.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Сиёсат

Шукри амонии ватан!

Март 19, 2018
Диданд: 293

Тоҷикистон Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва худогоҳу худшинос мебошад.

Барои идора ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди бузурге аз миёни мардум баргузида мешавад. Ба бахти мардуми мо дар сапедадами истиқлоли кишвар вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI (даъвати дувоздаҳум) Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Интихоби ӯ маҳз барои он буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояд. Ӯ аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба мардум ваъда дод, ки «ман ба шумо сулҳ меорам». Ӯ ба аҳди худ вафо кард. Барномаи асосии Роҳбари давлат барномаи ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баён буд ва барои татбиқи онҳо пайгирона саъю талош варзид, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу амонӣ ва оромишу осоиш ҳукмфармост. Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзи кишвари моро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафти Ватанамон мо бояд аз низоми сиёсии имрӯза ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем.
Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони олами ислом мебошад, итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат медонад: “Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!” (Пандномаи Имоми Аъзам).
Ояти сареҳи раббонӣ, аҳодиси саҳеҳи набавӣ ва гуфтори Имоми Аъзам маҳз ба хотири он аст, ки мардум дар меҳани худ бо мусолиҳаву ягонагӣ ҳамзистии мусолиматомезро ба роҳ монанд ва дар рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ки мардуми худро аз нифоқу низоъ, табъиду зӯроварӣ, ифротгароиву даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки имрӯз дар зери ниқоби «исломи сиёсӣ» зуҳур кардааст, ҳифз намоем. Зеро дини ислом як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон буда, дар бисёр паҳлуҳои зиндагии суннатии мо нақши ҳалкунанда дорад.
Дар Тоҷикистон руҳониён ва ходимони дин дар анҷоми маросимҳои динӣ озод мебошанд. Ба ҳама маълум аст, ки зиёда аз 97 фоизи аҳолии кишварамон мусулмон мебошад ва Конститутсия - қонуни асосии мо баён менамояд, ки «Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Инчунин иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, адои маносики ҳаҷ, зиёрати маконҳои муқаддас ва дигар маросимҳои динӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд. Яъне, ҳеҷ кас аз пайравӣ кардан ба ин ё он дин манъ карда нашудааст. Ҳар кас метавонад озодона динеро қабул намуда, тибқи аҳкоми он ибодат намояд. Вале имрӯз баъзе гуруҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва манфиатхоҳ мехоҳанд ба василаи дин ба шуури динии мардум, бахусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлоли миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад. Хусусан, баъзе ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, зуд ба доми мубаллиғону ташвиқгарони гуруҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд, ҳаёти худро ба хотири як лаҳзаи дилхушӣ зери хатар меандозанд. Тибқи ахбори расонаҳои расмии кишварамон, ҷавонони зиёди фиребхӯрда дар ҷангҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва сиёсие, ки дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, ба хотири ба даст овардани қудрат ва тақсимоти давлатҳои ҷаҳон идома дорад, ширкат мекунанд. Аксари онҳо худсарона, бе ризоияти падару модарони худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, волидони онҳо аз ин амали ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Масалан, як нафар зани роҳгумзадае, ки ба Сурия рафта, бо сад азобу шиканҷа аз онҷо фирор карда, ба Ватан баргаштааст, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нақл мекунад, ки тавассути шахсони алоҳида истихдом ё худ «вербовка» шуда, ду маротиба ба шавҳар баромадааст. Ӯ ба суоли хабарнигор, ки «Шумо ба мардум, ба он ҷавононе, ки дар сар фикри ба ном «ҷиҳод» рафтан доранд, чӣ гуфтанӣ ҳастед?», чунин посух додааст: «Ба Сурия наравед! Онҷо ба ҷуз зӯроварӣ, даҳшат, одамкушӣ ҳеч чизи дигаре нест! Ҳатто оби ошомиданӣ надорад, гуруснагӣ, ташнагӣ, ҷанг аст. Пулу хона медиҳем гуфта, фиреб мекунанд, ҳамааш дурӯғ аст! Тоҷикистони мо биҳишт аст, обаш, ҳавояш, ҳама чизаш…».
Ин ҳақиқати талхро бояд ҷавонони мо дарк кунанд ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон камари ҳиммат банданд.
Аз иттилои воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки садҳо ҳазор гурезагон аз Ироқ, Сурия, Либия, Тунис ва дигар кишварҳои ҷангзада, барои наҷот тавассути Баҳри Миёназамин ба Аврупо мераванд. Дар роҳ ҳазорон нафари онҳо ғарқ гашта, дигарон дар сарҳадот сарсону саргардон, на ҷои зист доранд, на обу хӯрок. Кишварҳои аврупоӣ ҳамаи онҳоро қабул карда наметавонанд, бинобар ин гурезагонро дар лагерҳои муваққатӣ нигоҳ медоранд. Ҳамаи ин азобу шиканҷа барои он аст, ки ин мардум ба қадри сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ нарасида, зери таъсири ташвиқоти бардурӯғ ба гирдиҳамоиҳо хестанд, ба ҳар намуд гуруҳҳои ба ном исломӣ пайваста, ба онҳо бовар карданд, ҳукумату сардорони худро золиму беадолат хонданд, имрӯз ба сари онҳо зулми ҳақиқӣ, бадиву бадбахтӣ омад. Дигар касе нест, ки ба доди онҳо расад. Аз ин рӯ, таҷрибаи талхи ин давлатҳо барои мо тоҷикон дарси ибрат аст. Мо бояд ба қадри истиқлолият бирасем, шукронаи давлати тоҷиконро кунем, дар хотир дошта бошем, ки барои гумроҳ намудани мардум ва алалхусус ҷавонон, бадхоҳони миллат аз ҳама роҳу василаҳо истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонон мафҳуми зиндагии осоиштаро дуруст фаҳмонем. Онҳоро огоҳ созем, ки ифротгароӣ ба нооромӣ, қатлу куштор оварда мерасонад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиғоти гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурӯғ буда, ҳадафи онҳо рехтани хуни мусулмонон мебошад.
Бинобар ин, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меорем, ки шукронаи ватани азизро ба ҷо оред, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, нагузоред, ки душман ватани моро ба вартаи ҳалокат афканад, зеро пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беғубор, фазои амну созгор вобаста мебошад.

