.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 09 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Бино ба иттилои хабарнигори Настоящее время, полиси Москва пас аз танаффуси тӯлонӣ боздошти муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа дар назди масҷидҳо дубора оғоз кардааст. Нахустин боздоштҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтаанд.

Кормандони полис муҳоҷиронро дар назди масҷидҳо боздошт ва ба шуъбаи полис интиқол медиҳанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин амали полиси Москва ғайриқонунӣ аст.

Яке аз дастгиршудаҳо бо номи Рустам гуфт, пас аз боздошт ба ӯ ҳеҷ санадеро барои имзо пешниҳод накарданд. Танҳо барои чанд соат дар автобусе нигаҳ дошта, пас аз гирифтани аксу нақши ангушт дар шуъбаи полис онҳоро раҳо карданд.

“Ба онҳо ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод кардам, вале гуфтанд, ки меравем дар пойгоҳи иттилоот месанҷем. Гуфтам, ҳоло вақти намоз аст, ба масҷид дер мекунам, гуфтанд, ки месанҷем ва раҳо мекунем. Дар дохили автобус ҳудуди 30 нафар будем”, - афзуд ӯ.

Боздошти дастаҷамии муҳоҷирон дар назди масҷидҳои шаҳри Москва чанд сол мешуд, сурат намегирифт. Кормандони полис дар асоси созиши Идораи мусулмонони Русия ва раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа боздошт намекарданд.

Ба назари ҳуқуқшиносон ин гуна санҷиши дастаҷамъии кормандони полис ғайриқонунӣ аст. “Боз доштан ва санҷиши ҳуҷҷати шахсе, ки амали шубҳанок надорад ва ба гумонбаре ҳам монанд нест, ғайриқонунӣ мебошад”, - мегӯяд вакили дифоъ Раҳмон Агайгелдиев.

Шумо дар Хабари-рӯз

«Муҳтарам Президент! Мо Шуморо аз номи парлумони касбии мамлакат,  ҳизбҳои он, гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонӣ хуш омадед мегӯем ва хушҳолем, ки Шумо дар Тоҷикистон худатонро дар хонаи худ ҳис карда истодаед»- гуфт имрӯз зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, ки бо сафари расмӣ дар ҷумҳурӣ қарор дорад.

Шукурҷон Зуҳуров фараҳмандияшро аз равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо  қаноатмандӣ изҳор намуда, гуфт онҳо пайваста ба самтҳои ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб густариш меёбанд, зеро Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳам равобити дӯстона ва қаробати таърихию фарҳангӣ доранд. -Ҳанӯз аз даврони қадим робитаи мардуми ду кишвар барқарор буд. Мардумони ду кишвар тайи ҳазорсолаҳо борҳо омезиш ёфта, ба бунёди тамаддунҳои нави пешрафта замина гузошта буданд. Ин муносибатҳои дӯстона, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва мулоқотҳояшон бо роҳбарони олимақоми ин кишвар, аз ҷумла бо шумо Ҷаноби Президент заминаи хуберо барои ҳамкориҳои оянда фароҳам оварданд. Имрӯз байни ҳукуматҳо ва вазорату идораҳои кишварҳоямон зиёда аз 60 санади меъёрию ҳуқуқӣ, созишномаҳову протоколҳо ба имзо расидаанд,  ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи моро таъмин менамоянд.Ҷаноби Президент! Сафари аввалини Шуморо ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон гоми нек меҳисобем ва ин сафар, тавре мо огаҳ ҳастем хеле сермаҳсул ва самаранок мебошад,- қайд кард Шукурҷон Зуҳуров.

«Мо ба Шумо аз номи Парлумон барои он кумакҳое, ки дар давоми солҳои охир ба Парлумон ва соҳаҳои гуногуни кишварамон расонидаед, ташаккур мегӯем. Ҳамкориҳои хуби Шуморо махсусан дар соҳаҳои ҳарбию-техникӣ  таъкид менамоем. Барқарорсозии сохтмони госпитали дӯстии Тоҷикистону- Ҳиндустон ва дигар иншоотҳои барои Тоҷикистон муҳим намунаи олии ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошанд”. 

-Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ҳамзамон таъкид менамоем, ки барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёр аст. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо ширкатҳое ҳастанд, ки ба тиҷорати соҳаи доруворӣ машғул ҳастанд. Сарзамини мо аз гиёҳҳои шифобахш хеле ғанӣ аст, вале мардуми мо ҳоло ҳам барои табобат ба Ҳиндустон мераванд. Тамоми дунё медонад, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи дорусозӣ таҷрибаи ҷаҳонӣ дорад ва имрӯз  қисми зиёди доҳруҳои Хиндустон дар Тоҷикистон  истифода мешавад. Хуб мешуд, ки мо дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки дорусозӣ бо иштироки дӯстони ҳиндустонӣ месохтем, зеро ин ба манфиати  ҳарду кишвар хоҳад буд,-таъкид намуд Раиси Парлумони кишвар.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки ҳануз соли 2015 байни парлумонҳои ду кишвари бо ҳам дӯст гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонӣ таъсис дода шуда буд. “Имрӯз дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави хамкорӣ бо парлумони Ҳиндустон ҳастем. Мо аз таҷрибаи бою ғании парлумони Ҳиндустон, ки собиқаи хеле тӯлонӣ дорад метавонем бо самар ба нафъи кишварҳоямон истифода барем».

