.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Суғд: Паёми Президент ба суди вилоят дастур шуда бошад?

«Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамачонибаи адолати судиро талаб мекунад».

 Эмомалӣ Раҳмон

 

ТАЪРИХ

Бо ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд Ализода Эраҷ аз 25.09.2017 сол, №2-598/17 аризаи даъвогии Зокирова Д. Ҷ., истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ бинои 12, хонаи 40 нисбати ҷавобгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи бекор кардани Қарори Раиси шаҳр таҳти №409 аз 05.06.2015 сол “Оид ба иваз намудани мақсади истифодаи қитъаи замин аз истифодабарии қаҳвахонаи “Кафе Равшан” ва Гармхона” ба истифодаи бинои истиқоматии 9-ошёна воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ба масоҳати умумии 1109,8 метри мураббаъ, барои истифодаи бемуҳлат, лоиҳакашӣ ва сохтмон иҷозат додан” қонеъ карда шуда, санади мазкур беэътибор дониста шудааст.

Ҳамчунон, бо ҳамин ҳалномаи судӣ даъвои директори ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба ҷавобгарии Якубов Х. Ф., Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд дар бораи беэътибор донистани Иҷозат барои сохтмон №25 аз 29.05.2017 с. ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 27.07.2015 с. таҳти №2565 қаноатбахш карда шуда, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии мазкур ба номи ҷавобгар Якубов Х. Ф. беэътибор дониста шудаанд.

 

ҲАМА АЗ ЯК ТАН

Ҳалнома дар қисмати рад кардани талаботи даъвогии ЧДММ “Диёри Хуҷанд” нисбати МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дар бораи уҳдадор кардан ва оид ба вобаста намудани қитъаи замин, воқеъ дар щаҳри Хуҷанд, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ба масоҳати 1109 м.м. ба тариқи кассатсионӣ мавриди баҳс қарор дода нашудааст.

Бо Қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 28.11.2017 сол ҳалномаи суди зинаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии ҷавобгар Якубов Х. Ф. беқаноат мононда шудааст.

Бо таъиноти судяи Суди вилояти Суғд аз 27.02.2018 сол дар ирсоли парвандаи гражданӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шуда, шикояти назоратии Якубов Х. Ф. беқаноат гузошта шудааст. 

Дар раванди омодасозии шикояти назоратӣ нисбати санадҳои судии доир ба баҳси гражданӣ қабулгардида ҳолатҳои ҷиддие ошкор гардиданд, ки дар ҳамин асос ҷавобгар Якубов Ф. Х. барои аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25.09.2017 сол ба суди зинаи якум муроҷиат намудааст.

Новобаста аз тарафи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва ҳамҷавобгар Якубов Х. Ф. бо дастрасии моддаи 18-и КМГ ҶТ муроҷиат оид ба раддия, яъне иваз кардани судя Ализода Эраҷ дода шуд, ба инобат гирифта нашудааст. Бо таъиноти судяи Суди шаҳри Хуҷанд Ализода Эраҷ аз 12.06.2018 сол аризаи намояндаи ваколатдори Якубов Х. Ф. - Ашуров Б. Н. «Дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи эътибори конунӣ пайдокардаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 29.09.2017 сол» рад карда шудааст.  Нисбати таъиноти мазкур бо тартиби кассатсионӣ шикояти хусусӣ оварда нашудааст. 

Далелҳо: Пас аз таҳлили ҳолатҳои баҳси гражданӣ ба хулоса омаданд, ки таъиноти суди марҳилаи аввал ғайриҳуқуқӣ мебошад ва нисбати он шикояти назоратӣ бо асосҳои зерин пешниҳод намоянд.

Чунончи аз матни таъиноти судӣ бармеояд, суди зинаи якум иддао овардааст, ки гӯё Якубов Х. Ф. чун аризадиҳанда дар аризааш ягон ҳолати нав ошкоргардидаро, ки боиси аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25.09.2017 сол мегардад, дарҷ накарда бошад. Бо чунин мулоҳизаронии таъиноти судӣ қатъиян розӣ шудан мумкин нест. Дар аризаи ба суд пешниҳодгардидаи ҷавобгар Якубов Х. Ф. ба таври мушаххас нишон дода шудааст. 

Алалхусус, даъвогар Зокирова Дилором дар аризаи даъвогиаш нисбати МИҲД-и шаҳри Хуҷанд оид ба бекор кардани Қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №409 аз 05.06.2015 сол ваҷҳ оварда буд, ки ҳамчун яке аз истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ ва З. С. Раҷабовҳо бо ширкати сохтмонии ҶДММ «Диёри Хуҷанд» шартнома оид ба фаъолияти шарикӣ дар сохтмони хонаи бисёрҳуҷрагӣ бастааст. 

Дар давраи баррасии парвандаи гражданӣ дар суди марҳилаи якум ҷавобгар Якубов Х. дар изҳори норозигӣ зикр карда буданд, ки даъвогар Зокирова Д. аз рӯи баҳси мазкур субъекти даъво шуда наметавонад, зеро охирон сокини кӯчаи И. Сомонӣ, бинои 12, ҳуҷраи 40 мебошад ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №409 аз 5.06.2015 сол оид ба Якубов Х. Ф. бо ҳуқуқи ба даст овардани хонаи нав ба ҷои бинои бартарафшавандаи зиндагӣ мекарда, дар кӯчаи И. Сомонӣ ягон дахле надорад ва ҳуқуқҳои манзилии ӯро поймол намекунад.

Барои санҷиши асоснокии масъалаи мазкур намояндаи ваколатдори ҷавобгар Якубов Х. - Ашӯров Б. Н. дар раванди мурофиаи судӣ борҳо аз даъвогарон Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ «Диёри Хуҷанд» дархост намуда буданд, ки нусхаи (созишномаи) оид ба фаъолияти шарикӣ дар сохтмони хонаи бисёрҳуҷрагӣ барои таҳлилу омӯзиш ба суди зинаи якум пешниҳод намоянд. Аммо даъвогарон Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ «Диёри Хуҷанд» бе ягон сабаби узрнок нусхаи созишномаи зикргаштаро ба суд ва ба намояндаи ҷавобгар Якубов Ф. дастрас накардаанд.

Танҳо дар раванди омодасозии маводҳои шикояти назоратӣ ба ихтиёри ҷавобгар Якубов Х. Ф. нусхаи Созишномаи байни ҶДММ «Диёри Хуҷанд» ва Зокирова Д. Ҷ. оид ба фаъолияти ғайрисоҳибкории шарикӣ дар сохтмони хонаи бисёрҳуҷрагӣ аз 22.12.2015 сол аз мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дар асоси дархост дастрас гардидааст.