Аҳлиддин САЙВАЛИЕВ,
мутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ

Хонданд 293

Эмомалӣ Раҳмон ва футуввату оини ҳамсоядорӣ

Ҳар як муносибат ва ҳатто мухолифат дар байни кишварҳо ба худ омилҳову заминаҳо дошта метавонад. Баъди таваққуфҳо сифати мусбат ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон низ заминаҳову сарчашмаҳо доранд. Заковату фаросати баланди инсонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъзе гузаштаҳои тираи муносибатҳои ҳамсоядориро фаромӯш намуданду дар байни дигар роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, дар маросими дафни Ислом Каримов нахуст чун як мусалмон ва баъдан чун як ҳамсояву бародар ширкат намуданд. Ин омилро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ миннат намеҳисобад, балки он оини ҳамсоядориву бародарӣ аст. Рӯзи нанги ҳамсояву бародари ҳамдину ҳамоин ҳамин аст. Роҳбари халқи тоҷик дар ҷанозаи ҳамтои ӯзбеки худ холисона иштирок намуд ва нисбати дарду мусибати халқи ӯзбек бетафовут набудани халқи тоҷикро нишон дода тавонист. Ин амали ҷавонмардонае буд, ки касе дар ҷаҳон ҷиҳати манфии онро бозгӯ карда наметавонист ва наметавонад. Ин амал нишони инсондӯстии халқи тоҷик ва муҷиби муҳаббати халқи ӯзбек гардид. Ҳол он ки, ҷаҳони сиёсат аз садҳо паҳлуе иборат мебошад, ки бо кинаву адоват роҳбарон мухолифати давомдори худро нигоҳ медоранд. Баъзан дар таҷрибаи давлатдориҳои ҷаҳонӣ мебинем, ки роҳбари як кишвар аз фавти як ҳамтои ихтилофназари худ намоишкорона худро ҳатто аз изҳори як ҳамдардӣ канор мегирад. Гузаштаҳоро сиёҳ менамоянд ва кинаҳоро дар дил нигоҳ медоранд. Аммо халқи тоҷик дар симои роҳбари худ боз ҳам дар такя ба оини сулҳдӯстонаву бародаронаи худ ҳеҷ гоҳ чунин аъмол надошт ва барои халқи ӯзбеки ҳамоину ҳамсоя низ ин сифат бегона нест. Танҳо дар ин байн монеаи сохтае бо таъсири берун вуҷуд дошт, ки доим дар пайи тафриқаҳову фосиласозиҳо манфиат меҷӯянд ва ин аввалин қадами инсондӯстонаи Роҳбари давлати мо дар роҳи суфта сохтани муносибатҳои Тоҷикистон Ӯзбекистон ба ҳисоб мерафт.

Самимияти Шавкат Мирзиёев ва хушнудии халқҳои минтақа
Аввалин қадамҳои Шавкат Мирзиёев дар сиёсатҳои байналхалқиву ҳамсоядорӣ хайрхоҳона буданд ва дар аввалин рӯзҳо на аз таҳдиду кинаҳо, балки аз муносибати нек бо тамоми ҳамсояҳо мавқеи худро ошкор намуд. Ин мавқеи ӯро тамоми мардумони Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Аз симои зоҳирии роҳбари нави Ӯзбекистон пиндори неку хайрро хондан мумкин аст. Алабатта вақт довари асосист, аммо чеҳраи аксаран моил ба табассуми ин сиёсатмадор аз кадом як самимияту хайру некӣ бо ҳамсояҳо маъниафшонӣ дорад. Ин мушоҳида барои мардумони минтақа аз тағйиру табдил ёфтани фазои иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии Осиёи Марказӣ дарак дода истодааст. Дар аввалин дидори худ бо Президенти Тоҷикистон симои шоду қаноатманди Шавкат Мирзиёевро тамоми ҷаҳон дид. Маҳз тасмими ӯст, ки дар Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон назарҳо дар як муддати кӯтоҳ дигар гаштанд. Баъзан дар муроҷиат ба шабакаҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки дар Ӯзбекистон муносибати мусбатро бо Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол кардаанд. Аксари маводҳо васфи ин дӯстиро менамояд. Махсусан дар миёни ҳазорҳо шарҳҳое, ки дар атрофи ин ё он мавод навишта мешаванд, шаҳрвандони ин кишвар сиёсати дӯстонаро бо Тоҷикистон мепазиранд. Касе мухолифи сиёсати мусолиҳатомези Шавкат Мирзиёев намебошад. Айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон ҷой дорад ва ҳама тарафдори дӯстиву робитаҳо мебошанд. Ба мақоми роҳбарӣ омадани Шавкат Мирзиёевро фоли нек қабул кардаанд. Мулоқоти сатҳи баланди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳаввулоти амиқеро дар фазои Осиёи Марказӣ ба миён меорад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин рухдод баҳои баланд дода истодаанд. Ин ду шахсият бо фаросату заковати комил кореро анҷом дода истодаанд, ки халқи тоҷику ӯзбек, ки дар маҷмуъ зиёда аз чил миллион нафар мебошанд, дар оянда чун хешу табору бародари наздик зиндагӣ хоҳанд кард.

Халқи тоҷик аз Шавкат Мирзиёев истиқбол мегирад
Соли 2018 барои Тоҷикистон яке аз солҳои фаромӯшнашаванда дар таҳкими сиёсати байналхалқӣ ба шумор хоҳад рафт. Имсол меҳмонони воломақоми сатҳи баланд дар доираи матраҳсозии масъалаҳои муҳими глобалии сайёра вориди Тоҷикистон мешаванд. Даҳҳо роҳбарони кишварҳои шинохта аз кишвари мо дидан менамоянд ва ин силсила дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо ташрифҳоро дар бар гирифта метавонад. Ба гумони инҷониб, ташрифи ягон роҳбари давлати хориҷӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баробари ташрифи Шавкат Мирзиёев шукуҳу тантанаву қимат нахоҳад дошт. Зеро ин ғалабаи дӯстии азалӣ мебошаду ин ташриф бо худ дастовезҳои бузург дорад. Ин дастовез дӯстиву рафоқати ду халқи ҳамсояву ҳамфарҳанг аст, ки онҳоро ноадолатиҳои таърих борҳо табартақсим намудааст. Ба таҳлили гузаштаи бистсолаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дахл намекунем ва сабабгору гунаҳкору бегуноҳ ҷустан ҳеҷ мантиқе надорад. Фақат як нуқта мавриди таъкид мебошад, ки сиёсати дарҳои бози ҳукумати феълии кишвари мо ҳеҷ гоҳ барои касе дар роҳи муносибатҳо монеа набуд. Ба гумони мо, сиёсатсозону таҳмилгарони омилҳои сиёсии беруна ин муносибатҳоро тира нигоҳ медоштанд. Акнун баъди таваққуфи чандсола омадурафти роҳбарони ин кишварҳо ва алахусус рафтуомади мардумони тоҷику ӯзбек ба мулки якдигар як рухдоди бузурги таърихӣ хоҳад буд.
Имрӯз дар тамоми сарзамини тоҷик аз иқдомҳо ва ташрифи роҳбари нави Ӯзбекистон истиқбол мегиранд. Шавкат Мирзиёевро дар аксар доираҳо аллакай дӯсти халқи тоҷик номидаанд. Маҳз бо дастури ӯ дар шаҳри Тошканд бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон бунёд мешавад, ки ин эътирофи дӯстист. Шавкат Мирзиёевро чун як сиёсатмадори соҳиби диди тоза пазируфтаанд. Дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданаш аз таҷдиди муносибат бо ҳамсояҳо ишора карда буд. Устувории қавли ӯ маҳбубияташро дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба маротиб баланд бурд. Албатта ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодие, ки ӯ дар Ӯзбекистон ба роҳ мондааст, масъалаи дохилии ин кишвар аст. Аммо аз рӯи хулосаи коршиносону таҳлилгарон, дар ин раванд гуманизми баланди Шавкат Мирзиёев дар ҳама ҷабҳаҳо бараъло зоҳир аст. Барои тоҷикон пеш аз ҳама рафоқату муносибати бародаронаи ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ мебошад. Бо сиёсати «ҳамгироӣ беҳ аз ихтилоф» ин шахсият имиҷи сиёсии худро дар сатҳи байналхалқӣ баланд бардошт ва агар ҳамаи монеаҳо дар масъалаҳои ҳамсоядорӣ аз байн бардошта шаванд, номи ӯ дар таърих чун як роҳбари муваффақ боқӣ мемонад.

