба оби дигар пойтахтҳои ИДМ тозатару болаззаттар аст. Об дар шаҳри Ереван на танҳо манбаи табиат ва боигарӣ, балки ба яке аз брендҳои сайёҳӣ низ табдил ёфтааст. Дар кӯчаҳои пойтахти Ереван на танҳо оби кранҳо, балки обҳоеро, ки тариқи фаввораҳо ҷорӣ мешаванд, нӯшидан мумкин аст. Чунки ин обҳо мустақиман аз чашмаҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан мувофиқанд. Чунин сифати тозаи обро дар ҳеҷ кишвари дигари ИДМ дучор шудан мумкин нест. Дар ин шаҳр зарурияте барои харидани оби тоза ҳам нест, муҳим ки ҳар нафар бо худ зарфе дошта бошад, ки онро мустақиман дар кӯча пур намуда, аз он нӯшад. Барои он ки обҳои ин шаҳр мустақиман аз сарчашмаҳо оварда мешаванд, ба таври иловагӣ тоза карда намешаванд. Оби ин шаҳр чун оби чашмасорони кӯҳҳои Тоҷикистон хеле болаззат ва нӯшиданаш гуворо аст. Ҳатто пурсиши миёни сайёҳон гузаронидашуда нишон додааст, ки оби нӯшокии шаҳри Ереван ҳамаро дар ҳайрат гузошта, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. 

 

Оби дарёи Сиёма

Пас, чаро мо бо истифода аз таҷрибаи арманиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба чунин шаҳри дорои оби тоза табдил надиҳем? Душанбе барои ин ҳама имконотро дорад ва муҳим аст, ки ин имконот самаранок истифода бурда шавад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, лоиҳае мавҷуд будааст, ки тибқи он, бояд об аз 50 километрии Душанбе, аз дарёчаи Сиёмаи дараи Варзоб ба Душанбе оварда мешуд ва он ба пуррагӣ пойтахтро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекард. Президенти аввалини Тоҷикистон, марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш гуфта буд, ки овардани оби Сиёма ба Душанбе яке аз орзуҳои амалӣ нашудааш аст. 

Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи мазкур амалӣ нашуд ва мо то ҳол аз оби дарёи Варзоб, ки алъон аз ҳазорон бӯстонсароҳо гузашта, то дараҷае чиркин шуда, ба Душанбе мерасад, менӯшем. Новобаста ба он ки оби мазкур пеш аз ба хонаҳо тақсим шудан, коркард мешавад, вале лаззат ва сифати хубе надорад.

Хеле хуб мешуд, агар лоиҳаи аз дарёи Сиёма овардани оби нӯшокӣ аз нав баррасӣ ва дар амал татбиқ карда мешуд. 

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Тибқи гузориши олимон оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати мустақиман ба пойтахт овардани оби мазкур Душанбе аз рӯи сифат ва самараи об аз Ереван ҳам пеш гузашта, бо ба даст овардани маъруфият,  як бреди нави сайёҳиро соҳиб хоҳад шуд. 

Дар баробари оби дарёи Сиёма дар водии Варзоб чашмасорону дарёчаҳои зиёди дигаре низ мавҷуданд, ки дар масофаҳои наздиктар қарор дошта, овардани он хароҷоти камтареро ташкил хоҳад кард. Масалан дарёчаи Хоҷа оби гарм,ки дар 30 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, аз тозатарин ва болаззаттарин обҳо дониста шудааст. Агар оби Сиёма барои пойтахт камӣ кунад, метавон ин сарчашма ва чандин сарчашмаҳои дигарро низ ба он ҳамроҳ намуд. 

 

Ҳама умед ба шаҳрдори Душанбе

     Ман фикр мекунам, алъон вақте фаро расидааст, ки шаҳрдорӣ лоиҳаи кашонидани оби нӯшокии Сиёмак ва бар иловаи он оби Хоҷа оби гарм ва ё дигар сарчашмаҳоро ба Душанбе баррасӣ намояд. Зеро алъон хеле фурсати хуб барои ин фаро расида, нахуст Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амал мекунад, ки бо пешниҳоди пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баъдан бо Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ чунин умед барои пурра беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин замина фароҳам омадааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар муддати кӯтоҳи Раиси шаҳри Душанбе таин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахт чӣ гуна ободу зебо шуда истодааст. Ба истифода додани даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо, таъмир ва васеъ намудани роҳҳо ва даҳҳо мисолҳои дигаре мавҷуданд, ки қобили таҳсинанд. Боварӣ ҳаст, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» татбиқи чунин як лоиҳа пойтахти азизамонро вирди забонҳо хоҳад кард. Умед аст, шарҳдорӣ ба ин масъала таваҷҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, сокинони пойтахтро бо оби тоза ҳаматарафа таъмин менамояд ва лоиҳаи афсонавии “Оби Сиёма” чун НОБ-и Роғун ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Зеро замоне ба амалишавии лоиҳаи НОБ-и Роғун на ҳама бовар мекарданд, вале алъон ҳама интизори ба истифода додани нахустин агрегати ин иншооти бузурги ҷаҳониянд.

Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ?

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

PS: Идораи редаксияи “Фараж” омода аст, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду андешаҳои дигаронро низ дар ин мавзӯъ нашр намояд. 

Хонданд 405

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.