.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Сиёсат

Ҳарчанд нисбати водии Фарғона корҳои зиёди илмӣ анҷом дода шудааст, вале то имрӯз ин водӣ ҳамчун “замини асрорангез” (terra incognita) боқӣ мемонад. Водии Фарғона яке аз қисматҳои куҳантарини таърихӣ ва этнографии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, он дар қисмати ҷанубу шарқии минтақа ҷойгир шуда, бо куҳҳои сарбафалаки Тян-шон дар шимол ва шимолу шарқ ва бо Помиру Олой дар ҷануб печида шудааст. Танҳо дар қисмати ғарбӣ, ин водӣ ба дигар ноҳияҳои Осиёи Марказӣ баромадгоҳи на онқадар калон дорад, ки дар адабиёт он бо номи “дарвозаҳои Хуҷанд” машҳур аст иҳота шудааст.

Дар замонҳои гузашта, тариқи водии Фарғона яке аз масирҳои Роҳи бузурги абрешим мегузашт, ки Шарқро бо Ғарб мепайваст. Дар натиҷа бо ин масир корвонҳо аз Самарқанду Бухоро ва Тошканду дигар шаҳрҳо ба Туркистони шарқӣ раҳсипор мешуданд. Тариқи ағбаҳои куҳии шимолӣ ва шимолу шарқӣ Фарғона бо Талас, Иссиқкӯл, Семиречие, бо ҷанубӣ-Мастчоҳ, Рашт, Бадахшон, Кӯлоб, Ҳисор ва дигар минтакаҳои куҳии Помиру Олой пайваст мешуд.
Ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофии водии Фарғона на танҳо пешрафти босуръати иқтисодӣ ва фарҳангии онро таъмин мекард, балки сабаби омадани элементҳои гуногуни этникӣ гашт. Ба ғайр аз ин, бо ҷой доштани маҳдудияти ҷуғрофӣ, водии Фарғона мутаносибан минтақаи ором ва баъзан вақт берун аз воқеаҳои сиёсие, ки дар дигар вилоятҳои Осиёи Марказӣ рух медод, боқӣ мемонд. Ҷой доштани ҷангу низоъҳо, исёну балвоҳо дар дигар минтақаҳо, ки дар натиҷаи онҳо гуруснагӣ, бесуботӣ ва нодорӣ ба миён меомад, инчунин таъқиби одамон аз нигоҳи сиёсӣ ва динӣ ба он оварда расонд, ки нафарони зиёд аз ҷойҳои дуру наздик ба водии Фарғона меомаданд. Дар охири асри XIX ва аввали садаи XX водии Фарғона ба минтақаи сераҳолитарини Осиёи Марказӣ ва аз ҷиҳати этникӣ гуногун табдил ёфт.
Дар ин ҳудуди нисбатан хурд, ки 22 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, се вилояти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, се вилояти Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷамъ тақрибан 14,5 миллион нафар аҳолӣ доранд, зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо сеяки аҳолии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва нисфи аҳолии Қирғизистон умр ба сар мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар як километри мураббаъ зиёда аз 650 нафар зиндагӣ мекунад, ки ин дар муқоиса бо ноҳияҳои сераҳолии Ҳиндустон ва Чин баробар аст. Дар бисёре аз ноҳияҳои водии Фарғона зичии аҳолӣ то 2000 нафар дар километри мураббаъ мерасад.
Мушкилоти водии Фарғона мунтазам ва дар сатҳҳои гуногун омӯхта мешавад, вале бо вуҷуди ин низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин минтақа хеле зуд тағйир меёбад ва талабгори мониторинги доимӣ мебошад. Сатҳи камбизоатии аҳолии баъзе аз вилоятҳои водии Фарғона (аз нишондодҳои расмӣ камтар) ба 40 дар сад ва зиёда аз он мерасад.
Паст шудани сатҳи зиндагӣ дар давраи баъд аз шӯравӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста буд, ки сохтори давлатдорӣ тағйир ёфт. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба он оварда расонд, ки иқтисодиёти ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ поён рафт, ки ба яку якбора афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ оварда расонид. Оморҳои расмии кишварҳои минтақа инъикосгари воқеъии сатҳи бекорӣ шуда наметавонанд. Дар ВАО пайдо шудани омор дар бораи кушодани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсири худро дар паст кардани сатҳи бекорӣ намегузорад, чунки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол кам нашудааст.
Мушкилоти бекорӣ ва то як дараҷа нигоҳ доштани сатҳи зиндагии мардуми водии Фарғонаро муҳоҷирати аҳолии он ба Русия, кишварҳои дигари ИДМ ва хориҷи дур ҳал менамояд. Дар баробари ин, агар муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври назаррас дар паст кардани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат саҳм гузошта бошад, вале он, дар маҷмуъ, барои аҳолии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба як проблемаи дигар мубаддал шудааст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишварҳои минтақа ва водии Фарғона падидаҳои нав ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, зиёд шудани вайроншавии оилаҳо, афзоиши оилаҳои нопурра бо ноболиғон ва кӯдакон, нобаробарии гендерӣ, зиёд шудани шумораи занони муҳоҷир аз ҳисоби шаҳрвандони муқими кишварҳои минтақа аз ҷумлаи мушкилотеанд, ки минтақаро таҳти таъсир қарор додаанд.
Афзоиши ҳарсолаи аҳолӣ боз як мушкилоти дигари водии Фарғонаро ба миён овард, ки ин норасоии заминҳои корам ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Маҳз зиёдшавии босуръати аҳолии минтақа метавонад дар оянда мушкилотҳои нав эҷод кунад. Дар ҳолати болоравии шумораи аҳолии водии Фарғона (қариб 2 дар сад дар як сол) баъд аз 15 сол аҳолии он на камтар аз 4,4 миллион нафар зиёд шуда, тақрибан 20 млн. нафарро ташкил хоҳад дод.
Яке аз сарчашмаҳои асосии шиддатнокӣ дар водии Фарғона ин масъалаи миллӣ аст. Дар асри гузашта ин қаламрав байни се давлати минтақа тақсим карда шуда буд. Қисми зиёди ҳамвориҳо бо чунин шаҳрҳо: Андиҷон, Ассаке, Қӯқанд, Кувасой, Марғелон, Намангон ва Фарғона, воҳидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мешаванд. Қисмати шарқии Фарғона, ки дар он шаҳрҳои Ҷалолобод, Ош ва Узген, инчунин куҳҳое, ки аз шимол, шарқ ва ҷануб ин водиро дар оғӯш мегиранд, ба Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ доранд. Қисмати ғарбии Фарғона бо шаҳрҳои Исфара ва Конибодом (қисман Хуҷанд)-ро низ ба он дохил менамоянд, ки ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Дар натиҷаи чунин тақсимоти маъмурӣ, гуруҳҳои этникие, ки солҳои зиёд дар паҳлӯи якдигар дӯстона зиндагӣ мекарданд, баъд аз соли 1991 ба ҳайати давлатҳои гуногун дохил гардида, бо марзҳо, сарҳадбонон, гумрук, низоми раводид аз ҳам ҷудо карда шуданд.
Гарчанде тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар қаламрави кишвари худ соҳиби имтиёзҳои сиёсӣ ва мақоми ҳуқуқии “миллати ҳоким” гашта бошанд, пас намояндагони ҳамин гурӯҳҳо дар қаламрави кишвари бегона аксар вақт ба мақоми “майдамиллат”, ки ҳуқуқҳояшон поймол мешавад, табдил ёфтанд.
Қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар водии Фарғона ба ҳам омада, системаи мураккаби марзиро дар миёни кишварҳо ба миён меоранд, ки он бо ҷой доштани анклавҳо дар қаламрави якдигар боз ҳам душвор мегардад. Анклав-ин қаламрав ё қисме аз қаламрави як давлат мебошад, ки аз ҳама тараф бо қаламрави давлати дигар иҳота шудааст. Агар анклав ба баҳр роҳи баромад дошта бошад, пас он ниманклав номида мешавад.
Маҳз анклавҳо сабаби нофаҳмӣ байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегарданд. Дар водии Фарғона анклавҳо, ки аз қаламрави асосии давлатҳои худ ҷудо карда шудаанд, барои аҳолии маҳаллӣ душвориҳои зиёдеро ба миён меоранд. Аз ҷумла, нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо дар мавриди қитъаҳои замин, чарогоҳҳо барои чаронидани ҳайвоноти хонагӣ, дастрасӣ ба об, буридани дарахтон барои ҳезум, гузаронидани молу ашё ва амсоли инҳо ба сифати мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбанд. Дар сурати муноқиша ҳар яке аз ҷонибҳо метавонад роҳи ҷойдоштаро банд намояд ва ин амалро бо он маънидод кунад, ки ин қитъаи замин ба онҳо тааллуқ дорад.
Бо пош хӯрдани ИҶШС дар водии Фарғона ҳашт анклав ба вуҷуд омад. Дар қаламрави Қирғизистон чор “ҷазира”-и Ӯзбекистон (Сох, Шоҳимардон, Ҷон-Ғара, Ҷангайл) ва ду аз Тоҷикистон (Ворух, Қалъачаи ғарбӣ) қарор доранд. Дар қисми водии Ӯзбекистон бошад, ду анклав-Барак ва Сарвак, ки ба Қирғизистон ва Тоҷикистон мансуб мебошанд, қарор дорад.
Яке аз чунин анклаваҳои машҳури тоҷикон дар вилояти Боткенти Қирғизистон-ин Ворух мебошад, ки ба вилояти Суғди Тоҷикистон мансуб аст. Дар ин анклав тақрибан 40 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аксариятро тоҷикон ташкил медиҳад. Ворух дар ягона шоҳроҳе, ки яке аз ноҳияҳои Қирғизистонро бо тамоми кишвар мепайвандад, ҷойгир шудааст. Ва маҳз ҳамин ҳолат дар бисёр мавридҳо сабаби нофаҳмиҳо байни аҳолии маҳаллӣ ва қирғизҳо мегардад.
Қалъачаи ғарбӣ - яке аз ду (дар қатори Ворух) эксклавҳои Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Баткенти Қирғизистон ҷойгир аст, мебошад. Аз ҷиҳати тобеият ин эксклав ба ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Сарвак (Сарваксой, Сарван) - анклави Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир буда, аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон мансуб аст. Маркази анклав - рустои Сарвак буда, дар як вақт он дар марзи ҳар ду ҷониб: Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад. Он тақрибан 14 километр дарозӣ ва 600 метр паҳноӣ дошта, қад-қади дарёи Сарваксой дар баробари роҳи Камчик, байни шаҳрҳои Ангрен ва Қӯқанди Ӯзбекистон ҷойгир аст. Аз танг будани анклав, махсусан масъалаи чаронидани чорво ба миён меояд, ки аксар вақт ба чарогоҳҳои қаламрави Ӯзбекистон мебарад. Масоҳати анклав тақрибан 8,4 км-и мураббаъ буда, масофаи камтарин байни Сарвак ва боқимондаи Тоҷикистон-1,2 км-ро ташкил медиҳад.
Калонтарин анклавҳои Ӯзбекистон дар қаламрави Қирғизистон ин Шоҳимардон ва Сӯх мебошанд. Дар майдони 352 ҳазор километри мураббаъ 19 маҳалҳои аҳолинишин бо аҳолии 60 ҳазор нафар ҷойгир аст. Зимнан, 99 дар сади аз онҳо тоҷикони этникӣ мебошанд. Анклави Сӯх мисили Ворух дар роҳҳои магистралии қисмати ғарбии Қирғизистон ҷойгир аст.
Дар Ӯзбекистон анклави хурди Қирғизистон бо номи Барак дар масоҳати 4 километри мураббаъ қарор дорад, ки дар он асосан, қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди мушкилотҳои сарҳадии минтақа маҳз бо анклавҳо алоқамандӣ доранд. Онҳо аз қаламрави асосии кишвар канда шуда, проблемаҳои зиёдеро ба миён меоранд.
Муносибатҳои байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар гузашта бештар вобаста ба масъалаҳои гидроэнергетикӣ ва сарҳадӣ тезутунд мешуд. Баъди ба сари қудрат омадани ҷаноби Шавкат Мирзиёев ба ҳайси президенти Ӯзбекистон, гуфтушунидҳо оид ба муқаррар ва муайян кардани хатти сарҳади давлатии байни ду кишвари ҳамсоя фаъол шуд. Дар давоми соли гузашта, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аллакай силсилаи мулоқотҳоро оиди мувофиқати марзҳо гузаронида, инчунин ташрифи ҳайатҳоро ба кишварҳои якдигар ташкил намуданд. Дарозии умумии сарҳади байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон 1370 километрро ташкил медиҳад. Тибқи суханони ходими илмии Мактаби тадқиқотҳои шарқӣ ва африқоии Лондон-Алишер Илҳомов, яке аз дастовардҳои асосии Шавкат Мирзиёев на танҳо нармшавии муносибатҳои мутақобилаи судманди Ӯзбекистон бо ҳамсояҳо, балки музокирот байни сарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад. Тарафҳо даҳ шартнома имзо карданд. Оид ба масъалаҳои марзӣ ҳамагӣ 15 дар сади қитъаи сарҳади давлатӣ ҳамоҳанг нокарда монд. Вале ин 15% аз ҳама қитъаи душвортарин мебошанд. Тарафҳо тафсилоти шартномаро оиди марзҳо ошкор намекунанд, вале аз эҳтимол дур нест, ки қитъаҳои баҳсӣ ин анклавҳои Сӯх, Барак, Шоҳимардон, обанбори Андиҷон ва баъзеи дигар мебошанд. Яке аз натиҷаҳои асосии гуфтушуниди тарафайн ин намоиши иродаи сиёсӣ, мунтазам ва пайваста кушодани гиреҳҳо дар муносибатҳо байни ду давлат мебошад.
Ҷонибҳо, дар рафти музокирот ихтилофоти ҷойдоштаро ҳал намуданд ва танҳо 28 қитъаи байнидавлатӣ боқӣ мондааст, ки ҳалли худро металабад. Ба қавли Содиқ Сафоев, муовини раиси палатаи болоии Парлумони Ӯзбекистон, амалҳои президент Шавкат Мирзиёев ба он равона шудааст, ки аз масъалаҳои ҷойдошта дур нашуда, балки онҳоро дар якҷоягӣ ҳал намоянд. Имрӯз Ӯзбекистон сиёсати пурсамари минтақавиро амалӣ мекунад ва барои муколама оиди масъалаҳои тезутунд омода аст. Ба ақидаи баъзе аз коршиносон, водии Фарғона ҳамчун як қуттии борӯт хавфи бузурге барои минтақа дорад ва ин ақида то имрӯз дар ҷомеа ҷой дорад. Вале бояд таъкид кард, ки даргириҳои охири асри 20 ва аввали асри 21 нишон дод, ки ҳамаи масъалаҳои ҷойдошта ва баҳсталабро, пеш аз ҳама, бояд бо иштироки тарафҳо дар гуфтушунидҳо, бе истифода аз силоҳ ва қувваи ҳарбӣ ҳал намуд.
Масъалаҳои баҳсталаби минтақа, аз ҷумла водии Фарғона, ки қаламрави се кишвари минтақаро дар бар мегирад, бояд бе дахолати кишварҳои дигар, ки бо урфу одат ва арзишҳои миллии аҳолии Осиёи Марказӣ ошно нестанд, ҳал шаванд. Аҳолии водии Фарғона дар муддати садаҳои зиёд, дар паҳлӯи якдигар зиндагӣ карда, риштаҳои хешутаборӣ пайдо карданд. Нофаҳмиҳои марзӣ набояд сабаби ҷудо шудани ин пайвандҳо гардад. Дипломатияи халқӣ низ бояд дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта нақши арзанда ва муҳими худро бозад.