Фарҳанг тоҷику ӯзбекро ба ҳам меовард ва меорад
Фарҳанг аввалин қосиди сулҳу тавсиадиҳандаи муносибатҳои некӯи халқҳо ба ҳисоб меравад. Махсусан барои мардуми тоҷику ӯзбек фарҳанг унсури муттаҳидсоз мебошад. Рафтуомади адибону санъаткорон дар замони шӯравӣ дар ин кишварҳо як амри маъмул буд. Қабл аз Инқилоби Октябр низ ин тамоюл садсолаҳо вуҷуд дошт. Танҳо замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони истиқлолияти ин кишварҳо баъзе монеаҳо бунёд гаштанд, ки манфӣ будани онро халқҳои тоҷику ӯзбек дарк намуданд. Ду халқи бародар донист, ки он ҳама ҷузъиёти нолозим сохтаву муваққатист. Аз ахбори гуногун шоҳид мегардем, ки дар Ӯзбекистон хона-музейи С. Айнӣ аз нав таҷдид меёбад. Ё аз рӯи хабари «Самаркандский вестник», дар шаҳри Самарқанд пайкараи Ҷомиву Навоӣ, ки тимсоли дӯстии ду халқ буд, аз нав барқарор мешавад. Сарояндагони тоҷику ӯзбек дар сарзаминҳои ҳамдигар акнун на бо ҳаросу сохтакорӣ, балки бо меҳру самимият ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар наворе, ки чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, дидем, ки чи гуна Шавкат Мирзиёв таҳти оҳангу сурудаи Ҷӯрабек Муродов бо шодиву завқу қаноатмандӣ кафкӯбӣ мекард. Тамоми халқи тоҷик бо дидани ин навор ба Шавкат Мирзиёев аҳсант гуфт, ки ин мард бо тантанаи дӯстӣ сиёсат рондан мехоҳад. Баргузории рӯзҳои фарҳангии ин халқҳо дар хонаи якдигар беҳтарин омили тарғибу дӯстиву рафоқати ин халқҳо гашта истодаанд. Фарҳанг садсолаҳо ин ду халқро чун дӯсту бародар нигоҳ медошт. Дар доираи адабиёту забон низ ин ду халқ монеаву сарҳади бегона надоштанд. Ҳанӯз аз дӯстии Ҷомиву Навоӣ барои мо ошкор аст, ки тоҷику ӯзбек халқҳои ба ҳам қарину бародаранд. Адибони зуллисонайн ин дӯстиҳову равобитро дар мафкураҳо пайваста талқину тавсиф мекарданд. Хушбахтона ин раванд аз нав бо шаклу самимияти хос оғоз гаштааст ва риштаҳои гусаста аз нав пайванд мешаванд.

Шароити иқтисодӣ тағйир хоҳад ёфт
Дар як муддати кӯтоҳ баргузор гаштани ҳамоишҳои иқтисодиву саноатӣ барои ин ду кишвар аз суботи ояндаи иқтисодӣ дарак медиҳад. Проблемаҳои НОБ-ҳо, корхонаи арзиз ва масъалаи таранзитии роҳҳо ҳалли худро бомаром ёфта истодаанд. Роҳҳои оҳани аз нигоҳи стратегӣ муҳим аз нав барқарор мегарданд. Бо авалин ташаббусҳои роҳбарони воломақоми ин кишварҳо гузаргоҳи Саразм - Ҷартеппа аз нав кушода шуд ва умедҳои фаношудаи ду халқи ҳамсояву хешу дӯст аз нав зинда гашта истодаанд. Пайдо шудани маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳолати баръакси он - ин шодиву хурсандии тамоми сокинони ин ду кишвар аст. Як соли охир ба назар расидани автобусҳои истеҳсоли Ӯзбекистон дар Душанбешаҳр - ин дар навбати аввал нишони эҳтирому дӯстии халқи тоҷик бо халқи ӯзбек аст. Пайваст гаштани хатҳои интиқоли барқи миёни ин ду кишвар манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Хатҳои интиқоли лӯлаҳои гази Ӯзбекистон низ дар пайи аз нав эҳё шудан қарор доранд. Хатсайрҳои фаъоли ҳавоии ин кишвари ҳамсоя акнун як чизи муқаррарӣ гаштаанд. Даҳҳо гузаргоҳҳои дигари наздисарҳадӣ дар ояндаҳои наздик кушода мешаванд ва равуои шаҳрвандони ҳар ду кишвар содаву осон мегардад. Аллакай аз навоҳиву минтақаҳои ҳаммарз хабарҳо мерасанд, ки нархи маҳсулоти ғизоии аввалия барои ҳар ду кишвар муносибу арзон шуда истодааст. Дар сурати сиёсати муваффақу дӯстонаи роҳбарони ин ду кишвар авзои иқтисодӣ барои тоҷикону ӯзбекҳо дар наздиктарин фурсатҳо тағйир хоҳад ёфт.

Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як навъ ҳалқаи иттиҳоду дӯстӣ ба ҳам омада истодаанд ва бояд чунин ҳам бошад. Вақте ба фаъолияту муносибати роҳбарони ин кишварҳо менигарем, ба зудӣ собит мешавад, ки феълан онҳо дар ягон бархӯрди манфиату мавқеъ қарор надоранд. Масалан Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон муносибати наздики дӯстона дорад. Чунин ҳолат барои дигар роҳбарони ин кишварҳо низ истисно нест. Дар ин самт чанде қабл танҳо ихтилофи А. Атамбаев ва Н. Назарбоев мӯҷиби нигарониҳо буд, ки бо омадани Президенти нави Қирғизистон вазъ беҳбуд ёфт. Вокунишҳои мусбати роҳбарони ин кишварҳо дар муқобили якдигар аз манфиатҳои зиёд иборат аст. Шарики сиёсиву иқтисодӣ гаштани онҳо дар муқобили ҷараёнҳои иқтисодиву сиёсӣ беш аз ҳарвақта муҳим аст. Халқҳои ин минтақа акнун мантиқи таъбири «ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар»-ро фаҳмида истодаанд. Имрӯз ин кишварҳо акнун ба умеди «хешҳои дури худ» намешаванд. Дар ҳақиқат дар сурати мавҷудияти як иттиҳоди устувори кишварҳои ин минтақа метавон ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Дар Осиёи Марказӣ бо шумули Қазоқистон зиёда аз 70 миллион нафар одамон зиндагӣ доранд. Ин давлатҳо ҳудуди васеъро дар бар мегиранд. Дорои захираҳову сарватҳои бойи табиӣ мебошанд ва аз ҳама муҳим дар ин минтақа бо вуҷуди мавриди нишону ҳадафи сиёсатҳои ғарбӣ қарор гирифтан сулҳу амонӣ ҳукмрон аст. Роҳбарони ин кишварҳо дарк намудаанд, ки дар сурати мавҷуд будани иттиҳоду ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ метавонанд дар муқобили ҳамагуна ҷараёну ҳадафҳои ғаразноку номатлуб устувор бошанд. Дар ҳақиқат шарики стратегии ҳамдигар будан беҳтар аз ихтилофу қаҳрҳост. Осиёи Марказӣ зери ҳадафҳои геополитикӣ қарор дорад ва ҷудоии ҷумҳуриҳои минтақа барои сиёсатҳои таҳмилии бегонаҳо як унсури мусоидаткунанда мебошад. Аз ин рӯ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, огоҳиву ҷаҳонбиниҳо ва алалхусус иттиҳоди мардумони ин минтақа дар чунин шароит ногузир аст. Имрӯз аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ сарусадоҳо ҷо доранд, ки мӯҷиби ташвишу нооромиҳои ҳасудону нотавонбинони «тақдирсоз»-и ғарбӣ мебошад. Имрӯз ҷумҳуриҳои ин минтақа бунбастҳои коммуникатсиониро барҳам зада истодаанд, ки як омили асосии ваҳдати фарогир аст. Тафриқаандозӣ барои сиёсатҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ - ин тарҳи чандсадсола мебошад. Ҳамин буд, ки Осиёи Миёнаро дар гузашта «думбаи гӯсфанд» медонистанд, ки дар атрофи он гургҳо ҷамъ омада буданд. Акнун чашми тамаъи ҳарисҳо тираву нест мешавад ва дар маҷмуъ замони пешравии Осиёву Шарқ аллакай оғоз гаштааст. Таъсири Чин, Ҳиндустон, Эрон барин кишварҳои бузурги саноатии минтақа тақдири иқтисодиёти «тақдирсоз»-и ғарбиро зери суол бурда истодаанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ низ аз чандин монеаву зинаҳои душвор гузаштанд ва акнун дар пайи таҳаввулоти бузург қарор мегиранд. Саҳифаҳои тозаву нави мусбати муносибатҳо кушода мегарданд ва қолаби нави муносибатҳо фалсафаи дурӯғи «кӣ гунаҳкору кӣ бегуноҳ»-ро аз байн бурда истодаанд. Роҳбарони ин кишварҳо ва халқҳои ин ҷумҳуриҳо дарк кардаанд, ки бартариҷӯӣ дар миёни якдигар, ин танҳо манфиати хоҷаҳои беруна мебошад. Имрӯз роҳбарони кишварҳои ин минтақа дарк кардаанд, ки ба умеди «ақлу нишондоди дигарон нагашта», худ бояд тақдири худро созанд. Муносибату рафоқати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷумлаи ин тасмимоти мусбат мебошанд. Демократияе, ки онро абарқудратҳо чун як ниқоб истифода мебаранд, дар маънии аслӣ ин баҳамоии халқҳост. Мутмаинем, ки он демократияи ҳақиқӣ дар Осиёи Марказӣ тантана хоҳад кард.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Хонданд 403

Сиёсати “нури офтобӣ”

Фев 24, 2018
Диданд: 513

Мушкилоти умдаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз нигоҳи таҳлилгарон

