.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Қирғизистон: Интихоботи президентӣ шаффоф гузашт?

Окт 21, 2017 Хонданд: 596
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Сарвазири собиқи Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии ин кишвар, ки якшанбеи 15-уми октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани раъйи бештар ғолиб омад. 

Тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар интихоботи президентии ин кишвар ҳудуди 50% раъйдиҳандагон - 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд.
Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот номзадро зарур аст, ки беш аз 50%-и раъйи иштирокдоронро ба даст орад. Аз рақиби асосии Ҷээнбеков - раҳбари ҷиноҳи парламентии “Республика - Ота Журт” Омурбек Бабанов 564 ҳазор кас, ё 33,3%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.
Раиси Ҳизби “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров бо ба даст овардани 108 ҳазор овоз (ҳудуди 6,3%) дар ҷойи сеюм ва раҳбари Ҳизби “Оқ-Шумқор” Темир Сариев бо 42,7 ҳазор овоз дар зинаи чорум қарор доранд. Ба ҷонибдорӣ аз Таалатбек Масадиқов, ки ҷойи панҷумро соҳиб шудааст, 10,5 ҳазор нафар раъй додаанд.
Дар оғоз довталабони курсии президентӣ дар Қирғизистон тақрибан шаст нафарро ташкил медоданд. Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ танҳо 13 нафари онҳоро иҷоза дод, ки вориди рақобат шаванд. Аммо пас аз нашри варақаҳои раъйдиҳӣ чанде аз номзадҳо аз идомаи рақобат даст кашиданд. Қамчибек Тошиев, намояндаи ҳизби “Ота Ҷурт” аз аввалин номзадҳое буд, ки аз довтабалӣ барои курсии президентӣ даст кашид ва дар интихобот аз номзадии Сооронбой Ҷээнбеков ҳимоят кард. Ҳамзамон, раҳбари ҳизби “Онугуу-Прогресс” Бакит Торобоев низ ариза навишта, номзадияшро ба нафъи Омурбек Бабанов пас гирифт.
Дар интихоботи 15-уми октябри Қирғизистон ҷамъан 11 номзад, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ рақобат карданд.
Натиҷаҳои интихоботи президентии Қирғизистон нишон медиҳад, ки Сооронбой Ҷээнбеков пирӯзиро ба даст овард, вале рақиби асосии ӯ Омурбек Бабанов гарчанде шикасташро дар интихобот қабул кард, вале мегӯяд, ки пирӯзии Ҷээнбеков шаффоф набуд.
Дар ин ҳол, Тоҷикистон бо кишвари Қирғизистон, ки ҳамсарҳад аст, то имрӯз аз рафти интихоботи ин кишвар ҳамвора пайгирӣ мекард ва то анҷоми раъйдиҳӣ интизори натиҷаҳо буд. Бархе аз коршиносони тоҷик низ бар он ақидаанд, ки интихоботи президентии Қирғизистон начандон шаффоф гузашт ва баъзе минтақаҳои ин кишвар, ки ба Тоҷикистон наздикӣ доранд, қариб ки аз ҷараёни ин раъйдиҳӣ бохабаранд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси тоҷик, ки айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор дорад ва ин ноҳия ба навоҳии Қирғизистон наздикӣ дорад, аз мушоҳидаҳову дидаҳояш мегӯяд, ки интихоботи президентии Қирғизистон начандон шаффоф гузаштааст. Ӯ мегӯяд, ба мардум ташфиқотчиёни Сооронбой Ҷээнбеков наздики як моҳ зиёфат додаанд, то ин ки ба ҷонибдории сарвазир овоз диҳанд. Чӣ гунае ки худи ӯ мегӯяд: “Айни замон ман дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорам, ки дар он тарафи роҳ ноҳияи Лайлаки Қирғизистон қарор дорад. Таассуроташ ҳамин ки, ҷониби Сооронбой Ҷээнбеков ва атрофиёнаш дар вилояти Ботканд ба мардум қариб як моҳ фақат зиёфат додаанд, то ин ки ба сарвазир раъй диҳанд. Бо ҳама тарафдорони худ, яъне ташвиқкунандагон маблағ ҷудо кардаанд. Рӯзи интихобот ҳамаи мардумро ба нуқтаи раъйдиҳӣ тавассути нақлиёт бурдаанд. Ин ҳамааш аломати он аст, ки интихобот ба пуррагӣ шаффоф набуд”.
Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки гарчанде интихобот ба пуррагӣ шаффоф нагузашт, вале ҷониби мусбаташ он буд, ки бори нахуст дар Қирғизистон интихобот бо инқилобу зӯрӣ не, балки қонунӣ сурат гирифтааст.
- Шаффофиаш ҳамин аст, ки онҷо ҳуҷҷати бақайдгирии биометрӣ аст, тақаллубкориро ошкор мекунад. Лекин дигар омилҳоро васеъ истифода кардаанд. Ҷониби мусбаташ ҳамин ки, интихобот дар Қирғизистон бори аввал аст, ки тавассути инқилоб не, тавассути истифодаи зӯрӣ нею қонунӣ, тавассути интихобот гузашт,- қайд намуд ӯ.
Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, зиёда аз ҳафтсад нозири хориҷӣ аз рафти интихобот пайгирӣ мекунанд. Тоҷикистон ҳам барои назорат аз ҷараёни интихоботи кишвари ҳамсояи худ ду нафарро фиристодааст. Вале то ба ҳол нозирон дар мавриди ношаффоф гузаштани интихобот садо баланд накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки коршиноси дигари тоҷик Саъдӣ Ворисов интихоботи мазкурро дар Қирғизистон шаффоф меҳисобад ва мегӯяд, дар ҳоле, ки нозирони минтақавии байналмилалӣ ин интихоботро шаффоф хондаанд, ин интихобот шаффофу одилона аст.
- Дар миёни рақибони интихоботӣ маъмулан чунин иттиҳомот гоҳу ногоҳе садо медиҳанд, вале чун нозирони минтақавӣ ва байналмилалӣ назари мусбат дошта бошанд, пас он интихобот одилона ва шаффоф буда, баргузоршуда маҳсуб мешавад. То ба ҳол изҳори норизоятӣ аз тарафи нозирони минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мавриди интихоботи Қирғизистон садо надодааст ва биноан, фикр мекунам интихоботи ҳамсоякишари мо интихоботи шаффоф буд,- мегӯяд ин коршиноси тоҷик.
Тоҷикистон бо Қирғизистон тахминан 976 километр марзи муштарак дорад. Гоҳо баҳсҳои марзӣ, даъвоҳои дастрасӣ ба обу захираҳои дигари табиии деҳаҳои наздимарзӣ аз мушкилотест, ки ба равобити ду кишвар таъсири худро мерасонад. Соли 2014 дар равобити ду кишвар мушкилоти марзӣ аз доғтарин масъалаҳо буд ва дар давоми як сол марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзиро хомӯш кардаанд. Он сол дар маҷмуъ 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расонида шуданд. Бархе умед бар он бастаанд, ки шояд пас аз ба сари қудрат омадани президенти нав ин мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд.
Саъди Ворисов, коршиноси тоҷик бар он ақида аст, ки дар оянда Қирғизистон аз тарҳҳо ва иқдомоту ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳимоя хоҳад кард. Ба қавли ӯ, оянда муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон густариш ёфта, ин муносибатҳо барои беҳбуди об ва нерӯи обӣ заминаи хубро фароҳам меоварад.
- Мавзеъгириҳои ягонаи ду кишвар дар масоили об ва нерӯи обӣ заминаи хуби ҳамкориҳои ояндаи ду ҳамсоякишварро фароҳам кардааст ва дар оянда низ фикр мекунам ин ҳамкориҳо густариш пайдо мекунанд,- чунин иброз намуд ӯ.
Ахиран дар баробари президенти қаблии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва президенти Русия Владимир Путин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо номаи табрикотӣ президенти ояндаи ин кишвар Сооронбой Ҷээнбековро табрик намуда, мегӯяд: “Бо ибрози манфиатдории худ ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмуи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон, изҳори итминон менамоям, ки мо метавонем бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкориҳои кишварҳоямонро ба хотири ривоқу равнақи мардумонамон ба сатҳи сифатан нав барорем”.
Сооронбой Шарипович Ҷээнбеков 16-уми ноябри соли 1958 дар деҳаи Қара-Кулчаи вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омадааст. Айни замон 59 сол дорад. Ӯ фарзанди сеюми Шарип Ҷээнбеков маҳсуб меёбад. Хонаводаи Ҷеенбековҳо як хонаводаи пурнуфуз дар Ӯш ба шумор меравад ва ба авлоди жору аз қабилаи адигине тааллуқ доранд. Сооронбой Ҷээнбеков соли 1983 Донишкадаи кишоварзии Қирғизистон ба номи Константин Скрябинро бо ихтисоси зооинженер ва соли 2003 риштаи бухгалтерии Донишгоҳи аграрии Қирғизистонро хатм кардааст.
Ҳамчунин, Сооронбой Ҷээнбеков ду хоҳар ва як писару як духтар дорад, вале ҳаёти оилавиашро аз мазҳари ом пинҳон нигоҳ медорад.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои интихобот то 4-уми ноябри имсол эълон хоҳад шуд. Моҳи декабр замони раёсати Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури кунунии Қирғизистон ба поён мерасад. Раисҷумҳури нав бояд то 7-уми декабр савганд ёд кунад.

Фарзонаи УМАРАЛӢ, “ФАРАЖ”

Тағйироти охир Шанбе, 21 Октябр 2017 15:15
Хонданд 596
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.