-Ҷаноби Президент! Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ҳамчун як шахсияти барҷаста, сиёсатмадори шинохта мешиносанд. Шумо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар сиёсат, кумитаҳои парламент, шохаҳои судии Ҳиндустон солҳои зиёд ба нафъи давлату миллат ва ватанатон фаъолияти пурсамаре намудаед.   Фикр мекунам, мулоқот бо Шумо барои ман ва ҳамроҳонам  боиси ифтихору сарфарозист,- гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.  

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд дар навбати худ аз мулоқоташ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ  намуд. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар палатаи болои парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон 12 сол фаъолият намудааст, ки барояш боиси ифтихор аст.

-Ин барои ман ва ҳамкоронам таҷрибаи бузургӣ зиндагӣ буд. Парлумон ҷои муқаддас буда, ба мардум хизмат кардан, чӣ гуна ба мушкилоти мардум расиданро меомӯзонад,-гуфт Президенти Ҳиндустон, ҷаноби Рам Натҳ Ковинд.

Президент ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию-иқтисодиро хеле зарур донист. Ӯ қайд кард, ки “барои баланд бардоштани савдои ду кишвар шумораи парвози тайёраҳоро миёни кишварҳо афзун намудан лозим аст”.

Президенти Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд аз табиати зебои Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, он метавонад макони сайёҳони зиёди ҷаҳон гардад. “Мо бояд барои беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар ин соҳа чораҳои зарурӣ  андешем.  Дар солҳои наздик ман мутмаинам , ки ҳамкориҳои мо аз пештара дида густариш ва қавитар мегарданд”.

Шумо дар Хабари-рӯз
Сешанбе, 09 Октябр 2018 15:44

Тоҷикистон боз ба финал баромад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев дар даври нимфинали мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар Банғола ҷараён дорад, бар дастаи Филиппин пирӯз шуд.

Дар бозии даври аввали гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал пирӯз шуд (2:0) ва аз дастаи Фаластин мағлуб гардид (0:2). Бо ба даст овардани 3 имтиёз дастаи кишвари мо ба даври нимфинал роҳ ёфт ва имрӯз, 9-уми октябр, бо пешсафи гуруҳи дигар дастаи Филиппин майдондорӣ кард. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба охир расид. Голҳоро дар дақиқаи 32-юм Комрон Турсунов ва дар дақиқаи 97-ум (ба бозӣ 12 дақиқа илова карда шуд) Аҳтам Назаров заданд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали Ҷоми тиллоии Бангабанду роҳ ёфт. Дар финали ин мусобиқа футболбозони мо бо ғолиби вохӯрии нимфинали дигар - ҷуфти Банғола ва Фаластин рақобат мекунанд.

Мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup»

Филиппин – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Комрон Турсунов 32, Аҳтам Назаров 90+7.

Шумо дар Хабари-рӯз

Баҳриддини Сабур, продюсери, тоҷик баъди ғолиб омадани размкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Конор Макгрегор бо нашри як видео дар саҳифаи инстаграмаш аз фурухтани мошини худ хабар дод.

Ӯ аз ҷумла иброз дошт: “Ҳоло ки суолҳо дар мавриди хариду фурӯши мошин зиёд шудаанд, ба шумо мерасонам, ки мошини худро дар ҳақиқат фурӯхтам ва агар даҳ мошин ҳам медоштам, барои ин ғолибияти бузург хайр мекардам, маро ҳарфи дилу забонам як аст”.

Ӯ ҳамчунин илова намудааст: “Асоси хайр ин аст, ки бо дасти рост бидиҳӣ, дасти чапат нафаҳмад, вале агар барои шумо муҳим бошад, ман метавонам видеову акс гирифта дар саҳифаам гузорам, лекин сад дар сад одамоне пайдо мешаванд, ки  мегӯянд, ин ҳама худнамоӣ аст”.

Ин амали продюсери тоҷик дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз муҳорибаи ҳангомадори размкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор дар як видео дар саҳифаи инстаграм костюми худро, ки гӯё ҷуфти ҳамсони костюми Конор будааст, ҳамчун нишони эътироз ба бадрафтории варзишкори ирландӣ оташ зада, ваъда дода буд, ки дар сурати ғолиб омадани Ҳабиб мошини худро фурухта пули онро хайр хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амали ӯ истиқбол намуда таҳсину офарин гуфтаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.