Чолишҳои мазҳабӣ, қавмгароӣ ва тазоҳурот дар хиёбонҳо, бозиҳои сиёсӣ дар интихоботҳо, иваз шудани роҳбарон, дар ҷойе рушди иқтисодиёт ва ҷойи дигар таназзули он аз мушкилиҳои умдаи соли 2017 барои минтақаи Осиё ба ҳисоб мерафт. Дар ин асно, ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди селобҳои табоҳкунанда дар Осиёи Ҷанубӣ, ки сабаби талафоти садҳо ҷон шуда, миллионҳо бехонаву дар монданд, тақозо ба кӯмак ва дастгирӣ доранд. Ҳамзамон, дар ин кишварҳо умедҳои тоза ва тағйирот дар Тайланд ва зиёдшавии занроҳбарон дар Непал дида мешавад, ки ба тамоми минтақа таъсир хоҳад расонд. Бо ин ҳама тағйирёбиҳо, аз донишмандон ва коршиносони Бунёди Осиё оид ба таваққуот ва интизориҳояшон дар соли 2018 пурсида шуд, ки назару таҳлилҳояшонро ба масоили аслии ин манотиқ ба таври зайл хулосабандӣ кардаанд:
Афғонистон
- Талошу муборизаҳои Афғонистон дар соли 2018 низ идома меёбад, ки шомили гуфтушуниди сулҳ бо Толибон, интихоботи парлумонӣ, ислоҳоти амниятӣ ва рушди иқтисодиро дар бар мегирад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳанӯз омодагии куллии худро оид ба интихоботи парлумонии 2018 иброз надоштааст. Барои давлати қонунӣ, интихоботи парлумонӣ қабл аз интихоботи президентӣ ҳатмӣ аст. Баргузории интихоботӣ 2018 низ зарурат ба ҳамкорӣ ва эътимоди шарикони дохилӣ ва хориҷӣ дорад, то ба таври озод ва демократӣ сурат гирад,- гуфтааст Абдулло Аҳмадзай.
Бангладеш
- Дар соли 2018 дар Бангладеш интихоботи шаҳрӣ ва парлумонӣ ба нақша гирифта шудааст. Мардум, ҳукумат ва роҳбарони сиёсии он ба ин интихоботҳо чӣ аксуламал нишон хоҳанд дод, саволест, ки бояд ҷавоб пайдо кунад. Фақат мушкили интихобот нест, инҷо буҳрон ва фоҷеаи муҳоҷирони кишвари Мянмар (Бирма) (халқиятҳои роҳинҷоӣ) аст, ки ҳукумат бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли онро барои муддати кӯтоҳ ва тӯлонӣ бояд пайдо кунад,- гуфтааст Сара Тайлор.
Камбоҷа
- Камбоҷа дар нимаи аввали соли 2018 ба роҳи номаълум дучор хоҳад шуд. Баста шудани ҳаракати наҷоти миллии Камбоҷа дар соли 2017 кишварро дар вазъияти нобасомон овард ва ҳукумат тасмим гирифт, ки дар моҳи июл интихобот гузаронад, аммо мушаххас нест, ки дар он киҳо иштирок хоҳанд кард. Рушди иқтисодии он 7 фоиз зиёд шудааст, аммо нобасомониҳои кишвар сабаби кам шудани сармоягузорон дар инҷо шудааст. Мушкили асоси Камбоҷа дар соли 2018 ин тасмими қатъии ҳукумат тавозун дар рушди иқтисодӣ бо назардошти адолати давлатдории кишвар аст,- гуфтааст Мелоней Линдберг.
Чин
- Дар гузориши котиби генералии Ҳизби Конгресси Чин дар моҳи октябри соли 2017 чунин омадааст: “Мо дар даврае қарор дорем, ки тавонистем барои рушди инсоният саҳми калон дошта бошем ва Чинро дар зинаҳои марказӣ қарор бидиҳем”. Нақшаи кори лоиҳаи Камарбанд ва Оғози Роҳ (Роҳи Абрешим), ки соли 2013 барномарезӣ шудааст, ҳоло дар листи имтиёзҳои барномаи кории Конгресс сабт аст. Ҳоло интизорӣ меравад, ки дар соли 2018 Чин дақиқан чӣ иқдом мекунад ва дар рушди иқтисоди ҷаҳон, равандҳои глобалӣ ва пешрафтҳои иҷтимоӣ чӣ саҳм хоҳад гузошт,- гуфтааст Ҷи Ҳонгбо.
Ҳиндустон
- Дар аввалҳои соли 2018 мардуми Ҳиндустон таваҷҷуҳи хос ба интихоботи умуми 2019 доранд. То расидан ба интихоботи 2019 онҷо ҳашт интихоботи дигари давлатӣ ҳастанд, ки ҳукумати Модӣ маҷбур аст, то барои интихоботи дубора ба ҷои ислоҳоти иқтисодӣ мубориза барад. Пешаравӣ ва перспективҳои рушду нумуи Ҳиндустон то замони тозашавии гарду ғубори 2019 инҷо интизорӣ мекашанд,- гуфтааст Сақар Прасай.
Индонезия
- Минтақаи Ҷава, ки 50 фоизи индонезиягиҳоро ташкил медиҳад, дар соли 2018 дар интихоботҳои митнақавии қисматҳои ғарбӣ, марказӣ ва шарқии он дар раъс қарор хоҳад дошт. Мухолифатҳо дар ин ҷазира масъалаи сиёсии кишвар дар муқадамоти интихоботи 2019 муҳим мебошанд, ки раиси ҷумҳур Ҷоко Видодо барои даври дуввум ва ниҳоии худ мубориза мебарад. Раиси кишвар ҳам барои нигоҳ доштани неруҳои атрофи худ ва барқарории тавозун бо дигар неруҳои сиёсӣ талош меварзад. Бо дарназардошти натоиҷи паёмадҳои 2018 интихобкунандагон метавонанд сухани ниҳоии худро дар соли 2019 оид ба Индонезия дар панҷ соли баъд баён намоянд,- гуфтааст Сандра Ҳамид.
Корея
- Нобасомониҳо ва ҷанҷоломезиҳои соли 2017 сабаби бартараф шудани Раиси ҷумҳур Порк Ҷеун шуд ва ноустувориҳои сиёсии Корея баъди гузашти замони тӯлонӣ ҳукумати муҳофизакор ба як давлати нави либерал ва озодихоҳ зери сарпарастии Мун Ҷаи талош барои рушди иқтисод ва ислоҳот дар бахши андоз хоҳад дошт. Мизбонии бозиҳои зимистонии Олимпиадаи 2018 ва рушди иқтисодии Корея, моҷароҳои тезутунд бо Кореяи Шимолӣ оид ба барномаи ҳастаии он ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа масоили умдаи барномаи кории Мун дар соли 2018 мебошанд,- гуфтааст Дайлан Давис.
Лаос
- Оё кишвари Лаос сиёсати нави “нури офтобӣ”-ро мепазирад? Идораи зидди коррупсияи давлатӣ аз мансабдорон талаб дорад, то даромади ғайриқонунии худро ихтиёрона ба хазинаи давлат супоранд. Идораи Сарвазир ва порлумони кишвар маркази дастгирии арзу шикояти шаҳрвандонро ташкил карда, масоили умдаи давлат ва мардумро баррасӣ мекунанд. Дар соли 2018 аксари корхонаву идораҳои давлатӣ масоили мардумро тавассути «Фейсбук» баррасӣ ва ба хадамот мерасонанд. Шаҳрвандон қавонини кишварро тавассути рӯзномаи интернетӣ хонда, назари худро баён мекунанд. Ин ва дигар масоил аз коркардҳои кишвари Лаос буда, талош доранд, то соли 2020 ба як мамлакати қонунсолорӣ табдил ёбанд,- гуфтааст Нанси Ким.
Малайзия
- Интихоботи миллии Малайзия дар августи 2018 як паёмади калон дар сол хоҳад буд. Ҳизби мухолиф таҳти сарпарастии сарвазири собиқ Маҳотир Муҳаммад барои муборизаҳо омодагӣ мебинад. Оё онҳо дар интихобот пирӯз мешаванд ё на, падидаи наве барои мардуми ин кишвар хоҳад буд. Муҳимтар аз ҳама, тағйирёбии сиёсии он бо амн ва истиқрор сурат мегирад ё на, муаммои 2018 аст. Ва оё ҷаноби сарвазир Наҷиб пирӯзиашро кафолат медиҳад ё суратмаҷлиси наверо, ки мардум мехоҳанд, ташкил медиҳад? Ин саволҳоест, ки сиёсати ояндаи кишвари Малайзияро дар 2018 таъйин месозад. Оё мардуми инҷо барои истиқрори сиёсии кишвар овоз медиҳанд ё тағйироте мехоҳанд, ки дар собиқ надоштанд?,- гуфтааст Ҳеризал Ҳазрӣ.
