.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Бо ташаббуси  шаҳрдории Душанбе фардо,  соати 10.00, дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор  мегардад. Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада,  маҳорати таббохии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар доираи баргузории фестивали мазкур  намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории Фестивал муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палав  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Лоиҳаи ширкати Tcell дар бахши омӯзишу парвариш - «Форуми боз» тайи 3 соли ахир амалӣ мешавад. Ширкат тасмим дорад, ки дар наздиктарин фурсат баргузории форумҳоро на фақат дар Душанбеву Хуҷанд, балки дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ намояд. Сухангӯён ба дафтарҳои намояндагии Tcell дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рафта, ба мухотабон доир ба ин ё он масъалаи маорифу омӯзиш суҳбат хоҳанд кард.

“Форуми боз” аз Tcell – ин як майдон (платформа) барои табодули таҷриба миёни суханрон ва мухотабон аст. Ширкат дар форумҳои боз аз Тселл барои ҳама комилан ройгон аст:  хонандагони мактабҳо, устодони касби худ ва куллияи онҳое, ки чизеро омӯхтанӣ ҳастанд ва ё меомӯзонанд, дар нишастҳо иштирок менамоянд.

Аз моҳи июни соли 2015 ба ин сӯ беш аз 50 “Форуми боз” дар ширкат баргузор шудааст.  Сухангӯён бошанд аз бахшҳои гуногун: телекоммуникатсия, молия, тиҷорат, фарҳангу санъат, бозорёбӣ (маркетинг), равоншиносӣ, забоншиносӣ, суратгирӣ (аккосӣ), наворгирӣ ва ғайра дар ин ҷо ҳузур ёфтанд. 

Дар соли 2015 ин тарҳ бо он шурӯъ гардид, ки бархе аз кормандони ширкати Tcell дар назди ҳамкорони худ баромад карда, аз таҷриба ва ҷараёни кор, инчунин паҳлуҳои дигари фаъолияташон нақл намуданд. Бо гузашти чанд моҳ, майдони табодули таҷриба ва сухангӯён васеътар гардида, мураббиёну коршиносони дохиливу байналмилалӣ аз бахшҳои гуногун ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамин тавр, дар Tcell инҳо дар ҳамоишҳо ширкат ва суханронӣ доштанд: Алекс Лонг, масъули ширкати Google дар минтақаи Уқёнуси Ором, Сергей Долженков, равоншинос, мушовир оид ба созмони тавсеавӣ (рушд) аз Қирғизистон, Денис Баталин, коршиноси диҷитол-бозорёб (digital-маркетинг) ва тарғиби онлайни оҷонсии «Adconsult», Нона Маҷидӣ, муовини раиси шӯроҳои амрикоӣ оид ба омӯзиши байналмилалӣ, Лейла Амонгоссова, мутахассис дар тавсеаи бозорёбӣ, хадамот ва фурӯш аз Қазоқистон. 

Тайи соли равон (2018) бошад, Шараф Давлатов, сарвари American Space Dushanbe дар мавриди фаъолият ва дастовардҳои “Гӯшаи Амрико” дар Душанбе нақл карда, Карина Сафоева, мудир оид ба рушди ширкати «55 Group» дар бораи чӣ тавр муваффақ шудани духтарон дар Тоҷикистон аз дидгоҳу таҷрибаи шахсияш сӯҳбат доштанд. Кахрамон Бакозода, директори маркази таҳқиқотии «Зеркало» иштибоҳҳои асосиро дар фаъолияти тоҷирони навкор шарҳ дода, роҳи бурунрафтро аз мушкилро тавзеҳ дод. Лейла Амонгоссова бо мухотабон (аудитория) бозии тиҷоратиро роҳандозӣ карда, шаклгирии арзишҳоро барои коллектив ва кормандон бо мислоҳои мушаххас баён сохт.   Рустам Хоҷаев и Комил Раҷабов, намояндагони созмони Tajikistan Oracle User Group чигунагии вазъ ва рушди IT-технологияро ба иштирокчиён бозгӯ карданд.

Лоиҳаи «Форуми боз дар Tcell» дар миқёси байналмилалӣ низ қадрдонӣ ёфт: моҳҳои ноябр ва декабри соли 2016 тарҳи мазкур барандаи ду ҷоиза-  «Беҳтарин рӯйдоди омӯзишӣ»-и озмуни EACA (Event Awards Central Asia) ва «Беҳтарин тарҳи иҷтимоии омӯзишӣ»-и мукофоти Global Event Awards гардид. Маврид ба ёдоварист, «Форумҳои боз»-и Тселл дар байни 84 лоиҳа аз 11 мамлакат, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, беҳтарин яке аз беҳтаринҳо эътироф гардиданд.  

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар остонаи истиқбол аз иди Театри тоҷик дар муассисаи давлатии Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, бахшида ба 80-солагии ин даргоҳи ҳунар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

8 ноябр ҳунармандон ва дӯстдорони театр аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба ин боргоҳи ҳунар ташриф оварда, дар маросими истиқбол аз 80-умин солгарди таъсисёбии театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализода ширкат карданд.

Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода соли 1936 дар заминаи дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташкил ёфта, дар шакли дастаи худфаъолият амал мекунад. Аз соли 1987 ба номи театри мазҳака- мусиқӣ амал мекунад.  Барномаҳои нахустини театр аз суруду таронаҳои мардумӣ, рақсҳои дилошуби миллӣ ва асарҳои начандон калони драммавӣ иборат буд. Маҳсули аввалини ҳаҷман бузурги театр ин намоишномаи дуқисмаи «Дохунда» аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ буд.

Ба меҳмонони чорабинӣ дар саҳни театр порчаҳо аз намоишномаҳои маъруфе, ки дар давоми сол аз ҷониби ҳунарпешаҳои театр таҳия гардида буданд, нишон дода шуданд. Иҷрои рақсҳои мардуми Хатлон, Суғд ва Бадахшон аз ҷониби гурӯҳҳои рақсӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Ба табрики аҳли ҳунари ин боргоҳ,  махсусан вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, ба як қатор собиқадорон ва фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди театр ва ҳунари тоҷик нишони аълочии фарҳанг, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз шумори зиёди ситораҳои театр ва кинои кишвар аз қабили Лутфулло Далатзода, Қурбони Собир, Ортиқ Қодир ва дигарон ба табрики ҳамкасбони худ ба театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализода ташриф оварда, тӯҳфаҳо ва таманниёти худро тақдим намуданд.

Маросими таҷлили ҷашни 80-солагии театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо қироати шеърҳо ва таманниёти рангини меҳмонон то нимаи бегоҳ идома ёфт. Намоиши асари «Баҳори ваҳдат», ки бояд аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳри муттаҳидсозии халқ ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ нақл мекард, бинобар сабаби тӯлони давом кардани маросими тӯҳфасупорӣ ба саҳна гузошта нашуд.

Фараж

Шумо дар Хабари-рӯз

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.