.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Сиёсат

МАЗҲАКАИ СИЁСӢ

Янв 05, 2019
Хонданд: 331
МАЗҲАКАИ СИЁСӢ

Солҳои 80-уми қарни гузашта мувофиқи нақша, барои тарсондани меҳнаткашони Ӯзбекистон КМ КПСС бо роҳбарии муфаттишони Прокуратураи СССР Гдлян ва Иванов бригадаи тафтишотии сернуфузро ба ин ҷумҳурии ҳамсояи мо фиристод. Гуруҳ хилофи қонунҳои амалкунандаи мамлакат як қатор роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишварро боздошт ва ҳабс намуданд. Ин «Узбекское дело» ном гирифт.

Айнан чунин кирдор ибтидои солҳои 60 - ум дар Тоҷикистон низ рух дода буд. Гуруҳи КМ КПСС бо сардории инспектори ҳамин кумита Иван Ковал ба Тоҷикистон омад ва аз зери нохун чирк кофта, изофанависии роҳбарони олимақоми Тоҷикистонро «кашф» кард. Як қатор роҳбаронро барои гуноҳи нокардаашон ҷазо дод, аз сафи ҳизб хориҷ кард ва гуруҳеро ба ҳабс гирифт. 

 

Ин кор аввали соли 1961 оғоз ёфта буд. Бо сабаби ба синни нафақа расидани котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Обносов ба ҷойи ӯ аз Москва Иван Ковалро фиристоданд, аз паси вай шикояти занаш омад, ки дар он гуфта мешуд: «Ковал ба ин вазифа арзанда нест, вай бадахлоқ мебошад. Зану фарзандонашро партофта бо пешхизмати тарабхона, зани сабукпое зиндагӣ мекунад». Мактубро дар бюрои КМ ПК Тоҷикистон муҳокима намуда қарор доданд, ки Иван Ковал ба ин вазифа арзанда нест.

Вале гургро чӯпон таъин карданд. Чанде пас дар Москва ба Ковал як даста мактубҳои туҳматомези аз Тоҷикистон рафтаро дода фармуданд, ки онҳоро санҷад ва чора андешад.

Натиҷаи санҷиши гуруҳи Ковал моҳи апрели соли 1961 дар бюрои КМ ПК Тоҷикистон муҳокима шуд…  

Дертар, бо гузашти айём ба он пленуми апрелии соли 1961-уми КМ ПК Тоҷикистон баҳои ҳаққонӣ доданд. Аз рӯи гуфти раисикунандаи пленум Низорамоҳ Зарифова дар он демократияи ҳизбӣ ва адолат вайрон шуда буд. Дар ҳаққи котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев ҷабр карданд ва ӯро ноҳақ ҷазо доданд. Баъзе одамони чоплусу норизо мисли И.Г.Ковал, Мирзо Раҳматов минбари пленумро ба мавзеи қасдгирӣ табдил доданд. Ба ҷои он, ки ҳамаи гуноҳҳоро бо ҳам бинанд ва ё ба он туҳматҳои хушк ҷавоб диҳанд, дар ҳалли камбудиҳои содиршуда Т.Ӯлҷабоевро гунаҳкор донистанд. Ягона касе, ки мардона гап зад, Назаршо Додхудоев буд, ки дар рух додани изофанависӣ худро гунаҳкор ҳисобида, гуфт ки ҷазоро бояд бо Ӯлҷабоев бо ҳам бинад.

Аксари иштирокчиён аз қарори ноодилонаи пленуми ҳафтуми апрелии соли 1961 норизо буданд. Чӣ илоҷ, амри боло, марказ, фармони КМ КПСС он солҳо қонун буд. Иштирокчии пленум, раиси онвақтаи колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова бо як руҳияи асабонӣ, вале самимона гуфтааст:

