.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Қазоқҳо танзимро аз либос оғоз мекунанд

Фев 03, 2018 Хонданд: 667
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ё андешаи чанд перомуни тарзи пӯшидани либос дар Тоҷикистон дар ҳошияи иқдоми нави масъулони Қазоқистон

Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли баррасии лоиҳаи қонунест, ки пӯшиши либос ва андозаи ришро ба танзим медарорад. Тавре вазири ин кишвар оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Нурлан Ермекбоев ба хабаргузории русии “Rеgnum” гуфтааст, бар асоси ин лоиҳаи қонун, пӯшидани либоси сиёҳ ва сатр низ барои бонувони қазоқистонӣ манъ хоҳад шуд.
Вакилони мардумии Қазоқистон дар ҳоле ба мавзуи танзими либос ва намуди зоҳирии ҷавонон рӯ оварданд, ки чанде пеш Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён он ҷавонони қазоқро, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, инчунин духтаронеро, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, сахт танқид кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод. Назарбоев дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили бесаводии динии насли ҷавон дахл кард ва гуфт, "бисёре аз ҷавонони қазоқ аз бесаводӣ риш сар додаву почаи шимашонро кӯтоҳ мекунанд ва шумори духтарони қазоқе, ки худро бо либоси саропо сиёҳ мепӯшонанд, зиёд шудааст”. Президент Назарбоев бо ишора ба ин, ки чунин фарҳанг ҷавобгӯи анъанаҳои мардуми қазоқ нест, таъкид намуд, ки "бояд масъалаи манъи ин чизҳо дар сатҳи қонунгузорӣ ҳаллу фасл шавад. Қазоқҳо либоси сиёҳро фақат дар вақти мотам мепӯшанд”.
Назарбоев хитоб ба намояндагони муфтиёт гуфт, чунин равиши ҷавонон хилофи сиёсатест, ки ӯ пеш гирифтааст ва ба ин роҳ нахоҳанд дод: "Агар ҷавонон ба равияҳои барои мардуми мо бегона рӯ оранд, бо ин давлат чӣ хоҳад шуд? Мо ба ин роҳ намедиҳем, давлат бояд дунявӣ бошад. Мо онҳоеро, ки зидди ҳадафҳои мо мехезанд, таҳаммул намекунем”.
Президенти Қазоқистон афзуд, имони мусулмонро на либоси зоҳирии ӯ, балки имони ботиниаш нишон медиҳад.
Иқдоми Президент ва Парламенти Қазоқистон нишонаи он аст, ки мавзуи тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ вақтҳои охир ба яке аз мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ дар минтақаи мо табдил меёбад. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ, аз байн рафтани ҳувияти миллии миллатҳо аз намуди зоҳирӣ оғоз шуда, тадриҷан тағйири андеша, тафаккур, биниш, равиш ва ниҳоят дину мазҳабро дар бар мегирад. Шасхе, ки ба либоси бегона тақлид мекунад ё намуди зоҳириашро мисли намуди зоҳирии дигар миллатҳо оро медиҳад, дар дил нисбат ба ҳамон миллат муҳаббат дорад (барои мисол, полиси Русия ҳамҷинсгароёнро дар навбати аввал аз тарзи оройиши мӯй ва либоспӯшиашон мешиносад) ва ин дилбастагӣ ба дигар миллату ойину русум оҳиста-оҳиста инсонро аз хусусиятҳои милли худ дур ва ба хусусиятҳои миллатҳои бегона наздик месозад. Ин аст, ки давлатҳо барои пешгирии ин раванд дастбакор мешаванд, то ҷавонони худро аз оқибатҳои бегонашавӣ эмин доранд.
Дар Тоҷикистони мо ҳанӯз 11 сол пеш Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими ҷашну маросимро оғоз намуда, Қонуни махсусеро дар ин бора қабул кард, ки инак натиҷааш дар ҳамаи соҳаҳо бараъло мушоҳида мешаваду мардум аз он бисёр розиянд, зеро хароҷоти беҳуда ва масрафи беҳадро аз дӯши мардум бардошта, вазъи зиндагии оилаҳо ва ё ба истилоҳи иқтисоддонҳо сабади масрафии оилаҳоро ғанитар гардонд. Дар мавриди риояи либоси миллӣ, танзими намуди зоҳирӣ ва парҳез аз фарҳанги бегона низ чанд солест, ки дар кишвраи мо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд ва ҷавонони зиёде ба ин раванд ҳамроҳ шудаанд.