Таҳлили ҳуҷҷат собит менамояд, ки матлаби созишнома ин сохтмони хонаи бисёрошёна дар кӯчаи И. Сомонӣ (Аэлита - суроғаи сохтмонӣ) аз тарафи ҶДММ «Диёри Хуҷанд» мебошад ва шаҳрванд Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ «Диёри Хуҷанд» мавриди баҳс қарор додани санадҳои МИҲД-и шаҳри Хуҷандро, сертификату иҷозатнома ба сохтмонро вобаста ба лоиҳаи сохтмонии Якубов Х. Ф. дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо надоранд.

Инчунин, пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25.09.2017 сол ба унвони ҷавобгар Якубов Х. Ф. санаи 02.03.2018 сол аз МИҲД-и вилояти Суғд боз нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии вобаста ба лоиҳаи кории «Бинои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ, воқеъ дар хиёбони И. Сомонӣ, ш. Хуҷанд» фармоишгар ҶДММ «Диёри Хуҷанд», аз он ҷумла хулосаи экспертизаи экологӣ аз 9.10.2015 сол, хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ №557/15Э9681 аз 28.12.2015 сол, Иҷозат барои сохтмон №05 аз 09.02.2016 сол аз Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва Нақшаи муфассали ҷойгиршавии банақшагирии лоиҳа (ПДП) мутобиқ ба нақшаи генералӣ дастрас гаштааст.

Аз мазмуни ҳамин ҳуҷҷатҳо бараъло дида мешавад, ки ба фармоишгар ҶДММ «Диёри Хуҷанд» барои бунёди бинои баландошёна бо маркази савдо танҳо дар хиёбони И. Сомонӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор дар масоҳати 656,0 м.м. иҷозат дода шудаасту халос.

Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кӯчаи З. С. Раҷабовҳо дар ҳудуди минтақаи собиқ «Кафе Равшан» ширкати «Диёри Хуҷанд» ягон санади ҳуқуқмуайянкунанда надорад. Ғайр аз ин, дар ҳуҷҷатҳои мазкур оид ба татбиқи лоиҳаи ангоравии даврашакли ҶДММ «Диёри Хуҷанд» ягон сухане намеравад. 

Ҳамчунон, баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25.09.2017 сол оид ба беэътибор донистани Қарори Раиси шаҳр таҳти №409 аз 5.06.2015 сол, Иҷозат барои сохтмон №25 аз 29.05.2015 сол ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба номи ҷавобгар Якубов Х. Ф. охирон ба унвони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи расмӣ бо замимаи ҳамаи қарордодҳои судии доир ба баҳс қабулшуда ва ҳуҷҷатҳои дахлдор муроҷиат карда буданд.

Мақомоти марказии меъморию сохтмонии мамлакат бо мактуби худ аз 19.02.2018 сол таҳти №2/365 ба Якубов Х.Ф. хабари расмӣ дод, ки аз ҷониби ин ашхос сохтмони бинои истиқоматӣ дар заминаи иншооти «Кафе Равшан» ва «Гармхона», воқеъ дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо №№102/1 ва 98 «а», «б» дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд бо риояи талаботҳои амалкунандаи соҳа ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, ҳамзамон лоиҳаи корӣ таҳия ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шудааст.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки ҳамаи хуҷҷатҳои дар боло номбаршуда фақат баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 25.09.2017 сол дастраси мо гардидаанд ва дар ҷаласаи суди зинаи якум моҳи сентябри соли 2017 предмети тадқиқоти мурофиаи гражданӣ нашудаанд.

Ногуфта намонад, ки ғайр аз далелҳои дар боло зикршуда, дар ҷаласаи суди зинаи якум боз даҳҳо далелҳои ҷиддӣ нишон дода шуда буд, вале афсӯс, аз тарафи судяи Суди шаҳри Хуҷанд Ализода Эраҷ ба инобат гирифта нашуд.

 

АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Таъкид ва гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар саҳмгузории соҳибкор Якубов Х. Ф. дида мешавад:

- Объекти ҷашнӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

- Ободии маҳал ва зебогии як гӯшаи диёр.

- Эҷод ва таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории доимӣ.

- Таъсис ва эҷоди беш аз 10 корхона.

- Даромади андоз аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат.

Афсӯс, ки беш аз ду сол боз масъалаи сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ҳалли худро наёфтааст.

 

АДОЛАТ

Бо ваҷҳҳои таъиноти суди зинаи якум бобати он, ки масъалаи даъвогар Зокирова Д. Ҷ. ва ҶДММ «Диёри Хуҷанд» субъекти мавриди баҳс қарор додани лоиҳаи сохтмонии Якубов Ф. Х. дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо набудан, дар саҳифаҳои лозимаи ҳалнома хулосабарорӣ карда шудааст, асос барои рад кардани аризаи Якубов Х. Ф. дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида шуда наметавонад. Зеро, бори дигар таъкид менамоем, ки номгӯи ҳуҷҷатҳои иловагӣ вобаста ба мавзуи баҳс ба унвони Якубов Ф. Х. танҳо дар марҳилаи омодасозии шикояти назоратӣ дастрас гардид ва он кас чун иштирокчии парвандаи гражданӣ такя ба ҳуқуқҳои мурофиавиашон зарур шумориданд, ки ба суди марҳилаи якум аризаро оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида ва аз сари нав баррасӣ кардани парвандаи гражданӣ тибқи қонунгузорӣ пешниҳод намоянд.

Мо аз марҳилаи назоратии Суди вилояти Суғд умед дорем, ки доир ба ин қазияи баҳси гражданӣ санади қонуниву адолатнок бароварда мешавад.

 

“ФАРАЖ”

 

P.S. Ба мушкил печидани иҷрои кори сохтмонӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд аҷиб аст, бинобар ин, “Фараж» тасмим гирифтааст таҳқиқи мӯшикофонаи ин баҳси судиро дар оянда низ пайгирӣ намояд.

Хонданд 183

Дарду доғҳои Дашти Қозӣ

Янв 05, 2019
Хонданд: 1116
Дарду доғҳои Дашти Қозӣ

Ба таваҷҷуҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид

Ба таваҷҷуҳи Прокурори вилояти Суғд, муҳтарам Воҳидов Ҳабибулло

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд карданд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи на танҳо кормандони мақомоти масъул аст, балки дастгирӣ ва мадади ҳар як шаҳрванд лозим аст, то ин зуҳуроти манфиро дар ҷомеа решакан намоем.

