.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Русия: Куштори тоҷик ҷазо надорад?!

Сен 09, 2017 Хонданд: 1626
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Тайи чанд соли охир ҷомеаи тоҷик нигарони он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия поймол шудааст. Ҳар сол наздики 800 нафар мурда аз Русия ба Тоҷикистон равона карда мешавад. Шаҳрвандони тоҷик нигарон аз онанд, нуқтаҳои дипломатии тоҷик дар Русия тамоми нерӯи худро барои муҳофизати шаҳрвандон сарф намекунанд. 

Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири тоҷик, ки дар Москва ба кӯчарӯбӣ машғул аст, барои эроди кӯтоҳ ба зане, ки сагаш болои гулҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Маскав ахлот мекард, дучори латукӯб шуд. Дар ин бора на матбуоти тоҷик ва ё рус, балки пеш аз ҳама дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзноманигор Александр Зайтсев хабар дод.
Тибқи иттилои Зайтсев, рӯзи дигар марди ношиносе, ки тахмин мешавад, шавҳари он зани сагдор буд, ӯро латукӯб кардааст. Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо рӯзи дигар боз ҳамон мард омада, ӯро маҷбур кардааст, ки аз занаш бахшиш пурсад. Вақте ки Маҳмудулло хоҳиши ӯро рад мекунад, он марди азимҷусса гӯши ӯро то канда шудан газида, гурехтааст.
Ин навиштаи Зайтсев дар «Фейсбук» ҳангомаи зиёдеро ба вуҷуд овард ва сабаб шуд, ки маркази ҳуқуқии «Общественный вердикт» ба ҳимояи Давлатзода бархост.
Ирина Бирюкова, яке аз вакилони мудофеи созмони “Общественный вердикт” дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки Давлатзода дар як ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва бинобар ин ӯ аз номи Давлатзода ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст.
Аммо ин воқеа яке аз садҳо воқеаҳои мудҳишст, ки шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо он бармехӯранд. Аз ҳама оддиаш, дар сомонаи ҷустуҷӯйии Google “Куштори муҳоҷири тоҷик” ва ё ибораҳои ҳаммаъноро ворид кунед, маводи зиёд бо чандин забон ва наворҳои видеоӣ пайдо мешаванд.

Ҷасади пора-пораи муҳоҷири тоҷик
Сари аз тан ҷудои сокини 36-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд Далер Маматхоновро рӯзи 22-юми апрел ва ду дасту пояшро 18-уми апрели соли 2017 пайдо карданд. Далерро шоми шанбе, 15-уми апрел аз назди хонаи зисташ, деҳаи Сухаревои вилояти Маскав маҷбуран ба як мошин савор карда бурдаанд ва танҳо баъди чанд рӯз ду дасту ду по ва сипас сари аз тан ҷудояшро дар байни шоҳроҳҳои Дмитровское ва Ленинградское пайдо карданд.
Рӯзи 18-ми апрел кормандони пулиси шаҳри Дмитров Фарҳод Эргашев ва дигар ҳамхонаҳои бародарашро ба бозпурсӣ даъват карда, мегӯянд, ки дар як мавзеи бо номи “Бетонка”, ҷойе, ки шоҳроҳҳои Дмитровское ва Ленинградское ба ҳам пайваст мешаванд, ду дасту ду по пайдо кардаанд. Ин аз ҷойе, ки Далер Маматхонов зиндагӣ мекард, 30 километр дуртар аст. Онҳо бовар накардаанд, ки аъзои бадани Далер бошад, аммо кормандони пулис гуфтаанд, ки «мо изи ангуштонашро санҷидем ва ин аъзои бадан аз Далер Маматхонов аст».
Баъдан Фарҳод бо дигар бачаҳои тоҷик ба ҷустуҷӯи ҷасади Далер Маматхонов мепардозанд ва 22-юми апрел сарашро даруни халта дар роҳе, ки ду дасту пояшро пайдо карда буданд, меёбанд. Боз қариб 50 километри дигар ду канори роҳро ҷустуҷӯ мекунанд, вале дигар аъзои бадани ӯро намеёбанд.
Фирӯза Бобоева - ҳамсари Далер Маматхонов, ки дар Маскав интизори ёфтани қотили ҳамсараш ё ақаллан аз пулис гирифтану ба Ватан овардани аъзои бадани шавҳараш аст, дар суҳбат бо мо гуфт, ҳамон шаб ӯ бо бародари Далер - Фарҳод Эргашев аз Тоҷикистон ба Маскав рафтанд ва ҳамсараш бояд дар фурудгоҳ пешвоз мегирифт: “Мо соатҳои баъди 12-и шаб ба хона расидем. Телефону шиносномааш рӯйи миз буд, вале худаш набуд. Ҳамхонаҳояш гуфтанд, ки Далер бо либоси хонагӣ берун баромадааст. Вале ӯ дигар барнагашт. Ду дафъа ба пулиси маҳаллӣ муроҷиат кардем. Пулиси Сухарево гуфт, ки бемористонҳоро кобед. Бо як по ҳамаи бемористонҳоро гаштем, аммо нишоне аз ӯ наёфтем”.
Ба гуфтаи Фирӯза, то ҳол қотилони шавҳарашро наёфтаанд ва ақаллан аъзои бадани пайдошудаи шавҳарашро намедиҳанд, ки гӯронанд: “Ҳеҷ кас намедонад, ки ӯро кӣ куштааст. Қариби чор моҳ мешавад, ки ман ин ҷо саргардонам. Ҳамин қадар вақт гузашт, аммо ақаллан аъзои пайдокардаи ҷасади шавҳарамро намедиҳанд, ки гӯронем. Дар ҷустуҷӯйи қотилаш ҳам аҷала надоранд. Кормандони пулис мегӯянд, ки ҳар вақте маълумоте пайдо шуд ё қотилро ёфтанд, хабар мекунанд”.

