.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Шанбе, 12 Январ 2019 - || ФАРАЖ

Таърихшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих Абдусаттор Мухторов баъди бемории тӯлонӣ дар синни 81 дар Душанбе аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз, 12-уми январ, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Профессор Сатторов тобистони имсол ба сактаи мағзӣ дучор шуда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд ва чанд муддат дар шуъбаи эҳё буд.

Абдусаттор Мухторов солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадрис машғул буд. Ӯ соли 1938 дар деҳаи Негноти шаҳри Панҷакент зода шуда, муаллифи чандин китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва инчунин асарҳои илмии таърихӣ аст. Китоби “Сомониён: замон ва макон”-и ӯ соли 1999 нашр шуда, “Таърихи халқи тоҷик” бо ҳаммуаллифии Асламшоҳ Раҳматуллоев дар ду ҷилд рӯи чоп омадааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги олими шинохта андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандон ва шогирдони ӯ ин талафотро таслият мегӯяд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Шанбе, 12 Январ 2019 11:39

Баҳонаи зистан

Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад.

Соли 2018 ҳам гузашт. Беҳрӯз ҳамоно аз беҳуда ва бенатиҷа анҷомидани сол оҳу афсӯс мехӯрд. Гоҳо мешуд, ки ҳамаро як тараф монда, ба худ савол медод: “Чаро бар ивази кӯшишу ҳаракатҳои зиёд, ҷустуҷуҳову ғамхориҳои беинтиҳоям ба чизеву коре ноил гашта натавонистам?”. Агарчи ин нуҳум рӯзи соли нав бошад ҳам, ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Ба ғайр аз ин, аҳли оилааш ҳам аз ин хел ранг гирифтани кор дар тааҷҷуб буданд. Охир, ӯ доимо дар ҳаракат ва талош буд...

Дар ин росто ҳаёту зиндагии ҳамсояи рӯ ба рӯ, рафиқи Беҳрӯз - Некрӯз тамоман дигар буд. Вай соли сипаригашта дар ҳаёташ бисёр навгониҳо кард. Аз ҷумла, омӯзиши забони немисиро аз сифр то сатҳи саввум бурда расонд, гиторнавозиро аз худ кард, тавонист, ки дар наздикии хонаашон кори хурде пайдо карда, ба волидонаш дастёр шавад...

Мо ин ҷо лозим намедонем, ки қиссаи ҳаёти ин ду ҷавонро пурра нақл кунем, зеро бисёр дурудароз ва печ дар печ аст. Танҳо ба ин самт аз равзанаи дигар назар меандозем. Аз нуқтае, ки чи гуна ин хел шуд.

Аввалан, бояд донист, ки дар дунё ягон нафар наметавонад ба ҳама хостаҳову эҳтиёҷоташ расад. Зеро илман исбот шудааст, ки инсоният қудрати расидан ба ҳама мақсадҳояшро дорад, аммо ба орзуҳояшро не. Ва метавон гуфт, ки қисми зиёди хостаҳои одамизод орзу ҳастанд. Орзу бошад, писар ё хурдии мақсад аст. Ва барои он ки орзу мақсад шавад, хеле бояд кӯшиш кард. Ҳар нафаре, ки ин ҳардуро ҷудо намекунад ё ба ҷудо карданашон имкон надорад, ҳар вақте ки ба онҳо расида наметавонад ё аз онҳо дур мешавад, зарба ба худ ва ояндаи худ мезанад. Ва табиист, ки орзуҳои зиёд ба мақсади зиндагӣ ғолиб омада, инсонро ба нокомӣ ва дасткӯтоҳӣ мебаранд. Ҳар шахсе, ки дар зиндагӣ бе мақсади муайян монд, албатта ба тақлидкунии дигарон мегузарад, ки маънои зистани ӯро не, балки нақши дигареро бозиданро дорад.