Ҳамчун як шаҳрванд ман дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии сардори хоҷагии Ҷамоли Гулбой, деҳаи Дашти Қозӣ, ҷамоати деҳоти Ёрӣ, шаҳри Панҷакент ба прокуратураи шаҳр ва сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намуда будам. Прокуратура аризаи маро барои тафтиш ба РАНДММК-и шаҳри Панҷакент фиристодааст. 29-уми декабри соли 2018 ман ҷавоби аризаамро гирифтам, ки кушодани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи сардори хоҷагии Ҷамоли Гулбой - Камолов Ҷовид рад карда шудааст. Ман аз натиҷаи тафтишот розӣ нестам, чунки муфаттишони коррупсияро фиреб додаанд. Исботу далелҳо чунинанд:

1. Камолав Ҷовид баъди вафоти амакаш Ҷамолов Наҷмиддин баҳори соли 2015 худро сардори хоҷагӣ эълон кард. Маҷлиси интихоботии хоҷагии деҳқонӣ гузаронида нашудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба таври қалбакӣ тайёр карда шуданд.

2. Соли 2017 Камолов ба ду нафар сокинони деҳа, ба Савриев Набӣ ба андозаи 0,06 га ба маблағӣ 6000$ (доллар), ба Баҳриев Меҳрдот ба андозаи 0,08 га ба маблағи 8000$ (доллар) аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии Ҷамоли Гулбой, ки зӯран соҳибӣ карда буд, фурӯхтааст. Исботи он дар сабти навори видеоӣ ҷой дорад.

Ман навори видеоиро 16-уми декабр ба идораи РАНДММК супорида будам, вале онро муфаттишон ба инобат нагирифтаанд, ки сабабаш номаълум аст.

3. Дар давоми солҳои 2017-2018 заминхарон - Баҳриев Меҳрдот ва Савриев Набӣ дар заминҳои харидаашон ду бинои истиқоматӣ - яке дуошёна ва дигаре сохтмонаш ба охир нарасида, сохтаанд. Вақте ки кормандони тафтишот аз раиси кумитаи маҳалла Исмоилов Қамар мепурсанд, ӯ баёнот медиҳад, ки ин биноҳо аз Комолов Ҷовид мебошанд ва ҷиноятро рӯйпӯш мекунад. Чи тавр росташро гӯяд, охир Исмоилов язнаи Ҷовид аст?! “Офтобро бо доман пӯшонида намешавад!”. Тамоми деҳа медонанд, ки он биноҳо ба киҳо тааллуқ доранд. Ин гуна шахси дурӯғгӯй ва фиребгар дар вазифаи раиси маҳалла то кай кор мекарда бошад?! Шояд баъди ба анҷом расидани тафтишот Исмоилов Қ. “чун даллол” ва ”нотариус” биноҳоро ба Баҳриев М. ва Савриев Н. “фурӯшад”.

3-юми декабр ду нафар кормандони агентӣ ба деҳа омада, аз Камолов Ҷ. талаб карданд, ки якчанд нафар аъзои хоҷагии деҳқониро даъват намояд, то баёнот гиранд. Камолов Ҷ. дарҳол якчанд нафар хешу таборони “заминхарон”-ро ҷамъ карда, пешакӣ “гапро пазонда”, онҳоро ба назди муфаттишон бурд. Инҳо мӯйсафеди 82-сола Баҳриев Даврон - бобои Баҳриев Меҳрдот, ки ба хоки Каъба пой монда омадааст ва рӯирост дурӯғ гуфта, изҳор намуд, ки “маҷлиси интихоботӣ” барпо шудааст ва Камоловро ба сардорӣ ӯ пешниҳод намудааст.

Савриев Кӯчмурод - тағои Меҳрдот ва амаки Савриев Набӣ буда, омӯзгоре, ки 50 соли умрашро ба тарбияи фарзандони халқ сарф кардааст, баёноти қалбакӣ дод.

Савриев Ҷобир - тағои Меҳрдот ва амаки Набӣ низ чунин баёнот додааст.

Бердиев Раҷаб ва Каримов Ҳаким - хушомадгӯёни Камолов Ҷовид буда, онҳо низ баёноти қалбакӣ додаанд.

Вале кормандони РАНДММК аз онҳо напурсиданд, ки маҷлиси интихоботӣ кай ва дар куҷо барпо шудааст. Ҳамин тавр, баёнотҳои бардурӯғро гирифтанду рафтанд.

4. Шарҳи навор: Ман навори телефониро ба диск баргардонида, 16-уми декабр онро ба навбатдори Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Панҷакент супоридам. Дар навор яке аз “заминхарон” Савриев Набӣ, ки дар тан жемпери сиёҳ-сафед дорад, дар як суҳбати маҳрамона бо рафиқонаш ҳамаи қиссаҳои заминфурӯшии Ҷовид Камоловро ошкор мекунад. Чаро кормандони Раёсати Агентии мубориза бо коррупсияи шаҳри Панҷакент ин наворро ба инобат нагирифтаанд, ҳайронам. Дар навор Баҳриев Баҳром номбар карда мешавад, ки бо 8000$ (доллар) аз Камолов Ҷ. 0,08 га замин харидааст, ки ӯ падари Баҳриев Меҳрдот мебошад.

Ҳамин тавр, сардори хоҷагии интихобнашуда - “самозванетс” Камолов Ҷовид муфаттишони агентиро бо хешу таборонаш фиреб дод ва аз об хушк баромад. Шояд мақомоти болоӣ сару калобаи ин чигилро ин дафъа кушоянд!?

 

Ато КАРИМ (Ниёзов),

сокини деҳаи Дашти Қозӣ, ҷ/д Ёрӣ, ш. Панҷакент

Хонданд 1116
28 соли зиндон барои куштори содирнакарда

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Юсуф Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Сулаймон Султонзода

Муҳтарам Пешвои миллат, ба Шумо чун ба умеди охиринам муроҷиат менамоям.

Ман падари як маҳбусе мебошам, ки беасос ва ғайриқонунӣ ба 28 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Воқеа чунин рух додааст: Писари ман Ҳасанов Файзалӣ бо як зани рус Падукова Т. муддати чанд сол ҳамзистӣ дошт. Шоми 11-уми феврали соли 2017 тахминан соати 17:00-17:30 писарам ба хонаи Падукова Т. рафта, дар он ҷо чун ҳарвақта хӯроки шом хӯрда, хоб меравад. Дар ин вақт, тахминан соати 22:00 Падукова Т. бо ҳамроҳии модараш Белетская Л. нӯшидани машруботи спиртиро давом медиҳанд. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир Падукова Т. бо модараш Белетская Л. мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол карда, бо якдигар ҷангу ҷанҷол мекардаанд, ки инро ҳамсояҳояшон низ тасдиқ менамоянд. Дар ин рӯз низ баъди истеъмоли машруботи спиртӣ модару духтар бо якдигар ҷанҷол бардоштаанд. Писари ман тахминан соати 03:15 дақиқаи нимашабӣ бедор шуда, мехоҳад ҳоҷатхона равад. Ҳамин вақт дар хонаи дуюм ҷасадҳои ба хун оғӯштаи Падукова Т. ва модарашро мебинад. Азбаски писари ман ҳеҷ гоҳ чунин ҳолатро надида буд, метарсад ва фикр мекунад, ки агар ба мақомоти милиса хабар диҳад, гумонбари асосӣ дар куштор худаш мегардад. Аз ин хотир, дар тарсу ҳарос афтода, қарор медиҳад, ки ҷои ҳодисаро тарк кунад. Писарам пеш аз тарк кардани хона телефони Белетская Л., тамғаи «Самсунг»-ро, ки худаш ба ӯ туҳфа карда будааст, мегирад ва 2 симкорташро дар ҷои ҳодиса мепартояд.