- Касе, ки ба қадри Ӯлҷабоев намерасад, кӯр мешавад. Бовар кунед, ман ҳам дар он пленуми ҳафтуми апрелии соли 1961 иштирок доштам. Баъди он як моҳ касал шуда, ба худ наомадам, ки наход ҳамин хел роҳбари кордону ҷасурро бой диҳем. Ӯлҷабоев ба тарбияю интихоби кадрҳо диққати ҷиддӣ медод, онҳоро ҳимоя мекард. Раҳмдил буду намехост, ки ба пои касе хор халад. Туҳмат чизи бад буданашро дар ҳамон вақт фаҳмида будам. Боз як чизи аламовар он буд, ки дигар роҳбарони кордон монанди Раҳим Мавлонов, Холиқҷон Иброҳимов, Каримови новӣ, худи Додхудоев, Ҳасани Ҷарқинзода, Аҳмадҷон Сулаймонов низ ба туҳмат монданд. Ба ноҳияи мо - Конибодом ҳам комиссияи Ковал омада, изофанависиро ҷустанӣ шуд, аммо чизе наёфт. 

Ба ҳукмрони мутлақи давр ва пайравони ӯ дар маҳалҳо, яъне ҷумҳуриҳои он вақтаи дар ҳайати СССР буда, Т.Ӯлҷабоев барин роҳбарони хирадманду оқил ва мустақилу ҷасоратманд лозим набуданд ва Ковал барин шахсон шарафи инсонии ин гуна касонро поймол мекарданд, ҷисман нобуд месохтанд. Ба ҳокимони марказ он касоне писанд меомаданд, ки пеш аз ҳама хушомадгӯй бошанд. 

То кушодашавии пленум, ҳама гумон дошт, ки раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мирзо Раҳматов ба ҷои Турсун Ӯлҷабоев, ба курсии котиби аввал менишинад. 

Соати 9-и пагоҳӣ ба пленум котиби КМ КПСС Ф.Р.Козлов ҳамроҳи Ҷаббор Расулов омад. Аъзоёни пленум тахмин карданд, ки ба ҷои Т.Ӯлҷабоев Ҷ.Расулов котиби якуми КМ ПК Точикистон мешавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо ба  иштирокчиёни пленум маълум набуд, номзадии Ҷаббор Расуловро кӣ пешбарӣ карда бошад? 

Ана, акнун бармегардем ба суоли он, ки номзадии Ҷаббор Расуловро ғайричашмдошти аъзоёни КМ ПК Тоҷикистон кӣ пешбарӣ кардааст? Тамоми иштироккунандагони пленуми ҳафтуми КМ ПК Тоҷикистон гумон доштанд, ки ба ин вазифаи масъул Мирзо Раҳматовро таъин мекунанд, зеро ӯ бо тамоми ҳастиаш тавонист, ки дар пленум номи Ӯлҷабоеву Додхудоев ва Обносовро сиёҳ кунад.

Яке аз иштирокчиёни пленум он мазҳакаи сиёсиро чунин шарҳ дод: - Котиби КМ КПСС Козлов аз Мирзо Раҳматов пурсид, ки дар ҳаққи Ӯлҷабоеву Обносов ва Додхудоев чӣ чора дидан лозим?

- Онҳоро аз сафи ҳизб ронда, корашонро ба суд супоридан зарур аст!

- Бо як ваҷоҳати хурсандиовар ҷавоб дод ӯ.  

Вақти танаффус котиби КМ ПК Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова ба Мирзо Раҳматов суханҳои пасту баланд гуфт: 

- Ҳайфи ҳамкориамон, Мирзо Раҳматович, Ӯлҷабоевро ба суд супорему шуморо ба курсии вай шинонем? Ин номардист! Ҳамаи мо гунаҳкорем ва бори гуноҳро бояд баробар кашем.

Мутаассифона, бо гузашти солҳо Мирзо Раҳматов барин шахсон аз он ақидаи нодурусти хеш нагаштанд ва дар ин кор танҳо Ӯлҷабоеву Обносов ва Додхудоевро гунаҳкор дониста, худро беайб меҳисобанд. 

М.Раҳматов дар мусоҳибаи худ бо мухбири рӯзномаи «Садои мардум» Қироншоҳи Шарифзода аз 30 апрели соли 1994 бо номи «Ҳамеша дар роҳи ҳақ бояд кор кард» ба саволи мухбир оиди воқеаҳои солҳои 60-ум, ки ба тақдири роҳбарони онвақтаи Тоҷикистон вобастаанд, чӣ мегӯяд?» ин тавр посух дод: «Шумо аз вазифа сабукдӯш гардидани котибони якуму дуюми КМ ПК Тоҷикистон Турсунбой Ӯлҷабоеву Пётр Степанович Обносов ва Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон Додхудоевро дар назар дошта бошед, рӯирост мегӯям, ки сабабгор аниқтараш, яке аз ташаббускорон ва тарафдорони он воқеа ман будам».

