.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар

Март 10, 2018 Диданд: 456
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Эмомалӣ Раҳмон ва футуввату оини ҳамсоядорӣ

Ҳар як муносибат ва ҳатто мухолифат дар байни кишварҳо ба худ омилҳову заминаҳо дошта метавонад. Баъди таваққуфҳо сифати мусбат ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон низ заминаҳову сарчашмаҳо доранд. Заковату фаросати баланди инсонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъзе гузаштаҳои тираи муносибатҳои ҳамсоядориро фаромӯш намуданду дар байни дигар роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, дар маросими дафни Ислом Каримов нахуст чун як мусалмон ва баъдан чун як ҳамсояву бародар ширкат намуданд. Ин омилро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ миннат намеҳисобад, балки он оини ҳамсоядориву бародарӣ аст. Рӯзи нанги ҳамсояву бародари ҳамдину ҳамоин ҳамин аст. Роҳбари халқи тоҷик дар ҷанозаи ҳамтои ӯзбеки худ холисона иштирок намуд ва нисбати дарду мусибати халқи ӯзбек бетафовут набудани халқи тоҷикро нишон дода тавонист. Ин амали ҷавонмардонае буд, ки касе дар ҷаҳон ҷиҳати манфии онро бозгӯ карда наметавонист ва наметавонад. Ин амал нишони инсондӯстии халқи тоҷик ва муҷиби муҳаббати халқи ӯзбек гардид. Ҳол он ки, ҷаҳони сиёсат аз садҳо паҳлуе иборат мебошад, ки бо кинаву адоват роҳбарон мухолифати давомдори худро нигоҳ медоранд. Баъзан дар таҷрибаи давлатдориҳои ҷаҳонӣ мебинем, ки роҳбари як кишвар аз фавти як ҳамтои ихтилофназари худ намоишкорона худро ҳатто аз изҳори як ҳамдардӣ канор мегирад. Гузаштаҳоро сиёҳ менамоянд ва кинаҳоро дар дил нигоҳ медоранд. Аммо халқи тоҷик дар симои роҳбари худ боз ҳам дар такя ба оини сулҳдӯстонаву бародаронаи худ ҳеҷ гоҳ чунин аъмол надошт ва барои халқи ӯзбеки ҳамоину ҳамсоя низ ин сифат бегона нест. Танҳо дар ин байн монеаи сохтае бо таъсири берун вуҷуд дошт, ки доим дар пайи тафриқаҳову фосиласозиҳо манфиат меҷӯянд ва ин аввалин қадами инсондӯстонаи Роҳбари давлати мо дар роҳи суфта сохтани муносибатҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт.

Самимияти Шавкат Мирзиёев ва хушнудии халқҳои минтақа
Аввалин қадамҳои Шавкат Мирзиёев дар сиёсатҳои байналхалқиву ҳамсоядорӣ хайрхоҳона буданд ва дар аввалин рӯзҳо на аз таҳдиду кинаҳо, балки аз муносибати нек бо тамоми ҳамсояҳо мавқеи худро ошкор намуд. Ин мавқеи ӯро тамоми мардумони Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Аз симои зоҳирии роҳбари нави Ӯзбекистон пиндори неку хайрро хондан мумкин аст. Алабатта вақт довари асосист, аммо чеҳраи аксаран моил ба табассуми ин сиёсатмадор аз кадом як самимияту хайру некӣ бо ҳамсояҳо маъниафшонӣ дорад. Ин мушоҳида барои мардумони минтақа аз тағйиру табдил ёфтани фазои иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии Осиёи Марказӣ дарак дода истодааст. Дар аввалин дидори худ бо Президенти Тоҷикистон симои шоду қаноатманди Шавкат Мирзиёевро тамоми ҷаҳон дид. Маҳз тасмими ӯст, ки дар Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон назарҳо дар як муддати кӯтоҳ дигар гаштанд. Баъзан дар муроҷиат ба шабакаҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки дар Ӯзбекистон муносибати мусбатро бо Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол кардаанд. Аксари маводҳо васфи ин дӯстиро менамояд. Махсусан дар миёни ҳазорҳо шарҳҳое, ки дар атрофи ин ё он мавод навишта мешаванд, шаҳрвандони ин кишвар сиёсати дӯстонаро бо Тоҷикистон мепазиранд. Касе мухолифи сиёсати мусолиҳатомези Шавкат Мирзиёев намебошад. Айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон ҷой дорад ва ҳама тарафдори дӯстиву робитаҳо мебошанд. Ба мақоми роҳбарӣ омадани Шавкат Мирзиёевро фоли нек қабул кардаанд. Мулоқоти сатҳи баланди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳаввулоти амиқеро дар фазои Осиёи Марказӣ ба миён меорад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин рухдод баҳои баланд дода истодаанд. Ин ду шахсият бо фаросату заковати комил кореро анҷом дода истодаанд, ки халқи тоҷику ӯзбек, ки дар маҷмуъ зиёда аз чил миллион нафар мебошанд, дар оянда чун хешу табору бародари наздик зиндагӣ хоҳанд кард.

