.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 04 Октябр 2018 - || ФАРАЖ
Панҷшанбе, 04 Октябр 2018 14:37

Нархи тухми мурғ гарон шуд?

Истеҳсоли тухми мурғ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва дар баробари ин арзиши он низ боло рафтааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, истеҳсоли тухми мурғ аз сабаби фаъолияти хоҷагиҳои нави тузмпарварӣ ва барқарорсозии корхонаҳои пешинаи саноатӣ афзудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳашт моҳи соли равон дар кишвар зиёда аз 238,7 млн. тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 дарсад зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ аз рӯйи нақша 500 миллион тухм истеҳсол хоҳад шуд. Вазорати кишоварзӣ инчунин хабар дод, ки афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ (мурғи бройлер) афзоиш меёбад. Дар ин давра беш аз 7,8 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52% бештар аст.

Корхонаҳои нав, ки дар истеҳсоли гӯшти мурғ кор мекунанд, ба афзоиши истеҳсолот мусоидат мекунанд. Айни замон, дар кишвар 9 адад чунин корхона вуҷуд доранд.

Агар як моҳ қабл арзиши як қуттии картонин тухми мурғ (30 адад) қариб 21 сомонӣ (70 дирамӣ)-ро ташкил мекард, ҳоло ин ба 27 сомонӣ (90 дирам барои як адад) расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дар натиҷаи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гурӯҳи ҷавононро дастгир кардаанд, ки дар нимашабӣ даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Инҳо шаҳрвандон Раҷабзода Маҳдӣ, соли таваллудаш 1994, Хонов Анушервон, соли таваллудаш 1999, Зайниддинов Аминҷон, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ва Хуршед ном шахс, ки айни замон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор дорад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Муайян гардидааст, ки номбурдагон шаби 24-уми сентябри соли равон бо маслиҳати пешакӣ вориди дукони заргарии шаҳрванд Саидов Суҳайлӣ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногунро тасарруф кардаанд. Гумонбарони ин ҷиноят бо содир намудани ин кирдор ба соҳибмулк ба миқдори 105 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Айни замон нисбати ин гумонбарон бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар Аврупо вохӯриҳои даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳо баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» дар сафар аз дастаи русии ССКА мағлуб шуд, «Ливерпул»-и Инглис низ дар меҳмонӣ толиё) мағлуб гардид.

Вохӯриҳои дигар бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд:

Атлетико (Испониё) «Брюгге» (Белжик) - 3:1 (1:1), «Борусия Д» (Олмон) – «Монако» (Фаронса) - 3:0 (0:0), «ПСВ» (Ҳолланд) – «Интер» (Итолиё) - 1:2 (1:1), «Тоттенҳэм» (Инглис) – «Барселона» (Испониё) - 2:4 (0:2), "ПСЖ" (Фаронса) - "Срвена Звезда" (Серб) - 6:1 (4:0), «Наполӣ@ (Итолиё) – «Ливерпул» (Инглис) - 1:0 (0:0), "Локомотив" (Русия) - "Шалке" (Олмон) - 0:1 (0:0), «Порту» (Портуғол) – «Галатасарой» (Туркия) - 1:0 (0:0), "Рома" (Итолиё) – "Виктория" Пл (Чех) – 5:0 (2:0), ССКА (Русия) – "Реал" (Испониё) – 1:0 (1:0), "Байерн" (Олмон) - "Аякс" (Ҳолланд) - 1:1 (1:1), "АЕК" (Юнон) - "Бенфика" (Портуғол) - 2:3 (0:2), "Хоффенхайм" (Олмон) - "Манчестер Ситӣ" (Инглис) - 1:2 (1:1), "Лион" (Фаронса) - "Шахтёр Д" (Украина) - 2:2 (0:1), "Ювентус" (Итолиё) - "Янг Бойз" (Швейсария) - 3:0 (2:0), "Манчестер Юнайтед" (Инглис) - "Валенсия" (Испониё) - 0:0.

Шумо дар Хабари-рӯз
Панҷшанбе, 04 Октябр 2018 09:43

Вазъи ҳаво: Борону барф дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва дар баландии   3000 м рехтани барф дар назар аст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,       шамол аз самти ғарб 3-8    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15  ва рӯзона +27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат  пешгӯӣ шуда,  шабона дар бадандии 3000 м боридани барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0-5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.