Аз миён як моҳ мегузарад. Моҳи марти соли 2017 ҷасади Падукова Т. ва модарашро кормандони милиса аз хона пайдо мекунанд. Гумонбарони аввал дар марги ин ду зан Макаров О., домоди Белетская Л., Гулов Ё., - як таксист, ки бо Белетская Л. ҳамзистӣ доштааст ва Нуриддини Муродалӣ, шавҳари набераи Белетская Л. - Макарова А. мегарданд. Кормандони милиса Гулов Ё.-ро таҳти азобу шиканҷа қарор дода, аз ҷумла, ба олоти мардиаш қувваи барқ мемонанд ва ӯ ба азобу шиканҷа тоқат накарда, куштори Белетская Л. ва духтарашро ба гардан мегирад. Барои Нуриддини Муродалӣ бошад, ҳангоми дар ШКВД-1-и ноҳияи Сино қарор доштанаш, ду маротиба ёрии тиббӣ расонида мешавад. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Нуриддини Муродалӣ низ зери азобу шиканҷа қарор гирифта будааст.

Баъди се рӯз писари ман дастгир мешавад. Ӯ низ аз тарафи кормандони милиса ба азобу шиканҷа дучор мешавад. Писарамро чунон латукӯб мекунанд, ки пардаи гӯшаш мекафад. Ба бадани Файзалӣ қувваи барқ мемонанд, ӯро луч карда, таҳдид мекунанд, ки агар нишондоди худиқрорӣ надиҳад, таҷовузаш мекунанд. Писарам барои номуси худро нигоҳ доштан маҷбур мешавад гуноҳи накардаро ба гардан гирад.

Пас аз он, ки писари ман нишондоди худиқрорӣ медиҳад, гумонбарон Гулов Ё., Макров О., Нуриддинов М. ҷавоб дода мешаванд.

Баъд аз ин тамоми далелҳо нисбати Ҳасанов Файзалӣ равона карда мешаванд ва тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судӣ яктарафа ва ноадолатона сурат мегиранд.

Ман дар мактуби худ наметавонам тамоми камбудиҳои тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судиро нисбати писарам бинависам, аммо бояд баъзе хатоҳои ҷиддиро ошкор намоям.

1. Дар фикри айбдоркунӣ гуфта шудааст, ки писари ман ду телефони мобилии мутааллиқ ба Падукова Т. ва модарашро гирифта, 4-то симкортҳои онҳоро бароварда, дар ҷои ҳодиса партофтааст. Як телефонро дар роҳ партофта, дуюмашро ба падараш додааст. Аммо дар мурофиаи судӣ шоҳидон - кормандони милиса гуфтанд, гӯё ду телефон ва 4-то симкортро, ки ба Падукова Т. ва модараш тааллуқ доштаанд, аз дасти ман гирифта бошанд. Ҳол он ки, аз дасти ман ягон телефон ва симкорт гирифта нашудааст. Пас, кӣ дурӯғ мегӯяд, муфаттиш ё кормандони милиса?!

2. Дар фикри айбдоркунӣ гуфта шудааст, ки гӯё писари ман ба ғазаб омада, бо корди хоҷагии дар зери подставкаи телевизори хуҷраи хоб буда ба қисмати пеши бадан, шикам ва кундаи синаи Падукова Т. якчанд маротиба задааст, ки охирин бо садои баланд дод зада, аз ҳуҷраи хоб ба хонаи дигар гузашта, ба курсӣ нишастааст. Модараш Белетская Л. садои ӯро шунида, бо чизе аз қафо ба тахтапушти писари ман задааст, ки аз ин зарба писарам ба замин афтидааст. Гӯё Файзалӣ аз ҷой хеста, бо ҳамон корд Белетская Л.-ро низ якчанд маротиба задааст, ки охирин ба замин афтидааст. Пас аз ин, боз чанд маротибаи дигар ба пушти охирон бо корд задааст, ки нӯги корд қат шудааст. Дар маҷмуъ, гӯё аз ҷониби писари ман Ҳасанов Файзалӣ ба Падукова Т. 26 корд ва ба Белетская Л. 28 корд зада шудааст. Бо ин иттиҳоми ноҷавонмардона муфаттишон аз писари ман як ҷаллоди гузаро сохтаанд. Аммо ман писарамро хуб мешиносам, ӯ ҳатто мурғро кушта наметавонад. Ман ба ин сад дар сад бовар дорам. Аз ин рӯ, то ҷон дар бадан дорам, барои бегуноҳии писарам талош хоҳам кард.

3. Судяи Суди шаҳри Душанбе дар ҳукми судӣ овардааст, ки тибқи хулосаи физико-техникӣ таҳти №46 аз 02.05.2017 нуқсонҳои дар бадани Падукова Т. ва Белетская Л. дарёфтгардида ҷароҳатҳои халандаву буранда буда, аз таъсири ҷисмҳои халандаву бурандаи ба корд монанд, ки паҳмии теғаш то ҷои ғӯттазадааш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии теғаш 1,5 мм-ро ташкил медиҳанд, ба амал омадаанд. Ҷароҳатҳои дар либосҳо ва бадани маҳрумон Падукова Т. ва Белетская Л. мавҷудбуда аз таъсири теғи объектҳои №1 ва №2 ба экспертиза пешниҳодгардида имконпазир мебошад. Ин далолат аз он медиҳад, ки дар куштор ду корд истифода шудааст.

4. Дар варақи дигари ҳукми суд дарҷ шудааст, ки нишондоди шоҳидон дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, далелҳои ба даст оварда мавриди баҳодиҳӣ қарор дода шудаанд. «Судшаванда ба корди ошхонагии паҳмии теғаш на зиёда аз 25 мм ва ғафсии тегаш 1,5 мм ба бадани Падукова Т. 28 адад ва Белетская Л. 26 маротиба зарба задааст, ки номбурдагон аз зарбаҳои бо корд расонидаи судшаванда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд». Дар ин ҳолат судя ҳаракат кардааст нишон диҳад, ки дар куштор гӯё як адад корд истифода шуда бошад.

