.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Душанбе, 17 Сентябр 2018 11:40

Сафи қаллобҳо афзудааст

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ боз аз ду ҳолати мардумфиребии қаллобон хабар дод, ки ин ҷинояткорон ба боварии одамон даромада бо ҳар роҳу усул мошину маблағу хонаи онҳоро аз худ мекунанд.

Ба мақомоти милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2018, марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Махсуми ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”-ро ба маблағи 30000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтаааст, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, марди 29-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст, ки моҳи феврали соли 2018, марди 31-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 адад қолинро ба маблағи 55000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро надодааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Аз 18 то 22-юми сентябр дар саҳрои тамрингоҳи Чорухдарон ва маркази омӯзии «Нурафшон» дар вилояти Суғд машқу омӯзиши аскарону афсарони қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва зертобеъҳои Қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон баргузор мегардад.

Ин тамринҳои аввалин дар таърихи омӯзиши якҷояи қувваҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар ба шумор меравад. Дар ин тамриҳо омодагии аскарони Тоҷикистону Узбекистон дар мубориза ба муқобили гуруҳии ҷиноятии терроризми байналхалқӣ санҷида мешавад.

Субҳи имрӯз зертобеъҳои қуваҳои мусаллаҳ, теникаи ҳарбӣ ва муҳимоти ҳарбии Узбекистон ба тамрингоҳи вилояти Суғд интиқол дода шуданд. Дар ин тамрин наздики 100 аскару афсари артиши Узбекистон бо техникаи ҳарбии худ ва 500 аскару афсари Тоҷикистон ба муҳимоти ҳарбӣ ширкат мекунанд.

Қарор аст, баъди анҷоми машқҳо фаъолони ҳарду тараф аз ҷониби намояндаи кишварҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Дар акс: аз чап ба рост вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо ва ҳамтои узбеки ӯ Абдусалом Азизов

Шумо дар Хабари рӯз
Душанбе, 17 Сентябр 2018 08:38

Вазъи ҳаво: Камабри бебориш мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз
Шанбе, 15 Сентябр 2018 17:45

Маро марги ту шоир кард, модар!

14 сентябр-рӯзи вафоти модарам

Меҳроби муҳббатам! Машъали меҳри синаафрӯзам! Гулдузии хуршеди ҳама рӯзам! Чаро ғуруби бемаҳал кардию дар торикиҳои зиндагӣ танҳову сарсонам намудӣ? Чаро ғунчаҳои орзӯи боғи диламро пажмурда карда, доғи фироқатро меросам гузоштӣ? Зиндагӣ бе ту бароям ниҳоят сахту сангин аст модар! Он фасли тирамоҳ, он рӯзи видоъу хазонрези умри ту ҳаргиз аз хотирам зудуда намешавад.  

Тирамоҳи хазонрез буд. Дарахтон ғарқи андӯҳу шохаҳо сарду урён. Баргҳои заъфарон таронаи ҳазини "оҳ"-ро замзама мекарданд. Ғарқи хаёлҳои мағшуш дар боғчаи хонаам қадам мезадам. Аз хиш-хиши дардолуди баргҳои хазону хушк ҳасрати умри кӯтоҳи туро эҳсос кардаму борони сиришк рӯямро тар кард. Ту рӯйи долони хона дар бистари беморӣ мехобиди. Ду барги рӯят пажмурда буду пайкарат афсурда. Фарзандон, хешону ҳамдеҳагон сари болинат ашк мерехтанд. Баробари «очамой...» гуфтани апаам ҳуш аз сарам рафт. Марги бераҳми савори аспи сиёҳ ба гулбоғи умри ҷавонат шабохун зад. Лолаҳои умеду орзӯятро решакан карду дунёи равшанро дар нигоҳам тира сохт. Аз он рӯзи шум чаҳоряк аср сипарӣ шудааст, вале чуғзи ҳасрату алами марги ту то ҳанӯз дар вайронаи дилам нолаи ҳазин мекашад.

Модар, ту такягоҳу сарпаноҳ ва умед дар ноумедиву шодиям буди. Миёни фарзандонат маро, ки маъюб ба дунё омадам, бештар меҳрубонию ғамхорӣ мекардӣ. Ҳар гаҳе ки мегуфтам: «оча, инҷоям дард мекунад», якбора «оҳ» гуфта ранги рӯят мепарид ва мегуфти: «ту касал нашав, ки ҷони ман дард мекунад».

Лаҳзаҳои хотирмони ҳаётамро бо ту пеши назар меораму ду лаҳзаи айёми бачагӣ хотирамро мағшуш мекунад. Лаҳзаи якум ин аст, ки як рӯзи тобистон дар дашти болои зодгоҳам, деҳи Миёнадара каҳ дарав мекардам. Қиёми рӯз буд. Ин ҳангом дидам, ки дар як дастат досу дар дасти дигарат чою нон гирякунон ба сӯям меойи. Расидан замон ба оғӯшам кашидиву гиря карди. Саратро силакунон гуфтам, ки «гиря накун, оча». Гуфти, ки  падарам нисбати ман бераҳм аст. Баъдан, маро сари дастархон шинондию худ гирякунон ба дарави каҳ машғул шудӣ. Дарав мекардиву мегиристӣ ва падарамро сарзаниш мекардӣ. Кӯшишу зории ман туро аз дарави боз дошта надошт. «Очаҷон, бас аст, биё ба хона равем» гуфта зорӣ мекардам, вале, ту мегуфти, ки «не бачам, то ҳамин каҳдарава тамом накунам, хона намерам, дигар тоқати дидани каҳдравии туро надорам». 

