.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Сиёсат

Дарё маҷрои нав меҷӯяд

Янв 27, 2018
Хонданд: 787

Шунидам, ки съезди навбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон доир мегардад. Хоҳиш пайдо шуд, ки дар он иштирок намоям. Имрӯз узви ягон танзиму созмон нестам, ҳаваси маҷлиснишинӣ ҳам надорам. Ин ҳизб ва аъзоёни он барои бедории миллӣ, барои ба сиёсат кашидани мардум баъзе корҳоро ба анҷом расондааст. Бо мақсади рушди демократия ҷадал кардааст, вале зарараш барои он кам нест. Хатову камбудиҳои он солҳои роҳбарияти ин ҳизб раҳгумие андохт, ки то имрӯз барои баъзеҳо баромадан аз он лабиринт душвор аст. Намедонам, кадом «маликаи демократ» омин гуфт, ки ба съезд ҳамчун рӯзноманигор даъват шудам. Фардо меравам. Ҳадафҳои худро дорам. Давоми мақоларо баъд аз съезд менависам.

Анҷумани XVI-ум дар вақти муқарраршуда дар толори меҳмонхонаи «Гранд Ҳотел» оғоз ёфт. Аз рӯи меъёрҳои имрӯза ин ҳолати муқаррарӣ аст. Маҷлис бо шунидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Аз рӯи хотираҳои доштаам съезди аввали ин ҳизб хондани гимни республикаро рад карда, чанд «холи сиёсӣ»-ро касб карда буд. Чизи дигаре, ки ба чашм хӯрд, ин ниҳоят ҷавон будани ҳайати вакилони съезд ва аз панҷ ду ҳиссаи онҳоро занҳо ташкил медоданд.
Сарвари ҳизб дар маърӯзаи ҳисоботиаш, вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва кишварро таҳлил кард. Ҳолати имрӯзаи сиёсӣ дар ҷаҳон ва фаъолияти гуруҳи террористии ДИИШ-ро хеле донишмандона таҳлил кард. Умуман, таҳлилҳои хуб дорад ин чеҳраи нави сиёсӣ. Баромадҳояш чун депутат дар парламент барои дарёфти «холҳои сиёсӣ» нестанд. Ӯ иҷрои барномаҳои мавҷударо талаб менамояд.
Ӯ баромадашро ба охир расонд, вале он чи ки ман мехостам бишнавам, садо надод. Вакилони дигар ҳам баромад карданд. Собиқадорони ҳизб, ки солҳои аввал дар фаъолияти ҳизб саҳм доштанд, ёдоварӣ гаштанд. Меҳмонон, намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ сухан гуфтанд.
Чӣ буд ҳадафи ман, ҳаводори ин партия нестам, асосан, мухолифи мавҷудияти ҳамаи ҳизбҳоям. Дар ин бора борҳо навиштаам ва «нотарафорон»-и зиёде ҳам дорам. Аслан, ҷабри ин ҳизбро ман бештар аз дигарон кашидаам.
Солҳои навадум ба ман қабул ва ташкил кардани ҳизби демократро дар собиқ вилояти Кӯлоб пешниҳод карда буданд. Ҳамчун мансабдори коммунист қатъиян рад кардам. То аз Душанбе ба Кӯлоб расидани ман, аллакай овоза расида буд, ки фалонӣ, демократи рақами як, ҳоло бо мандати раисии ҳизби вилоят ба Кӯлоб омада истодааст. Ғайр аз дӯстони наздикам, ки маро чун партократи ғӯттавар дар ҳавзи сентрализми демократӣ мешинохтанд, аксарият бовар карданд. Дар истгоҳу магазин ҳам баъзеҳо бо хушнудӣ, баъзеҳо бо истеҳзо «табрик» мегуфтандам, аз ҳамсояҳо низ. Аз ҷумла, ҳамсарам ҳам бо қавоқи барфолуд маро пешвоз гирифт: Аз коммунистӣ чӣ зарар дидӣ, ки…
Ин қадар барқосо паҳн шудани як хабаре, ки арзише надорад, тааҷҷубовар менамояд. Суҳбати мо дар ин хусус бо раиси вақти ин ҳизб Шодмон Юсуф дар кабинети ӯ, дар бинои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта буд. Ӯ дар ин бора бо кӣ маслиҳат карда буд, намедонам, вале ҳаминро таъкид карданиам: гапи роҳбари он вақтаи ҳизб ҷон дошт ва қадру қимат. Ақидаҳои ӯ чун сухани нав зуд паҳн мешуданд, ба ҳама ҷо мерасиданд. Ҳамин тариқ, номи мани «демократи қалбакӣ» автоматӣ ба рӯйхати «вовкаҳо» гузашт. Дар ин масир ман танҳо набудам.
Чаро демократҳо қариб ба чеҳраҳои сиёсии «душмани халқ»-и солҳои сиюм табдил ёфтанд? Ҳамин тариқ, ба исботи асли мақсад наздик шуда истодаам, сабаби беобрӯгӣ аз чӣ сар мезад?
Шодмони Юсуф парчамбардори онрӯзаи демократия бешубҳа рейтинги калон касб карда буд, ҳама ӯро мешинохтанд. Вале ба ибораи Ҷонибеки Асрориён одами «андакхонда» чун мӯзадӯзе буд, ки аз соқи мӯза болотар фикр кард. Ё, чи тавре ки дар зодгоҳи худаш дар бораи ӯ шунидам, « ӯ пояшро ба чени кӯрпааш дароз накард». Акнун бе шаф-шаф.
Худро «минбаргузари мутлақ» дида, ба аъзоёни ҳизби коммунист танаффур эълон кард ва хост ҳизби наҳзати исломиро «таги пар» кунад. Ғофил аз он ки худро ба фано мезанад. Дар ин бора байти шоир Бозор Хотири Хатлонӣ ба ёд меояд:

Агар осудагӣ хоҳӣ ту тарки сарфарозӣ кун,
Ки ашки фил зад шӯхеву чун нақши кафи по шуд.

Дар ҷои дигар ӯ аз худ рафтанро ин тавр баён кардааст:

Ба тарзи беди маҷнун, гар тавонӣ майли пастӣ кун,
Ки най аз саркашӣ кам-кам ба таҳти по фитод охир.