Халқи тоҷик аз Шавкат Мирзиёев истиқбол мегирад
Соли 2018 барои Тоҷикистон яке аз солҳои фаромӯшнашаванда дар таҳкими сиёсати байналхалқӣ ба шумор хоҳад рафт. Имсол меҳмонони воломақоми сатҳи баланд дар доираи матраҳсозии масъалаҳои муҳими глобалии сайёра вориди Тоҷикистон мешаванд. Даҳҳо роҳбарони кишварҳои шинохта аз кишвари мо дидан менамоянд ва ин силсила дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо ташрифҳоро дар бар гирифта метавонад. Ба гумони инҷониб, ташрифи ягон роҳбари давлати хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баробари ташрифи Шавкат Мирзиёев шукуҳу тантанаву қимат нахоҳад дошт. Зеро ин ғалабаи дӯстии азалӣ мебошаду ин ташриф бо худ дастовезҳои бузург дорад. Ин дастовез дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояву ҳамфарҳанг аст, ки онҳоро ноадолатиҳои таърих борҳо табартақсим намудааст. Ба таҳлили гузаштаи бистсолаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дахл намекунем ва сабабгору гунаҳкору бегуноҳ ҷустан ҳеҷ мантиқе надорад. Фақат як нуқта мавриди таъкид мебошад, ки сиёсати дарҳои бози ҳукумати феълии кишвари мо ҳеҷ гоҳ барои касе дар роҳи муносибатҳо монеа набуд. Ба гумони мо, сиёсатсозону таҳмилгарони омилҳои сиёсии беруна ин муносибатҳоро тира нигоҳ медоштанд. Акнун баъди таваққуфи чандсола омадурафти роҳбарони ин кишварҳо ва алахусус рафтуомади мардумони тоҷику ӯзбек ба мулки якдигар як рухдоди бузурги таърихӣ хоҳад буд.
Имрӯз дар тамоми сарзамини тоҷик аз иқдомҳо ва ташрифи роҳбари нави Ӯзбекистон истиқбол мегиранд. Шавкат Мирзиёевро дар аксар доираҳо аллакай дӯсти халқи тоҷик номидаанд. Маҳз бо дастури ӯ дар шаҳри Тошканд бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон бунёд мешавад, ки ин эътирофи дӯстист. Шавкат Мирзиёевро чун як сиёсатмадори соҳиби диди тоза пазируфтаанд. Дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданаш аз таҷдиди муносибат бо ҳамсояҳо ишора карда буд. Устувории қавли ӯ маҳбубияташро дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба маротиб баланд бурд. Албатта ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодие, ки ӯ дар Ӯзбекистон ба роҳ мондааст, масъалаи дохилии ин кишвар аст. Аммо аз рӯи хулосаи коршиносону таҳлилгарон, дар ин раванд гуманизми баланди Шавкат Мирзиёев дар ҳама ҷабҳаҳо бараъло зоҳир аст. Барои тоҷикон пеш аз ҳама рафоқату муносибати бародаронаи ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ мебошад. Бо сиёсати «ҳамгироӣ беҳ аз ихтилоф» ин шахсият имиҷи сиёсии худро дар сатҳи байналхалқӣ баланд бардошт ва агар ҳамаи монеаҳо дар масъалаҳои ҳамсоядорӣ аз байн бардошта шаванд, номи ӯ дар таърих чун як роҳбари муваффақ боқӣ мемонад.