Акнун меоем сари мақсад: талабот ё принсипи аз ҳама муҳим барои зистан ин аст, ки мо барои чӣ зистанамонро бидонем. Чунки Офаридгор барои зистан дар ин дори фонӣ ба ҳама махлуқоти халқ кардаи худ вазифа ва рисолати муайян таъин кардааст. Ба гуфтаи боло чӣ гуна метавон расид? Аввалан, ба саволҳои “Ман ба дунё ва инсоният чӣ дода метавонам?”, дуввум, “Пас аз сари ман мардум маро чи гуна ёд мекунанд?” Саввум, баъди рафтан аз ман чӣ мемонад?” ҷавоб бояд дод. Ҳар вақте ки ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кардем, маънои онро дорад, ки аллакай мақсади зиндагӣ дорем ва медонем, ки барои чӣ зиндагӣ карда истодаем.

Ин ҷо саволе пайдо мешавад: “Чӣ бояд кард, то ки мақсади аслии зиндагӣ пайдо шавад?”.

Якум, бояд имрӯз чӣ кор карданамонро бидонем. Дуввум, бояд донист, ки дар ҳафтаи нав кадом корҳо ва вазифаҳо заруртаранд ва барои мо иҷрошавиашон ҳатмист. Саввум, як баҳона ва ё коре бояд ёфт, ки тӯли як моҳ ба охир бирасад ва иҷрокунандаро ба чизе ноил кунад. Ва ниҳоят, дар соли 2019 чӣ хостану чӣ гуна зистанро бояд муайян кард. 

Мо танҳо барои пункти охир як мисол меорем. Тақвимро гирифта, рӯзҳоро шуморед. Дар ин ҳол табиист, ки соатҳову дақиқаҳои умратон пеши назаратон меоянд. Дар ин вақт агар умеди будану зистан дар дилатон бошад, варақеро мегиреду мақсади зиндагии худатонро муайян карда менависед.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар мақсади гузоштаи мо бояд ҳақиқӣ, конкрет (ба ақли солим ғунҷад) бошад, яъне орзу набошад, фарқкунанда аз дигарон, тасдиқи оне ки ба дунё ва башарият зарарнок набудан ва барои худ арзишманд бошад...

Ҳамакун, бармегардем ба аввали матлаб. Маълум мешавад, ки Беҳрӯз дар зиндагӣ ҳама корро кардааст, ба ҳама дар сар халондааст, кофтокув кардааст, аммо бо мақсад ва ҳадафи муайян не. Барои ӯ муҳим дар ҳаракат будан будааст, на ин ки мақсад гузоштану барои ба он расидан кӯшиш кардан. Некрӯз бошад, баръакси вай. Кам ва дониста дар ҳаракат буд ва ба бисёр чизҳо расид.

Шумо, хонандагони гиромӣ, ҳоло ки аввали сол аст, Беҳрӯз ё Некрӯз буданатонро худ интихоб кунед.

 

Сино ТОҲИРОВ

Шумо дар Нигоҳи хос
Шанбе, 12 Январ 2019 11:37

Умар-ако

Филме бозгӯи қиссаи як инсон

Умар-ако филмест дар сабки мустанад-эссей таҳияшуда. Хати филм аз зиндагии пушти пардагии ҳунарманди Театри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Умаралӣ Сатторов мегӯяд.

Умаралӣ Сатторов ба риштаи ҳунар чи тавр омад, дар давоми ин роҳ бо чи мушкилот рӯ ба рӯ шуд, дар зиндагии хонаводагиаш бо чӣ бумбастҳое рӯ ба рӯст ва нигоҳ накарда ба ин ҳама, орзуву ниятҳое дорад созанда, ки ин ҳамаро вақти тамошои филми “Умар-ако” хоҳем дид. Дар филм, гарчи дар сабки мустанад таҳия шудааст, қаҳрамони мо дар лаҳза мегиряду механдад, хуллас, ӯ зиндагӣ мекунаду ин зиндагиро дӯст медорад.

Ҳама даврони хуби зиндагиро қаҳрамони филм пушти сар кардааст. Дар замоне, ӯ аккос буд, кафшергар, устои мавҷгираки телевизион, моҳигиру боз даҳҳо касби дигар. Акнун ҳама ҳунарҳои ӯ дар ҷомеи технологӣ корношояму худаш фаромӯш шудааст. Лекин давоми сабту таҳияи филм таҳиягарон дубора таваҷҷуҳ карданд ба ин ҳама ҳунарҳои доштаи Умаралӣ Сатторов.