Муғулистон
- Баъди солҳои зиёди таназулли иқтисодӣ, дар соли 2018 Муғулистон рӯ ба тараққӣ дорад. Ин поёнравии иқтисодӣ бо сабабҳои доштани муҳити сиёсии норӯшан буд, ки дар моҳи октябр тавассути Ҳизби мардумии Муғулистон шаклашро иваз кард. Масоили умдаи бахши маориф ба таври олӣ дар соли 2017 баррасӣ шуда, тазоҳуроти муаллимон оид ба маоши нокофӣ ва аксуламал роҷеъ ба коррупсия низ натиҷагирӣ шуд. Олудагии ҳаво дар минтақаи Уланбатор яке аз мушкилтарин масъалаҳост, асароти манфӣ болои кӯдакон, занони ҳомиладор ва натиҷагирии корӣ аз дигар масъалаҳо аст, ки дар омӯзиши ҷадид дида мешавад. Талошҳо барои ҳалли ин масоил маҳдуд буда, монеаҳо аз тарафи ҷомеа зиёд шуда истодааст ва дар соли нав ба нуқтаи дилхоҳ хоҳанд расид,- гуфтаанд Эдвард Андерсан ва Дияна Фернандез.
Мянмар
- Хонаи орзуҳо барои озодии демократӣ дар 2015, замоне ки Анг Сан Суи Лигаи миллиро барои демократия роҳнамоӣ карда, пирӯзӣ ба даст овард ва тағйирёбии сиёсӣ дар инҷо ҳанӯз норӯшан аст. Нотавониҳои давлат дар расидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва талошҳо барои раванди сулҳ дар соли 2017 ва буҳронҳои мардуми Роҳинҷа аз мушкилоти дигаре мебошанд. Барои Мянмари ҷадид як савол то ҳол боқӣ мондааст, мансуб будан чӣ маъно дорад ва кӣ бояд тасмим бигирад?,- гуфтааст Ким Нинҳ.
Непал
- Баъд аз аввалҳои соли 1990 пирӯзиҳо дар интихоботи маҳаллӣ, вилоятӣ ва марказӣ дар соли 2017 хело чашмрас ва натиҷадор буданд. Талошу рағбатҳо барои чигунагии тақсими қудрат ва идоракунии он баъди гузашти даҳаҳои бадбахтиҳои сиёсии кишвар мавҷуд аст. Ба ҳар ҳол, барои воқеан бардоштани маҳсули подоши кишвар дар соли 2018, роҳбаронро зарур аст, то зудтар муборизаро болои коррупсия, ноадолатӣ ва камсудии иқтисодӣ тақвият бахшанд,- гуфтааст Георги Варугис.
Покистон
- Барои омодагӣ ва наздик шудан ба интихоботи умумӣ дар моҳи июл, тазоҳуроти диндорон ва сиёсатмадорон дар Покистон изофа шудан мегирад. Гарчӣ устувории рушди иқтисодӣ зери сармоягузории лоиҳаи Чин-Покистон Роҳ ё Коридори Иқтисодӣ идома дорад, аммо вазъи сиёсӣ ва амниятии кишвар нопойдор ба назар мерасад. Таъмини кор барои ҷавонон, бехатарии об ва таъмини баробарии аҳолии кишвар аз масоили муҳими ҳалталаб дар соли 2018 барои Покистон боқӣ мемонад,- гуфтааст София Шакил.
Филиппин
- Мардуми Филиппин дар соли 2018 бо чанд бозиҳои сиёсии бузург рӯ ба рӯ ҳастанд. Тавофуқҳо болои ислоҳот дар Конститутсия барои тағйироти системаи федералии давлат ва барқарории мушорикати миллӣ ва қавмӣ дар идорот, ки аз замони истиқлол барҷост, масоили умдаи инҷо мебошанд. Амалкард бо тавофуқномаи 2014 оид ба Созишномаи Сулҳи Бангсаморо дар ҷануби кишвар ва роҳи мубориза бо маводи мухаддир бидуни қатл аз мушкилоти дигари ин минтақа ба шумор мераванд. Имкони ба даст овардани рушди иқтисодӣ ё комёб шудан дар ислоҳоти системаи андоз, ки авохири 2017 қабул гашт, муаммои муҳими дигарест барои идораи ҳукумат, ки аксари мардуми кишвар натиҷаи онро интизорӣ мекашанд,- гуфтааст Сам Читтик.
Шриланка
- Пешравӣ ва хурсандиҳои январи 2017 паси сар шуданд, дар ҳоле, ки Шриланка омодагӣ барои интихоботи ҳукумати маҳалро, ки кайҳо бояд мегузашт, ба анҷом мерасонад. Ташкили ҳукумати муштарак ва афзоиши эътимоди мардум ҳукуматро водор ба ислоҳот кард. Бо вуҷуди ин тавақуот ва умедвориҳо ислоҳоти вазири нави молия, касро ба сӯи қадами нек дар соли нав бо бардоштҳои нав ба сӯи пеш мебарад, ки ҳама дар интизорашанд,- гуфтааст Динеша.
Тайланд
- Кишвари Тайланд дар вазъияти интиқолӣ қарор дорад. Ояндаи раванди сиёсии инҷоро ду масоили муҳими сарнавиштсоз муайн месозанд, ки аз нобаробарии ҷомеа ва камшавии рақобатҳои иқтисодӣ иборат аст. Ҳукумати феълӣ дар ҳалли онҳо талош карда, дар барномаҳои маориф, лоиҳаҳои инфраструктурӣ ва иқдомоти нав барои рушди минтақаи тараққинаёфтаи ҷануби кишвар саҳм мегузорад. Оё 2018 соли кашфиёт аст ё на? Бо дарназардошти интихобот дар моҳи ноябр, кас тағйироти наверо метавонад интизор шавад,- гуфтааст Томас Поркс.
Tимори Шарқӣ
- Бо имзои созишномаи таърихӣ миёни Австралия ва Тимори Шарқӣ дар ташкили сарҳади доимии баҳрӣ дар соли 2017, ҳама мутаваҷҷеҳи онанд, ки оё ягон тавофуқнома оид ба истифодаи лоиҳаи марбут ба соҳаи газ зери унвони “Гретер Санрайз”, ки 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, анҷом мешуда бошад ё на? Боқӣ мондани ҳукумати феълӣ, ташкили давлати нав тавассути ваҳдати ақаллиятҳои кишвар ё интихоботи нав ва тағйир дар низоми иқтисодӣ барои коҳиши фақр аз масоили асосии дар пеш будаи ин сарзамин мебошанд,- гуфтааст Тод Васел.
Ветнам
- Бо рушди иқтисод кӯмакҳои берунаи Ветнам коҳиш ёфтанд. Давлат ҳоло вобастагии амиқ аз андоз, қарз ва секторҳои хусусӣ дорад, то ба ҳадафҳои рушди иқтисодиаш бирасад. Дар соли 2018 низ ин кишвар зарурат ба ин кӯмак дорад ва агар коррупсия, фиреб ва қаллобӣ назорат нашаванд, дар натиҷа эътимоди мардум ба ҳукумат камтар шуда, дар натиҷа давлат қарздор хоҳад гашт,- гуфтааст Михаил Р.
Хулоса
Муаммо ва масъалаҳои умдаи минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқро дар соли 2018 метавон омӯхта, дар ин асно аз ислоҳоти иқтисодӣ ва равандҳои қонунии кишварҳои Осиёи Миёна хусусан субот ва амнияти ин мантақаҳо чун дастоварди бузург ва мисол барои соли 2018 натиҷагирӣ кард. Тақвияти суботи минтақа, ҳамгироии иқтисодии он ва истифода аз ҳукумати элекронӣ барои расидан ба арзу шикояти мардум ва фароҳамсозии некӯаҳволии он аз авлавиятҳои Паёми солонаи 2018-и Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба манфиати минтақа ва ҷаҳон аст.
Таҳияи М. РАҲМОНОВ,
ходими илмии ИОМДОА

