.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Вокуниш ё андешаҳо

Нояб 14, 2018 Хонданд: 191
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Вокуниш ё андешаҳо

Инсон шакли ҳастиест, ки дар саргаҳи олами вуҷуд меистад ва тамоми асрори олами вуҷудро дар худ таҷассум менамояд. Ин муъҷизаи олам ба ин дунё ҷиҳати созандагӣ, бунёдкорӣ ва аз худ меросе гузоштан барои равшан гардонидани роҳи насли баъдӣ омадааст. Ба маънии дигар, инсон дар олами моддӣ масъулияти бузургеро бар дўш дорад, ки риоя ва иҷрои ин масъулият метавонад баҳри пешрафт ва шукуфоии ҷомеаи инсонӣ боис гардад. Дар сурати иҷро нагардидани ин масъулият, яъне созандагиву бунёдкорӣ ва хайрхоҳиву покандешӣ имкони ворид гардидани халал ба низоми ҷомеаи инсонӣ ҳарчи бештар мешавад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як инсон пеш аз иҷрои амале бояд андеша намояд, ки фаъолияти ӯ ҷониби бунёдкорӣ равона шудааст ё ҷониби дигар. Маҳз ҳамин андеша метавонад водоркунанда ва ё боздорандаи инсон дар иҷрои ҳар амал бошад.

Ҷаҳони имрӯз, ки бо хусусиятҳои гуногунрангӣ ва ғаразҳои сиёсиву ақидативӣ миёни мардумони олам машҳур гаштааст, ҳар лаҳза идеология ва ҷараёну ақидаҳоеро эҷод намуда ба таври таҳмилӣ бор кардаистодааст, ки на танҳо хусусияти созандагӣ надоранд, балки хусусияти сузандагиро дар худ бештар парвариш додаанд. Аз зумраи ин гуна ҷараёнҳои навпайдо Давлати ба ном Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) мебошад, ки мақсад аз эҷоди ин ташкилот сӯзандагӣ ва хароб кардани ҷомеаи инсонӣ аст. Таълимот ва идеологияи ин ташкилот нишон медиҳад, ки умуман принсип ва таълимоти дини ислом, ки аксаран дар он раҳм, адолат, шафқат, меҳрубонӣ ва дар маҷмӯъ гуманизм аст, на танҳо риоя балки метавон гуфт, ки ҳатто эътироф намешаванд. Дар ин ҷараён тавассути нест кардани инсонҳои бегуноҳ, рехтани хуни ноҳақ, халалдор намудани амнияту оромии мардум ва боло гузоштани манфиати гурӯҳи муайян таълим ва талқин карда мешавад. Ҳар амале, ки дар ин ё он мамлакат аз ҷониби аъзоёни ин гурӯҳи манфиатҷӯй анҷом дода мешавад, амали разилона ва берун аз доираи таълимоти дин ва ахлоқи инсонӣ аст. Ҳамин гуна ташкилоти динии ғаразнок ва камманфият барои мардум, ки муддати муайян дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ТЭТ ҲНИ мебошад. Ин ҳизб низ дар давоми фаъолияти хеш бо истифода аз шуури динии мардум ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ намуда, бо роҳгум намудани ҷавонон мақсадҳои нопоки худро мехостанд амалӣ намоянд. Ин ҳизб низ мисли ДИИШ дар Тоҷикистон чандин бор кӯшиши тағйир додани сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати Исломиро карда буд. Аз ҷумла, соли 1193 дар водии Рашт «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро ташкил намуда, мехостанд, ки ба ҳамин васила мардуми Тоҷикистонро мисли мардумони мамлакатҳои дигари ҷангзада умре ба гирдоби ноамнӣ ва сарсонӣ андозанд.

Ҳамин тариқ, мақсадҳои ғаразноки ин ТЭТ ҲНИ чанд бори дигар низ идома ёфта, оқибат аз ҷониби ҷомеа муайян карда шуданд ва фаъолияти ин ҳизб расман манъ карда шуд. Баъд аз мамнуъ эълон гардидан ин ташкилоти террористиву экстремистӣ фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ бо ДИИШ идома дода, кӯшиши халалдор намудани амнияти мардуми Тоҷикистонро карда истодаанд. Аз амалҳои охирин ғайриинсонона ва мудҳиши ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ барангехтани иғво дар Муассисаи ислоҳии вилояти Суғд мебошад. Дар ин иғво асосан нафароне фаъолона ширкат варзиданд, ки ба ташкилотҳои зикргардида вобастагӣ дошта  ба ҳамин ҷурм зиндонӣ гардида буданд.

Хулоса, ҷомеаи моро зарур аст, ки сари ҳар қадами хеш аз аъмоли чунин ташкилотҳои хунхор ва зидиинсонӣ андеша намуда, зарбулмасали машҳури «Душманат гар пашша бошад камтар аз филаш мадон»-ро сармашқи фаъолияти рузмарраи хеш дар муносибат ба ин гуна равия ва ташкилотҳо қарор диҳанд  

Шомилшавии баъзе афроди ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротӣ яке аз падидаҳои  номатлуби иҷтмоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистеқлол маҳсуб меёбад. Ин аст, ки гурӯҳи муайяни шаҳрвандони даст ба қонуншиканию даҳшатафканӣ мезананд, ҳамчун ҷинояткорон дар маҳбасу муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазои ҷинояти содиркардаашонро менамоянд.