Набудани иттилои дақиқ
Шароити бади зиндагӣ ва набудани ҷойи корӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебарад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар Русия 800 ҳазор муҳоҷири тоҷик ҳузур доранд.
Мувофиқи ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо”-и Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2015-ум 843 ҷасади шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан оварда шудааст, ки 19 касашонро кушта буданд. Соли 2016 бошад, 840 ҷасади шаҳрвандон ба ҷумҳурӣ оварда шуд, ки 19 нафарашон кушта шуда буданд. Дар семоҳаи соли 2017-ум 220 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан овардаанд. Аз ин шумор 18 нафарашон кушта шудаанд.
Боиси таассуф аст, ки зиёде аз ин кушторҳо нокушода ва ҷинояткорон беҷазо мемонанд.
Ба саволи мо дар мавриди омори куштори тоҷикон ва сабабҳои нокушода боқӣ мондани ҷиноятҳо аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон иброз доштанд, ки онҳо чунин маълумотеро надоранду ҳуқуқи шарҳ додан ҳам. Мо бояд ба намояндагии ВКД-и Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунем. Аз намояндагии ВКД-и Русия дар Тоҷикистон бошад, ҷавоб доданд, ки ин гуна маълумотро дар даст надоранд ва агар дошта бошанд ҳам, бе иҷозати Маскав ба касе намедиҳанд. Онҳо низ аз шарҳи нокушода боқӣ мондани куштори тоҷикон худдорӣ намуданд.