Дар митингҳои назди КМ партияи комунистӣ қудратеро, ки бо заҳмат - гуруснанишинӣ ба даст оварда буд, аз даст дод. Байрақчаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз дастмоли Махдуми Қиёмиддин ба даст омада буд аз даст дод. Акнун дар фазои ҳизби демократ дастурамали махдум парафшонӣ мекард. Бештари ҷавонони пайрави ҳизби демократ ба итоати байрақи муваққатӣ рафтанд, то вақте ки…
Хонандаи гиромӣ, маломатам накунад ба асли мақсад наздик шудаам. Баромади ҳамаи вакилонро гӯш кардам, ҳамчунин намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсиро. Он чизе, ки мехостам бишнавам, садо надод. Ҳадс мезадам, ки шояд намояндагони ҳизбҳои дигар он таърихчаро ба ёд биёранду таваҷҷуҳи раёсати нави ҳизби маҷлисдорро ба он ҷалб кунанд.
Раиси Ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода баромадҳоро ҷамъбаст кард, лоиҳаи қарори анҷуман хонда шуд, вале он чизе, ки мехостам бишнавам, садо надод.
Росташро гуям, он чизе, ки шунидан мехохаму дар борааш навиштан, вазифаи ман нест. Онро бояд ягон собиқадори худи ин ҳизб бигӯяд. Дар толор онҳо кам набуданд, ба шумули Аҳмадшоҳи Комил, ки дилсӯзона дар хидмати вакилон буд.
Як гапи оддиро шунидан мехоҳам. Чи тавре ки дар боло гуфтам, Шодмон Юсуф ҳизби наҳзати исломиро таги пар карданӣ шуда, ба «чапҳалуки» нимчамуллоҳои вақт афтода, ҳизбро аз даст дод. Ғарамбоз як рӯз не як рӯз ба даст меафтад. Имрӯз он роҳбарони ҳизб нестанд, яъне аъзоёни ҳизб ҳастанд. Аз рӯи ҳисобҳо шумораи онҳоро то 140 ҳазор нафар хонданд. Бигузор нисфи рақамҳо дурӯғ бошанд, вале аъзоҳо ҳастанд, аз ҷумла бисёр ҷавонҳои фирефта, ки майл ба сиёсат ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ доранд. Онҳо имрӯз чӣ кор кунанд?
Ана, дар ҳамин бора шунидан мехостам. Роҳбарияти ҳизби собиқи наҳзати исломӣ пеш аз ҳама ба аъзоёни созмони худ хиёнат кардаанд. Дар ин миён аксари аъзоёни ҳизб гуноҳе надоранд, онҳо ба сарварони ғиромбози худ бовар карданд.
Чанд бор аз истифодаи калимаи «ғиромбоз» худдорӣ кардам, зеро дӯсти ҷавонам, муҳаққиқи илми этикаи журнализм Хушдили Раҳимҷон барои ҳар калимаи «носуфтаам» эрод мегирад.
- Устоди ман дар публиситика шахси мулоимсухан Владимир Ленин аст, вале дар ҳолати зарурӣ истилоҳи «Муртад Каутский»-ро истифода бурда буд…
Ӯ ба хулосаи ман розӣ намешавад.
- Агар Ленин зинда мебуд, бояд мулоимсуханиро аз шумо меомӯхт, шухӣ мекунад ӯ. Маҷбурам дар Соли ҷавонон гапи ӯро бигирам.
Охирин ғиромбозии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро дар назар дорам. Мутаассифона, дар вақташ ин бозиро касе ошкор накард, ман интихоботи президентии солди 2013-ро дар назар дорам.
Бо пешниҳоди раиси ҳизб яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, ки ба «сиёсатбозиҳои исломфурӯшон» робитае надошт, номзад пешбарӣ карда шуд. Имзо ҷамъ овардан лозим меомад, ҳамагӣ сад ҳазор. Вале ҳамин қадар имзо ҷамъ нашуд. Кабирӣ бо шогирдонаш аз ҳамин муҳлат шикоят бурда, расонаҳои дунёро пур карданд.
Ман ба ҷуръати раиси ҳамонвақтаи Комиссияи интихобот Шермуҳаммади Шоҳиён қоилам, ки хилофи муқарароти воқеӣ муҳлати ҷамъ кардани имзоҳоро дароз кард. Вале чун роҳбарияти ҳизб намехост, боз ҳам миқдори зарурӣ ҷамъ нагардид. Магар ҳизб сад ҳазор узв надошт? Шояд дошт. Вале агар ҳизб мехост, ҷамъ кардан ин қадар мушкил набуд. Ғайриҳизбиёни фаъол ҳам барои дастгирии ӯ имзо меғундоштанд. Ин пешниҳод муғризона ва амали ғиромбозӣ дошт. Ҳадаф-бозибадар кардани Ойниҳол Бобоназарова аз саҳнаи сиёсӣ буд. Ба фикрам ҳамин хел шуд, Ойниҳоле, ки мушкилии дигаронро ҳал мекард, худаш дар банди макру ҳиял афтод.
Бояд аъзоёни фаъолу ватандӯст, иҷтимоиназару босавод аз рӯи ақида наздик ба дигар ҳизбҳо ҷалб карда шаванд.
Ба ҳар ҳол бо он мақсади пажуҳише, ки рафта будам муяссар нагашт, вале чизи дигаре бароям рӯшан гашт. Ҳизби дамократии Тоҷикистон монанди дарёчаи шӯхи куҳӣ пайдо гашта, дар ҷустуҷӯи маҷро буд. Ба дарёчаи шуши дигар рӯ ба рӯ гашта, онро камоб пиндошта ба маҷрои худ кашиданӣ шуд, бехабар аз он, ки он аз чанд талу теппа об мехӯрад. Дар талотум маҷрояшро гум карда, дар вайрон гаштани чандин дараи хушманзараву боғу чаманзор шарик гашт. Солҳо барои маҷрои доштааш талош мекард, бехабар аз он, ки як маҷро ду бор насиб намегардад. Ҳоло инро, ки дарк кардаааст, думболи маҷрои муносиб аст. Дар дараву тангноҳои селобзада онро меҷӯяд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон дар тактикаи худ аз фаъолияти оппозитсияи фаъол даст кашида, дар паи иҷрои барномаи президенти кишвар саҳм мегирад. Ин аст воқеияти рӯз. Ин нуктаҳоро дар барномаву оинномаи ҳизб, маърӯза, баромади вакилон ва ниҳоят дар қарори қабулкардаи съезд дарёфтан мумкиин буд.
Ба фаъолони ҳизб дар ин ҷода тавфиқ мехоҳем.