Мувофиқи ахбори расонаҳои хабарӣ, мутаассифона дар яке аз маҳбасҳои вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи муайяни маҳбусони ифротгаро ошубе бархост, ки дар натиҷа нафарони бисёр аз ҳар ду тараф кушта шуданд.

Бояд қайд кард, ки психологияи маҳбуси ифротӣ мураккаб, устуворгардида ва душворислоҳшаванда буда, ташкили кори ҳамаҷонибаро дар низоми ислоҳӣ металабад. Дар сурати ба таври зарурӣ ба роҳ намондани корҳои ислоҳкунии ҳамаҷониба, онҳо ҳамеша зери таъсири фикру андеша ва дастуроти «сарварони барӯмандашон» амал мекунанд ва мемонанд.

Ба андешаи мо, ҳамин хел вазъияту ҳолат дар маҳбаси вилояти Суғд ба амал омад. Аз ин хотир, зарурати дахолати бамавриди қувваҳои низомӣ ба ин ошӯби муташаккуилонаи маҳбусони ифротӣ пеш омад, ки он сурат гирифт. Барои пешгирии чунин ошубҳои  муташаккилона дар низоми ислоҳӣ зарур аст.

Маълум аст, ки ошуб дар ин муссисаи ислоҳотӣ аз ҷониби роҳбарони ҳаракати террористии ҲНИ ба роҳ монда шудааст. Онҳо бо ин кирдори худ мехостанд, ки вазъияти иҷтимоӣ – сиёсии моро зери суол монанд, аммо онҳо ҳеҷ вақт ба мақсад нахоҳанд расид.

Барои дарк кардани тамоми амалҳои нопоку зиддинсонаи ҳаракати ифротию террористӣ ҲНИ мехоҳем ба таърихи ташаккулёбию амали он рӯй биёрем. Таҳлили он имкон фароҳам меорад, ки мо моҳияти зиддибашарии ин ҳаракатро дарк намоем. Истиқлолият беҳтарин дастоварди миллати мо буда, ҳаракати ифротию террористӣ ҲНИ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ба ҳар роҳҳу восита истиқлолияти комили моро халалдор созад.

Истиқлолият  вожаи муҳиму арзманд буда, дар тақдири халқу миллатҳои гуногуни олам нақши муҳим гузоштааст. Имрӯзҳо  халқу миллатҳои зиёд ҷиҳати расидан ба истиқлолият муборизаҳои зиёд мебаранд.Ибтидои соли 90 –уми асри ХХ дар баробари дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз Истиқлолият баҳраманд гашт  ва қувваҳои демократӣ аз он истиқбол карданд. Ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистонро маҷбур карданд, ки Истиқлолияти далатиро эътироф намояд  ва Эъломияи истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонад.

Дар маҷмӯъ баъд аз ба сари ҳокимият омадани қувваҳои сиёсии нав мубориза дар байни  гурӯҳҳои зиёд ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон тезутунд гардиданд. Дар ин муборизаҳо ҲНИ, ҲДТ, ҳаракати Лаъли Бадахшон ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ барои гирифтани ҳокимият талош меварзиданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин истиқлолиятхоҳӣ муборизони сиёсӣ, ки бештар маҳсуб ба ТЭТ ҲНИ, ҲДТ,  ва минъбад Созмони Лаъли Бадахшон аз ҷумлаи «Истеъфохоҳон»  қарор доштанд. Ибтидои  муборизаи сиёсии онҳо аз майдон нишонаҳои ибтидои солҳои  90_ и асри  ХХ манша мегиранд. Ҳанӯз  онҳо аз истеъфои роҳбарони аввали давлатро  талаб мекарданд, ки илҳомбахшон «муборизон» аъзоёни ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон буданд.

Дар ҳаракатҳои тазоҳуротчиёни майдонишинони Наҳзатиён ва қувваҳои ҳамсафарашон  ҳамеша нидои  «Истеъфо»   баланд мекарданд ва ин амалу фаъолияти онҳо минъбад ҳамеша идома меёфт, ки нуқтаи баланди он моҳи апрел- майи соли 1992 буд. Онҳо сабабгори  асосии  дар шаҳри  Душанбе гирд овардани мардуми рашттабори минтақаҳои Раштонзамин ва Хатлону шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеии марказ буданд. Маҳз  дар ҳамон давра Муҳиддин Кабирии донишҷӯ яке аз фаъолони гирдиҳамоӣ  будааст, ки аз изҳороташ бахшида ба ҷашни 20 –умин солгарди имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар назди муҳоҷирони беруна аз ватан дар олам садо дод.