5. Мувофики ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №52 дар қисми хулосавӣ чунин навишта шудааст. “Ин ҷароҳатҳо аз таъсири олоти халандаву бурандаи ба корд монанд, ки теғаш аз як тараф тез карда шудааст ва то қисмати даромад 50 мм, бо назардошти дарозии теғи корд на камтар аз 65 мм ва паҳмии теғи он 2 мм-ро ташкил медиҳад, дар муддати кӯтоҳ пеш аз фарорасии марг ба вуҷуд омадаанд».

6. Мувофиқи ташхиси судӣ-тиббии №53, ин ҷароҳатҳо аз таъсири олоти халандаю бурандаи ба корд монанди теғаш аз як тараф тез карда шудаи то қисмати даромад на зиёда аз 50 мм дошта ва бо назардошти чуқурии захм дарозии теғи корд на камтар аз 65 мм ва паҳмии теғи он тахминан 2 мм-ро ташкил медиҳад.

Чи хеле, ки ман дар боло нишон додам, хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №52 ва №53 айнан аз як ҷумла иборатанд, ки хулосаи мазкур на дар фикри айбдоркунӣ нишон дода шудаасту на дар ҳукми суд.

Ногуфта намонад, ки баъди содир шудани куштор мерос ба ҳисоби миёна ду миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Аз назар дур нест, ки ҳамин ҳолати кор ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 11-уми августи соли 2017 таъсири ҷиддӣ расонида бошад.

Инчунин, бояд қайд кард, ки агар ба одами солим якчанд маротиба бо корд бо ғазаб ба шикамаш занӣ, чи тавр вай метавонад овози баланд барорад ва аз як хона ба хонаи дигар равад?! Ба фикри ман, агар дар ҳақиқат писари ман Падукова Т.-ро якчанд корд бо ғазаб ба шикамаш мезад, он гоҳ Падукова Т. на танхо ба хонаи дигар рафта наметавонист, балки бо садои баланд дод гуфта ҳам наметавонист.

Бояд гуфт, ки писари ман аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. ягон фоида ба даст наовардааст. Баръакс, аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. домоди Белетская Л. - Макаров О., ки соли 2004 аз рӯи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд ва баъди 12 соли зиндон, 3-юми сентябри соли 2016 ба озодӣ баромада буд, инчунин, набераи Белетская Л. - Макарова А., ки духтари Макаров О. мебошад, манфиат ба даст оварданд. Бояд қайд кард, ки пас аз 6 рӯзи ба озодӣ баромадани Макаров О. ҳамсари ӯ Макарова Л. бо сабабҳои номаълум вафот мекунад. Пас аз ин ҳодиса, дар хонаи Белетская Л., яке аз шиносҳои ӯ, ки дар хонааш меҳмон буд, бо сабабҳои номаълум мефавтад. Инак, Белетская Л. ва духтараш Падукова Т. кушта шуданд. Магар ин ҳодисаҳо тасодуфиянд, ки дар муддати 4 моҳ аз хонаи Белетская Л. пай дар пай 4 ҷасад бароварда шудааст?! Белетская Л. соҳиби як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе, ду манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва як манзили истиқоматӣ дар Қирғизистон буд, ки баъди марги вай ин манзилҳо ба меросхӯрон монданд. Белетская Л. соҳиби ду духтар - Падукова Т. ва Макарова Л. буд. Падукова Т. шавҳар ва фарзанд надошт. Макарова Л. бошад, шавҳар дошту як фарзанд. Макарова Л. вафот кард, Падукова Т. ва Белетская Л. кушта шуданд, ҳамин тавр, меросхӯрони ягона Макаров О. ва духтараш Макарова А. боқӣ монданд. Ин маънои онро дорад, ки маҳз Макаров О. ва духтараш Макарова А. аз куштори Падукова Т. ва Белетская Л. фоида ба даст меоранд. Тасдиқи ин гуфтаҳо он аст, ки Белетская Л. вақтҳои охир бо домодаш Макаров О. ва наберааш Макарова А. ҷангу ҷанҷол карда, онҳоро аз хонаи худ меронад. Баъди баромадани ҳукми писари ман, Макаров О. духтараш Макарова А.-ро аз шавҳараш ҷудо карда, ӯро ҳамроҳаш ба шаҳри Хуҷанд бурд. Шавҳари Макарова А. - Нуриддини Муродалӣ ду маротиба ба шаҳри Хуҷанд рафта, бо Макаров О. вохӯрӣ намудааст ва аз ӯ хохиш кардааст, ки занаш - Макарова А.-ро ба ӯ нишон диҳад. Макаров О. бошад, Нуриддини Муродалиро дашному таҳқир карда, пеш кардааст. Ин ҷо суол ба мақомоти тафтишотӣ аст, ки сабаби ба чунин амал даста задани Макаров О. тафтишу таҳлил шавад. Чаро ин падар духтарашро маҳз пас аз баромадани ҳукми судии писари ман, ки «гунаҳкор» дониста шуд, аз шавҳар ҷудо кардааст? Мани мӯйсафед, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ надорам, дарк кардам, ин ҷо «таги коса нимкоса аст», аммо чаро амали ин падар шубҳаи мақомотро ба вуҷуд намеорад?

Муҳтарам Президент, муҳтарам Прокурори генералӣ, аз Шумо хоҳиш менамоям, дастур диҳед, то ин тарафи масъала мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор дода шавад. Шояд ба ҷони ин духтари нодон хатар таҳдид мекунад. Хоҳишмандам, маро дарк кунед, зеро Шумои азиз ҳам падар ҳастед ва ба фарзандон эътимод доред, дар ҳама ҳолат ба бегуноҳии эшон бовар доред.

8-уми январи соли равон табиб Баҳромов Ф. И. дар маҳбас гӯши писарамро ташхис кард ва маълум гашт, ки пардаи гӯши ӯ кафидааст. Дар натиҷа диагнози мезотимпанити доимии маддавии тарафи чап гузошта шуд ва минбаъд аз тарафи духтур тимпанопластикаи пардаи гӯши рост, яъне ҷарроҳӣ тавсия карда шудааст. Ман бо адвокат чандин маротиба дархост намудем, ки гӯши писарам аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронида шавад, то ин азобу шиканҷа шудани ӯ тасдиқи худро ёбад, аммо тафтишоти пешакӣ ва суд дархостҳои моро рад карда, аз гузаронидани чунин ташхиси мустақил даст кашиданд. Бовар дорам, бо тасдиқи азобу шиканҷа нисбати писари ман мувофиқи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ тамоми нишондодҳои худиқрорӣ ғайри қобили қабул эътироф карда мешаванд ва ҳамаи далелҳои бофтаи тафтишоти пешакӣ ботил ва ғайриқонунӣ дониста мешаванд.

Дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва дар мурофиаҳои судӣ мо бо адвокатҳо дархост кардем, ки шоҳидон Қабирова Л., Олимов И., Ибодова Ш., Муродова Н., Авғонов М., Буронов Б. ва дигарон даъват карда, пурсида шаванд, зеро нишондоди онҳо метавонист ба баъзе масъалаҳои баҳснок равшанӣ андозад. Мутаассифона, чун нишондоди шоҳидони мазкур метавонист тамоми «заҳматҳои» тафтишоти пешакиро барбод диҳад, онҳо аз даъват ва пурсиши шоҳидон даст кашида, ба дархостҳои мо аҳамият надоданд.

Дар фикри айбдоркунӣ омадааст, ки гӯё писари ман пас аз куштани Падукова Т. ва Белетская Л. қасди тасарруфи молу мулк карда, ба дуздӣ даст задааст. Ин дар ҳолест, ки писари ман зиёда аз 10 сол бо ин оила рафтуомад дошта, онҳоро хуб мешинохт ва медонист, ки Белетская Л. ягон молу ашёи арзишнок ва маблағи пулӣ надорад. Макарова А. низ дар нишондоди худ гуфтааст, ки Белетская Л. ва Падукова Т. дар ягон ҷой кор накарда, пулу мол, маблағи зиёди пасандоз ва молу ашёи қимматнок надоштанд. Агар ҳадафи писари ман тасарруф кардани молу амволи ғайр мебуд, пас чаро ба ҷуз ду адад телефони мобилӣ, ки худи ӯ ба мақтулон харида туҳфа карда буд, дигар ягон молу ашё, маблағ ва ҷавоҳирот рабуда нашудааст? Намедонам, чаро ба писари ман аз рӯи моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, иловатан боз се сол аз озодӣ маҳрум карданд?! 

Метавонам боз дигар далелҳоро дар мавриди роҳ додан ба хатоӣ аз тарафи тафтишоти пешакӣ ва мақомоти судӣ пешниҳод намоям, вале фикр мекунам, агар ҳамин камбудию хатоҳои тафтишоти пешакӣ ислоҳ шаванд, дар парвандаи писари ман тағйироти ҷиддӣ ворид хоҳад шуд. Бовар дорам, ки ин ҷинояти одамкуширо писари ман содир накардааст ва ҳамаи далелҳои мазкур гувоҳи он мебошанд. Бо хатои мақомоти тафтишотӣ ҳаёти як ҷавони бегуноҳ сӯхт.

Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, ман 73 сол дорам. Дар ин синну сол ба ҷойи насиҳату тарбияи наберагон беш аз як сол аст, ки пушти дари мақомоти судиро охӯрча кардаам, вале касе ба додам намерасад. Касе маро фаҳмидан ва хатои тафтишоти пешакӣ ва судиро ислоҳ кардан намехоҳад. Умеди охиринам Шумоед, муҳтарам Президент.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати писари ман як маротиба аз сари нав дида баромада шавад ва далелҳои номбаркардашуда ҳаматарафа санҷида баромада шаванд. Бовар дорам, ки писари ман Саидов Файзалӣ Падукова Т. ва Белетская Л.-ро накуштааст. Пас чаро бояд 28 соли ҳаёти худро пушти панҷараи маҳбас гузаронад?!

 

Бо эҳтиром, 

Ҳасанов Саид, падари маҳбус Ҳасанов Файзалӣ

Хонданд 1949

Маро аз хонаам ронданд

Дек 01, 2018
Хонданд: 3240
Маро аз хонаам ронданд

Ба раиси Суди олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Ману шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Боймуҳаммадов Абдухалил Холмуродович 19 декабри соли 2004 тӯйи арӯсиамонро бо миёнаравӣ ва роҳбарии ҷавобгар Рустамова Ҷ. М. дар тарабхонаи «Меҳргон» гузаронидем. Дар ҳамон ҷо Рустамова Ҷ. гӯё ақди никоҳамонро ба расмият даровард. Баъд фаҳмидем, ки ин кори Рустамова Ҷ. қалбакӣ ва сохтакорона будааст: корманди САҲШ оварданаш ва имзои моро гирифтанаш дурӯғ будааст. 15 феврали соли 2007 ақди никоҳи мо дар шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти №75 ба қайд гирифта шуд. Мо аз ҳаёти оилавиамон ду фарзанди ноболиғ дорем, ки ҳарду дар ҳамин манзили истиқоматӣ таваллуд шуда, ҳамон ҷо истиқомат мекарданд. 

Дар вақти хостгорӣ Рустамова Ҷ., бародараш Боймуҳаммадов Х. ва дигар хешовандонашон гуфта буданд, ки дар шаҳри Душанбе барои домодшаванда хона харида мондаанд. Пас аз тӯй ману шавҳарамро ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149, ки аз сабаби шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштанашон ба номи аммаи ӯ Рустамова Ҷ.М. (ҳоло бо ман мавқеи муқобили мурофиавиро гирифтааст) расмӣ кунонида шуда будааст, бо тамоми чизу чораи арӯсиамон маскун кунониданд. Илова ба ин, Рустамова Ҷ. ҳамон рӯзҳо ва баъдан низ ба ман ваъдаҳои бисёр медод, ки маро дар қайди ин хона мегузорад, вале бо ҳар баҳона ҳуҷҷатҳои хонаро намедод, ки худам ва фарзандонамро ба қайд гирам. Ману шавҳарам бо пешбурди хоҷагии умумӣ дар ин манзили истиқоматӣ зиндагӣ мекардем. Дар ҳуҷраҳои дигари ҳамин манзили истиқоматӣ бародарону хоҳарони шавҳарам, ки аз Ӯзбекистон омада, дар донишгоҳҳои олии Душанбе таҳсил  мекарданд – Боймуҳаммадовҳо, - Абдурашид, Ҳоҷиқурбон, Ҳоҷимурод, Шамсинисо ва Абдулазиз низ ҳамроҳи мо зиндагӣ ва дар пешбурди хоҷагии умумиамон саҳм мегузоштанд. Дар ин хона зиндагӣ оғоз карданамро ҳамсояҳо метавонанд тасдиқ кунанд. Илова бар ин, аъзои оила ва квитансияҳои супоридаи хизматрасонии коммуналӣ метавонанд сокини ин хона будани маро собит созанд, ки суди марҳилаи якум ба ин ҳолат низ баҳо надодааст.  Рустамова Ҷ. ва ягон нафари аъзои оилааш дар ин хона зиндагӣ, соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ накардаанд. То саршавии баҳси судӣ Рустамова Ҷ. мегуфт, ки «Хона-хонаи ман нест, хонаи хусурат ва он аз они ту мешавад». Инчунин, дигар хароҷотҳои пулии вобаста ба истифодабарии ин манзили истиқоматӣ ва таъмирҳояшро худи мо амалӣ мекардем. 

Шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х., дар зодгоҳаш, н. Узуни в. Сурхондарёи Ӯзбекистон мувофиқи ихтисосаш кор гирифта, ба он ҷо рафта меомад. Робитаи ману фарзандонам бо шавҳарам тариқи рафтуомади мо бо тариқи раводид ба назди ӯ ва рафтуомади ӯ ба назди мо сурат мегирифт.

Аснои зиндагии бисёрсолаи оилавӣ бо шавҳарам ва муносибатҳои хешутаборӣ бо хешовандони ӯ муайян кардам, ки солҳои донишҷӯии шавҳарам, модари ӯ марҳум Боймуҳаммадова Хайринисо аз пасандозҳои оилавиашон соли 1995 ба шавҳари ҷавобгар Рустамова Ҷ. - Рустамов Ҷаъфар 75 000 сӯми ӯзбекӣ, ки ҳамон вақт ба 1500 доллари амрикоӣ  баробар буд, барои харидани хона ба писараш-шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. дода будааст ва бо ин пул ҳамон сол дар ш. Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 хона харидаанд. Вале азбаски Боймуҳаммадов А.Х. шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштааст, онро ба номи нафари дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаасту бо Рустамов Ҷ. муносибати наздик доштааст, расмӣ кунонидаанд. Ниҳоят соли 1999 онро ба номи аммаи шавҳарам Рустамова Ҷ., расмӣ кунонидаанд, аммо хароҷотҳои хизматрасонии ин хонаро худи Боймуҳаммадовҳо мекардаанд.

Донишҷӯёни дар боло қайдшуда донишгоҳҳояшонро хатм карда, ба зодгоҳашон баргаштанду манзили истиқоматии дар боло қайдшуда пурра дар соҳибӣ ва истифодаи ман қарор гирифт. Рустамова Ҷ. бошад, ҳамоно ваъда медод, ки маро ба қайди ин хона мегузорад, вале иҷро намекард. Ин масъаларо бо шавҳарам Боймуҳаммадов А.Х. муҳокима кардем ва мегуфт, ки вақту соаташ расидааст ва аммааш бояд хонаро ба номи яке аз фарзандонамон гузаронад. Ману фарзандонам бошем, бинобар дар Ӯзбекистон зиндагӣ кардани падарашон бо раводиди семоҳа он ҷо мерафтем ва ба Душанбе баргашта, дар манзили боло зикршуда зиндагӣ мекардем. Яъне ману фарзандонам шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, бинои 30/4, ҳуҷраи 149 тариқи доимӣ зиндагӣ доштем.

Санаи 4 сентябри соли 2017 ҳамроҳи фарзандонам бо гирифтани раводид ба Ӯзбекистон сафар кардем. 30 декабр ба Тоҷикистон баргашта, қаблан ба хонаи волидонам рафта, санаи 3 январи соли 2018 бо фарзандонам ва падарам Шовалиев Сайдаҳмад ба манзили истиқоматии худамон, ки калиди ягонаи он дар дасти ман буд, рафтем. Ба хонаамон омада дарёфтем, ки ба ҷои дари даромадгоҳи чӯбини хонаамон дари оҳанӣ насб шуда, он бо қулфи дигар маҳкам карда шудааст ва мо натавонистем, ба хона дароем. Аз ҳамсояамон Гулбоғ сабаби инро пурсидем. Ӯ гуфт: «Умринисо, хоҳари шавҳарат дарро шикаста, дари нав гузошт».

Ман ба номи сардори Шуъбаи милитсия ариза ва баёнот навиштам. Нозири минтақавӣ аризаамро қабул карда гирифт ва дигар ягон чораҷӯӣ накарда маро ҷавоб дод. Сипас ман ҳамроҳи модарам Шовалиева Мӯмина ба назди Рустамова Ҷамила рафта, ҳолати воқеаро пурсидем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «Хона- хонаи ман не, хонаи хусурат, барои ҳамин вақте хусурат гуфт, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ба духтарам Умринисо диҳед, ман ҳам додам. Ман аз вай ягон маблағ нагирифтаам, вай аз куҷо пул дорад, ки хона харад».  Баъдан ӯ бо таҳқиру таҳдид ман ва модарамро аз хонааш ронд.

Пас аз ин мо муайян кардем, ки дар набудани ману фарзандонам Рустамова Ҷ.М. ҳамроҳи шавҳараш Рустамов Ҷаъфар маслиҳат карда, бо роҳи ғайриқонунӣ ва мақсади бегона кардани хона ба номи Искандаров Исроил (шавҳари Боймуҳаммадова Умринисо) тариқи тартиб додан ва имзо кардани шартномаи сохтакоронаи хариду фурӯши манзили истиқоматии дар боло қайдшуда, бо мақсади маҳрум кардани ману фарзандонам аз ҳуқуқи идомаи истифодаи ин манзил шартномаи қалбакии хариду фурӯши хонаро ба имзо расондааанд, ки тибқи он гӯё соҳибмулки ин манзил Искандаров И.В. гардидааст. Баъдан бо маслиҳати ғаразноки якҷоя Рустамова Ҷ.М., Искандаров И.В. ва    Боймуҳаммадова У.Х. тариқи пинҳонӣ аз мо ва бе розигии мо - шахсони дар он ҷо маскунбуда, яъне хилофи иродаамон ба манзили истиқомат мекардаамон тариқи шикастани дар даромада, дари оҳании нав насб карда, онро бо қулфу калид маҳкам карда, бо ин роҳ моро аз манзили истиқоматиамон ва чизу чораамон  маҳрум кардаанд.

Ман нисбати шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. оиди аъзои оилаи соҳибмулк эътироф намудан, маскун кардан ва ба қайди манзили истиқоматӣ гирифтан, рӯёнидани зарари моддию маънавӣ аз ҳисоби ҷавобгарон ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъво пешниҳод кардам.

Аммо суд зимни баррасии парванда ин талаботи  қонунро сарфи назар карда, чунин менамуд, ки гӯё пурра ба манфиати тарафи мурофиавии муқобил кор карда истодааст. Ҳамчунин, суд далелҳои овардаи маро, дархостҳои якчандкаратаамро беасос ба инобат нагирифта, баръакс далелҳои сохтаю қалбакии тарафи дигарро дуруст шуморида, гузашта аз ин, ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дастрас ва пешниҳоднамудаи тарафи мурофиавии муқобилро, ки бо забони ӯзбекӣ пур карда шудаанд, бе тарҷумаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда қабул карда, ва онҳоро асоснок ҳисобида, талаботи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон кард. Зеро ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ дар суд тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бидуни ба расмиятдарории онҳо далелҳои хаттӣ эътироф намегарданд. Ин ҳуҷҷатҳо бо тарҷумаи забони давлатӣ ба тариқи нотариалӣ тасдиқ гардида, бояд пешниҳод карда шаванд.