Лаҳзаи дувум. Тирмоҳ буд. Зиёд аз кӯҳ ҳезум мекашонидам. Дилат ба ман месӯхту, ба аппаҳоям амр мекардӣ, ки «то зимистон нашавад, аз ҳезӯми бачам истифода набаред. Аз ҳезумои овардагии бовотун (падарамон) алови нон кунед». То шурӯи фасли зимистон ҳезуми овардаи падарам тамом мешуду ноилоҷ рӯ ба ҳезумҳои кашонидаи ман меоварӣ. Ҳезумро бурда ба оташдон мегузоштиву гиряву нола мекардӣ. Медонистам, ки бо сухтани дарзаҳои ҳезуми ман ҷону дилат месӯхт. 

Модарҷон! Ин шаби тори танҳоиро бо хаёлу ёди ту паси сар мекунам. Хоб аз манзили чашмонам фирорӣ шуда, кабутари нигоҳам аз лонаи чашмони хастаам гоҳ ба замину гоҳ ба само парвоз мекунад. Бо сукути  шаб ва моҳу ситораҳои дурахшон рӯ ба рӯ мешавам. Ин ҳангом ғайриихтиёр симои нуронии ту ба ёдам меояд. Дафтарамро чун ҷойнамози карбосии ту пешам мекушояму намози қудсиамро ба номат иқтидо мекунам. Дар намоз ояти сабзи шеърамро бо номи «Марги модар», ки аз осмони дилам чун илҳоми бузурги раббонӣ нозил мешавад, қироат мекунам... 

 

Дар ин шоми сукути фасли поиз,

Асири ашку оҳ аст пайкари ман.

Тамоми ҳастӣ мегиряд, хаёлам,

Чу ман имшаб ба марги Модари ман.

 

Бубинам ахтарону моҳи гардун

Даруни абри мотам дар азоянд.

Ба оҳанги ҳазини ашки борон

Ба сӯям арзи ҳамдардӣ намоянд.

 

Дарахтон ҳам ба боғи хонаи ман,

Сияҳпӯшанду оҳи сард бар лаб.

Биборад ашки зарди ҳасрати барг

Зи чашми шохаҳо дар домани шаб.

 

Ҳама ин сӯгу ҳамдардӣ, ки доранд

Сипеҳру ахтару моҳу дарахтон,

Барои ҳурмати шаъни ту бошад,

Дар ин шоми видоат, модари ҷон!

 

Ва ман имшаб ба номи«Марги Модар»,

Ба хуни дил суруде кардам эҷод.

Ки бо оёти ашъорам, Худованд,

Аё модар, кунад рӯҳи туро шод!

Модар, имшаб баъди ин қадар хаёлу бехобӣ ва азобу мӯйшикофӣ дар тавлиди шеъри “Марги Модар” ранҷу машаққати туро дарк кардам ва фаҳмидам, ки ту офаридгори ҳаётӣ! Худованд дунёро ба хотири ту офаридааст ва онро барои зиндагии осудаи фарзандонат болои дастонат нигоҳ доштаӣ. Ҳашт боғи сабзу хуррами биҳиштро, ки маъвои абадии фарзандони накӯкорат аст, зери қудуми муборакат гузоштааст. Заминро дар қудуми шарифат пойандоз ва осмонро соябони сарат кардааст. Хуршедро болои сарат маъво додааст, ки рӯзгоратро нуру зиё бахшад. Гаҳворае, ки дар он тифлатро ба воя расонидӣ, суруди «алла»-ро хонди аввалин дабистони зиндагии ман аст. Аз ҳамин даргоҳ оғоз шуд зиндагии ман.

Субҳи деҳа медамад. Бисёр хастаам. Ранҷу азияти шаби танҳоӣ мадор аз пайкарам дур кардааст. Базӯр худро ба по медораму роҳ сӯйи мазорат пеш мегирам. Ин лаҳза хуршеди меҳрубон дар оғӯши абрҳои баҳорӣ нопадид аст. Абрҳо болои сарам чун ҳамдарду ғамшарик то мазори ту ашкрезӣ мекунанд. Ва ман сари турбати гулпӯши ту қарор мегирам!

 

Бар мазорат Модари ҷон, рӯзи борон омадам,

Бо дили лабрези дарду чашми гирён омадам.

Чун маризи мубталои дарду доғи бекасӣ,

Баҳри таскини дилу умеди дармон омадам.

 

Дар сари қабрат шукуфон гашта лоламашъалон,

Чун дилам дар шоми ҳиҷронат зи ашки осмон.

Водии дилгири хомӯшон дигаргун кардаанд

Лоламашъалҳои худрӯи ҳазини арғувон.

 

Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин.

Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин,

Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…

Модар, ту беҳамтоӣ!

 Забону қалам қудрати васф кардани бузургиатро надоранд. То вақти бо ту будан рӯзгори беғашу беғам доштам. Фақат баъди маргат донистам, ки зиндагӣ сарои пур аз тазод будааст. Дар муқобили хурсандию умед ва бурду барор ғаму навмедӣ ва бохту нокомӣ будааст. Бераҳмии тақдир оқибат ҷонамро фигору ниҳоли қоматамро хам кард. Гумон мекардам, ки ғуссаи бемодарӣ дигар имкону иҷозаи зистанам нахоҳад дод, вале, «банда сарсахт аст» гуфтани бибиам рост будааст. Намурдам. Ғаматро хӯрдаву мурда-мурда зиндагӣ кардам. Марги ту, ғаму дарди ту оқибат маро шоир кард. Рӯҳат шод бод Модар!!!

Валиҷон Баёнӣ, 

шоир ва рӯзноманигор.

Шумо дар Фарҳанг
саҳ 8 аз 34

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.