Саидҷалол Саидзода

Хонданд 787

(Дар ҳошияи мақолаи адиб ва публитсисти рус Александр Проханов - «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон»)

Сабки намуна ва сабки ошно
Чанд сол қабл дар мавриди саҳнасозӣ дар жанри лавҳа, аз китоби «Журналистика»-и В. Ворошолив ба донишҷӯён як ҷузъро аз навиштаи сармуҳаррири нашрияи «Завтра»-и Русия Александр Проханов мисол меовардам, ки чунин буд: «Путин андаке дер кард. Аз ин хиҷолатзада барин менамуд. Аз дер омадани ӯ истифода карда, мо журналистон думаротибагӣ қаҳваи кремлиро нӯшидем. Қариб ҳамаи кулчақандҳои кремлиро тановул кардем. Путин ҳам гурусна мондагӣ барин ба яке аз охирин кулчақандҳои дар табақча боқимонда даст дароз кард. Ман дидам, ки кулчаи ӯ болояш ҳатто қанд надошт. Чун як варзиштар ба фикрам Путин диетаро риоя мекунад…».
Ин қисмати лавҳаи А. Проханов, ки чандин сол қабл нашр шудааст, давомдор аст ва дар он дар бораи сифатҳои инсонии Путин ишора карда мешавад, ки чи гуна ӯ ботавозуъ, дипломат, шӯхтабъ ва донову ҳозирҷавоб аст. Ин саҳнаро ба донишҷӯён мисол меовардаму мегуфтам, ки зиндаву воқеӣ тасвир кардан ҳамин аст. Дар бораи Путин ҳазорҳо китобу асарҳо навишта шудаанд, аммо ин як сарсатр дар баъзе мавридҳо барои хонандаи умум болотар аз онҳост. Талқин медоштам, ки роҳи беҳтарини ба мафкураи хонанда наздик шудан ҳамин гуна услуб мебошад.
Рӯзномаи «Минбари халқ»-ро ба даст гирифтаму чашмам ба сарлавҳаи аҷибе афтод, ки чунин буд: «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон». Дар аввал чандон аҳамият надодам ва саҳифаҳои дигари рӯзномаро аз назар гузаронидам. Тибқи қоидаи «мағозаи универсалӣ» будани рӯзнома боз ба саҳифаи аввал баргаштам. Яъне дар як растае диққати маро чизе ҷалб карда тавониста буд. Мақола ба сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра» А. Проханов тааллуқ дошт, ки дар тарҷумаи Азамат Дӯстов таҳия шуда буд. Навиштаро ҳамчун як сабки ошно бозавқ хондам.

Александр Проханов шахсият аст
Мехоҳам чанд маълумотеро дар бораи А. Проханов ишора намоям. А. Проханов соли 1938 дар Гурҷистон таввалуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи авиатсионӣ мебошад. Баъди хатми донишгоҳ дар оғози солҳои ҳафтодум ҳамчун мухбири рӯзномаи «Литературная газета» дар Никарагуа, Афғонистон, Камбодҷа ва чанде аз кишварҳои дигар фаъолият кардааст. Соли 1972 ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта мешавад. Дар маҷаллаҳои «Наш современник», «Советский воин», «Молодая гвардия» кор кардааст. Соли 1991 сардабири нашрияи «Литературная газета» интихоб мешавад. Яке аз ҷонибдорони ГКЧП буд. Дар интихоботи президентӣ дар соли 1991 шахси бовариноки генерал Алберт Макашов буд. Соли 1991 газетаи «День»-ро таъсис медиҳад ва бинобар мавқеи мухолифатомез он баста мешавад. Соли 1993 аз ҷониби яке аз наздиконаш газетаи «Завтра» таъсис меёбад, ки сармуҳаррири он мешавад. Ҳарчанд мухолифатҳое бо ҳукумати нав дошт, аммо сиёсати Путинро ҷонибдор аст. А. Проханов публитсист, сиёсатмадор, нависанда, журналист ва шахсияти бонуфузи Русия аст. Узви «Шӯрои телевизионҳои ҷамъияти Русия» ва ҷонишини раиси «Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати мудофиаи Русия» мебошад. Муаллифи чандин роману асарҳо («Равиши ғалабаи русӣ», «Ҷаноби Гексоген», «Шаҳри абад», «Ҷои амал», «Дарахт дар маркази Кобул», «Онҷо дар Афғонистон» ва ғ.) ва садҳо очерку мақолаву ҳикояҳои публитсистӣ мебошад. Ӯро бо сабку услуби хос чун адиби маҷозгӯ ва воқеъбини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи имрӯза мешиносанд.