Нодиртарин архиви мусиқии Осиёи Марказӣ дар дасти ин қаҳрамон аст ва ҳамаи онро чун гавҳари чашм нигоҳ мекунаду муносибат.

Филм бо ҷумлае сар мешавад, ки “аз ман хоҳиш карданд картаҳоро диҳам ва гуфтам агар диҳам, ба Ватанамро фурӯхтагӣ баробар мешавам”.

Орзуе дар дил дорад, ки мехоҳад осорхонае дошта бошад ва ин ҳама ганҷинаи мусиқии ОсиёиМарказиро дар ҷои амну осуда нигоҳ дорад. Нодиртарин картаи пластикии ӯ аз соли 1909 сабт шудааст ва садову оҳангу матнҳое онҷо мешунавем, ки имкони дубора муаррифии санъати мусиқии моро дар олам дорад.

Филм аз тарафи Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дар соли 2018 дар муддати 7 шабонарӯз наворбардорӣ шуда, давоми 8 моҳ тадвину бозсозияш идома ёфт. Созандаҳо шабонарӯз бо қаҳрамон дар хонааш зиндагӣ карда, тамоми ҷадвали зинагии қаҳрамонашонро навор бардоштаанд, вале дар вақти тамошои филм ин ҳамаро дар муддати як рӯз мебинем, ки хело роҳату гуворо ва дар айни замон дардовар аст.

Замоне, ки филм дар шакли тадвини аввал дар 3-юмин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳ - “Навсоз” дар шаҳри Душанбе рӯи экран омад, аз тарафи мунаққидони синамо хуш пазируфта шуд. Таҳлилу маслиҳатҳои тамошобинони ин кинофестивал буд, ки коргардон тасмим гирифт филмро дубора тадвин карда, баъзе саҳнаҳо илова карда, аз баҳри баъзе саҳнаҳо барояд. Ниҳоят, давомнокии филм то 30 дақиқа поин карда шуд.

Шакли дубора сохтаи филм дар аввалин ҳафтаи синамои ҷавонон - “Нигоҳи ман” дар Тоҷикистон миёни 9 филми коргардонҳои ҷавон дар “Гушаи Амрико”-и шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Вақти пахши филм наздики 100 нафар тамошобин аз филм дидан карданду баҳсҳои гарме ба миён омад. Дар ин миён сафири кишвари Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон низ буд, ки мегуфт давомнокии филм гарчанде 30 дақиқа ҳам бошад, хело кӯтоҳ аст ва ӯ мехоҳад бо ин гуна қаҳрамонҳо зиёдтар монад. Баръакси гуфтаҳои ҷаноби сафир, чанд нафари дигар эътирози онро доштанд, ки филм дароз аст. Аммо коргардон дар ин миён ҷавоб дод, ки интихоби охири онҳо ҳамин 30 дақиқа аст. Чун шакли аввалаи филм 1 соату 30 дақиқа буд.

Баҳси нигоҳ доштани арзишҳои таърихии мо дар филм ба миён омад ва мегуфтанд нигоҳ доштани таърихро ба дилу ҷон аз Умар-ако бояд омӯзем. 

Вақте филм дар ин гӯша намоиш дода мешуд, давоми 30 дақиқа то 10 маротиба мардум аз интихоби касбҳои нави Умар-ако механдиданду бо кафкӯбиҳо ин касби ӯро истиқбол менамуданд. Роҳбари гӯшаи Амрико ва рассомдухтари машҳури мо бо чанд нафари дигар аз дилу ҷон мегуфтанд, ки мо мехоҳем ба шаҳри Конибодом рафта, Умар-акоро бубинем.