Инак, ба ин раванд пайастани кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки Пешвоми муаззами мо на танҳо дар масаъалҳои марбут ба истифодаи об ва захираҳи энергетикӣ, балки дар масоили иҷтимоӣ ҳам ташаббускор ва пешсаф асту барои ин гуна масъалаҳо ҳамеша аввлин шуда, чора меандешад. Ин эътирофи дурустии амалкарди Роҳбари давлати моро нишон медиҳаду ин амалҳоро қобили пайравӣ дар минтақа муаррифӣ мекунад.
Дар ин миён, баъзе афрод ва расонаҳои мухолиф, ки бо санги маломат андохтан сӯи чунин иқдомҳои фарҳангофари Ҳукумати мамлакти мо, мақолаҳои пур аз туҳмату буҳтон ба нашр расонда, аз “нақзи ҳуқуқи башар” ҷор мезананд, бояд бидонанд, ки Ҳукумат ҳамон тавре ки масъули таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи мардум аст, масъули осудагии равонӣ ва фаҳангии мардум барои имрӯзу оянда низ мебошад. Агар Ҳукумат кореро рӯи даст мегирад, ин ба он маъност, ки чандин муддат рӯи он таҳқиқу баррасӣ анҷом додаасту тамоми паҳлуҳои масъаларо омӯхтааст ва суду зиёни онро дар тарозу баркашида, баъд ба амалӣ кардани он шуруъ кардааст. Пас, набояд танҳо як паҳлуи қазия, яъне паҳлуи зоҳирӣ ва муваққатии онро бинему ҳадафҳои аслии ҳукуматро, ки ҳамоно ҳифзи фарҳанги асили мардум ва ҳимояи ҳувияти миллист, нодида бигирем.
Таҳкими давлатдории миллӣ дар замони омезиши шадиди арзишҳо талошҳои созанда ва муқовимати устувори фарҳангиро тақозо менамояд. Маҳз аз ҳамин сабаб таъмини амнияти фарҳангӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини амнияти давлатию миллӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи ба амал баровардани он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ба сифати таҳдидҳо дар ин раванд девалватсияи арзишҳои маънавӣ, тарғиби намунаҳои маданияти оммавии ба зӯроварӣ асосёфта, назарфиребии иттилоотӣ ва ғайра пазируфта мешаванд.
Таҷрибаи иҷтимоӣ собит месозад, ки дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши занону модарон басо бузург аст ва онҳо қодиранд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳувияти миллиро таъмин намоянд. Ин рисолат дар замони муосир аҳамияти махсус пайдо кардааст. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Вале, бархе аз занону духтарони тоҷик ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар аст.
Тоҷикон либоси милли худро дар тӯли таърих маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Либоси сиёҳ рамзи торикию бадбахтист. «Одаму либос - хонаву палос» гуфтаанд. Бонувони тоҷикро бо пероҳани миллияшон мешиносанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бо ин кор, бонувон симои миллии худро аз даст медиҳанд. Аз бонувони ҷумҳурӣ даъват мекунам, ки аз рӯймолу куртаву дигар либоси миллии хеш рӯй нагардонанд, зеро зани тоҷик маҳз бо ҳамин гуна либос нозанину боиффат аст.
Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро яке дароз ва дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ ва чорумӣ шинам дӯхта мешаванд? Агар либос ҳикматеро дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор. Пас, биёед он ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун тоҷик муаррифӣ менамояд, аз омезишҳо ва тақлиди кӯркӯрона эмин нигоҳ дорем.