Баҳои холисона ва бидуни тамаллуқ
Намехоҳам, ки навиштаам тақризмонанд бошад. Ҳарчанд дар навиштаи ӯ беҳтарин ҳунари нигориш, мушоҳида, таҷаммӯи фактҳо, фалсафа, мантиқи фикр, тасвиру ташбеҳ, маҷозу рангорангии фикр, қиёсҳо ва амсоли он ба назар мерасанд. Дар инҷо мақсад шинохти Тоҷикистон аз ҷониби як нафар адиби ба қавле бегона мебошад. Дар сархати фикр мегӯям, ки бояд чун А. Проханов бинем, чун Проханов нависем ва чун Проханов ба заҳматҳои халқамон, ба фидокориҳои роҳбари давлатамон баҳо диҳем. Ба ҳар нафари мункир гуфтанием, ки як бор ин навиштаи адиб, журналист ва публитсисти русро хонад. Дар оғоз таъкид менамоем, ки А. Проханов тамаллуқ намегӯяд ва ниёз ба он ҳам надорад. Дар навиштаи ӯ мадҳ нест. Ӯ аз Тоҷикистону аз Пешвои миллати тоҷик дар фосила қарор дорад. Мавсуф дар назди халқи худ ва Президенти кишвари худ соҳиби нуфузу эътибор мебошад ва ҳамин барояш кифоя аст. Ӯро як чиз мафтун кардааст: сохтмони пурмуъҷизаи НБО-и «Роғун». Вақте ки ӯ бевосита нақбҳои зеризаминии ин неругоҳро мебинад, маълум, ки ба ваҷд меояд. Ба халқи тоҷик, ба сарвари он таҳсин мегӯяд. Нақбҳоро мушоҳида карда, мегӯяд: «… инҷо тамаддуни то ҳол диданашудаи зеризаминӣ бунёд мешавад». Нерӯгоҳро «меваи нияти бузург» меномад. Мегӯяд, ки нерӯгоҳ қувваи бузурги ҳаётбахши сайёравиро дорост. НБО-и «Роғун»-ро «бо зебоӣ ва мураккабияш тасхиркунанда» меномад.
Тавре ишора гашт, А. Проханов чун як адиби соҳибтаҷрибаву соҳибкитоб фалсафаву диди амиқ дорад ва дар такя ба он нисбати тоҷикон чунин оҳанги таҳсинро дареғ намедорад: «Ин нерӯгоҳ рамзи ғалаба ба қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кӯршуда аст».
Муаллиф аз таърихи сиёсиву иҷтимоии мо воқиф аст ва таъкид мекунад, ки Тоҷикистонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ кашид. Аз «ошӯби исломиҳо» ишора менамояд, ки юриши худро аз Душанбе оғоз карда, шаҳрҳову боғотро сӯзонданд, сарбандҳову пулҳоро тарконданд. Аз садои тӯпҳо, ҳаракати танкҳо ва рехтани хунҳо кӯтоҳу пуртаъсир ишора мекунад.
Баҳои баланди А. Проханов нисбати ақлу заковати халқи тоҷик чунин аст: «Ин нерӯгоҳ - рамзи ғалаба, муҷассамаи қаҳрамонони ҳалокшуда, рамзи оштист, ки мардум даҳшати бародаркуширо аз сар гузаронида, ба ҳам омад, ба оғӯши якдигар». Заҳмати халқи тоҷикро дар сохтмон ба назар гирифта, мегӯяд: «Ин нерӯгоҳро тамоми мардуми тоҷик месозад. На сарватмандон, на ширкатҳои шахсӣ. Ин сохтмони умумихалқист».
Шуҳрату нуфузи халқи тоҷик аст, ки бегонаҳо ваҳдату сулҳи ин халқро дар ҳар қадами ин халқ мебинанд. Аз ҷумла, А. Проханов нақши ваҳдатсози нерӯгоҳро чунин баҳо медиҳад: «Ин кори умумии деринтизор аст, ки сарватманду камбизоат, ҷавону пир, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид мекунад». Муаллиф аз монеасозиву рашки кишварҳои бадгумон таъкид карда, чун як тоҷик шукрона аз он дорад, ки акнун ҳама чиз дар гузашта монд. Дар баробари ин дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз мадди назари таҳлилгари рус берун намемонад: «Роҳбарияти нави Ӯзбекистон бо далелу бурҳонҳои тоҷикон, ҳисоби гидрологҳо ва муҳандисон розӣ шуд, ки обанбори «Роғун» тамоми обҳои пирях ва боронҳоро ҷамъ мекунад ва дар давраҳои хушксолӣ бошуурона ва тибқи нақша зиёдатии онро ба маҷрои рӯд равон мекунад…».
Муаллиф моҳият ва аҳамияти байналхалқии нерӯгоҳро собит месозад, ки акнун имкони он дар дигарбора сероб кардани баҳри хушкшудаи Арал бештар мешавад. То Қазоқистон рафта расидани ин обҳои ҷамъшударо зикр менамояд.

Назар ба давлатсозӣ ва бунёдкории Эмомалӣ Раҳмон
Нуқтаи меҳварии нигоштаи А. Прохановро симои Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад. Нақши ин фарзанди садоқатманди тоҷикро дар бунёди нерӯгоҳи бузург зикр менамояд ва аз ташбеҳи аҷибу таъсирбахш корбаст менамояд: «НБО-и «Роғун» сохтмони президентист. Ин «фарзанди дӯстдошта»-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ӯ онро ҳамчун хотираи роҳбарии худ бунёд мекунад».
Хеле хушоянд аст, ки як сиёсатмадор, публитсист, журналист ва шахсияти бегона заҳмату талошҳои Роҳбари давлати моро беғаразона ба қалам медиҳад. Заковату фаросати баланди Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми ҷаҳон бозгӯ кардан мехоҳад: «Ӯ аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ меорад, буҷаи кишварро ончунон пешбинӣ намудааст, то ки барои сохтмони «Роғун» ягон доллари қарзӣ сарф нагардад». Нангу номусро омили бунёди нерӯгоҳ ва миллатсозиву миллӣ будани ин сохтмонро ба донишҳои Пешвои миллат марбут медонад: «Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист».
Халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро бесабаб унвони Пешво надодааст. Ҳамчун қаҳрамони миллат ҷангро, ихтилофро, даҳшатҳову хатарҳоро дар роҳи нобудии миллату давлати тоҷик барҳам задааст ва ин нуктаро низ А. Проханов чун як таҳлилгари сиёсати байналхалқӣ эътироф менамояд: «Президент Раҳмон - сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сӯхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст».
Шарафмандии халқи тоҷик аст, вақте ин қаҳрамонии Пешвои миллатро бегонагон эътироф менамоянд ва устувории ӯро дар муқобили бадхоҳони миллат нишон медиҳанд. Ин худ далели қаҳрамонии Пешвои миллати мост, ки вақте як муаллиф аз минбари баланди васоити ахбори байналхалқӣ мегӯяд: «Дар замони роҳбарии ӯ тирпаррониҳо қатъ шуданд». Хайрхоҳиву гуманизми баланди Пешвои миллат низ аз назари ин таҳлилгар дур намондааст: «Ӯ ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард». Эмомалӣ Раҳмон аз диди муаллиф бунёдкори асил аст: «… Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод». Дар бораи дастурҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди роҳҳо, боғҳо, нақбҳо ва даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим низ таъкид карда мешавад. Муборизаву талошҳову иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили хатарҳои ҷаҳонӣ низ зикр мегарданд.
Тасвирҳо, таҳлилҳо ва баҳогузориҳои ин адиб нисбати Тоҷикистон зиёданд ва мо ба таври интихобӣ чанде аз онҳоро пеш овардем. Барои мо ифтихор он аст, ки пешрафти Тоҷикистонро беҳтарин ва баландпоятарин шахсиятҳои маънавии хориҷи кишвар қоиланд. Умедворкунанда он аст, ки пешрафти қарибулвуқуи Тоҷикистонро онҳо пешгӯӣ карда истодаанд. Хулосаи навиштаи А. Проханов чунин аст: «Як сол пас сохтмон ба анҷом мерасад, турбинаҳои муқтадир меғурранд ва барқ ҷорӣ хоҳад гашт, ҳамоне ки шоирони бузург ва паямбарон пешгӯӣ мекарданд, рӯшноии эҳтироми инсонҳо ба ин олами тақдимшуда…».