Санаи 23-юми декбар бошад, филм пушти дарҳои баста бори аввал дар ҳузури худи қаҳрамон дар экрани Театри ба номи Туҳфа Фозилова намоиш дода шуд. Дар паҳлуи қаҳрамон танҳо ҳамкорон ва дӯстони наздики ӯ ҳузур доштанд. Аммо баръакси эҳсоси тамошобинони шаҳри Душанбе толорбудагон инҷо мегиристанду баъди тамошои филм аз оби дида фикрҳояшонро баён карда наметавонистанд. Ҳатто роҳбари собиқи театри мазкур мегуфт, ки бо он ки чил сол боз Умаралӣ Сатторовро мешиносад, аммо боз ҳам то ин филм намешинохтааст, ки пушти пардаи театр чӣ зиндагӣ дорад қаҳрамон.

Роҳбари ҷавони нави театр дар ҳузури тамошобинон ваъда дод, ки ба ҳамкорӣ бо дӯстону худи Умар-ако хона-музейи орзуҳои ӯро дар шаҳри фарҳангии Конибодом месозем, то меҳмонҳои шаҳр дар оянда аз доштани чунин ганҷинаи мусиқӣ дар шаҳри Конибодом ифтихор кунанд.

Директори МД “Суғдсинамо” ба аҳли тамошобинон гуфт, ки бо ин намоишифилми “Умар-ако” иктифо намекунем ва дар рӯзҳои наздик намоиши кушоди онро дар шаҳру ҷамоатҳо баргузор хоҳем кард, то мардуми шаҳр бидонанд, ки Умаралӣ Сатторов на танҳо як актёр аст, балки гавҳарест пур аз ганҷу ҳунар.

Умаралӣ Сатторов - қаҳрамони филм миёни ҳама ҷумлаҳои табрикотиву миннатдориаш ба созандаҳо фақат гуфт, ки “дар ин ҷодаи пурпечутоби асри нав ва ҷаҳони бозаргонӣ, ки худамро гум карда будам, маро дубора ба худам нишон дода, зинда кардед”.

Ҷасури ВАШГИРДӢ

Шумо дар Ҷомеъа
Шанбе, 12 Январ 2019 11:35

I love Gulobod

Аҷоиб мардуманд гулободиҳо.  Дар масъалаи ҳурмат кардани дигар қавму миллат ва дигар фарҳангу забон касе ба эшон баробар шуда наметавонад. Агар ба қавли бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ гирем, "Худкуши бегонапарваранд" гулободиҳо. Агар бегонапарвар набошанд, дар кулли кишвари Гулобод бо забони англисӣ, ки шояд баромади забони ноби форсӣ-гулободӣ аз он бошад, шаҳрҳоро бо I love оро додаанд, ки ҳанги кампири Гулбибӣ, ки аз ин забону аз ин калом огоҳ набуд, канду бечора бобои Гулбиддин дар балои азиме барои шарҳ додани I love монд.

Бобои Гулбиддин, ки дар мактаби кeҳнаи амирӣ аз забони ноби англисӣ-форсӣ-гулободӣ огоҳ буд, як илоҷе карда, ба кампири Гулбибӣ фаҳмониданӣ мешуд, ки ин I love маънояш дӯст медорам аст, кампир фаҳмидан ҳам намехост. Мехост он сабилмондаи I love-ро худаш хонаду баъдан дар назди занҳои лаби ҷӯ ифтихори забондонӣ намояд ва ба қавле баъзе аз "доноҳоро" дар ҷояшон шинонда монад.

Бобои Гулбиддин маҷбур шуд, ки ин истилоҳи ба гӯши кампири Гулбибӣ барин занҳо хушояндро дар шакли транскрипсия бо хати имрӯзаи Гулобод нависаду ба кампири инҷиқ маънои I love-ро фаҳмонад. Пушти сар хоридаву лаб газида, бобои бечора ба сухан даромада, фаҳмонд, ки асочаву дил ай лав хонда мешавад, яъне дӯст медорам аст. Кампири Гулбибӣ бошад, бо шунидани маънои ай лав аз шарм ё аз ба хотир овардани давраи ишқрониаш бо бобо ҳам сурх мешуду ҳам дар чашмонаш шуълае намудор мегардид. Куртаи атласи гулободӣ, ки дар тан дошт, ба ҳуснаш ҳусн зам мекарду гӯё «Рӯйи анор барин сурхаш куртаи атласаш катӣ ҷанг мекард». Ин мазмунро М. Турсунзода ба ин тарз ба кор бурдааст:

Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,

Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.