Оре, алами Мирзо Раҳматов зиёд буд ва он рӯз ҳам бо гузашти солҳо аз дилаш нарафтааст. Зеро баъди дар маҷлиси Президиуми КМ КПСС дар Москва, Кремл, 9 апрели соли 1961 баргузор гашта, тақдири аз вазифа сабукдӯш шудани Т.Ӯлҷабоев ҳал шуда буд. М.Раҳматов пурра боварӣ дошт, ки ӯ ба мансаби баланд, ба ҷои Т.Ӯлҷабоев сарвари ҷумҳурӣ мешавад. Чӣ тавре ки қайд кардем, дар рафти пленум ба толор ғайричашмдошт ворид шудани Ҷаббор Расулови дар кишвари дурдасти Тогои Африка буда, ҳамаро ҳайрон кард. Ва ба хулоса омаданд, ки шояд ӯ котиби якум шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Номзадии Ҷаббор Расулов чӣ тавр ба миён омадааст? Гап дар сари он, ки то даъвати анҷумани XXII КПСС, моҳи октябри соли 1961 Б.Ғафуров аъзои КМ КПСС буд.  Н.С.Хрушёв рӯзи 9 апрели соли 1961 Б.Ғафуровро назди худ хонда, аз воқеаҳои «изофанависии пахтаи тоҷик» ва камбудиҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ нақл мекунад. Баъд мегӯяд, ки дар вақташ Ӯлҷабоевро ту тавсия карда будӣ, вай кордону лаёқатнок буд, чӣ шуд, ман ҳам намедонам. Аммо ҳозир ту бояд ҳамчун аъзои КМ КПСС, ҳамчун фарзанди тоҷик ягон шахси кордону ташкилотчиро ба вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон тавсия намоӣ.

Бобоҷон Ғафуров баъди фикри тӯлонӣ ба Хрушёв мегӯяд:

- Алҳол ба ҷуз Ҷаббор Расулов дигар шахси мувофиқро намебинам. Аммо як чизи дигараш ҳам ҳаст, модоме Турсун Ӯлҷабоеву Назаршо Додхудоевро барои изофанависии пахта аз кор гирифта истодаанд, бояд гӯям, ки Ҷаббор Расулов то моҳи октябри соли 1960 котиби КМ ПК Тоҷикистон оид ба хоҷагии деҳот буд. Маҳз ӯ соҳаи пахтаро мебурд, оё ӯро ҳам гунаҳкор намекунанд?

Н.С.Хрушёв даст афшонда ба Б.Ғафуров мегӯяд:  

- Ҳеҷ гап не, ин изофанависӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Ба ҳамааш маслиҳати аҳмақонаи котиби якуми обкоми Рязан Ларионов сабаб шуд, ки ҳама ба ин кори хато даст заданд. Дар бобати афзоиши маҳсулоти хоҷагии деҳот аз Америка пеш мегузарем гуфта, ҳамаро изофанавис кард. Худкардаро даво нест гуфтагӣ барин, Ларионов имрӯз монанди девона чӣ кор карданашро намедонад. Модоме, ки ту, Бобоҷон Ғафуровичи азиз, номзадии Ҷаббор Расуловро тавсия доданӣ бошӣ, ман ҳозир ба Андрей Андреевич супориш медиҳам, то ки 11 апрели соли 1961 Ҷ.Расулов дар Сталинобод шавад.

Аз хотироти Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо Мирзо Бекматов:

- Қарибии соати яки шаби 11 апрел, яъне байни шаби 10-11 апрели соли 1961 аз Того ба аэропорти Внуково расидам. Маро намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ пешвоз гирифта, дар меҳмонхонаи «Москва» ҷой намуду гуфт:

- Ба ҳеҷ ҷо наравед, дар ҳуҷра бошед. 