Изатулло Саримсоқов, ходими илмии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Хонданд 889

Ҳайфи себи хубонӣ?!

Окт 28, 2017
Хонданд: 921

Дар Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А. Назирови ноҳияи Файзобод, дақиқтараш, дар деҳаи Фатҳобод солҳои қаблӣ 1 гектар боғоти ҳосилхези себи хубонӣ ҷойгир буд, ки соле ба ҳисоби миёна зиёда аз 80 тонна себи хубонӣ медоду дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонд.

Собиқ раиси Кумитаи заминсозии ноҳия Илҳом Ҳасанов барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 3-4 нафар аз боғоти 1-гектара замин ҷудо карда, сертификат додааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Нафароне, ки аз овардани ному насабашон худдорӣ мекунам, дар майдони зиёда аз 0,20 га ниҳолҳои себи ҳосидеҳро бурида решакан карданд, ки раҳми кас меояд.
Агар масъулони Кумитаи заминсозӣ ва нафароне, ки барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ себҳоро решакан карданд, як ниҳол мешинонданду ба воя мерасониданд, шояд дилашон месӯхту мақоли «тарбурӣ - сарбурӣ»-ро амалӣ намекарданд.
Паранда бо умед лона месозаду фарзанд ба дунё меорад. Деҳқон ниҳол мешинонаду онро ба воя мерасонад, то ниҳолаш бор ораду мардум ком ширин кунанд. Агар лонаи парандаро вайрон кунем, дарахтони ҳосилдеҳро бурида партоем, на Худо мебахшаду на бандааш.
Наход нисбати себҳои хубонӣ ин қадар бераҳмӣ кунем!?...

Додои ҲАҚҶӮЙ

Хонданд 921

Рӯзҳои охир дар тамоми шабакаҳои ВАО-и Ғарб ва Шарқ масъалаи раъйпурсии умумихалқии Каталония барои дарёфти истиқлолияти худ мавриди муҳокимаву баррасии дуру дароз қарор гирифтааст. Ҳар як хабарнигор, таҳлилгар ва сиёсатмадорони дунё ин воқеаро аз диди хеш таҳлил менамоянд.

