.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон нисбати 104 нафар шаҳрванде, ки ғайриқонунӣ ба ҷамвоарии писта даст заданд, парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 19 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб, 7 тонна пистаи хом, ки сокинон ғайриқонунӣ ҷамоварӣ намуда буданд, мусодира гардида, нисбати онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин гуфта шуд, корманони ин ниҳод нисбати 27 нафар шаҳрванд барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир ва паррандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки ба ҷуз ин, нисбати 473 нафаре, ки даст ба қонунишканӣ дар ҷангал задаанд, санад тартиб дода, онҳоро ба маблағи 849 ҳазору 963 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Шумо дар Хабари рӯз
Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 15:00

Хатлон: Пахтачинӣ оғоз шуд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чиниши пахта оғоз гардид. Деҳқонони вилояти Хатлон имсол ният доранд аз майдони 122 ҳазору 400 гегтар пахтазор 250 ҳазору 300 тонна тилои сафед ҷамъоварӣ кунанд.

Аз Сараёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то имрӯз кишоварзони вилояти Хатлон беш аз 8 ҳазору 910 тонна пахта ҷамъвоарӣ кардаанд, ки ин 3,6 дарсади дурнаморо дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят аз обу ҳавои мусоид истифода намуда, саривақт ҳосили киштшудаи пахтаро ҷамъоварӣ мекунанд.

Шумо дар Хабари рӯз

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хоразми Ӯзбекистон аз сокини маҳаллӣ, мулло Абдуҳамид Отаҷонов, ки навори ишқварзиаш дар Интернет нашр шуд, расман узр пурсид. Кормандони полисе, ки ин наворро дар Интернет нашр карда буданд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Видеои ишқварзии мулло бо як духтари ҷавон 18-уми август ба интернет роҳ ёфт. Дар навор дида мешавад, мулло ҳамроҳ бо як духтари ҷавон урён аст ва кормандони полис ногаҳон дурбин дар даст вориди хонаи ӯ шуда, онҳоро бозпурсӣ мекунанд.

Отаҷонов гуфт, ки ин навор 6 сол пеш сабт шудааст. «Ман ҳамсар надорам, ба ин хотир ҷинояте содир накардаам. Ман бо зане дар манзили худам хоб будам, магар ин манъ аст? Ин зан худаш ба манзилам омадааст, ман ӯро иҷборан наовардаам. Ӯ ба манзили ман омаду гуфт: “Шумо ҳамсар надоред. Ман либосатонро мешӯям, дасту бозуятонро маcҳ мекунам. Баъд миёни мо робитаи ҷинсӣ барқарор шуд, аммо ғайриинтизор ба манзили ман кормандони полис даромаданд. Навори шаш соли пешро дар интернет акнун нашр кардаанд”, - гуфтааст мулло.

Бархе аз сокинони шаҳри Урганҷи Хоразм ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ба назди Отаҷонов барои дуохонӣ рафта буданд, вале озору азияти ҷинсӣ диданд. Отаҷонов ин иддаоҳоро рад кардааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Нафақахӯрони гуруҳи аз 70-сола болои Туркманистон, ки ҳақ доранд, пули нафақаи худро нақдина гиранд, дар моҳи сентябр бе сармоя монданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои «Озодӣ», онҳо аз қоидаи нави дарёфти пули нафақа танҳо баъд аз ҷорӣ шуданаш хабардор шудаанд.

«Нафақахӯрони гуруҳи 70-сола ва онҳое, ки ҳақ доштанд, нафақаи худро нақдина гиранд, аввали моҳи сентябр огоҳ карда шуданд, ки барояшон нақдина ҷудо нашудааст ва онҳо бояд барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза нависанд», - афзудааст хабарнигор.

Вале ба гуфтаи хабарнигор, онҳое, ки пештар барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза навишта буданд, то ҳол маблағи худро дарёфт накарданд.

«Ба нафақахӯроне, ки ариза навишта буданд, дар моҳи сентябр пул ҷудо нашудааст. Онҳо бояд аз қайди шуъбаи таъминоти иҷтимоӣ мегузаштаанд. Тибқи қоида, гӯё нафақахӯрон бояд дар се моҳ як бор аз қайди шуъба гузашта, зинда будани худро исбот мекардаанд», - изҳор доштааст хабарнигор.

Мақомоти Туркманистон пардохти сартосарии пули нафақаро ба воситаи кортҳои бонкӣ моҳи майи имсол баъд аз он оғоз карданд, ки сини гуруҳи нақдинагирон боло бурда шуд. Аз 1-уми июл пули нафақаи шаҳрвандоне, ки ба сини 70 нарасидаанд, ба кортҳои бонкӣ гузаронида мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.