Пагоҳӣ, соати 8 намояндаи вазорат омад. Ҳарду берун баромада, ба мошин нишастем. То ба Маскав омадан ман хаёл карда будам, ки ба модарам ҳодисае рӯй додааст. Аммо аз ин хусус гап нарафт. Мо сӯи майдони «Смоленская», ки Вазорати корҳои хориҷии СССР он ҷо буд, рафтем.

- Худи вазир Громико қабул мекунад, - гуфт котиба.

Дилам тап-тап мезад. Ҳанӯз намедонистам, ки кадом масъала бошад. Маро Громико қабул кард. Оиди Того пурсид ва баъд гуфт, ки КМ КПСС ба шумо мароқ зоҳир кардааст. Ҳозир ба аэропорт меравед, дар он ҷо самолёти махсус интизор. 

Громико ҳам нагуфт, ки маро ба кадом кор КМ КПСС тавсия кардааст. Ба аэропорт омада дидам, ки котиби КМ КПСС Фрол Романович Козлов он ҷост. Ҳарду ба самолёт савор шудем ва сӯи Сталинобод парвоз кардем. Дар дохили самолёт фаҳмидам, ки маро ба вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон тавсия кардаанд.

Субҳи 12 апрели соли 1961 ба Сталинобод расидем. Аз фурудгоҳ рост ба маҷлисгоҳи пленуми ҳафтуми КМ ПК Тоҷикистон рафтем. Дар пленум маро котиби якум интихоб карданд.

Ҷаббор Расулов баъдтар аз худи Н.С.Хрушёв мефаҳмад, ки ӯро ба ин вазифаи масъулиятнок Бобоҷон Ғафуров тавсия кардааст.

Инак, оқибат ҳақиқат ғалаба кард. Номи неки Турсун Ӯлҷабоев барқарор шуд. 

Дар арафаи таҷлили ҷашни 6-солагии рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон - 9 сентябри соли 1997 саросари ҷумҳурӣ навиди тозае паҳн гардид. 

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истгоҳи барқии обии Норак номи бунёдкори ин сохтмони азим - Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд. Иқдоми неки сарвари Тоҷикистонро тамоми мардуми ҷумҳурӣ бо руҳбаландии калон қабул намуданд. Ин қадршиносии Турсун Ӯлҷабоев нишони он аст, ки некӣ ҷовидон мемонаду ҳақиқат мағлубнашаванда аст. 

Ҳамчунин яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳияи Спитаменро ба номи ӯ гузоштанд.

Аз рӯи нақли Ҳамид Алиев. 

- Ман он вақт дар КМ ПК Тоҷикистон дар вазифаи масъул фаъолият доштам ва он воқеаҳоро медонистам. Баъди пленуми апрелии соли 1961 чанд рӯз бюрои КМ ҲК Тоҷикистон барпо гашт. Гуруҳ-гуруҳ роҳбаронро аз вазифа сабукдӯш карданд. И.Г.Ковал, ки дар ҳамон пленум ба вазифаи котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шуда буд, таклиф кард, ки Алиев Ҳамид (маро) аз сафи ҳизб хориҷ карда шавад. Ҳангоме, ки таклиф ба овоз монда шуд, аз 11 нафар аъзои бюрои Комитети Марказӣ 8 нафар таклифро дастгирӣ накарданд. Ковал маротибаи дигар пофишорӣ кард. Аммо кӯшиши ӯ ин дафъа ҳам натиҷа надод. 

Оқибат ба ман огоҳии қатъӣ бо қайд дар дафтарчаи ҳизбӣ эълон карда, аз вазифа озод намуданд. Ба Мирзочӯли тоҷик - Зафаробод омадам, ноҳия ташкил ёфт, маро ба вазифаи сардори идораи кишоварзии комитети иҷроияи ноҳия таъин намуданд. Боре дар яке аз маҷлисҳо, ки  Ковал иштирок дошт, чашмаш ба ман афтоду аз котиби якуми ҳизби ноҳия Б.Аҳмадалиев пурсид:

- Ӯ дар ин ҷо чӣ кор мекунад? 

- Сардори идораи кишоварзӣ мебошад, дар ободии Мирзочӯли тоҷик саҳм гузошта истодааст,- ҷавоб дод Б.Аҳмадалиев.

