.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Вақте дигарон Тоҷикистонро эътироф мекунанд

Янв 27, 2018 Хонданд: 771
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Дар ҳошияи мақолаи адиб ва публитсисти рус Александр Проханов - «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон»)

Сабки намуна ва сабки ошно
Чанд сол қабл дар мавриди саҳнасозӣ дар жанри лавҳа, аз китоби «Журналистика»-и В. Ворошолив ба донишҷӯён як ҷузъро аз навиштаи сармуҳаррири нашрияи «Завтра»-и Русия Александр Проханов мисол меовардам, ки чунин буд: «Путин андаке дер кард. Аз ин хиҷолатзада барин менамуд. Аз дер омадани ӯ истифода карда, мо журналистон думаротибагӣ қаҳваи кремлиро нӯшидем. Қариб ҳамаи кулчақандҳои кремлиро тановул кардем. Путин ҳам гурусна мондагӣ барин ба яке аз охирин кулчақандҳои дар табақча боқимонда даст дароз кард. Ман дидам, ки кулчаи ӯ болояш ҳатто қанд надошт. Чун як варзиштар ба фикрам Путин диетаро риоя мекунад…».
Ин қисмати лавҳаи А. Проханов, ки чандин сол қабл нашр шудааст, давомдор аст ва дар он дар бораи сифатҳои инсонии Путин ишора карда мешавад, ки чи гуна ӯ ботавозуъ, дипломат, шӯхтабъ ва донову ҳозирҷавоб аст. Ин саҳнаро ба донишҷӯён мисол меовардаму мегуфтам, ки зиндаву воқеӣ тасвир кардан ҳамин аст. Дар бораи Путин ҳазорҳо китобу асарҳо навишта шудаанд, аммо ин як сарсатр дар баъзе мавридҳо барои хонандаи умум болотар аз онҳост. Талқин медоштам, ки роҳи беҳтарини ба мафкураи хонанда наздик шудан ҳамин гуна услуб мебошад.
Рӯзномаи «Минбари халқ»-ро ба даст гирифтаму чашмам ба сарлавҳаи аҷибе афтод, ки чунин буд: «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон». Дар аввал чандон аҳамият надодам ва саҳифаҳои дигари рӯзномаро аз назар гузаронидам. Тибқи қоидаи «мағозаи универсалӣ» будани рӯзнома боз ба саҳифаи аввал баргаштам. Яъне дар як растае диққати маро чизе ҷалб карда тавониста буд. Мақола ба сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра» А. Проханов тааллуқ дошт, ки дар тарҷумаи Азамат Дӯстов таҳия шуда буд. Навиштаро ҳамчун як сабки ошно бозавқ хондам.

Александр Проханов шахсият аст
Мехоҳам чанд маълумотеро дар бораи А. Проханов ишора намоям. А. Проханов соли 1938 дар Гурҷистон таввалуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи авиатсионӣ мебошад. Баъди хатми донишгоҳ дар оғози солҳои ҳафтодум ҳамчун мухбири рӯзномаи «Литературная газета» дар Никарагуа, Афғонистон, Камбодҷа ва чанде аз кишварҳои дигар фаъолият кардааст. Соли 1972 ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта мешавад. Дар маҷаллаҳои «Наш современник», «Советский воин», «Молодая гвардия» кор кардааст. Соли 1991 сардабири нашрияи «Литературная газета» интихоб мешавад. Яке аз ҷонибдорони ГКЧП буд. Дар интихоботи президентӣ дар соли 1991 шахси бовариноки генерал Алберт Макашов буд. Соли 1991 газетаи «День»-ро таъсис медиҳад ва бинобар мавқеи мухолифатомез он баста мешавад. Соли 1993 аз ҷониби яке аз наздиконаш газетаи «Завтра» таъсис меёбад, ки сармуҳаррири он мешавад. Ҳарчанд мухолифатҳое бо ҳукумати нав дошт, аммо сиёсати Путинро ҷонибдор аст. А. Проханов публитсист, сиёсатмадор, нависанда, журналист ва шахсияти бонуфузи Русия аст. Узви «Шӯрои телевизионҳои ҷамъияти Русия» ва ҷонишини раиси «Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати мудофиаи Русия» мебошад. Муаллифи чандин роману асарҳо («Равиши ғалабаи русӣ», «Ҷаноби Гексоген», «Шаҳри абад», «Ҷои амал», «Дарахт дар маркази Кобул», «Онҷо дар Афғонистон» ва ғ.) ва садҳо очерку мақолаву ҳикояҳои публитсистӣ мебошад. Ӯро бо сабку услуби хос чун адиби маҷозгӯ ва воқеъбини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи имрӯза мешиносанд.