Таҳаввули имрӯзу ояндаро бояд дид
Пеш овардани чанд нуқтаи назар танҳо ба як ваҷҳ аст: Вақте бегонагон пешрафти Тоҷикистон ва қаҳрамониҳои Роҳбари онро эътироф менамоянд, боке аз ақидаи ягон худии ихтилофназаре надорем. НБО-и «Роғун» - ин хушбахтиву комёбии бузурги халқи тоҷик аст. Он боигарии халқи тоҷик хоҳад буд. Заҳмати Пешвои миллат дар бунёди он беназиру беҳудуд аст. Тавре таъкид гашт, соли 2018 халқи тоҷик фатҳи беназир хоҳад дошт. Кореро, ки як давлати абрқудрат анҷом дода натавониста буд, онро оқибат Тоҷикистони мустақил анҷом медиҳад.
Нақбҳои синаи куҳ, ки журналист ва адиби русро тасхир намудааст, имсол аз об пур мешаванд ва нерӯгоҳ барои асрҳо ба халқи тоҷик хидмат хоҳад кард. Аз ин фурсат истифода карда, аз масъулини ИНТ ва ИЖТ хоҳиш доштем, ки чун имсол ин нақбҳо ба истифода дода мешаванду зери об мемонанд, гуруҳҳои махсуси журналистону публитсистону адибони тоҷикро ба ин нерӯгоҳ ба сафари хидматии эҷодӣ равон намоянд. Мусоидати ниҳодҳои масъул низ дар ин роҳ муҳим аст. Зеро вақте адибону журналистони бегона қаҳрамониҳову нотакрории ин сохтмонро мебинанд, чаро эҷодкорони мо ин қаҳрамонии халқи тоҷику Пешвои онро дар саҳифаҳои таърих ҳамсони навиштаи Александр Проханов сабт нанамоянд?
Боре як журналисти шинохтаи кишвар гуфта буд: «… Мо ҳам мегӯем, ки кор мекунему ба давлат хизмат мекунем. Корро рафта дар нерӯгоҳи «Роғун» бинед. Онҷо афсона аст».
Хулоса, гуфтанием, ки васфи ин мавзуъ ягон тамаллуқ нест. Баръакс, баъзе тӯтивор такрор карданҳо нолозиманд. Ҳақиқатро, навро, таҳаввули имрӯзу ояндаро бояд дид. НБО-и «Роғун» қаҳрамонии халқи тоҷик ва Пешвои он аст, ки бояд дар беҳтарин асарҳову эҷодҳо сабти таърихии худро ёбанд.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Хонданд 796

Ҳамду сано Худовандро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонд.

Мувофиқи таълимоти ислом, итоат ба амри султон воҷиб буда, ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.
Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат масъалаи экстремизм ва терроризм, ки яке аз масоили ташвишовар боқӣ мондааст, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор мегирад. Дар ин маврид Сарвари давлат чунин ибрози андеша карда буданд: «… Мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд… Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест». Баръакс, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, “террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».
Террор худ падидаи номатлуб буда, дар дини ислом гуноҳи кабира маҳсуб мешавад. Аз ҷумла Паёмбари гиромӣ (с) дар ҳадиси Шариф фармудаанд: «Ҳар гоҳ мусулмоне ба муқобили бародараш силоҳ бардорад, фариштаҳои Худованд ӯро лаънат мехонанд».
Бояд гуфт, ки дар арсаи байналмилалӣ то ҳол ислом ба ягон ҳизб, ба ягон ҳаракат муҳтоҷ набуду нест. Аз номи ислом баромад кардани баъзе гуруҳҳо ба ҷомеа зарари калон дорад. Агар шуморо ҳам пурсем, албатта мегӯед, ки “алҳамдулиллоҳ, мусалмон ҳастам”. Раванде, ки ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ овард, биёр ноҷоиз буд, ки ба ҷомеа зиён расонд. Пас, барои ҳамин, бигузор ин барои мову шумо як дарс бошад.
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Як ба ёд оваред, Тоҷикистон хун мегирист.
Ин замин бисёр вақт майдони ҳарбу зарб буд,
Ин замин сероб аз хуни шаҳидони ман аст.
***
Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,
Фасли гул мегузарад, лаззати бӯ мемонад.
Ин ҷаҳон косаи даврест барои ҳама кас,
Ҳама чиз мегузарад, дидаву рӯ мемонад.
Дар куҷое, ки набошем, бояд ватани хеш, урфу одати мардумамонро ба ҳамагон муаррифӣ кунем ва аз ин бояд ифтихор дошта бошем. Мутаассифона, баъзеҳо чун аз ватан берун мешаванд, ин нуктаҳоро фаромӯш месозанд.
Сухан дониста гӯй, то хешро аз худ наранҷонӣ,
Зи ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад.
Мо дар зиндагӣ бояд мунофиқ набошем.
Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ,
Мунофиқро мадон ёри мувофиқ.
Президенти кишвари мо аслан ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯро ҳама дӯст медоранд. Барои ҳамин, фарзандони азиз, дар куҷое, ки набошем, бояд ифтихор намоем, ки фарзандони тоҷик ҳастем. Бале, муҳоҷират ин амри воқеӣ дар тамоми рӯи ҷаҳон аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо ватанро фаромӯш созем.
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,
Дар ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
Ба онҳое, ки дур аз ватан ҳастанд, гуфтаниам, ки мо рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронидем. Ҳамаамон бо чашмонамон дида будем ва Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳоро ба сари миллат наорад. Ҷангҷӯ набошед, чун ҷанг бисёр касофатиҳо доштааст. Ҳар куҷое, ки набошед, шиори шумо бояд “Ассулҳу хайрун” бошад. Яъне, сулҳ хуб аст, шунидани калимаи сулҳ гуворост. Бояд рӯи диламонро ба сӯи қибла рост кунем.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо ин маънӣ мегӯянд, ки:
Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман,
Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман.
Садафвор биншин даме лаб хамӯш,
Чу гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш.
Шунав панду дониш бад-он ёр кун,
Чу донистӣ, он гаҳ бад-он кор кун.
Зи гӯш ар наяфтад ба дил нури ҳуш,
Чӣ сӯрохи гӯшу, чӣ сӯрохи муш!
Ба тоат чӣ судат, ки пуштат дутост?
Ки рӯи дилат нест бо қибла рост!
Расули акрам (с) мефармоянд, ки Ватан модари дуюм аст. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки мо ватандӯстии худро дар амал собит намоем. Воқеан, дӯст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан яке аз фармудаҳои дини мубини ислом мебошад, ки дар ин бобат Расули Худо низ фармудаанд: “Муҳаббат ба Ватан аз имон аст”.
Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост. Бинобар ин, мо - соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!