Хонданд 513

Ё андешаи чанд перомуни тарзи пӯшидани либос дар Тоҷикистон дар ҳошияи иқдоми нави масъулони Қазоқистон

Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли баррасии лоиҳаи қонунест, ки пӯшиши либос ва андозаи ришро ба танзим медарорад. Тавре вазири ин кишвар оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Нурлан Ермекбоев ба хабаргузории русии “Rеgnum” гуфтааст, бар асоси ин лоиҳаи қонун, пӯшидани либоси сиёҳ ва сатр низ барои бонувони қазоқистонӣ манъ хоҳад шуд.
Вакилони мардумии Қазоқистон дар ҳоле ба мавзуи танзими либос ва намуди зоҳирии ҷавонон рӯ оварданд, ки чанде пеш Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён он ҷавонони қазоқро, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, инчунин духтаронеро, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, сахт танқид кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод. Назарбоев дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили бесаводии динии насли ҷавон дахл кард ва гуфт, "бисёре аз ҷавонони қазоқ аз бесаводӣ риш сар додаву почаи шимашонро кӯтоҳ мекунанд ва шумори духтарони қазоқе, ки худро бо либоси саропо сиёҳ мепӯшонанд, зиёд шудааст”. Президент Назарбоев бо ишора ба ин, ки чунин фарҳанг ҷавобгӯи анъанаҳои мардуми қазоқ нест, таъкид намуд, ки "бояд масъалаи манъи ин чизҳо дар сатҳи қонунгузорӣ ҳаллу фасл шавад. Қазоқҳо либоси сиёҳро фақат дар вақти мотам мепӯшанд”.
Назарбоев хитоб ба намояндагони муфтиёт гуфт, чунин равиши ҷавонон хилофи сиёсатест, ки ӯ пеш гирифтааст ва ба ин роҳ нахоҳанд дод: "Агар ҷавонон ба равияҳои барои мардуми мо бегона рӯ оранд, бо ин давлат чӣ хоҳад шуд? Мо ба ин роҳ намедиҳем, давлат бояд дунявӣ бошад. Мо онҳоеро, ки зидди ҳадафҳои мо мехезанд, таҳаммул намекунем”.
Президенти Қазоқистон афзуд, имони мусулмонро на либоси зоҳирии ӯ, балки имони ботиниаш нишон медиҳад.
Иқдоми Президент ва Парламенти Қазоқистон нишонаи он аст, ки мавзуи тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ вақтҳои охир ба яке аз мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ дар минтақаи мо табдил меёбад. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ, аз байн рафтани ҳувияти миллии миллатҳо аз намуди зоҳирӣ оғоз шуда, тадриҷан тағйири андеша, тафаккур, биниш, равиш ва ниҳоят дину мазҳабро дар бар мегирад. Шасхе, ки ба либоси бегона тақлид мекунад ё намуди зоҳириашро мисли намуди зоҳирии дигар миллатҳо оро медиҳад, дар дил нисбат ба ҳамон миллат муҳаббат дорад (барои мисол, полиси Русия ҳамҷинсгароёнро дар навбати аввал аз тарзи оройиши мӯй ва либоспӯшиашон мешиносад) ва ин дилбастагӣ ба дигар миллату ойину русум оҳиста-оҳиста инсонро аз хусусиятҳои милли худ дур ва ба хусусиятҳои миллатҳои бегона наздик месозад. Ин аст, ки давлатҳо барои пешгирии ин раванд дастбакор мешаванд, то ҷавонони худро аз оқибатҳои бегонашавӣ эмин доранд.
Дар Тоҷикистони мо ҳанӯз 11 сол пеш Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими ҷашну маросимро оғоз намуда, Қонуни махсусеро дар ин бора қабул кард, ки инак натиҷааш дар ҳамаи соҳаҳо бараъло мушоҳида мешаваду мардум аз он бисёр розиянд, зеро хароҷоти беҳуда ва масрафи беҳадро аз дӯши мардум бардошта, вазъи зиндагии оилаҳо ва ё ба истилоҳи иқтисоддонҳо сабади масрафии оилаҳоро ғанитар гардонд. Дар мавриди риояи либоси миллӣ, танзими намуди зоҳирӣ ва парҳез аз фарҳанги бегона низ чанд солест, ки дар кишвраи мо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд ва ҷавонони зиёде ба ин раванд ҳамроҳ шудаанд.
Инак, ба ин раванд пайастани кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки Пешвоми муаззами мо на танҳо дар масаъалҳои марбут ба истифодаи об ва захираҳи энергетикӣ, балки дар масоили иҷтимоӣ ҳам ташаббускор ва пешсаф асту барои ин гуна масъалаҳо ҳамеша аввлин шуда, чора меандешад. Ин эътирофи дурустии амалкарди Роҳбари давлати моро нишон медиҳаду ин амалҳоро қобили пайравӣ дар минтақа муаррифӣ мекунад.
Дар ин миён, баъзе афрод ва расонаҳои мухолиф, ки бо санги маломат андохтан сӯи чунин иқдомҳои фарҳангофари Ҳукумати мамлакти мо, мақолаҳои пур аз туҳмату буҳтон ба нашр расонда, аз “нақзи ҳуқуқи башар” ҷор мезананд, бояд бидонанд, ки Ҳукумат ҳамон тавре ки масъули таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи мардум аст, масъули осудагии равонӣ ва фаҳангии мардум барои имрӯзу оянда низ мебошад. Агар Ҳукумат кореро рӯи даст мегирад, ин ба он маъност, ки чандин муддат рӯи он таҳқиқу баррасӣ анҷом додаасту тамоми паҳлуҳои масъаларо омӯхтааст ва суду зиёни онро дар тарозу баркашида, баъд ба амалӣ кардани он шуруъ кардааст. Пас, набояд танҳо як паҳлуи қазия, яъне паҳлуи зоҳирӣ ва муваққатии онро бинему ҳадафҳои аслии ҳукуматро, ки ҳамоно ҳифзи фарҳанги асили мардум ва ҳимояи ҳувияти миллист, нодида бигирем.
Таҳкими давлатдории миллӣ дар замони омезиши шадиди арзишҳо талошҳои созанда ва муқовимати устувори фарҳангиро тақозо менамояд. Маҳз аз ҳамин сабаб таъмини амнияти фарҳангӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини амнияти давлатию миллӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи ба амал баровардани он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ба сифати таҳдидҳо дар ин раванд девалватсияи арзишҳои маънавӣ, тарғиби намунаҳои маданияти оммавии ба зӯроварӣ асосёфта, назарфиребии иттилоотӣ ва ғайра пазируфта мешаванд.