Қурбониҳои нафрат
Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ - Каримҷон Ёров ҳангоми суҳбат бо мо иброз дошт, ки муҳоҷирон дар Русия аз тарафи нажодпарастон, аз тарафи корфармоён барои надодани маблағ, аз тарафи гуруҳҳои ҷиноии тоҷикон барои баҳсҳои пулу молӣ, ё ғорат кардан кушта мешаванд.
- Қисме дар ҳолати мастӣ кушта мешаванд ё дар ҷойҳои фароғатӣ. Дар ҳоли ҳозир ҳодисаҳои куштори ронандагони нақлиёти мусофиркаш - таксӣ зиёд шудааст, ки сабабаш надодани роҳкиро ё ғоратгарӣ мебошад. Солҳои охир бо сохтани иншооти варзишӣ ва иҷтимоӣ бисёр муҳоҷирон аз баландӣ дар сохтмон меғалтанд, ки инро ҳам як намуди куштор номидан мумкин аст, зеро техникаи бехатарӣ риоя намешавад,- афзуд Ёров.
Дар ВАО-и Русия бештар симои манфии тоҷиконро намоиш медиҳанд, ки ин ҳам метавонад яке аз сабабҳои тоҷикбадбинии русҳо ва куштори онҳо бошад. Таҳлилгари тоҷик Нуралӣ Давлат мегӯяд, ҳарчанд ВАО мустақиман ба куштор рабт надоранд, аммо метавонанд яке аз омилҳои барангезандаи тоҷикбадбинӣ бошанд: “Масалан рӯзномаи “Комсомолская правда”, ки бештар мақолаҳои зиди тоҷикон чоп мекунад. Аслан дар ВАО-и Русия тоҷик ё наркоман аст, ё авбош ва ё дузд. Тоҷик дар Русия симои дигар надорад ва дар ташаккули симои Равшану Ҷамшуд асосан расонаҳои чопиву электронии Русия саҳм доранд. Ва инҳо давоми 20-25 соли гузашта афкори ҷомеаи Русияро ташаккул доданд, ки тоҷик беҳунар аст, аз дасти тоҷик ягон кор намеояд...”.
Нуралӣ Давлат бар он назар аст, ки бештари куштори тоҷикон ва умуман муҳоҷирон кори дасти миллатгароён ва нажодпарастон аст: “Онҳо мехоҳанд дар Русия дигар муҳоҷирон набошанд ва набояд бо занони рус издивоҷ кунанд”.
Аммо, ба гуфтаи таҳлилгар, тақрибан кушторҳои тоҷикон бо моддаҳои нажодпарастию миллатгароӣ кушода намешавад. Баръакс, гунаҳкорон бо моддаи авбошию дигар моддаҳои сабук ҷазо дода мешаванд. Ҳатто кӯшиш мекунанд, ки гуноҳро боз ба сари тоҷики кушташуда зананд.
Нодира Абдуллоева, корманди ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» яке аз сабабҳои куштори тоҷиконро ба миллатгаро ва нажодпараст будани русҳо вобаста медонад: “Яке аз сабабҳо баланд будани сатҳи нажодпарастӣ ва миллатгароӣ дар Русия аст. Бояд қайд кард, ки бар асоси бадбинӣ на танҳо муҳоҷирони тоҷик кушта мешаванд, балки намояндаҳои дигар давлатҳо, аз қабили Корея, Ҳиндустон, Бангладеш, кишварҳои Африқо ва Қафқоз низ қурбонии миллатгароён мегарданд. Аммо аз рӯйи додаҳои Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Сова» чунин ҳолатҳо бо намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна бештар рух додаанд”.

Беаҳамиятии сохторҳои дахлдор
Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, “мушкил сари он аст, ки вақтҳои охир Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо нисбати кушторҳо умуман ягон вокунише намекунанд, агар шавад ҳам, танҳо як вокуниши протоколӣ мешавад. Ҳол он ки, солҳои пеш, дар давраҳои сафирҳои пешин, ки ғурури миллӣ доштанд, вокунишҳои сахт дода мешуд, хусусан дар давраҳои сафирии Рамазон Мирзоев, Сафар Сафаров, Абдулмаҷид Достиев”.
Нуралӣ Давлат - таҳлилгари масоили сиёсӣ бар он назар аст, ки дар ҳолати вокуниш нишон додани Ҳукумати Тоҷикистон низ Русия ҷиддӣ қабул намекунад: «Тақрибан Ҳукумати Тоҷикистон вокуниш нишон надодааст. Ва фикр мекунам, ки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ҳатто ҷиддӣ қабул ҳам намекунанд. Русия мегӯяд, ки агар хоҳед амнияти шаҳрвандонатон таъмин бошад, баред, дар Тоҷикистон бо кор таъминашон кунед ва масъулияти худатонро ба гардани мо бор накунед”.
Нодира Абдуллоева мегӯяд, ки баҳои объективӣ додан ба ҳолати ҷойдошта мушкил аст: “Баҳои ҳаққонӣ додан мушкил аст, зеро иттилооти кушода кам аст. Масалан иттилоот дар мавриди ёрии намояндагиҳо ё консулҳо ба муҳоҷирон ва миқдори муроҷиатҳо вобаста ба мушкилиҳо ва баррасии онҳо дастраси ҳамагон нестанд. Баъзан мо мебинем, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисоти пурсарусадо ба мақомоти Русия нота мефиристад, аммо оқибаташ номаълум боқӣ мемонад”.
Аммо Вафо Ниятбеков - сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иброз дошт, ки вазорат дар ҳама ҳолат аз шаҳрвандонаш муҳофизат мекунад, чунки ин вазифаи асосиаш мебошад. Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар қаламрави Русия, илова ба ниҳодҳое, ки дар шаҳрҳои Москва, Уфа ва Екатеринбург фаъолият мекунанд, ҳоло боз ду ниҳод - консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск кушода шудаанд.
- Мо ҳамеша, дар ҳама ҳолат аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони худ дифоъ мекунем. Ҳамчунин, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишвари иқомат ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд. Гузашта аз ин, дар ҳолатҳои рух додани воқеаҳои нохуш, аз қабили фавтидани шаҳрванд, барои интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон мусоидат менамояд,- гуфт В. Ниятбеков.
Чуноне ки ба мо бо шарти махфӣ нигоҳ доштани ном дар идораи дахлдор иттилоъ доданд, дар Русия намояндагиҳои тамоми вазоратҳо - Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва ҳатто Вазорати маориф ва илм вуҷуд дорад, ки ҳамеша бо ҳамватанонашон дар робита мебошанд. Лекин мушкили асосӣ сари он аст, ки кори вазоратҳо ва сафорат ҳамоҳанг намешавад.
- Дар ҳолати идеалӣ, онҳо бояд ҳадди ақал як бор дар як ҳафта бо ҳам нишинанд ва табодули назару иттилоъ кунанд, ки мутаассифона, ба ҷо оварда намешавад. Аз ҳамин сабаб, хабар аз як идора ба идораи дигар дер мерасад ва Вазорати корҳои дохилӣ шояд баъди ба ВАО роҳ ёфтани ҳодиса хабар ёбад,- иттилоъ дод манбаъ.