Баҳои холисона ва бидуни тамаллуқ
Намехоҳам, ки навиштаам тақризмонанд бошад. Ҳарчанд дар навиштаи ӯ беҳтарин ҳунари нигориш, мушоҳида, таҷаммӯи фактҳо, фалсафа, мантиқи фикр, тасвиру ташбеҳ, маҷозу рангорангии фикр, қиёсҳо ва амсоли он ба назар мерасанд. Дар инҷо мақсад шинохти Тоҷикистон аз ҷониби як нафар адиби ба қавле бегона мебошад. Дар сархати фикр мегӯям, ки бояд чун А. Проханов бинем, чун Проханов нависем ва чун Проханов ба заҳматҳои халқамон, ба фидокориҳои роҳбари давлатамон баҳо диҳем. Ба ҳар нафари мункир гуфтанием, ки як бор ин навиштаи адиб, журналист ва публитсисти русро хонад. Дар оғоз таъкид менамоем, ки А. Проханов тамаллуқ намегӯяд ва ниёз ба он ҳам надорад. Дар навиштаи ӯ мадҳ нест. Ӯ аз Тоҷикистону аз Пешвои миллати тоҷик дар фосила қарор дорад. Мавсуф дар назди халқи худ ва Президенти кишвари худ соҳиби нуфузу эътибор мебошад ва ҳамин барояш кифоя аст. Ӯро як чиз мафтун кардааст: сохтмони пурмуъҷизаи НБО-и «Роғун». Вақте ки ӯ бевосита нақбҳои зеризаминии ин неругоҳро мебинад, маълум, ки ба ваҷд меояд. Ба халқи тоҷик, ба сарвари он таҳсин мегӯяд. Нақбҳоро мушоҳида карда, мегӯяд: «… инҷо тамаддуни то ҳол диданашудаи зеризаминӣ бунёд мешавад». Нерӯгоҳро «меваи нияти бузург» меномад. Мегӯяд, ки нерӯгоҳ қувваи бузурги ҳаётбахши сайёравиро дорост. НБО-и «Роғун»-ро «бо зебоӣ ва мураккабияш тасхиркунанда» меномад.
Тавре ишора гашт, А. Проханов чун як адиби соҳибтаҷрибаву соҳибкитоб фалсафаву диди амиқ дорад ва дар такя ба он нисбати тоҷикон чунин оҳанги таҳсинро дареғ намедорад: «Ин нерӯгоҳ рамзи ғалаба ба қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кӯршуда аст».
Муаллиф аз таърихи сиёсиву иҷтимоии мо воқиф аст ва таъкид мекунад, ки Тоҷикистонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ кашид. Аз «ошӯби исломиҳо» ишора менамояд, ки юриши худро аз Душанбе оғоз карда, шаҳрҳову боғотро сӯзонданд, сарбандҳову пулҳоро тарконданд. Аз садои тӯпҳо, ҳаракати танкҳо ва рехтани хунҳо кӯтоҳу пуртаъсир ишора мекунад.