Ҳоҷӣ Исмоил ПИРМУҲАММАДЗОДА,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонданд 787

Дарзи миёни дуррониҳо ва ғилзоиҳо, ё идомаи бозии қудрат барои соҳибӣ ба тахти Кобул

Қасри раёсати ҷумҳурӣ ё Арки шоҳони Кобул дар тамоми тӯли мавҷудияти худ шоҳид будааст, ки чӣ гуна довталбони қудрат барои соҳиб шудан ба он хун рехтаанд. Ҷанги соҳиб шудан ба Арки Кобул ҳоло дубора авҷ гирфитааст. Ин ҷанг ҷудо аз набарди мардум ва давлат бо Толибон ва миёни нухбагони сиёсӣ ва сарони қавмӣ дар ҷараён аст. Роҳбарии ин набарди нармро раиси ҷумҳури феълӣ ва раиси ҷумҳури пешин, ба ниёбат аз қавмҳои ғилзоӣ ва дурронӣ ба уҳда доранд.
Дар шаҳри Кандаҳор, ки пойгоҳи асосии қабилаи дуррониҳо мебошад, қарор шудааст нишасти бузурге бо ширкати шахсиятҳо ва пешвоёни сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ доир шавад. Мубтарики ин иқдом Ҳомид Карзай аз пешвоёни дуррониҳо, зодаи Кандаҳор ва раиси ҷумҳури пешини Афғонистон мебошад. Ӯ се соли пеш қудратро ба Ашраф Ғанӣ, ки намояндаи ғилзоиҳо аст, таҳвил дода буд. Дар интихоботи соли 2014 номзади мавриди назари Ҳомиди Карзай на Ашраф Ғанӣ, балки Залмай Расул буд. Залмай Расул аз ақвоми дурронӣ буд ва Ҳ. Карзай мехост бо ба қудрат расонидани вай ба умри ҳукумати дуррониҳо идома бахшад. Ба ин мақсад дар як тандем бо Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро дар интихоботи моҳи апрели соли 2014 ширкат дод. Аммо на аксари паштунҳо ба Залмай Расул раъй доданд ва на А. Масъуд тавонист ҳадди аққали ҷонибдории тоҷикҳоро касб кунад. Агар Ҳ. Карзай метавонист пуштибонии қавми тоҷикро дар интихобот ба ҷонибдории З. Расул ҳосил кунад, бидуни шакк қудрат дар дасти дуррониҳо боқӣ мемонд. Аммо нухбагони сиёсии тоҷик ба далели нороҳатӣ ва гиламандие, ки аз Ҳ. Карзай доштанд, аз номзади мавриди назари ӯ ва инчунин аз бародари А. Масъуд пуштибонӣ накарданд ва номзади худро дар интихобот, ки Абдулло Абдулло буд, ширкат доданд. Ҳоло ин масъалаи дигар аст, ки ҳам Ҳ. Карзай иштибоҳ намуд ва сарони тоҷики Афғонистон низ бо ҳимоят аз А. Абдулло иштибоҳи таърихӣ намуданд.
Вақте З. Расул дар даври аввали интихобот шикаст хӯрд, Ҳ. Карзай маҷбур буд аз номзади ақвоми ғилҷоӣ А. Ғанӣ дар муқобили А. Абдулло - номзади Ҷамъияти исломӣ ва мавриди ҳимояи тоҷикҳо, ҳимоят кунад. Маҳз Ҳ. Карзай, раиси ҷумҳури он вақти Афғонистон натиҷаи интихоботро тавре тарҳрезӣ намуд, ки он ғолиби мушаххас надошта бошад. Вале бо мувофиқаи ду тарафи интихобот ва миёнҷигарии вазири умури хориҷаи ИМА Ҷ. Кёррӣ яке аз номзадҳо А. Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва дигаре А. Абдулло, раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ интихоб шуданд. Бидуни шак барандаи он интихобот А. Абдулло ва он ҳам дар даври аввали интихобот буд. Инро донандагони масъалаи Афғонистон хуб мефаҳманд. Мирвайс Ёсинӣ - вакили Нангарҳор ва муовини собиқи раиси Маҷлиси намояндагон, ки дар соли 2014 Ҷ. Кёррӣ - вазири хориҷаи Амрикоро дар фурудгоҳи Кобул истиқбол карда буд, дар ёддоштҳои худ менависад, ки вазири хориҷаи Амрико баробари пойин шудан аз ҳавопаймо гуфт, ки мо медонем барандаи интихоботи Афғонистон кист, шумо ҳам медонед, ки мо инро медонем, ки ӯ дар даври аввал 56% раъйи умумиро соҳиб шуда буд... Вале Ҳ. Карзай ба хотири ба дасти ҳамтаборонаш боқӣ мондани қудрат эълони натиҷаи онро шаш моҳ тӯл дод, то мувофиқаи ИМА-ро барои раиси ҷумҳур эълон кардани А. Ғанӣ касб намуд.
Вале акнун таҳаввулот ба гунаи дигаре рақам мехӯрад. Ҳомид Карзай, ки акнун худро пешвои дуррониҳо медонад, дар талоши боз гардонидани ҳукмронии аз даст рафтаи ақвоми худ аст. Ба ин манзур аз моҳҳо ба ин сӯ маъракаи густурдаеро барои доир кардани Луя ҷиргаи анъанавӣ ба роҳ андохтааст. Ҳадаф аз баргузор кардани ин Луя ҷирга ташкили ҳукумати муваққатӣ ва доир намудани интихоботи зудҳангом ё пеш аз вақт мебошад. Ҷамъе аз ҳаводорон ва аъзои собиқи ҳукуматаш ӯро дар ин иқдом ҳамроҳӣ мекунанд. Аз Ҳ. Карзай нақли қавл шудааст, ки гуфтааст “ба ҳамон шевае Ашраф Ғаниро ба Арки Кобул расонида буд, ба ҳамон гуна ӯро аз тахт пойин хоҳад кашид”. Шакке нест, ки маҳз Ҳомид Карзай буд, ки Ашраф Ғаниро соҳиби тахти Кобул кард. Аммо суол ин аст, ки оё зӯри Ҳ. Карзай барои пойин овардани А. Ғанӣ аз тахт хоҳад расид?