Ҳоло бошад ба таърихи ин ҷомеаи худмухтор, ки талаби истиқлолиятро дорад, дар зер руҷуъ мекунем:
Каталония таърихи беш аз 1000 сола дошта, ҳанӯз дар асри 12 шоҳигарии Каталония ва Арагон таъсис ёфта буд, ки аз ҳамон давра худмухтории дохилӣ ва қавонуни худро нигоҳ доштааст. Аммо дар гузашта аз тарафи каталониягиҳо дар ҳайати шоҳигарии Испания бисёр шӯришҳо ба роҳ монда шудааст, то истиқлолият ба даст оваранд. Соли 1871 Каталония ҳатто кӯшиши аз ҳудуди Испания мустақил шуданро карда буд, вале пас аз гуфтушуниди тарафайн бо ҳукумати марказӣ он дар ҳайати Шоҳигарии Испания монд.
Ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои ҷудоихоҳонаи Каталонияи муосир аз ибтидои асри 20 падид омада буд. Соли 1901 ҳукумати Испания мавҷудияти миллати каталонро пазируфт, ки боиси аз нав зинда шудан ва ташаккул ёфтани фаҳимиши аҳолии Каталония дар хусуси ташкили давлати соҳибистиқлол гардид.
Соли 1979 ба мақоми худмухторӣ соҳиб гардид, ки пас аз он забони каталонӣ ҳам мақоми расмиро касб намуд. Солҳои охир забони каталонӣ дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Каталония хело муҳим гардидааст. Аз рӯи таҳқиқи пажуҳишгари итолиёвӣ Ҷ.Поггесчи қариб 90%-и аҳолии Каталония ин забонро медонанд. Дигар масъалаи ҷудоихоҳии мардуми Каталония ин дарёфти мақоми забони каталонӣ дар байни дигар забонҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Сабаби дигари иддаои аҳолии Каталония барои истиқлолият - фарҳангу таърихи ин сарзамин мебошад, ки аз таъриху фарҳанги дигар минтақаҳои Испания тафовути куллӣ дорад. Парчами кунунии Каталония - ливои тоҷи арагорнии «senyera», ки аз 4 хати уфуқӣ дар заминаи зард иборат аст, мебошад. Инчунин Ҳукумати Кастилия – Женералитет дар пешбарии ғояи аслияти каталонӣ, ҳам дар аслияти миллӣ ва ҳам сиёсӣ нақши муҳимро мебозад. Бо нашри китобҳо дар бораи Каталония ва тарғиби он ҳамчун давлати алоҳида на танҳо бо забони каталонӣ, балки бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва дигар забонҳои Аврупо аз тарафи Женералитет сурат мегирад. Бояд иброз дошт, ки дар китоби «Каталония – давлат бо ҳарфи бузург» Каталонияро ҳамчун «давлати Аврупоӣ» қаламдод карда, инчунин онро «давлати қарни 21, ки дорои забони худ ва фарҳанги ба худ хос» номидааст, ки «дорои анъанаи якчанд асраи идҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ, ки мутобиқ ба талаботи муосир дар сатҳи дигар давлатҳои Аврупо мебошад, имконият фароҳам меоварад, ки ин миллат бо боварӣ ва умед ба ояндаи хеш назар кунанд» тасвир гардидааст.
Фаромӯш набояд кард, ки соли 2006 дар Каталония мақоми нави худмухторӣ бо васеъ намудани мустақилияти молиявӣ қабул шуд.
Асоси иқтисодии минтақа сабаби дигари иддаои ҷудоихоҳони каталонӣ барои истиқлолият гардид. Каталония 19 дар сади ММД-ро истеҳсол мекунад. Соли 2016 ММД-и Каталония 1/5 ҳиссаи ММД-и кишварро ташкил дод. Ҳамасола Каталония ба буҷаи давлат аз 5 то 16 миллиард евро бештар аз маблағе, ки аз тарафи ҳукумати марказӣ дода мешавад, месупорад. Ин боис гардид, ки миллатчиён иддао карданд, ки Каталония дар воқеъ тамоми кишварро «мехӯронад». Ва ин аз тарафи аҳолии минтақа сахт дастгирӣ гардид. ММД-ии Каталония ба ММД-ии Финландия ва Дания баробар буда, беш аз ММД-ии Ирландия мебошад. ММД ба сари аҳолӣ қариб баробари Олмон ва бештар аз Юнон ва Португалия мебошад. Сатҳи содирот ба Финландия баробар ва аз Португалия бештар мебошад. Коҳишёбии фазои ягонаи иқтисодиву иҷтимоӣ, ки натиҷаи буҳрони муосири Аврупо мебошад, ба Каталония ҳамчун яке аз минтақаҳои аз рӯи иқтисодиёт рушдкардаи Испания як омили ҷудошавӣ гардид. Чӣ хеле, ки директори маркази пажуҳиши ҳизбӣ-сиёсии Институти Аврупои Академияи илмҳои Русия Владимир Швейтсар мегӯяд, дар Каталония сабабҳои ҷудоихоҳӣ хусусияти таърихӣ дорад, аммо таъсири омилҳои иқтисодиро аз мадди назар дур набояд сохт. «Худи буҳрон ҳеҷ нақшеро бозӣ намекунад, баръакс бо ҳама шаклҳои буҳрон дар чаҳорчӯбаи давлати бузург ва ягонагӣ мубориза бурдан осонтар назар ба он ки дар парокандагӣ мубориза бубаранд. Бовар дорам, ки ҳама хоҳиши ҷудохоҳ шуданро надорад, вале аз марказ минтақаҳои худро таҳти фишор қарор додан мехоҳанд».