Баҳои баланди А. Проханов нисбати ақлу заковати халқи тоҷик чунин аст: «Ин нерӯгоҳ - рамзи ғалаба, муҷассамаи қаҳрамонони ҳалокшуда, рамзи оштист, ки мардум даҳшати бародаркуширо аз сар гузаронида, ба ҳам омад, ба оғӯши якдигар». Заҳмати халқи тоҷикро дар сохтмон ба назар гирифта, мегӯяд: «Ин нерӯгоҳро тамоми мардуми тоҷик месозад. На сарватмандон, на ширкатҳои шахсӣ. Ин сохтмони умумихалқист».
Шуҳрату нуфузи халқи тоҷик аст, ки бегонаҳо ваҳдату сулҳи ин халқро дар ҳар қадами ин халқ мебинанд. Аз ҷумла, А. Проханов нақши ваҳдатсози нерӯгоҳро чунин баҳо медиҳад: «Ин кори умумии деринтизор аст, ки сарватманду камбизоат, ҷавону пир, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид мекунад». Муаллиф аз монеасозиву рашки кишварҳои бадгумон таъкид карда, чун як тоҷик шукрона аз он дорад, ки акнун ҳама чиз дар гузашта монд. Дар баробари ин дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз мадди назари таҳлилгари рус берун намемонад: «Роҳбарияти нави Ӯзбекистон бо далелу бурҳонҳои тоҷикон, ҳисоби гидрологҳо ва муҳандисон розӣ шуд, ки обанбори «Роғун» тамоми обҳои пирях ва боронҳоро ҷамъ мекунад ва дар давраҳои хушксолӣ бошуурона ва тибқи нақша зиёдатии онро ба маҷрои рӯд равон мекунад…».
Муаллиф моҳият ва аҳамияти байналхалқии нерӯгоҳро собит месозад, ки акнун имкони он дар дигарбора сероб кардани баҳри хушкшудаи Арал бештар мешавад. То Қазоқистон рафта расидани ин обҳои ҷамъшударо зикр менамояд.

Назар ба давлатсозӣ ва бунёдкории Эмомалӣ Раҳмон
Нуқтаи меҳварии нигоштаи А. Прохановро симои Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад. Нақши ин фарзанди садоқатманди тоҷикро дар бунёди нерӯгоҳи бузург зикр менамояд ва аз ташбеҳи аҷибу таъсирбахш корбаст менамояд: «НБО-и «Роғун» сохтмони президентист. Ин «фарзанди дӯстдошта»-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ӯ онро ҳамчун хотираи роҳбарии худ бунёд мекунад».
Хеле хушоянд аст, ки як сиёсатмадор, публитсист, журналист ва шахсияти бегона заҳмату талошҳои Роҳбари давлати моро беғаразона ба қалам медиҳад. Заковату фаросати баланди Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми ҷаҳон бозгӯ кардан мехоҳад: «Ӯ аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ меорад, буҷаи кишварро ончунон пешбинӣ намудааст, то ки барои сохтмони «Роғун» ягон доллари қарзӣ сарф нагардад». Нангу номусро омили бунёди нерӯгоҳ ва миллатсозиву миллӣ будани ин сохтмонро ба донишҳои Пешвои миллат марбут медонад: «Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист».
Халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро бесабаб унвони Пешво надодааст. Ҳамчун қаҳрамони миллат ҷангро, ихтилофро, даҳшатҳову хатарҳоро дар роҳи нобудии миллату давлати тоҷик барҳам задааст ва ин нуктаро низ А. Проханов чун як таҳлилгари сиёсати байналхалқӣ эътироф менамояд: «Президент Раҳмон - сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сӯхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст».
Шарафмандии халқи тоҷик аст, вақте ин қаҳрамонии Пешвои миллатро бегонагон эътироф менамоянд ва устувории ӯро дар муқобили бадхоҳони миллат нишон медиҳанд. Ин худ далели қаҳрамонии Пешвои миллати мост, ки вақте як муаллиф аз минбари баланди васоити ахбори байналхалқӣ мегӯяд: «Дар замони роҳбарии ӯ тирпаррониҳо қатъ шуданд». Хайрхоҳиву гуманизми баланди Пешвои миллат низ аз назари ин таҳлилгар дур намондааст: «Ӯ ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард». Эмомалӣ Раҳмон аз диди муаллиф бунёдкори асил аст: «… Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод». Дар бораи дастурҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди роҳҳо, боғҳо, нақбҳо ва даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим низ таъкид карда мешавад. Муборизаву талошҳову иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили хатарҳои ҷаҳонӣ низ зикр мегарданд.
