.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Поёни эҳтимолии ҷанг дар Сурия ва нигарониҳои давлати яҳудӣ

Сен 16, 2017 Хонданд: 1685
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Гузашти солҳо аз хунрезиҳо дар Сурия, ки гоҳе майдони кашмакашҳои неруҳои давлативу зиддидавлатӣ буд ва баъдан ба оташи ҷанги гуруҳҳои ситезаҷӯи бегона печид, як рушаниеро падидор намеорад. Ба ин майдон торафт қувваҳои дигару неруҳои нав ворид мешаванд. Давлатҳои нав кашида мешаванд. Аммо ҳамоно қудрати аслӣ ҳамон Амрикову Русияанд, ки ба хотири ҳифзи манофеъи геополитикӣ бо баҳсҳои дурударозу беҳосил сарнавишти мардуми ин кишварро ба самти номуайян кашидаанд.

Дар миён давлати яҳудӣ аз қабл бозингари пасипардагӣ буд. Паси парда ба нукарони арабаш дастур медод, ки чӣ бояд кунанд. Аммо ин авохир ошкоро вориди амал шудааст. Ва баҳонаи он вуруди Эрону шикасти қарибулвуқуъи ДОИШ аст. Исроил аз ин шикаст бонги изтироб мезанад ва мегӯяд дар ҳоли аз майдон берун шудани ДОИШ Эрон дар Сурия мавқеъ пайдо мекунад ва ин зидди манфиатҳои Тел-Авив аст.
Исроил борҳо мавозеъи неруҳои ба ҳам мухолиф дар Сурияро мушакборону бомбборон кардааст. Ва ҳоло аз бими Эрон гоҳ ба Русия ва гоҳи дигар ба ИМА рӯ меорад, то изтиробашро расонад ва аз онҳо хоҳад дар тасмимҳои худ манфиати давлати яҳудӣ дар минтақаро фаромӯш накунанд. Маъмулан Исроил ин манфиатҳоро пардапӯшона “ҳимояи яҳудиён” унвон мекунад.
23-юми августи соли равон сарвазири Исроил ғайримунтазира ва бидуни эълони қаблӣ вориди Сочӣ шуд ва дар қароргоҳи президенти Русия бо Владимир Путин мулоқот кард. Хабаргузориҳо навишта буданд, ки сарвари давлати яҳудӣ вақтҳои охир хеле тез-тез рӯ ба Русия меорад ва ҳоло ҳам, ки ба Сочӣ рафтааст, ин ҳамон мададхоҳӣ ва ё ҳамоҳанг намудани талошҳо дар Сурия ва масъалагузорӣ назди Путин аст.
Расонаҳои хабарии Исроил навиштанд, ки Натанёҳу талош мекунад Русияро ба чизе мутақоид созад, ки Вашингтонро натавонист мутақоид кунад. Аммо дар сафари Сочӣ ҳамроҳ бо сарвазир сарвари идораи истихборотии Тел-Авив Йосси Коэн ва сарвари Шӯрои амнияти миллии Исроил Меир Бен-Шабат низ буданд. Бино ба навиштаи DEBKAfile ин мулоқот бештар аз 3 соат давом кард.
Коршиносони Исроил дар шарҳу тавзеҳи худ оиди ин сафар иброз доштанд, ки ба назар мерасад сарвари давлати яҳудиро на танҳо ҳузури воҳидҳои ҳарбии Эрон дар Сурия, балки анҷоми қарибулвуқъи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ба ташвиш овардааст. Яъне, Исроил намехоҳад ин буҳрон поён ёбад, чун дар анҷоми он бесуботӣ дар кишвари худро мебинад.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки дурнамои хатми ҷанг ба нафъи Исроил нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рӯзҳои наздик неруҳои давлати Сурия ва Лубнон муваффақ ба он хоҳанд буд, ки охирин пойгоҳи “Давлати исломӣ” дар Каламуни Ғарбиро, ки ҳаммарз бо Исроил аст, саркӯб ва шикаст диҳанд. Интизор меравад, ки баъди ин неруҳои муштараки давлативу арабӣ поксозии қаламрави ҳаммарз бо Исроилро шуруъ хоҳанд кард. Ҳар маконе, ки пок мешавад, он ҷо неруҳои давлатӣ ва лубнонӣ мустақар мешаванд. Бими Исроил дар он аст, ки ин таҳкими нерӯ дар марзаш хатар ба амнияташ дорад.
Аз сӯйи дигар Исроил ҳоло ҳам намехоҳад Сурия ба манотиқи ишғолии баландиҳои Ҷавлон баргардад ва ин дар дохили Исроил вазъи Натанёҳуро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Зеро дар ин ҳолат барнома са сиёсати пуштибонӣ аз мухолифони Асад шикаст мехӯрад. Ин ҳолат метавонад зарбаи сахте ба кобинаи бе ин ҳам дар ҳоли таназзули Натанёҳу занад.
Таҳлилгарон мегӯянд сарвазири давлати яҳудӣ ҳоло дар ҳоли ногуворе монда ва ҳатто дигар наметавонад аз ҷониби “Ал-қоида” низ вориди ҷанг шавад ва ё ҳаддиақал ин гуруҳи ситезаҷӯро мадади моливу силоҳ кунад. Инро Натанёҳу дар Вашингтон дар миён гузошта буд, аммо муттаҳидони амрикоияш аз он пуштибонӣ накарданд.