Дурахши чашмони кампири Гулбибӣ бобои Гулбиддинро ба ваҷд оварду бобо як лаҳзае сайри давраи шубоб намуда, беихтиёр "ай лав Гулбибӣ" гуфта монд. Кампири Гулбибӣ ғарқи давраи ишқрониаш шуда, "чӣ дар лавам пашша нишастааст?"- гӯён, боборо аз ханда рӯдакан кард. Бобо худро ба даст гирифта, ба кампир шарҳ дод, ки лав ҳамон дилак асту имрӯзҳо дар тамоми вулусволии Гулобод насб карда шудааст ва маънояш «Ман Гулободро дӯст медорам» аст. Бо вуҷуди ин ҳама шарҳу эзоҳ кампири Гулбибӣ ба андеша фурӯ рафт ва чил шабу чил рӯз гирифтори худ буд ва меандешид, ки чаро ба забони ноби форсӣ-гулободӣ ҳамин дӯстдориро агар дар ҳақиқат бошад, баён намудан мумкин набудааст.

Бобои Гулбиддин, ки тӯли ин муддат аз тарси ба кампираш чӣ ҷин расида бошад, ки ин муддати дароз ҳарфе намезанад, вақте ки ӯро дар дигар ҳолатҳо бо ягон роҳ аз гап боздоштан имкон надошт, ё лампаи овозаш сӯхта бошад, ҳайрон шуда, аз наздаш дур намешуд. Баъзан-баъзан мақоли "То бад нагирӣ, нек намеояд"-ро ба хотир оварда, зери лаб ба ҷойи кампири Гулбибӣ калимаи шаҳодат низ мегуфт. 

Кампир дар рӯзи чилуякум ба сухан даромада, боборо ҳам тарсонду ҳам хурсанд карда, аз соҳибони забону аз қонуни забон каме дилмондагӣ намуда, маддаи дилашро кафонд: 

- Мӯйсафед, ту дар ҷанги Гирмон будӣ, баъди ҷанг борҳо ба кишварҳои бузургу шаҳрҳои калон рафтаӣ. Оё дар ягон гӯшаи он мамолике, ки будӣ, дидаӣ, ки бо хату забони форсӣ-гулободӣ ё ақаллан бо хати имрӯзаи гулободӣ навишташуда бошад, ки "Ман Лондонро дӯст медорам" ё "Ман Маскавро дӯст медорам"? Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Наход дӯстдорӣ бо хати бегона бошаду бар замми беҳурматӣ ба забон ва риоя накардани талаботи қонуни забон боз намоишкорӣ ҳам бошад. Охир, дӯст доштан дар дилу дар амал будагист. Ин чӣ хел дӯстдорист, ки ҳар сол мавсими тирамоҳу зимистон чуноне дар давраи ҶБВ шиори мутантане дар шакли "Тамоми қувва ба фронт, тамоми қувва барои ғалаба бар фашизм" буд, имрӯзҳо тамоми соҳаҳои Гулобод барои даъват ба артиш нигаронида мешаванд. Пас аз он I love нишоне намемонаду аксари даъватшавандагон I love Gohvora, I love Sanduq, I love Bemor, I love Student ва I love Muhojirat-ро шиор месозанд".

Бобои Гулбиддин низ ҳамрайъии худро ба кампири Гулбибӣ, ки ёри ҷангиву оштиаш буду чанд сол инҷониб дӯст медорад, изҳор намуданӣ шуда, зикр намуд, ки пас фарқе байни навиштаҷоти девори кӯчаву муассисаву ташкилоте, ки бо ҳунари ҷавонони "ошиқи" Гулобод I love нақшунигор шудаву ҳатто аз байни дилак найзае гузаштааст, фарқе намемонад. Ҳисобҳои математикие, ки дар навиштаҷот баробар ба LOVE мебошанд, натиҷаи ана ҳамон дарсҳои дилаку найзаанд, ки аз найзабозии индейсҳои Амрико ба мардуми Гулобод гузаштаанд.

 

Бахтиёр Облоқулзодаи Гулободӣ

Шумо дар Фарҳанг
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 4

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.