Тасвирҳо, таҳлилҳо ва баҳогузориҳои ин адиб нисбати Тоҷикистон зиёданд ва мо ба таври интихобӣ чанде аз онҳоро пеш овардем. Барои мо ифтихор он аст, ки пешрафти Тоҷикистонро беҳтарин ва баландпоятарин шахсиятҳои маънавии хориҷи кишвар қоиланд. Умедворкунанда он аст, ки пешрафти қарибулвуқуи Тоҷикистонро онҳо пешгӯӣ карда истодаанд. Хулосаи навиштаи А. Проханов чунин аст: «Як сол пас сохтмон ба анҷом мерасад, турбинаҳои муқтадир меғурранд ва барқ ҷорӣ хоҳад гашт, ҳамоне ки шоирони бузург ва паямбарон пешгӯӣ мекарданд, рӯшноии эҳтироми инсонҳо ба ин олами тақдимшуда…».

Таҳаввули имрӯзу ояндаро бояд дид
Пеш овардани чанд нуқтаи назар танҳо ба як ваҷҳ аст: Вақте бегонагон пешрафти Тоҷикистон ва қаҳрамониҳои Роҳбари онро эътироф менамоянд, боке аз ақидаи ягон худии ихтилофназаре надорем. НБО-и «Роғун» - ин хушбахтиву комёбии бузурги халқи тоҷик аст. Он боигарии халқи тоҷик хоҳад буд. Заҳмати Пешвои миллат дар бунёди он беназиру беҳудуд аст. Тавре таъкид гашт, соли 2018 халқи тоҷик фатҳи беназир хоҳад дошт. Кореро, ки як давлати абрқудрат анҷом дода натавониста буд, онро оқибат Тоҷикистони мустақил анҷом медиҳад.
Нақбҳои синаи куҳ, ки журналист ва адиби русро тасхир намудааст, имсол аз об пур мешаванд ва нерӯгоҳ барои асрҳо ба халқи тоҷик хидмат хоҳад кард. Аз ин фурсат истифода карда, аз масъулини ИНТ ва ИЖТ хоҳиш доштем, ки чун имсол ин нақбҳо ба истифода дода мешаванду зери об мемонанд, гуруҳҳои махсуси журналистону публитсистону адибони тоҷикро ба ин нерӯгоҳ ба сафари хидматии эҷодӣ равон намоянд. Мусоидати ниҳодҳои масъул низ дар ин роҳ муҳим аст. Зеро вақте адибону журналистони бегона қаҳрамониҳову нотакрории ин сохтмонро мебинанд, чаро эҷодкорони мо ин қаҳрамонии халқи тоҷику Пешвои онро дар саҳифаҳои таърих ҳамсони навиштаи Александр Проханов сабт нанамоянд?
Боре як журналисти шинохтаи кишвар гуфта буд: «… Мо ҳам мегӯем, ки кор мекунему ба давлат хизмат мекунем. Корро рафта дар нерӯгоҳи «Роғун» бинед. Онҷо афсона аст».
Хулоса, гуфтанием, ки васфи ин мавзуъ ягон тамаллуқ нест. Баръакс, баъзе тӯтивор такрор карданҳо нолозиманд. Ҳақиқатро, навро, таҳаввули имрӯзу ояндаро бояд дид. НБО-и «Роғун» қаҳрамонии халқи тоҷик ва Пешвои он аст, ки бояд дар беҳтарин асарҳову эҷодҳо сабти таърихии худро ёбанд.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Тағйироти охир Шанбе, 27 Январ 2018 12:05
Хонданд 771
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.