Ба қавли  М. Кабирӣ онҳо ҳанӯз маводҳои таблиғотиро аз хонаи  Зайд Саид  барои истеъфохоҳони майдони назди бинои собиқ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон меовардаанд ва дар байни истеъфохоҳон тақсим мекардаанд. Ҳамзамон, зимни ҳамин суханронияш  иброзаш намуд, ки гӯё он  мардум дар ҳамон давра (моҳҳои апрел ва майи соли 1992)    дар ин майдон  аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дифоъ мекардаанд. Шояд Муҳиддин Кабирӣ  имрӯз  мардуми дар толорбударо тасалло диҳад ва бо ҳамин васила худашро ором намояд. Ҳар гуна суханҳои қабеҳоро  зидди ҳокимияти имрӯза арза намояд, то худро андаке бошад дар назди хоҷагони хориҷияш нишон диҳад. Аммо маълум аст, ки ӯ дигар бо ҳокимият ва намояндагони давлатии Тоҷикистон созиш карданӣ нест. Бигзор созиш накунад. Аз кишвар берун  рафт ва метавонад, дигар бар нагардад. Хас каму ҷаҳон пок !

Аз 10 то 20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Варшава ҳамасола маҷлиси Бюрои институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ ОБСЕ) баргузор мегардад. Муҳиддин Кабирӣ дар маҷлиси пленарии баргузоргардида дар ҳузури намояндагони Тоҷикистон маърӯза кард. Аммо, дар шаҳри Варшава ӯ барои бештар айбдор ва бадном кардани ҳукумат ва ҳақ  баровардани  хеш кӯшишҳои зиёд намудааст. Ҳатто Абдураҳим Каримов (мулло Абдураҳим) ӯро барои мулоқот бо ҳокимият майл кунонидан хост, аммо ҳама ҳаракатҳои ӯ амалеро ба бор намовард. Кабирӣ намехост, ки бо вакилони дар конференсияи дар шаҳри Варшава ҳузурдошта  ва аъзои онҳо Сайфулло Сафаров ва мулло Аёмиддин Сатторов  (собиқ мубаллиғи ҲНИ) дар бораи минбаъд мулоқот кардан кӯшиш намояд ё коре анҷом диҳад.

Аз изҳороти Сафаров С. бармеояд, ки «мардуми Тоҷикистон дар интихоботи охирин аз интихоби ду ҳизби хосияти  тоталитаридоштаи коммунистӣ ва наҳзати исломӣ худдорӣ карданд. Дар оянда ҲНИ ба ташкилоти террористӣ табдил ёфт. Аммо коммунистҳо ҳанӯз фаъолият ва зиндагӣ доранд ва муқобили онҳо ягон амали ғайр истифода нашудааст ва онҳо низ муқобили мардуми мо амали иртиҷоӣ содир накардаанд» - изҳор кардааст Сафаров С. Ба андешаи мо Сафаров С., аз ин изҳороташ қаноатманд аст ва хубтар мебуд, ки мавқъеи ТЭТ ҲНИ– ро  аз ҳамин минбар бурро ва олимона, қотеъона ва фаҳмо барои аҳли толор ироа мекард, хеле хуб мебуд.   

PS :     Хулоса, агар боз ба амал ва фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва раисони он Муҳиддин  Кабирӣ баргардем, маълум мегардад, ки онҳо ҳеҷ  гоҳ Истиқлолият ва озодии Тоҷикистонро намехостанд ва баргардондаи мамлакат ба режими теократӣ буд. Амал ва фаъолияти ТЭТ ҲНИ аз канора- ҷӯйи ва террор берун  набуд, Дар ягон давлати дунё ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби Наҳзати Ислом  қудрат ва хосияти пешқадаме надошт ва ҳамеша майли канораҷӯиро ихтиёр кардааст. Онҳо аз ибтидо  то интиҳо (имрӯз) аз Истиқлолияти ҶТ ҳеҷ гоҳ дифоъ накардаанд. Дар ибтидо онҳо барои ғасби ҳокимият аз вожаи истиқлол  истифода бурдаанд. Аммо ҳамеша дар забонашон «Истеъфо» буд. Бо вожаи «Истеъфо»  коми худро  ширин карда буданд ва ин вожжа онҳоро ба «Истиклол» нарасонд онҳо ноком ва бадном шуданд.

Аммо ТЭТ ҲНИ тавонист ҳамин майдонро (Варшава) барои мустаҳкам кардани мавқеи хеш истифода барад ва барои бунёд намудани Коалитсияи оппозитсионии миллии Тоҷикистон, ба ғайр аз ТЭТ ҲНИТ инчунин Ҳаракат барои ислоҳот ва пешравӣ, Форуми озодандешони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ замина гузошт. 

Маҳмадиев Н.Д. н.и.ф, дотсент, декани факултети фалсафа

Шаъбонов Н. н.и.с, дотсент, мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон

Амирхонов Ш.Т. н.и.ф, дотсент, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Тағйироти охир Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 16:41
Хонданд 191
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.