Бархе аз таҳлилгарон менависанд, ки зимни сафарҳои муқаррари ахири худ ба Маскав ва Теҳрон Ҳ. Карзай ба эҳтимоли қавӣ тавонистааст ризояти Русия ва Эронро дар рақобат барои қудрат бо А. Ғанӣ касб кунад ва акнун дар талош мебошад, ки чеҳраҳои бонуфузи дохил ва беруни ҳукуматро дар Кобул дар ҳимоят аз ин барнома ҷалб кунад.
Ахиран Рангин Додфар Спанто, вазири хориҷаи пешини Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раиси собиқи Идораи умумии амнияти миллии Афғонистон зимни нишасте дар Кобул ҳукумати А. Ғаниро фоқиди машруъияти қонунӣ эълон доштанд ва ба гуфтаи онҳо, барои берун шудан аз буҳрон ва қонуният бахшидан ба раванди ҳукуматдорӣ хостори доир шудани Луя ҷиргаи суннатӣ шуданд. Р. Набил пеш аз ин тавассути ТВ интихоботи соли 2014-ро тақаллубӣ унвон кард ва гуфт, ки варақаҳои тақаллубии раъйгирӣ дар хонаи яке аз аъзои дастаи интихоботии А. Ғанӣ дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул чоп мешуданд. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки дар пушти ин ифшогарӣ ва даъвоҳо Ҳ. Карзай қарор дорад.
Дар ҳафтаи ахир А. Ғанӣ чанде аз ҷонибдорони баргузор кардани Луя ҷиргаи суннатиро аз мақомҳои давлатӣ барканор кард. Аз ҷумла волии Зобул, Бисмилло Афғонмал, мушовири раиси ҷумҳурӣ, Аҳмадулло Ализай ва ду узви интисобии (таъинотии) порлумон аз ҷумлаи ашхоси барканоршуда мебошанд. Абдулло Абдулло, раиси иҷроия низ ахиран аз ҷонибдорони Ҳ. Карзай хостааст, ки аз иқдоми баргузор кардани Луя ҷирга сарфи назар кунанд. Аммо зоҳиран маълум мешавад, ки ин ҳушдорҳо натавонистааст Ҳ. Карзайро битарсонад. Ва ахиран генерал М. Абдураззоқ, фармондеҳи қудратманди пулиси Қандаҳор, ки аз афроди наздик ба Ҳ. Карзай мебошад, аз шахсиятҳои бонуфузе мисли Ю. Қонунӣ, М. Исмоилхон, А. Солеҳ, А. Нур, Р. Д. Спанто, Р. Набил, У. Довудзай ва дигарон даъват кардааст, ки дар нишасти Қандаҳор ширкат кунанд. Агар ин нишаст дар Қандаҳор доир шавад, марҳилаи наве дар рақобати миёни Ҳ. Карзай ва А. Ғанӣ барои қудрат ва ҳамин тавр дар даври ҷадиде аз тақобула миёни дуррониҳо ва ғилзоиҳо оғоз хоҳад шуд.
Аз соли 1747 ба ин сӯ ҳокимони ин сарзамин, ки қаблан Хуросон ва акнун Афғонистон номида мешавад, умдатан дуррониҳо буданд. Аввалин подшоҳи ғайрипаштун ва ғайридурронии Афғонистон Амир Ҳабибуллои Калаконӣ аз аҳолии шимоли Кобул ва тоҷик буд. Баъди Ҳ. Калаконӣ ду ҳокими дигар М. Нодиршоҳ, М. Зоҳиршоҳ ва М. Довудхон низ аз силсилаи ҳокимони дурронӣ буданд. Бо Инқилоби апрелии соли 1978 силсилаи дуррониҳо аз ҳукумат дур андохта шуд ва Н. Таракӣ ва Ҳ. Амин аз ақвоми ғилзоӣ ба қудрат расиданд. Дар ин миён Бабрак Кормал, ки аз соли 1979 то 1986 ба Афғонистон роҳбарӣ кардааст, мутобиқи маълумотҳо ба силсилаи дуррониҳо ва ғилзоиҳо тааллуқ надошт. Дар асл ӯ ҳам тоҷик буд. Танҳо дар соли 2001 ва баъди шикасти Толибон профессор Б. Раббонӣ ҳукуматро ба Ҳ. Карзай таҳвил дод ва ҳамин тавр дуррониҳо ба идораи Арки Кобул баргаштанд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки бештари мусибатҳои дар гузашта ба сари мардуми Афғонистон омада натиҷаи рақобати дуррониҳо ва ғилзоиҳо барои соҳибӣ ба қудрати сиёсӣ будааст.
Авзои кунунии сиёсӣ ва низомии Афғонистон беш аз ҳар вақти дигар нигаронкунанда ва мояи ташвиш аст. Ҷангҳо дар зарфи 10 соли охир аз ҷанубу шарқ ба шимол ва ғарби Афғонистон густариш пайдо кардаанд ва ба маълумоти созмони назорат бар артиши ИМА дар Афғонистон - SIGAR 43%-и қаламрави Афғонистон таҳти назорати гуруҳҳои мусаллаҳ мебошад. Худи Толибон даъво доранд, ки 60%-и ҳудуди кишварро таҳти назорат доранд.