Фарҳанг тоҷику ӯзбекро ба ҳам меовард ва меорад
Фарҳанг аввалин қосиди сулҳу тавсиадиҳандаи муносибатҳои некӯи халқҳо ба ҳисоб меравад. Махсусан барои мардуми тоҷику ӯзбек фарҳанг унсури муттаҳидсоз мебошад. Рафтуомади адибону санъаткорон дар замони шӯравӣ дар ин кишварҳо як амри маъмул буд. Қабл аз Инқилоби Октябр низ ин тамоюл садсолаҳо вуҷуд дошт. Танҳо замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти ин кишварҳо баъзе монеаҳо бунёд гаштанд, ки манфӣ будани онро халқҳои тоҷику ӯзбек дарк намуданд. Ду халқи бародар донист, ки он ҳама ҷузъиёти нолозим сохтаву муваққатист. Аз ахбори гуногун шоҳид мегардем, ки дар Ӯзбекистон хона-музейи С. Айнӣ аз нав таҷдид меёбад. Ё аз рӯи хабари «Самаркандский вестник», дар шаҳри Самарқанд пайкараи Ҷомиву Навоӣ, ки тимсоли дӯстии ду халқ буд, аз нав барқарор мешавад. Сарояндагони тоҷику ӯзбек дар сарзаминҳои ҳамдигар акнун на бо ҳаросу сохтакорӣ, балки бо меҳру самимият ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар наворе, ки чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, дидем, ки чи гуна Шавкат Мирзиёв таҳти оҳангу сурудаи Ҷӯрабек Муродов бо шодиву завқу қаноатмандӣ кафкӯбӣ мекард. Тамоми халқи тоҷик бо дидани ин навор ба Шавкат Мирзиёев аҳсант гуфт, ки ин мард бо тантанаи дӯстӣ сиёсат рондан мехоҳад. Баргузории рӯзҳои фарҳангии ин халқҳо дар хонаи якдигар беҳтарин омили тарғибу дӯстиву рафоқати ин халқҳо гашта истодаанд. Фарҳанг садсолаҳо ин ду халқро чун дӯсту бародар нигоҳ медошт. Дар доираи адабиёту забон низ ин ду халқ монеаву сарҳади бегона надоштанд. Ҳанӯз аз дӯстии Ҷомиву Навоӣ барои мо ошкор аст, ки тоҷику ӯзбек халқҳои ба ҳам қарину бародаранд. Адибони зуллисонайн ин дӯстиҳову равобитро дар мафкураҳо пайваста талқину тавсиф мекарданд. Хушбахтона ин раванд аз нав бо шаклу самимияти хос оғоз гаштааст ва риштаҳои гусаста аз нав пайванд мешаванд.

Шароити иқтисодӣ тағйир хоҳад ёфт
Дар як муддати кӯтоҳ баргузор гаштани ҳамоишҳои иқтисодиву саноатӣ барои ин ду кишвар аз суботи ояндаи иқтисодӣ дарак медиҳад. Проблемаҳои НОБ-ҳо, корхонаи арзиз ва масъалаи таранзитии роҳҳо ҳалли худро бомаром ёфта истодаанд. Роҳҳои оҳани аз нигоҳи стратегӣ муҳим аз нав барқарор мегарданд. Бо авалин ташаббусҳои роҳбарони воломақоми ин кишварҳо гузаргоҳи Саразм - Ҷартеппа аз нав кушода шуд ва умедҳои фаношудаи ду халқи ҳамсояву хешу дӯст аз нав зинда гашта истодаанд. Пайдо шудани маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳолати баръакси он - ин шодиву хурсандии тамоми сокинони ин ду кишвар аст. Як соли охир ба назар расидани автобусҳои истеҳсоли Ӯзбекистон дар Душанбешаҳр - ин дар навбати аввал нишони эҳтирому дӯстии халқи тоҷик бо халқи ӯзбек аст. Пайваст гаштани хатҳои интиқоли барқи миёни ин ду кишвар манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Хатҳои интиқоли лӯлаҳои гази Ӯзбекистон низ дар пайи аз нав эҳё шудан қарор доранд. Хатсайрҳои фаъоли ҳавоии ин кишвари ҳамсоя акнун як чизи муқаррарӣ гаштаанд. Даҳҳо гузаргоҳҳои дигари наздисарҳадӣ дар ояндаҳои наздик кушода мешаванд ва равуои шаҳрвандони ҳар ду кишвар содаву осон мегардад. Аллакай аз навоҳиву минтақаҳои ҳаммарз хабарҳо мерасанд, ки нархи маҳсулоти ғизоии аввалия барои ҳар ду кишвар муносибу арзон шуда истодааст. Дар сурати сиёсати муваффақу дӯстонаи роҳбарони ин ду кишвар авзои иқтисодӣ барои тоҷикону ӯзбекҳо дар наздиктарин фурсатҳо тағйир хоҳад ёфт.

Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як навъ ҳалқаи иттиҳоду дӯстӣ ба ҳам омада истодаанд ва бояд чунин ҳам бошад. Вақте ба фаъолияту муносибати роҳбарони ин кишварҳо менигарем, ба зудӣ собит мешавад, ки феълан онҳо дар ягон бархӯрди манфиату мавқеъ қарор надоранд. Масалан Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон муносибати наздики дӯстона дорад. Чунин ҳолат барои дигар роҳбарони ин кишварҳо низ истисно нест. Дар ин самт чанде қабл танҳо ихтилофи А. Атамбаев ва Н. Назарбоев мӯҷиби нигарониҳо буд, ки бо омадани Президенти нави Қирғизистон вазъ беҳбуд ёфт. Вокунишҳои мусбати роҳбарони ин кишварҳо дар муқобили якдигар аз манфиатҳои зиёд иборат аст. Шарики сиёсиву иқтисодӣ гаштани онҳо дар муқобили ҷараёнҳои иқтисодиву сиёсӣ беш аз ҳарвақта муҳим аст. Халқҳои ин минтақа акнун мантиқи таъбири «ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар»-ро фаҳмида истодаанд. Имрӯз ин кишварҳо акнун ба умеди «хешҳои дури худ» намешаванд. Дар ҳақиқат дар сурати мавҷудияти як иттиҳоди устувори кишварҳои ин минтақа метавон ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Дар Осиёи Марказӣ бо шумули Қазоқистон зиёда аз 70 миллион нафар одамон зиндагӣ доранд. Ин давлатҳо ҳудуди васеъро дар бар мегиранд. Дорои захираҳову сарватҳои бойи табиӣ мебошанд ва аз ҳама муҳим дар ин минтақа бо вуҷуди мавриди нишону ҳадафи сиёсатҳои ғарбӣ қарор гирифтан сулҳу амонӣ ҳукмрон аст. Роҳбарони ин кишварҳо дарк намудаанд, ки дар сурати мавҷуд будани иттиҳоду ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ метавонанд дар муқобили ҳамагуна ҷараёну ҳадафҳои ғаразноку номатлуб устувор бошанд. Дар ҳақиқат шарики стратегии ҳамдигар будан беҳтар аз ихтилофу қаҳрҳост. Осиёи Марказӣ зери ҳадафҳои геополитикӣ қарор дорад ва ҷудоии ҷумҳуриҳои минтақа барои сиёсатҳои таҳмилии бегонаҳо як унсури мусоидаткунанда мебошад. Аз ин рӯ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, огоҳиву ҷаҳонбиниҳо ва алалхусус иттиҳоди мардумони ин минтақа дар чунин шароит ногузир аст. Имрӯз аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ сарусадоҳо ҷо доранд, ки мӯҷиби ташвишу нооромиҳои ҳасудону нотавонбинони «тақдирсоз»-и ғарбӣ мебошад. Имрӯз ҷумҳуриҳои ин минтақа бунбастҳои коммуникатсиониро барҳам зада истодаанд, ки як омили асосии ваҳдати фарогир аст. Тафриқаандозӣ барои сиёсатҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ - ин тарҳи чандсадсола мебошад. Ҳамин буд, ки Осиёи Миёнаро дар гузашта «думбаи гӯсфанд» медонистанд, ки дар атрофи он гургҳо ҷамъ омада буданд. Акнун чашми тамаъи ҳарисҳо тираву нест мешавад ва дар маҷмуъ замони пешравии Осиёву Шарқ аллакай оғоз гаштааст. Таъсири Чин, Ҳиндустон, Эрон барин кишварҳои бузурги саноатии минтақа тақдири иқтисодиёти «тақдирсоз»-и ғарбиро зери суол бурда истодаанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ низ аз чандин монеаву зинаҳои душвор гузаштанд ва акнун дар пайи таҳаввулоти бузург қарор мегиранд. Саҳифаҳои тозаву нави мусбати муносибатҳо кушода мегарданд ва қолаби нави муносибатҳо фалсафаи дурӯғи «кӣ гунаҳкору кӣ бегуноҳ»-ро аз байн бурда истодаанд. Роҳбарони ин кишварҳо ва халқҳои ин ҷумҳуриҳо дарк кардаанд, ки бартариҷӯӣ дар миёни якдигар, ин танҳо манфиати хоҷаҳои беруна мебошад. Имрӯз роҳбарони кишварҳои ин минтақа дарк кардаанд, ки ба умеди «ақлу нишондоди дигарон нагашта», худ бояд тақдири худро созанд. Муносибату рафоқати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷумлаи ин тасмимоти мусбат мебошанд. Демократияе, ки онро абарқудратҳо чун як ниқоб истифода мебаранд, дар маънии аслӣ ин баҳамоии халқҳост. Мутмаинем, ки он демократияи ҳақиқӣ дар Осиёи Марказӣ тантана хоҳад кард.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Тағйироти охир Шанбе, 10 Март 2018 09:24
Хонданд 456
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.