Маҳз ин сабаб гардид, ки ҳукумати Каталония қадами хешро ба сӯи ба даст овардани истиқлолият гузошт. Солҳои минбаъда, аниқтараш солҳои 2009-2010 пурсишҳои ғайрирасмӣ роҷеъ ба истиқлолияти Каталония байни мардум гузаронида шуд, ки дар он 90 дар сади аҳолӣ ба тарафдории истиқлолият раъй доданд. Моҳи сентябри соли 2012 дар тамоми қаламрави Каталония намоиши оммавӣ бо иштироки беш аз 1,5 миллион нафар таҳти шиори «Каталония – давлати нави Аврупо» сурат гирифт. Пас аз ба даст овардани натиҷаи интихоботи минтақавӣ, 23 январи соли 2013 парлумони Каталония Эъломия дар бораи соҳибихтиёриро эълон намуд ва соли 2014 раъйпурсии умумихалқӣ барои ба тамом аз ҳайати Испания ҷудо гардидан интихоботро ба нақша гирифт. Аммо ин кӯшиш аз тарафи суди Конститутсионии Испания ғайриқонунӣ эълон гардида, пешгирӣ карда шуд.
Вале бо ин оташи қалби Каталониягиҳо хомӯш нагардид. Ин навбат 27 октябри соли 2015 гуруҳҳои ҷудоихоҳон лоиҳаи нави парлумониро барои дарёфти истиқлолияти хеш ба миён гузошт.
Дар он ҳуҷҷат чунин омадааст: «оғози ҷараёни давлати соҳибистиқлоли Каталония дар шакли ҷумҳурӣ». 9-уми ноябри соли 2015 парлумони Каталония қабули қарордоди «ҷудошавӣ аз Испания»-ро ба овоздиҳӣ гузошт, ки натиҷаи он бо 73 овоз «тарафдор» ва 62 овоз «зид» бар нафъи ҷудоихоҳон анҷом ёфт. Сипас дар асоси ҳуҷҷати қарордод дар давоми 18 моҳ муваззаф гардид, ки сохтори давлат ва Конститутсияи нави он омода гардад. 2-юми декабри соли 2015 Суди Конститутсионии Испания қарордод дар бораи истиқлолияти Каталонияро ғайриконститутсионӣ эълом намуд.
9-уми июни соли 2017 маълум гардид, ки санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ перомуни истиқлолияти Каталония 1-уми октябри соли 2017 таъин карда шудааст. Дар раъйпурсӣ саволи зерин пешкаш гардид: «Оё мехоҳед, ки Каталония давлати мустақил дар шакли ҷумҳурӣ гардад?». 1-уми октябри соли 2017 ҳукуматдорони Каталония раъйпурсиро дар бораи истиқлолият баргузор намуданд, ки дар он 90 дар сади раъйдиҳандагон-иштирокчиён барои ҷудошавӣ овоз доданд. Гарчанде мақомоти полис кӯшиш барои садди роҳи ин раъйпурсие, ки дар тартиби яктарафа бидуни розигӣ бо ҳукумати марказӣ баргузор гардид карданд, вале бефоида буд.
10-уми октябри соли ҷорӣ Роҳбари ҳукумати Каталонияи худмухтор Карлес Пучдемона ба Эъломия дар бораи Истиқлолият имзо намуд, вале аз эълон намудани Каталония ҳамчун давлати мустақил худдорӣ карда, даъват ба муколамаи тарафайн байни ҳукумати марказӣ, яъне Испания намуд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки шояд Пучдемона аз пасомади эълон намудани истиқлолияти Каталония тарсида бошад, барои он ки дар гузашта ҳамаи ҷудоихоҳон ба ҳукми қатл маҳкум ва маҳбус гардида буданд.
Сардори кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои байналмилалӣ Леонид Слутский мегӯяд, ки пешниҳоди роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон оиди худдорӣ намудан аз эълони истиқлолияти ҷомеаи худмухтори Каталония қарори хирадмандона буда, метавонад садди роҳи ба вуқуъ пайвастани низои минтақавӣ дар Испания гардад.
Шоҳи Испания Филиппи VI арз намуд, ки ҳукумати Каталония бо баргузор намудани раъйпурсии ғайриқонунӣ нисбати ҳукумати марказӣ «беитоатӣ» нишон дод ва барои ягонагӣ ва тамомияти арзии Испания хавфи калонро ба миён овард. Роҳбари ҳукумати Испания Мариано Рахоя изҳор кард, ки ҳукумати марказӣ то он даме, ки вазъи кунунии Каталония ба ҳолати қонунӣ барнагардад, аз ҳама гуна музокирот бо ҳукумати Каталония даст хоҳад кашид.
Ногуфта намонад, ки дар робита бо раъйпурсии Каталония якчанд роҳбарону намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, алалхусус, Олмон, Фаронса ва Италия вокуниш карда, аз ҳукумати Каталония даъват бар он карданд, ки ягонагии марзи Испанияро нигоҳ доранд. Ҳамчунин, онҳо натиҷаи раъйпурсиро ғайриқонунӣ ҳисоб карданд. Инчунин, иброз доштанд, ки дар сурати аз тарафи ҳукуматдорони Каталония эълон гардидани истиқлолияти ин ҷомеаи худмухтор онҳо ӯро эътироф нахоҳанд кард.
Таърих гувоҳ аст, ки Каталония аз Испания ва Испания аз Каталония сахт вобастагӣ дорад ва ҷудоии ин ду аз ҳам назар ба пасомадҳои хубаш, пасомадҳои бадаш бештар мебошад. Аз ҳамин сабаб барои Каталония нигоҳ доштани мақоми худмухторӣ бо имконияти фарохи иқтисодӣ-молиявӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ зарур аст, ки тамомияти арзии Испанияро нигоҳ дорад. Инчунин, бояд илова кард, ки дар сурати эълон гардидани истиқлолияти Каталония боз дигар халқиятҳои хурди этникӣ барои «давлати мустақил» иддао хоҳанд кард.

