.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 08 Август 2018 - || ФАРАЖ

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як ҷинояти авбошиеро ошкор ва нафарони гумонбарро дастгир кардаанд, ки мехостанд бо роҳи ҷиноят муносибат ва додугирифти пулии як нафарро ба қавле «ҳал» кунанд.

Тибқи маълумоти тафтишотӣ шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддин Ҳукматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, барои рӯёнида гирифтани маблағҳои қарзияш, ки дар дасти шаҳрванд Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе будааст, бо охирин баҳсу мунозира кардааст.

Раҷабов Р.Б. барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз роҳи мусолиҳатомез кор нагирифта, рафиқони худро, ки гӯё дар ҷомеа барои рӯёнида додани маблағҳои қарзӣ, ё бо дигар роҳ ҳал намудани он нуфузи ҷиноӣ доранд, ҷалб намудааст.

27-уми июли соли ҷорӣ номбурда ба воситаи шаҳрванд Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, бо мақсади бо роҳи ҷиноят ҳал кардани муносибати молиявии зикргардида, ки намехост маблағи қарзияшро баргардонад, шаҳрванд Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанберо ба ин кор вобаста кардааст.

Дар навбати худ Давлатов Айём бо ҳамроҳии шаҳрванд Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва дигар ҳаммаслаконаш ба кӯчаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ Юсупов Ҳ.-ро даъват кардаанд. Онҳо ҳангоми гуфтугӯ бо ҳамдигар муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Ҳамзамон шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддинро барои маблағи пулиашро пурсиданаш ва дар охир Раҷабов Р. ва дигаронро таҳқир намуданаш зери латукӯб қарор дода, бо корд ӯро захмӣ кардаанд.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳамчунин, гуноҳи Юсупов Ҳ.-ро барои таҳқир намудани Раҷабов Р. муайян намуда, барои ҷуброни гуноҳаш маблағи пулие, ки бояд Раҷабов Р. ба ӯ ҳамон лаҳза медод онро аз дасти Юсупов Ҳ. гирифта, байни худашон тақсим мекардаанд.

Дар натиҷа кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ гумонбарони ин ҳодисаи ҷиноятиро муайян ва дастгир намуда, сабабу омилҳои ба ин ҷинояти вазнини хусусияти хавфноки ҷамъиятидошта даст задани онҳоро муайян намуданд.

Айни ҳол нисбати гумонбаршудагон Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Возеҳ, Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон, Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, деҳаи Деҳлоло, Юсупов Ҳамоидддин Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар бо моддаи 237 қисми 2 ва 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршавадаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Илова бар ин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни дигари ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома дорад.

Шумо дар Хабари рӯз

Суди вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳукми мудири пешин ва кормандони ятимхонаи рақами 1-ро дар шаҳри Марғелон эълон кард. Онҳо дар дуздии маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсии тарбиятгирандагон айбдор мешуданд. Муҳокимаи парвандаи онҳо 7-уми август ҷамъбаст шуд.

Камол Яқубов, мудири пешин ва муовиниаш Собирҷон Усмонов бо моддаҳои “Хунукназарӣ”, “Дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ”, “Маҷбурсозии занон ба исқоти ҳамл” айбдор ва ба муддати чор сол зиндонӣ шуданд. Ба ҷуз ин, суд ҳашт корманди дигари ятимхонаро аз 3 то 3,6 сол зиндонӣ кард.

Хабар дода мешавад, ки мураббиён ва парасторон тарбиятгирандагони аз 3 то 7-соларо доим латту кӯб мекардаанд.

“Ба ҷуз ин, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки тарбиятгирандаи ноболиғ аз мураббӣ ҳомиладор шудааст. Дар натиҷа мураббӣ дар якҷоягӣ бо табиб тарбиятгирандаи ноболиғро маҷбур кардаанд, ки тифли батнашро исқот кунад”, - омадааст дар парванда.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти ятимхона дар ҳамоҳангӣ бо муҳосиб 167 миллион сӯми буҷаро аз худ кардаанд.

Шумо дар Хабари рӯз

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани боз як пизишк хабар дод, ки дар тақаллубкорӣ даст дошта, мехостааст бо гирифтани пора як сарбозро аз хидмати аскарӣ озод кунад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шудааст, ки Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар вазифаи муовини сардухтури беморхонаи ҳарбии шаҳри Бустони вилояти Суғд кор карда, бо роҳи фиреб ва суистифода аз мақоми хизматиаш ба боварии шаҳрванд "А" даромада, аз ӯ барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, маблағи 22 000 ҳазор сомонӣ талаб кардаааст. Ин пизишк гӯё сарбозро бемор баровада аз хидмати аскарӣ озиод мекардааст, аз ин рӯ аз вай 17 000 сомониро дар се ҳолат гирифта, боз 5 000 сомонӣ талаб кардааст.

31 майи соли 2018 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар дохили ошхонаи "Эҳрон", воқеъ шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович,   бо моддаи 247 кисми 4 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Шумо дар Хабари рӯз

Суди ноҳияи Рига шаҳрвандони Латвия Ғулом Муҳаммад ва ҳамсараш Ғуломова Валентина, инчунин Лариса Карпенкоро, ки 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 млн евро аз худ намудаанд, маҳкум кард.

Тибқи иттилои ВАО-и Латвия, суд гунаҳгор будани Ғуломовҳоро пурра исбот кардааст. Гуфта мешавад, гумонбарон дар соли 2012 ба ҷилавгарӣ даст зада будаанд ва ба ҳамин гуноҳ айбдор карда шудаанд. Суд Ғуломов Муҳаммадро ба 10 соли зиндон ва Валентина Ғуломоваро ба 7 соли зиндон, инчунин Лариса Карпенкоро 5 ба соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳамзамон, суд Ғуломов Муҳаммадро ӯҳдадор намудааст, ки ба тарафи муқобил бояд 9 млн.евро зарари расидаро барқарор намояд.

Бино ба иттилои ВАО-и Латвия, президенти кишвар Эмомали Раҳмон ба раҳбари Латвия Андриса Берзинша барои ҳамкорӣ нисбат ба қазияи гум шудани пахтаҳои Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Яке аз мушкилиҳои асосӣ ин аст, ки аз ширкатҳои тиҷорати пахта, аз ҷумла Тоҷикистон, дар минтақаҳои оффшорӣ зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ширкати “Реверс», ки пахтаҳои Точикистонро гум карда буд, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ҷазираҳои Панама амал мекунад. 

Шумо дар Слайд
саҳ 2 аз 3

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.