.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 15 Ноябр 2018 - || ФАРАЖ

Суди Туркия ҳукмашро нисбати рӯзноманигори Wall Street Journal Айл Албайрак бекор кард. Дар ин бора худи рӯзноманигор дар твиттераш хабар додааст.

Моҳи октябри соли 2017 Албайракро барои таблиғи терроризм ду сол зиндонӣ карданд. Як гузориши ӯ дар соли 2015 дар бораи фаъолияти гуруҳи курдҳо дар ҷанубу шарқи Туркия боиси баҳси судӣ шуд.

Албайрак ҳам шаҳрванди Туркия ва ҳам Финландия аст. Аммо ӯ тавонист пеш аз шуруъи муҳокима ба ИМА фирор кунад ва дар озодӣ монад. Баъдтар рӯзноманигор ба суд шикоят бурд ва ҳукми зиндони ӯ бекор шуд.

Баъди табаддулоти нокоми Туркия дар соли 2016, президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон фаъолияти садҳо рӯзномаву рӯзноманигор ва бештар аз 30 телевизионро манъ кард. Дар тобистони соли ҷорӣ бештар аз 140 рӯзноманигор дар зиндонҳои Туркия адои ҷазо мекарданд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Клуби футболи “Истиқлол”, ки дар анҷоми чемпионати Тоҷикистон ғолиб омад, дар мавсими нав барои бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ- Лигаи чемпионҳо иштирок мекунад.

Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа чемпиони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ аввал бар клуби АГМК аз Ӯзбекистон ва баъдан дар марҳилаи плей-офф бар клуби “Ал-Наср” аз Арабистони Саудӣ ғолиб ояд.

Конфедератсияи футболи Осиё 14 ноябр, федератсияҳои миллиро дар бораи тартиби баргузории марҳилаи муқаддимотии мусобиқа бохабар сохтааст.

Чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми муқаддимотӣ бояд бо дастаи футболи “Ал-Муҳаррақ”-и Баҳрайн рақобат мекард, аммо бо сабаби аз талаботи литсензиядиҳӣ нагузаштани клуби футболи баҳрайнӣ, “Истиқлол” баромадашро аз марҳилаи дуюми муқаддимотӣ шурӯъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Истиқлол” барандаи Ҷоми Ӯзбекистон, клуби футболи АГМК мебошад. Бозӣ рӯзи 12 феврал дар шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар сурати ба комёбӣ расидан дар ин бозӣ, дастаи кишвари мо дар марҳилаи плей-оффи мусобиқа барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 19 феврал, дар сафар бо клуби футболи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ қувва меозмояд.

Дар ҳолати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 роҳ ёфтани “Истиқлол”, клуби футболи “Регар-ТадАЗ”, ки имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ меёбад. Дастаи футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ин мавсим ҷои сеюмро дар Лигаи олӣ ишғол кард, аз тартиби литсензиядиҳии бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиёро нагузаштааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар назар аст, раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов  бо сафари расмии чоррӯза ба Тоҷикистон ояд.

Ӯ аз 19-ум то 22-юми ноябр дар Тоҷикистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олї Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси МНМО Шукурҷон Зуҳуров дидору мулоқот хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ин муддат мавсуф барои боздид аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқили Талко», неругоҳи барқи обӣ ва обанбори Норак, китобхонаи шаҳри Норак, боғи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ роҳнамоӣ хоҳад шуд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  890 иншооти дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Тавре аз дафтари матбуотии Шаҳрдори Кӯлоб ба хабарнигори Фараж дар минтақа иттило доданд, соҳибкорони маҳаллӣ  ва  ашхоси саховатманди шаҳру деҳоти Кӯлоб ӯҳдадор гардидаанд то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 истиқбол мегардад  831 адад иншооот бунёд намоянд.

Зимни як ҷамъомад вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба соҳибкорон ва ашхоси саховатманд супориш додааст, то роҳу пулҳои солҳо рӯи таъмир надидаи деҳу шаҳри худро таъмир ва асфалтпӯш карда, иншооти маданию маишӣ бунёд намоянд. Гуфта мешавад имрӯзҳо барои амалӣ намудани ин мақсад корҳои созандагӣ дар ҷӯшу хуруш аст ва ҳама баҳри он талош доранд, ки иншооти оғозкардаи хешро дар мӯҳлати муқарраршуда сохта ба истифода диҳанд.

Дар акс тарҳи бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.