Вақте Кохи Сафед тарҳҳои пешниҳодии Тел-Авивро рад кард, манзараи дигар пеши чашми Натанёҳу ҳувайдо шуд. Ин ҳузури густардаи Эрон дар Сурия баъди шикасти ДОИШ ва “Ал-қоида” ва ҳамдастии Асад бо шиаҳои Эрону Лубнон ва сангаргирии муштарак алайҳи Исроил. Дарвоқеъ агар ин гуна ҳолат пеш ояд, кас намедонад Исроилро чӣ сарнавиште интизор аст. Дар ин ҳол Исроилро лозим меояд кулли нерӯи ҷанговари худро дар як “хати сурх” алайҳи Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон сарҷамъ кунад.
Аммо ин мушкили ягона нест. Бино ба навиштаи расонаҳои исроилӣ дар 13 километраи майдони ҷанг дар марзи ғарбии минтақаи ҷануби ташаннуҷзои Сурия 10 посгоҳи нозирони ҳарбии посдорони сулҳи Русия (ҳоло ду ротаи пулиси ҳарбии Ингушистон дар он навбатдорӣ мекунад) гузошта шудааст. Ва салоҳияти он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуда ва ИМА низ ба он мухолиф нест.
Исроил аз оғоз зидди ин тасмим буд ва намехост он нозирони сулҳ аз Русия дар наздикии марзҳояш ҳузур дошта бошанд. Онҳо басо озодона дида метавонанд, ки оё неруҳои “Ҳизбуллоҳ” ва ё Эрон ба самти Исроил ҳаракат мекунанд ва ё на. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар наздиктарин фурсат барои Асад зарурате ҳам пеш намеояд, ки дар марз бо Исроил неруҳо аз Эрон ё Лубнон ҷобаҷо шаванд. Чун барои ин худи Димишқ қувваҳои кофӣ дар ихтиёр дорад ва ҳатман сарбозони худро хоҳад гузошт. Ва Натанёҳу дар Маскав ин масъаларо дар миён гузошт, ки Путин фишор орад, то Асад эроониёнро дар наздикии марзҳояш бо Исроил нагузорад.
Машҳуртарин нашрияи чопи Исроил «Маарив» менависад, ки мулоқоти Натанёҳу бо Путин дар Маскав муваффақияти чандоне надошт. Ба назар мерасад Исроил дар миқёси байналмилалӣ дар муносибат бо Эрон муттаҳидони воқеъӣ надорад. Ин нашрия боз навиштааст, ки ба ин худи Натанёҳу гунаҳгор аст, чун дар сиёсатҳои худ натавонист пуштибонии сиёсатмадорони ғарбиро ба даст орад
Бинёмин Натанёҳу ин ақидаро аз хеле замоне талқин мекунад, ки Эрон ба дунболи оғози як ҷанг бо Исроил аст. Вай мегӯяд, ягона кишваре, ки ба ҳаққи вуҷуд надоштани Исроил таъкид мекунад, ин Эрон аст. Аз ин рӯ дар гузашта ҳама тавофуқоти байналмилалӣ бо Эронро Исроил ба боди интиқод кашида буд. Ҳоло ҳам ки мебинад бо баҳонаи ёрӣ ба Сурия ҷиҳати шикасти ДОИШ ба марзҳои Исроил худро наздик мекунад, ин ҳадафаш рушантар мешавад.
Баъди бозгашташ аз Сочӣ сарвазири давлати яҳудӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии 20-и мамлакаташ Эронро ба он муттаҳам кард, ки талош мекунад ба як ҷанги нав алайҳи Исроил доман занад. Вай гуфт, ки “Эрон бо ҳамин ҳадаф низ неруҳои ҳарбии худро дар манотиқе, ки ДОЪИШ онҳоро тарк мекунад мустақар месозад.” Ба андешаи Натанёҳу дар ҳамин ду ҳафтаи охир вазъ дар Ховари Миёна рӯ ба тағйир овардааст ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ бар ДОИШ пирӯз шавад. Бадии ин иттифоқотро Натанёҳу дар он мебинад, ки Эрон қудратмандтар мешавад ва худро дар манотиқе, ки қаблан зери тасарруфи ДОИШ буд, мустақар месозад. Вай гуфт: “Эрон ин мавзуъро махфӣ намекунад, ки дар ҳоли барномарезӣ барои истиқрори ҳарбиёнаш ва неруҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминиаш дар манотиқе аз Сурия аст, ки ДОЪИШ аз онҷо хориҷ шудааст. Ва оғози ҷанг алайҳи Исроил аст. Возеҳ аст, ки ин тағйир, мо ва кишварҳои минтақа ва ба назарам кулли ҷаҳонро таҳдид мекунад.”
Ба сурати умум дида мешавад, ки аз поёни ҷанг дар Сурия танҳо давлате ошкоро изҳори нороҳатӣ мекунад, ин Исроил аст.

Фирӯзи Муҳаммад 

Тағйироти охир Шанбе, 16 Сентябр 2017 12:16
Хонданд 1685
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.