АБДУЛҲАМИДОВ Т.И., ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Хонданд 747

“Ӯ бачаи хуб аст...”

Окт 28, 2017
Хонданд: 1735

Путин ва дигарон бояд чиро донанд?

Ҳамон замон, ки як сенатори амрикоӣ эълом кард, “Ҳомид Карзай дигар муттаҳиди Амрико нест”, соҳиби 13-солаи арки Кобул домони мухолифини ҷаҳониву минтақаии Амрико, пеш аз ҳама Русияро қапид. Ӯ мефаҳмад, ки дубора ба қудрат расидани ӯ аз роҳи Кремл аст.
Ҳомид Карзай бори дуюм ба дидори Путин рафт. Ё ин роҳкории Путин буд, ки ӯ ба Русия ояд ва он чиро гӯяд, ки Путин шунидан ва ба рақибони амрикоияш расонидан мехоҳад. Воқеан, Карзай бо тайёраи махсуси русӣ ба Русия омад. Пешашро ҳам зимни суҳбат руфт, вақте дар бораи парвозаш бо тайёраи амрикоӣ ба Амрико гуфт, инро ҳам афзуд: “Ҳукумати Шумо, шояд ба Шумо нагуфт, ки ман ба ин ҷо бо тайёраи русӣ парвоз намудам. Ба Чин ҳам зарур шавад, бо тайёраи чинӣ меравам...”. Ишора: “Барои ман ҳамаи шумо якед ва ман одами кадом як кишвари алоҳида нестам!”.

Эътирофи нокомӣ
Ҳомид Карзай коре бештар аз он кард, ки Путин таваққуъ дошт. Ӯ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, ки нокомиашро дар Афғонистон эътироф кунад. Раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки дар маҳфили “Валдай” дар шаҳри Сочи суҳбат мекард, гуфт, ҳама муваффақ мешаванд, агар Амрико эътироф кунад, ки ноком шудааст. Ба бовари ӯ, ба ин эътироф мардуми Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ, аз қабили Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд эҳтиром хоҳанд гузошт. Вай афзуд, тамоми аломатҳои нокомии Амрико дар Афғонистон дида мешаванд, агар Амрико эътироф накунад, ин бозӣ анҷом намеёбад. Вай худ эътироф кард, ки маълумоти ғарбӣ дорад, фарҳанги Ғарбро дӯст медорад, аммо яке аз мунтақидони асосии сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон аст, зеро ин сиёсатҳо муваффақият надоранд ва ба сӯи мушкилоти ҷадиду афзоиши тундгароӣ, радикализму терроризм мебаранд: “Ман мухолифи сиёсати Амрикоям, зеро таҳти назорати онҳо ва дар ҳоле ки бар ҳарими ҳавоиву низомиёни мо тасаллути комил доштанд, дар Афғонистон ДОИШ зуҳур кард. Ин зуҳури пас аз 14 - 15 соле, ки амрикоиҳо бо тамоми захоир ва пулҳои ҳангуфт ба ин ҷо омаданд, чӣ тавр имкон дорад? Чаро ҳамкории байнулмилалӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон, тавре ки дар гузашта буд, ҳоло нест? Ман ҳоло дар Русия қарор дорам. Русия ба кори Амрико дар Афғонистон машкук аст. Чаро Чин инро ҳамин гуна намебинад? Эрон ҳам бо амалкардҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мушкил дорад”.
Дар идомаи ин иддао Ҳомид Карзай гуфт, дар Афғонистон бозии тундгароӣ ҷараён дорад ва чанд суол гузошт: “... тундгароӣ ва терроризм ин васила ва баҳона аст, ё мо воқеан бо онҳо меҷангем? Ё мо фақат вонамуд мекунем, ки бо тундгароӣ мубориза дорем? Ё мо аз манофеъи худ ба ҳар қимате дифоъ мекунем?”.
Раиҷумҳури собиқи Афғонистон мухотаби ин суолҳоро ном нагирифт. Ӯ ба ҳозирин хитоб карда, ҳамлаҳои террористӣ дар Ғазниву Пактиё ва Қандаҳорро, ки чанд рӯзи ахир пай дар пай рух доданд, мисол овард ва гуфт, танҳо дар як рӯз дар Афғонистон ҳудуди 300 нафар, ки ҳамагӣ ҷавон буданду оила доштанд, кушта шудаанд. Вай афзуд: “Ягона роҳ ба оянда ин аст - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон бояд шартҳои ҷадиди ҳамкорӣ бо мардуми моро қабул кунанд. Дуюм. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон бояд боз бо ҳамсояҳои мо ва қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Чин, Русия, Ҳинд, бо аҳдофи калидӣ, фаҳмо ва шаффоф кор кунанд. Бо назардошти ин, ҷомиаи байнулмилалӣ бояд механизми афғонии ҳалли тамоми мушкилоти мавҷудро дастгирӣ намояд”.
Ҳомид Карзай даъвати Шӯрои олии мардуми Афғонистон ё Луи Ҷиргаро оғози роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст унвон ва бар ҳамкории ҷомиаи байнулмилалӣ, бахусус, бархӯрди мутамаддини Покистон бо мардуми Афғонистон таъкид кард.
Ишора: “Ман дастнишондаи Амрико нестам, ба ман эътимод кунед. Пушти ДОИШ Амрикост. Агар бо шумо ҳамкорӣ накунад, ба ҷое намерасад!” (аз нигоҳи Карзай, ки худ дастнишондаи Қасри сафед аст, Амрико пас аз харҷи қариб 1 триллион доллар ва кушта додани ҳудуди 3 ҳазор сарбоз дар “компанияи Афғонистон” бояд таслим шавад).

“Бозии сояҳо”
Ҷаласаи 14-уми маҳфили “Валдай”, ки 19-уми октябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, мавзӯи “Тахриби созанда: оё аз буҳронҳо низоми нави ҷаҳонӣ пайдо мешавад?”-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳомид Карзай яке аз садрнишинони маҳфил буд. Ӯро беҳуда интихоб накарда буданд. Карзай 13 сол кишвареро раҳбарӣ мекард, ки майдони аслии набарди ду қудрати аслии ҷаҳон - Бритониёву ворисаш - Амрико ва Русияи шоҳиву меросхӯронаш Иттиҳоди Шӯравиву Русия буд.
Карзай гуфт, “аз нигоҳи афғониаш” бар ивази “тахриби созанда” ибораи Карл Несселроде, яке аз вазирони хориҷии Русия дар асри 19-ро дуруст мешуморад, ки “бозии бузург”-ро “бозии сояҳо” хонда буд: “Мо дидем, ки онро чӣ тавр мебозанд, аммо намебинем, ки кӣ бозӣ мекунад, зеро онҳо бо сояҳо пӯшида шудаанд, аз ин хотир, мо бояд жарфтар бингарем. Афғонистон, ҳадди ақал, ду қарни охир дар соя буд. Несселроде дар бораи “ҷанги сояҳо” миёни императориҳои Русия ва Бритониё ҳанӯз дар асри 19 гуфта буд, аммо баъд аз он ҳам Афғонистон боз ҳам дар маркази ҳаводис қарор гирифт. Мо барои ҳарду тараф бозӣ мекардем. Аммо бритониёиҳо аз афғонҳо зирактар будаанд ва мо як қисмати қаламравамонро аз даст додем”.
Ишора ба Путин: “Бритониё дӯсти Афғонистон набуд”.