Таҷрибаи иҷтимоӣ собит месозад, ки дар раванди нигоҳдошт, ҳифз ва интиқоли арзишҳои миллию фарҳангӣ нақши занону модарон басо бузург аст ва онҳо қодиранд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳувияти миллиро таъмин намоянд. Ин рисолат дар замони муосир аҳамияти махсус пайдо кардааст. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Вале, бархе аз занону духтарони тоҷик ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар аст.
Тоҷикон либоси милли худро дар тӯли таърих маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Либоси сиёҳ рамзи торикию бадбахтист. «Одаму либос - хонаву палос» гуфтаанд. Бонувони тоҷикро бо пероҳани миллияшон мешиносанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бо ин кор, бонувон симои миллии худро аз даст медиҳанд. Аз бонувони ҷумҳурӣ даъват мекунам, ки аз рӯймолу куртаву дигар либоси миллии хеш рӯй нагардонанд, зеро зани тоҷик маҳз бо ҳамин гуна либос нозанину боиффат аст.
Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро яке дароз ва дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ ва чорумӣ шинам дӯхта мешаванд? Агар либос ҳикматеро дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор. Пас, биёед он ҷузъи фарҳанги миллиро, ки моро ҳамчун тоҷик муаррифӣ менамояд, аз омезишҳо ва тақлиди кӯркӯрона эмин нигоҳ дорем.
Дар айни ҳол, дар бораи намуди зоҳирӣ ва парҳез аз бегонапарастӣ низ дар кишвари мо чанд сол боз корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд, ки инак дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам (тавре дар оғоз гуфтем) ба ин фикр афтодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» аз 26-уми июли соли 2014 таҳти №1097 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи талаботи он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд бо намуди зоҳирии аслӣ мутобиқат намоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст). Лекин, баъзе шаҳрвандон ришҳои бетартибу дарозро гузоштаанд, ки симои зоҳирии онҳо ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташон мувофиқат намекунад. Дар натиҷаи гузоштани ришҳои дароз айнияткунонии шахсият мушкил мегард.
Инчунин, ба идораҳои дахлдор номаву арзу шикоятҳои фаровон мерасанд, ки гузоштани риши дарозу бетартиб (монанди салафиҳо ва ё биёбонгардон) аз тарафи баъзе ҷавонон, мардумро ба ташвиш меорад ва осудагии равониашонро халалдор месозад. Гузашта аз ин, илми равоншиносӣ исбот кардааст, ки одам, махсусан ҷавон, вақте аз назари зоҳирӣ худро ба қавмеву миллати бегонае монанд кард, тадриҷан ин чиз ба зеҳну шуураш низ сироят мекунаду аз назари фикрӣ ҳам ба он қавму миллат монанд мешавад. Ин ба сӯи бегонагии фарҳангӣ, миллӣ ва ҳатто мазҳабӣ мебарад.
Баъзеҳо аз нодонӣ ё барқасдона танзими намуди зоҳирӣ ва тарзи пӯшидани либосро ба масъалоҳи динӣ рабт медиҳанду онро дар доираи “маҳдудиятҳои динӣ” ҷой доданӣ мешаванд, ки мутлақо хатост. Зеро тоҷикон миллати мусулмон буда, навъи хоси либоспӯшии хуро доранд, ки он ба талаботи пӯшиши исломӣ ҳам ҷавобгӯст. Азбаски миллати мо пас аз даврони 70-солаи коммунистӣ ва гузаронидани як давраи ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ ниёз ба худшиносӣ ва бозёбии асолати худ дорад, навъи пӯшиши миллӣ тавсия мешавад, ки он ҳам ба талаботи фарҳангии мо ҷавобгӯ буда, мухолифате ҳам бо арзишҳои динӣ надорад.
Бояд донист, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қатъан дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва динӣ маншаъ мегиранд, амалӣ карда мешавад. Ин принсипҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, ҷудо будани созмонҳои диниро аз давлат, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти созмонҳои динӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳое, ки ин қонунгузорӣ муайян намудааст, таъмин менамоянд ва ҳамзамон хислати дунявии таълимро дар низоми давлатии маориф ва таҳаммули мазҳабиро байни динҳо ва мазҳабҳои гуногун кафолат медиҳанд.
Муқоисаи сатҳи озодии динӣ дар Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя шаҳодат медиҳад, ки нишондиҳандаҳо дар ин самт хеле баланд ҳастанд. Дар Тоҷикистон барои 1800 - 1900 нафар кушодани як иттиҳодияи динӣ иҷозат дода мешавад, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои ҳамсоя 3000 - 3500 аст.
Ва ниҳоят, инро ҳам набояд нодида гирифт, ки дар ҷаҳони имрӯза муаррифии миллат хеле бештар аз муаррифии маҳсулот ё дастовардҳои он аҳамият дорад. Зеро танҳо миллати шинохташуда метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ пайдо кунад, пешниҳодҳои худро матраҳ созад, бо дигар миллатҳо робита барқарор намояд ва дар заминаи ҷалби сармоя ва рушди иқтисоди миллӣ муваффақ гардад. Агар чунин аст, пас биёед, ҳувияти миллии худро чи бо рафтору гуфтору кирдори нек, чи бо нақшофарӣ дар ҷаҳон, чи бо пешниҳодҳои глобалӣ, чи бо пешрафтҳои илмию техникӣ ва чи бо фарҳангу маданияти хоси худ, ки дар навбати авал дар намуди зоҳирӣ ва тарзи либоспӯшӣ таҷассум меёбад, ҳифз ва муаррифӣ намоем.

Сайфуллои ИСКАНДАР

Хонданд 559

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Нигоҳи хос

  • ХОСта

    Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ…
  • Хоҳиш ва ҳадаф

    «Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.