Дахолати Президент ба мушкили муҳоҷирон
Аммо, чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, ҳатто ҳангоме, ки шахсони боломақом ба ҳодисаҳо дахолат мекунанд, ях об намешавад. Масалан, ҳодисаи қабристони Хованское, ки рӯзи 14-уми майи соли 2016 дар байни коргарони тоҷик ва як гуруҳи мусаллаҳ бо роҳбарии Юрий Чабуев, Александр Бочарников ва Георгий Макарев занозании шадиде сурат гирифта буд, ки бар асари он се муҳоҷири тоҷик кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шуданд. Намояндагони гуруҳи ҷиноӣ аз муҳоҷирон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми май дар мулоқот бо Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия аз ҳамла ба коргарони қабристони Хованское изҳори нигаронӣ карда, аз ҷониби Русия даъват карда буд, ки “барои ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагон ва гунаҳкорони латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад”.
Ҳарчанд дар аввал иштирокчиёни ҷанҷол ба куштор муттаҳам мешуданд, моҳи январ соли равон айбномаи муттаҳамони аслии ҷанҷол тағйир ёфт ва иттиҳоми ташкили куштор аз байн бардошта шуд. Иштирокдорони асосии ин қазия танҳо бо иттиҳоми авбошӣ шартан ҷазо гирифтанд.
Аз таҳлили он чӣ дар боло гуфтем, чунин бармеояд, ки муаммои кушта шудани муҳоҷирону нокушода боқӣ мондани ҷиноятҳо мушкили ҷиддиву доманадор аст ва агар ҳамкории байни мақомоти ду кишвар пурзӯр набошад, ҳалли пурраи ин масъала ногузир мегардад. Пас барои чӣ намояндагони ду ҷониб барои баррасии чунин қазияҳо ҷидду ҷаҳди зарурӣ ба кор намебаранд? Ё шояд нафароне ҳастанд, ки кушода шудани ҷиноятҳои вобаста ба куштори муҳоҷиронро намехоҳанд?

Баҳманёр НАДИРОВ

P.S. Вақте матлаби мазкур омода мешуд, иттилое пахш гардид, ки Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири кӯчарӯби тоҷик бо дарёфти 150 ҳазор рубли русӣ, муодили тақрибан се ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ аз даъвояш алайҳи як сокини шаҳри Маскав, ки дар канда гирифтани гӯши ӯ муттаҳам аст, даст кашид. То ҳол маълум нест, ки Давлатзода аз таҳдиду хатар тарсид ва ё ин қарори худи ӯ буд.

Тағйироти охир Шанбе, 09 Сентябр 2017 12:01
Хонданд 1626
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.