“Ҷанги сард”
Суханронии Ҳомид Карзай як мурури кутоҳеро ба таърихи Афғонистон мемонд. Вай тақвияти Иттиҳоди Шӯравӣ, минҳайси як ҳамсояи Афғонистон ва як қудрати бузурги ҷаҳонӣ дар асри 20-ро падидаи нек арзёбӣ кард: “Аз соли 1919 то 1979 мо шоҳиди як давраи тӯлонии эътидол дар Афғонистон будем, зеро мо тавозуни миёни Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шӯравиро нигаҳ медоштем. Ба таври анъанавӣ мо бештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ такя мекардем, бештар ба он менигаристем ва аз он пайравӣ мекардем, аммо ҳамзамон равобити ҳасана бо амрикоиҳоро нигаҳ медоштем. Онҳо низ дар эъмори кишвари мо ширкат доштанд. Пас аз вуруди Шӯравӣ Афғонистон ба нуқтаи доғи “ҷанги сард” табдил ёфт, ё баръакс, ҷанг маҳз дар Афғонистон доғ шуд”.
Ҳомид Карзай гуфт, дар давраи муқовимат бо Иттиҳоди Шӯравӣ Афғонистон мероси фоҷиавии худро ба даст овард. Вай афзуд, ҳарчанд, аз як сӯ, Иттиҳоди Шӯравӣ талош мекард коммунизмро дар Афғонистон ҷойгузин кунад, аз сӯи дигар, амрикоиҳо ва ҳампаймонҳояшон ба муқовимати мо кӯмак карданд, бавижа Покистон, мекӯшиданд аз муқовимати мо истифодаи сӯ кунанд: “Мо як кишвари исломӣ, як кишвари муътақиди мусалмонӣ, вале як кишвари муътадил будем. Аммо онҳо бар ин мекӯшиданд, ки моро ба кишвари тундгароӣ табдил диҳанд ва динро ба масобаи силоҳ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кунанд. Аз ин хотир, онҳо муқовимати мо алайҳи Шӯравиро пуштибонӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки то охирин афғон алайҳи Шӯравӣ мубориза хоҳанд бурд. Анҷоми ин буҳрон ду бозанда дошт, ки яке, Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигаре, Афғонистон буданд. Ҳарду кишвари мо хисороти зиёд диданд. Афғонистон каме бештар, балки хеле бештар. Мо паёмадҳои онро ҳатто имрӯз мебинем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то чанд муддат ягона суперқудрат, ҳатто гиперқудрат буд. Дар Аврупо ҳама чиз беҳбудӣ ёфт, дар Покистон бештар аз он беҳбудӣ омад, ин кишвар қудрати ҳастаӣ шуд, тамоми иттилои заруриро ба даст овард, аммо Афғонистон ҳамоно ранҷ мекашад”.
Ишора: “Иттиҳоди Шӯравӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беҳтар буд. Амрико афғонҳоро зидди шумо истифода кард”.