Паҳлӯи дигари ғайриқонунӣ будани амали шаҳрвандон Искандаров И.В., Боймуҳаммадова Қ.Х. ва Рустамова Ҷ.М. он мебошад, ки бо мақсади ғаразнок, ба хотири он ки ману фарзандонамро аз ҳуқуқи истифодаи манзили зист мекардаамон маҳрум намоянд, байни худ созиши бадқасдона карда, бе огоҳ кардани ман ва гирифтани розигиам бидуни доштани нақшаи ҳақиқии дигар кардани соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ, тариқи пинҳонӣ шартномаи қалбакии хариду фурӯши онро ба имзо расонидаанд, ки шартномаи мазкур ғайриқонунӣ ва беэътибор буда, аз ин ҷиҳат низ ҳуқуқҳои ман дағалона вайрон карда шудааст.

Ман борҳо ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки дар ин манзили баҳсӣ суди сайёр гузаронида шавад, аммо дархостҳои чандинкаратаи маро суд ба назар нагирифт ва қонеъ накард.

Судя Шарифзода С. шахсияти ҷавобгарро муайян накарда, дар ҳалнома насаби ҷавобгарро Боймуҳамадова Қумринисо овардааст, ки мувофиқи маълумотномаи суроғавӣ бо ин ному насаб ягон шаҳрванд дар қайди Тоҷикистон нест. Дар марҳилаи суди кассатсионӣ мо ин хатоиҳои судя С. Шарифзодаро бо далелҳо исбот намудем, аммо онҳо баъди пешниҳод кардани созиш аз тарафи Рустамова Ҷ. низ ҳамаи нодурустиҳои ҳалномаро дидаю дониста бетағйир мондаанд.

Ҷавобгарон дар марҳилаи кассатсионӣ маълумотномаи дурӯғеро бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҷои зисти ману фарзандонам ба суд пешниҳод кардаанд, ки гӯё  мо сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошем. 

Дар асоси талаботи моддаи 189 Кодекси граждании ЧТ аҳдҳо ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ маълум гардид, ки шартномаи хариду фурӯш ба қайд гирифта нашуда, Искандаров И. ва Боймуҳаммадова У баъди дарро шикаста даромадан ва дари оҳанин мондан ягон рӯз дар хонаи мазкур истиқомат ва ихтиёрдорӣ накардаанд. Коллегияи судӣ дарк карда буд, ки тамоми амалҳои ҷавобгарон ғайриқонунианд, аммо ба ин нигоҳ накарда ҳалномаро бетағйир монд. 

Хулоса суд баҳси байни ман аз як ҷонибу Искандаров И.В., Боймуҳамадова Қ.Ҳ. ва Рустамова Ҷ.М.-ро  бе санҷишу таҳлили холисонаю ҳаматарафаи кор, яктарафа баррасӣ намуд ва дида мешавад, ки суд ваҷҳҳои овардаи тарафи муқобилро ҳаматарафа дастгирӣ карда, баръакс ваҷҳҳои  овардаи маро беасос ҳисобидааст, ки боиси бароварда шудани ҳалномаи бармаҳал ва ғайриқонунӣ гардидааст. 

Чуноне дар оғоз қайд кардам, аз болои ин ҳалнома ба суди шаҳри Душанбе шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ва ба раиси суди номбурда шикоят оварда, хоҳиш кардам, ки ҳалномаи дар боло қайдшуда бинобар бармаҳал ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, парванда барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суди зинаи аввал ирсол карда шавад. Аммо шикоятҳоям қонеъ нагардиданд ва ман ҳоло умедвор ҳастам, ки ин камбудиҳо аз ҷониби марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ карда мешавад.

Аз қарори қабулнамудаи суд Рустамова Ҷ. то он дараҷае аз худ рафт, ки баъди анҷоми суд, дар ҳавлии суд ва берун аз он бо ман, шавҳарам, модарам ва падарам хост ҷанҷол намояд. Ӯ бо шавҳарам ҷанҷол кард, ки чаро ӯ дар суд шоҳидӣ дод, ки хона, хонаи  аммааш набуда, хонаи онҳост ва аммааш Рустамова Ҷ. аз  18 сол пеш вафот кардани модари шавҳарам Боймуҳаммадова Хайринисо сӯиистифода бурда, пинҳонӣ хонаро ба номи Искандаров И. (шавҳари хоҳаршӯям) ба расмият даровардааст.

Рустамова Ҷамила бо ин амалҳояш қонеъ нагашта, ба мактаби №48, ки фарзандонам дар он ҷо таҳсил мекунанд, рафта, ба муаллимааш таҳдид кардааст, ки чаро дар хусуси хондани фарзандонам ба ман маълумотнома додааст. Ва гуфтааст, ки аз сентябри соли равон онҳоро  ба ин мактаб қабул накунанд. Ҳоло он ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилро дорад.

Шавҳари Рустамова Ҷ.. - Рустамов Ҷаъфар ба шавҳарам аз  аввал гуфта буд, ки «Ман ҳама связома хезондагӣ, мо ин корро хушрӯ придумать кардем, шумо ягон кор карда наметонед.» Ҳамин тавр низ шуда истодааст. Ману фарзандонам бошем, аз 3.01.2018 сол инҷониб аз хонаву дар ва чизу чораамон пурра маҳрум мебошем ва ба онҳо дастрасӣ надорем. То имрӯз ман гумон доштам, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, аммо мутаассифона ин хел набудааст.

Искандаров Исроил ва Боймуҳаммадова Умринисо бошанд, дарро ба дари оҳанин иваз намуда, ба деҳаи Питомники ноҳияи Шаҳринав  баргашта, он ҷо зинданӣ доранд. Рустамова Ҷ ва Боймуҳаммадова Умринисо, ки худ омӯзгоранд, дидаву дониста ҳуқуқҳои ману фарзандонамро поймол намуданд.

Ҳуқуқҳои конститутсионии ману фарзандонамро, ки пурра аз тарафи ҷавобгарон поймол шуда истодаанд, бояд кӣ ҳимоя кунад? Оё ҳақ ба ҳақдор мерасад?

Шовалиева Мунира Сайдаҳмадовна, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, бинои 7,ҳуҷраи 9.

Хонданд 3240
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.