Аз сӯйи дигар, муносибатҳои байнимиллӣ бар сари бисёре аз масъалаҳо ба шиддат доғ шудааст. Аз ҷумла тақсими қудрат бар асоси Тавофуқномаи таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллӣ анҷом нашудааст, Луи ҷиргаи ислоҳи Қонуни асосӣ барои ҷорӣ кардани мансаби сарвазирӣ доир нагаштааст ва гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ аз амалкарди ҳукумати А. Ғанӣ норозиянд. Дар айни ҳол А. Ғанӣ фармон содир намуда ва хостори иҷро шудани Қонуни аҳволи шаҳрвандӣ ва тавзеҳи шиносномаҳои барқӣ шудааст. Ислоҳоти ин қонунро Маҷлиси намояндагон рад карда буд. Акнун намояндагони ақвом, хусусан тоҷикҳо ва ҳазораҳо мухолифи ин тарҳ сару садо баланд кардаанд. Онҳо намехоҳанд, ки дар шиносномаҳояшон миллаташон афғон зикр шавад. Ҳамин тавр масъалаи шиноснома ба баҳси умдаи имрӯзи Афғонистон табдил шудааст. Аз сӯйи дигар, ахиран ду маврид ифшогарӣ, яке дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва дигаре дар ВКД рух дод, ки намояндагони ғайрипаштун, хусусан тоҷиконро ба шиддат нигарон кардааст. Санадҳои ифшошуда нишон медиҳанд, ки сиёсати ҳазфи қавмсолорӣ аз ҷониби бархе аз ҳалқаҳо пеш бурда мешавад. Дар номаи ахири як ниҳоди ВКД барои истихдоми афсарон ба маъмурони зертобеи ин вазорат дастур дода шудааст, ки барои истихдом дар баталиони зиддиошӯб 500 нафар, аз ҷумлаи намояндагони ҳамаи ақвом, ба истиснои намояндагони қавми тоҷик, муаррифӣ кунанд. Ин номаи ифшошуда ба шиддат боиси нигаронӣ ва асабонияти вакилони тоҷик дар Маҷлиси намояндагон шудааст. Вазъияти байнимиллӣ ва байниқавмӣ ба эътиқоди худи масъулини давлатии Кобул дар ҳоли бад шудан аст.
Ҳоло маълум нест, ки дар чунин шароите Ҳ. Карзай хоҳад тавонист таҳаввулотро ба коми худ ва дуррониҳо рақам бизанад ё не. Ба ҳар ҳол, суол ин аст, ки дар чунин шароите натиҷаи рӯёрӯӣ ва ҷанги қудрат миёни ҷонибдорони худи ҳукумат ба чӣ хоҳад анҷомид?
Як масъала рӯшан аст, ки агар Ҳ. Карзай муваффақ ба ҷалби роҳбарони тоҷик, бахусус Атомуҳаммади Нур, Амир Исмоилхон ва Юнуси Қонунӣ ба ин барномаи худ бишавад, метавон гуфт, ки ӯ навозандаи сози аслӣ дар интихоботи соли ояндаи Афғонистон хоҳад буд. Аммо бархе аз роҳбарони тоҷикҳо, аз ҷумла вакилони Маҷлис аз ширкат дар барномаи Ҳ. Карзай сарфи назар кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки тоҷикон худ як миллати давлатсоз дар Афғонистон ҳастанд ва набояд абзори бозии ду роҳбари дигар ақвом қарор бигиранд. Тоҷикҳои Афғонистон дар таҳаввулоти солҳои охири ин кишвар бо қарор гирифтан дар паҳлуи намояндагони яке аз ин ду қавм онро ба қудрат расонидаанд. Акнун низ дар сари кор омадани намояндаи дуррониҳо ва ё ғилзоиҳо тоҷикон нақши асосӣ хоҳанд дошт. Ба истилоҳи дигар, намоянда ва номзади қавме дар интихобот баранда хоҳад шуд, ки ҳимояти аҳолии тоҷикро касб кунад. Аммо дар ин миён насле аз тоҷикони Афғонистон бузург шуда ва ба воя расидааст, ки бо нигоҳе ба пешинаи на чандон дури таърихи худ иддао мекунад, ки тоҷикон худ шоистагии роҳбарӣ ба кишвар ва давлатро доранд. Аз ин ҷост, ки бархе аз раҳбарони тоҷик мисли А. Нур ва Л. Пидром аз эҳтимоли ширкати худ дар интихоботи соли оянда сухан гуфтаанд.
Як масъалаи мусаллам ва яқин аст, ки тоҷикҳо дар ҷабҳаи А. Ғанӣ қарор нахоҳанд гирифт. Агарчанд аз эҳтимоли эътилофи А. Абдулло ва А. Ғанӣ дар интихоботи ояндаи Афғонистон сухан гуфта мешавад. Ва як ҳадафи сафари А. Абдулло ба Амрико низ қаноъат додани амрикоиҳо барои ширкаташ дар интихоботи соли оянда гуфта мешавад. Аммо А. Абдулло дар он сурат ҳам ҳимояти тоҷикҳоро нахоҳад дошт.
Агар фарз бар ин шуд, ки зӯрозмоии ин ду тоифа ба нуқтаи бебозгашт расид, соҳиби ин Арки оғӯштаи хунини таърих кӣ хоҳад шуд, Карзай ё Ғанӣ? Суоли ҷолибтар ин ҷост, ки Гулбиддин Ҳикматёри дар гузашта ба шиддат мутаассиби мазҳабӣ ва акнун парчамбардори қавмгароӣ, ки бо давлат сулҳ кардааст, аз кадоме ҳимоят хоҳад кард, аз Карзай ё аз Ғанӣ?
Масъалаи дигар ва пурсиши аз ҳама муҳимтар ин хоҳад буд, ки агар як эътилофе ба густардагии фарогир аз Қандаҳор то Мазори Шариф ва аз Ҳирот то Ҷалолобод ва Панҷшеру Бадахшон дар ҳимоят аз Ҳомид Карзай шакл бигирад, ИМА дар набарди қудратталабӣ ба ҳар қимате аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят хоҳад кард ва ё ӯро танҳо хоҳад гузошт?

Раҳматкарими ДАВЛАТ 

Хонданд 949

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.