11-уми сентябр
Карзай худ як падидаи пас аз 11-уми сентябр - рӯзи ҳамлаи террористӣ ба Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ аст. То ин дам касе дар минтақаву ҷаҳон ӯро намешинохт, ё эътироф намекард. Ба қавли ӯ, ин фоҷиа кишварашро боз ба маркази асосии ҳаводиси ҷаҳонӣ табдил дод. Вай афзуд, пас аз ин Иёлоти Муттаҳида бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид, Русия, Чин, Эрону Ҳинд, то ҷое Покистон ва бақия ҷомиаи байнулмилалӣ ба Афғонистон ворид шуданд: “Ин вуруд дар марҳалаҳои ибтидоӣ хеле муваффақ ва хеле муассир буд ва на барои он ки Амрико қудрати низомӣ дошт, ман мехоҳам инро таъкид кунам, на барои он ки тайёраҳои “Б - 52” дошт, балки мардуми Афғонистон бори аввал бо неруҳои ҳамлавар, неруҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ карданд ва якуним моҳ пас муваффақият ба даст омад”.
Ӯ як қиссаи кутоҳеро нақл кард, ки мустақим дар он ширкат дошт: “Вақте амрикоиҳо омаданд, ман дар Афғонистони марказӣ, дар Тиринкути вилояти Урузгон будам. Моҳи Рамазон буд. Ман бо ҳамкорони худ ифтор мекардем. Касе омаду гуфт, ки ҳамин ҳоло амрикоиҳо дар ҳайати 14 ходими CIA ва низомиён ба ин ҷо омаданд ва мехоҳанд бо Шумо мулоқот кунанд. Вақте онҳо расиданд, нафаре, ки бо ман нишаста буд, қиссаи худро мегуфт. Вай ба ман дар бораи он нақл мекард, ки чӣ тавр дар замони Толибон тайёраҳои амрикоӣ ба тасодуф хонаи ӯро бамборон карданд ва дар пайи он набераҳо ва духтари ӯ ба шаҳодат расиданд. Ман дудила шудам, ки оё қабули амрикоиҳо маънӣ дорад, вақте ин инсон чунин ранҷ дидааст. Аз ӯ пурсидам, ки амрикоиҳоро қабул кунам ё на? Вай гуфт: “Бале, ҳатман, қабулашон кун”. Ман амрикоиҳоро даъват кардам, омаданд, як сарҳанг ва афсари CIA, ки баъдтар муовини раиси ин идора таъин шуд ва ба ҳамин наздикӣ ба истеъфо рафт, низ дар миёни онҳо буд. Ман қиссаи он мардро ба онҳо нақли қавл кардам. Аммо он нафар сухани маро қатъ кард ва гуфт: “Ба онҳо бигӯ, ки ман боз фарзанд дорам. Агар барои озодии Афғонистон боз фарзандонамро аз даст диҳам, мухолиф нестам, зеро мехоҳам, ки кишвари ман озод карда шавад”. Мардум ҳамин гуна як шӯру шавқ дошт...”.
Ҳомид Карзай гуфт, дар ибтидо корҳои Амрико дар Афғонистон шоистаи таҳсин буданд, аз ҷумла дар ин давра маориф, сиҳати омма, институтҳои демократӣ, ҳуқуқи занон маҳз бо кӯмаки мардуми Афғонистон ва ҳамаи кишварҳо, пеш аз ҳама қудратҳои бузург - Русия, Эрон, Чин ва ғайра дар авлавият қарор гирифтанд. Вай афзуд: “Ин як ҳамкории байнулмилалии Амрико ва муттаҳидони Амрико буд, ки ин ҳама пешрафт ба даст омад. Аммо баъдтар мушкилот пеш омаданд. Боз ифротгароӣ, боз хушунат, боз терроризм. Иёлоти Муттаҳида ба сарчашмаҳои онҳо таваҷҷуҳ накарданд. Шуруъ карданд ба бамборони рустоҳо, куштану зиндонӣ кардани мардуми мо. Ҳар қадар ин ҳама бештар иттифоқ афтод, ҳамон қадар ифротгароӣ ҷон гирифт”.
Ӯ аз Русия хост, ки бо Амрико ва Ғарб дар қазияи Афғонистон ҳамкории бештар ба роҳ монад, ба Афғонистон дасти кӯмак дароз намояд, то механизмҳои шахсии худро барои ҳалли масоили мавҷуда эҷод кунад: “Лутфан, тиҷорату сармоягузорони худро ба Афғонистон фиристед, мо ба шумо хеле наздик қарор дорем, аз ин хотир, тиҷорати шумо барои мо хеле зарур аст”.
Ишора: “Агар мардуми Афғонистон кӯмак намекард, ё ризоияти шумо намебуд, Амрико ба чизе даст намеёфт! Тундгароӣ василаи дасти Амрикост! Ҳоло вақт аст, ки даст ба кор шавед...”.

“Демократи Керри...”
Пас аз он, ки Ҳомид Карзай суханронии худро ба поён расонд, Фёдор Лукянов, мудири маҳфили “Валдай” ва гардонандаи ин нишаст аз ӯ пурсид, ки демократия як низоми бузурги ҳукуматдорӣ аст, аммо дар ҷаҳони имрӯз бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, натиҷаҳои баръакс медиҳад, шояд он ба дарди Афғонистон нахӯрад?”. Ҳомид Карзай гуфт, ки ин демократияи Ҷон Керри нест, ин бояд демократияи мо бошад ва ӯ набояд биёяд ва раъйи моро баршуморад ё теъдоди раъйдиҳандагонро дар ин ё он минтақа дақиқ кунад.
Пас аз ин суханони Ҳомид Карзай ва изҳори ташаккури мудири маҳфили “Валдай” Владимир Путин, раисҷумҳури Русия луқмае партофта, дар ҳаққи Ҷон Керри, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико шӯхӣ кард: “Ҷон ку ҳисобро намефаҳмад. Ӯ моҳҳоро яку ду ҳисоб мекунад. Ҳамин тавр, ягон натиҷа нест (ханда). Ӯ бачаи хуб аст, аммо, ба назар мерасад, ҳанӯз риёзиро хуб наомӯхтааст”. Ва Ҳомид Карзай ҳам изофа намуд: “Ба қафо мешуморад!”.
Бо ҳамин шӯхии раисҷумҳури Русия баррасии суҳбатҳои Ҳомид Карзай дар маҳфил анҷом ёфт.

“Бачаи Амрико”
Ҳомид Карзай, ки соли 2001 бо кӯмаки Амрико дар Афғонистон ба қудрат расид ва дастнишондаи он арзёбӣ мешуд, пас аз канор рафтан аз қудрат дар соли 2014 ба мунтақиди ашаддии он табдил ёфт. Ҳамон сол яке аз сенаторони амрикоӣ эълон кард, ки Ҳомид Карзай дигар муттаҳиди Амрико нест. Соли 2015 Ҳомид Карзай ба Русия омад ва бо Владимир Путин вохӯрд.
Карзай ва Русия мавқеи ҳамсон доранд. Қабл аз ҳама, 1) ҳарду мухолифи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистону минтақа ҳастанд ва 2) ҳарду Толибонро нерӯи сиёсии машруъ меҳисобанд. Аз ин сабаб, Карзай барои Амрико ба “бачаи бад”-и Амрико табдил ёфт.
Аммо дар суҳбатҳои Карзай як хати фикрӣ хеле рӯшан мушоҳида мешавад. Ӯ мехоҳад президенти Афғонистон шавад ва ҳама дарк кунанд, ки ӯ “бачаи Амрико” набуд, аз ин ба баъд, лӯхтаки дасти касе ҳам шуданӣ нест. Карзай номзади Русия, Чин, Эрон ва Покистон дар интихоботи ояндаи Афғонистон мехоҳад бошад. Паёми ӯ ҳам ин аст, ки нафаре ба ҷуз ӯ наметавонад онҳоро ба мақсад - коҳиши нуфузи Амрико ва аз ин ҳисоб, таъмини манофеъи онҳо - расонад. Ҳамчунон ӯ ба Амрико ин паёмро расонд, ки агар ӯ барнагардад, Афғонистон барои ИМА “Ветнами дуюм” хоҳад шуд. Пас ӯро дарёбед!

Фахриддини ХОЛБЕК

Хонданд 1735

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.