Дар айни ҳол, дар бораи намуди зоҳирӣ ва парҳез аз бегонапарастӣ низ дар кишвари мо чанд сол боз корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд, ки инак дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам (тавре дар оғоз гуфтем) ба ин фикр афтодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» аз 26-уми июли соли 2014 таҳти №1097 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи талаботи он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд бо намуди зоҳирии аслӣ мутобиқат намоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст). Лекин, баъзе шаҳрвандон ришҳои бетартибу дарозро гузоштаанд, ки симои зоҳирии онҳо ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташон мувофиқат намекунад. Дар натиҷаи гузоштани ришҳои дароз айнияткунонии шахсият мушкил мегард.
Инчунин, ба идораҳои дахлдор номаву арзу шикоятҳои фаровон мерасанд, ки гузоштани риши дарозу бетартиб (монанди салафиҳо ва ё биёбонгардон) аз тарафи баъзе ҷавонон, мардумро ба ташвиш меорад ва осудагии равониашонро халалдор месозад. Гузашта аз ин, илми равоншиносӣ исбот кардааст, ки одам, махсусан ҷавон, вақте аз назари зоҳирӣ худро ба қавмеву миллати бегонае монанд кард, тадриҷан ин чиз ба зеҳну шуураш низ сироят мекунаду аз назари фикрӣ ҳам ба он қавму миллат монанд мешавад. Ин ба сӯи бегонагии фарҳангӣ, миллӣ ва ҳатто мазҳабӣ мебарад.
Баъзеҳо аз нодонӣ ё барқасдона танзими намуди зоҳирӣ ва тарзи пӯшидани либосро ба масъалоҳи динӣ рабт медиҳанду онро дар доираи “маҳдудиятҳои динӣ” ҷой доданӣ мешаванд, ки мутлақо хатост. Зеро тоҷикон миллати мусулмон буда, навъи хоси либоспӯшии хуро доранд, ки он ба талаботи пӯшиши исломӣ ҳам ҷавобгӯст. Азбаски миллати мо пас аз даврони 70-солаи коммунистӣ ва гузаронидани як давраи ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ ниёз ба худшиносӣ ва бозёбии асолати худ дорад, навъи пӯшиши миллӣ тавсия мешавад, ки он ҳам ба талаботи фарҳангии мо ҷавобгӯ буда, мухолифате ҳам бо арзишҳои динӣ надорад.
Бояд донист, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қатъан дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва динӣ маншаъ мегиранд, амалӣ карда мешавад. Ин принсипҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, ҷудо будани созмонҳои диниро аз давлат, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти созмонҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое, ки ин қонунгузорӣ муайян намудааст, таъмин менамоянд ва ҳамзамон хислати дунявии таълимро дар низоми давлатии маориф ва таҳаммули мазҳабиро байни динҳо ва мазҳабҳои гуногун кафолат медиҳанд.
Муқоисаи сатҳи озодии динӣ дар Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя шаҳодат медиҳад, ки нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле баланд ҳастанд. Дар Тоҷикистон барои 1800 - 1900 нафар кушодани як иттиҳодияи динӣ иҷозат дода мешавад, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои ҳамсоя 3000 - 3500 аст.
Ва ниҳоят, инро ҳам набояд нодида гирифт, ки дар ҷаҳони имрӯза муаррифии миллат хеле бештар аз муаррифии маҳсулот ё дастовардҳои он аҳамият дорад. Зеро танҳо миллати шинохташуда метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ пайдо кунад, пешниҳодҳои худро матраҳ созад, бо дигар миллатҳо робита барқарор намояд ва дар заминаи ҷалби сармоя ва рушди иқтисоди миллӣ муваффақ гардад. Агар чунин аст, пас биёед, ҳувияти миллии худро чи бо рафтору гуфтору кирдори нек, чи бо нақшофарӣ дар ҷаҳон, чи бо пешниҳодҳои глобалӣ, чи бо пешрафтҳои илмию техникӣ ва чи бо фарҳангу маданияти хоси худ, ки дар навбати авал дар намуди зоҳирӣ ва тарзи либоспӯшӣ таҷассум меёбад, ҳифз ва муаррифӣ намоем.

Сайфуллои ИСКАНДАР

Тағйироти охир Шанбе, 03 Феврал 2018 15:16
Хонданд 667
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.