Соли 1972 маро бо тавсияи раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод У.Қосимов ба калонтарин хоҷагии пахтакори ноҳияи Зафаробод «40-солагии Тоҷикистон» директор таъин карданд.

Ҳамон сол, вақти қабули вазифа хоҷагӣ ҳамагӣ 6300 тонна пахта истеҳсол мекард, соли 1986 хоҷагӣ 9160 тонна пахта супорид. Давлат хизматҳои ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои Ленин ва «Револютсияи Октябр» сарфароз намуд.

Мардум баъди вафоти Ҳамид Алиев ному пайкори ӯро абадӣ гардонд. Ҷамоат ва шаҳраки «40-солагии Тоҷикистон»-ро ба номи шодравон Ҳамид Алиев пайвастанд.

Иван Ковал на фақат ба роҳбарони баландпоя, балки ба ходимони илму санъат ва адабиёту фарҳанг қасд мекард ва пайи ҳар каси ба ҷинаш нафоридаро «мерӯфт». Як гумоштаи ҷоҳилаш ба вай хабар дод, ки нависанда Ҷумъа Одина кулакбача аст ва солҳои 37-ум волидони ӯ ба Кавказ бадарға шуда буданд. Ин «каждум»-и зери бӯрё дар зиндагӣ мавқеи худро ёфта, аъзои Иттифоқи нависандагони СССР гашт ва романи «Гузашти айём» навишта дар он сохти советиро танқид намуд. Як қаҳрамони вай Маша-хола, пешхизмати тарабхонаи ноҳияи Заргарро, ки зани рус буд, фоҳиша хонд.

Гумошта фаҳмонд, ки нависанда бо образи Маша-хола занҳои рус, аз ҷумла пешхизматони тарабхонаҳоро таҳқир кардааст.

Ин тире буд, ки дили Иван Ковалро шикофт, охир зани вай низ ходимаи тарабхона буд, пас нависанда ӯро таъна мезанад, таҳқир мекунад…

- Нест кунед, он китобро, намонед, ки ба дасти хонандаҳо расад. Ҷоҳилон бо супориши Ковал китобро сӯхтанд. Ҳамчунин сармуҳаррирони маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб ва «Газетаи муаллимон» Бӯринисо Бердиеваро, ки дар нашрияашон аз ин роман порчаҳо чоп карда буданд, ҷазо доданд. Баъди вафоти Иван Ковал соли 1989 романи «Гузашти айём» дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 10 000 нусха аз нав чоп шуд ва ба хонандагон пешкаш гашт. Яке аз кӯчаҳои калонтарини шаҳри Душанбе, ки ба номи Иван Ковал буд, иваз карда шуд. 

Ромиши Фирдавс

Хонданд 331
Госдума таҷовузро таҷдиди назар кардан мехоҳад

21 ноябри соли равон дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи 30-солагии хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон, ки ба 15 феврали соли 2019 рост меояд, қарори Шӯрои Олии ИҶШС дар мавриди маҳкум намудани ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба ин кишвар таҷдиди назар карда шавад.

 

Депутати Думаи давлатӣ аз Ҳизби коммунисти Русия Николай Харитонов зимни суханронии худ зикр кард, ки дар моҳи декабри соли 1989 Шӯрои Олии ИҶШС дар мавриди ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон қарори нодуруст қабул кард, аз ин рӯ, бояд он аз нав дида баромада шавад.

Депутат Н.Харитонов дар зери садои қарсаки пурмавҷи вакилон лоиҳаи қарори Думаи давлатиро дар мавриди баҳои сиёсӣ ба ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба Афғонистонро пешниҳод карда, изҳор дошт, ки дар арафаи 30-солагии хурӯҷи артиш аз он кишвар қабул мешавад.

Чунон ки хабаргузории Русия иттилоъ медиҳанд, дар лоиҳаи мазкур чанд нуктаи муҳим тазаккур дода шудааст, аз ҷумла, дар қарори Шӯрои Олии ИҶШС принсипи адолати таърихӣ сарфи назар шуда, вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон аз лиҳози маънавӣ ва сиёсӣ маҳкум гардида буд.

Дар ин иртибот, Н.Харитонов изҳор дошт, ки вакилони Думаи давлатӣ бояд ин қарори Шӯрои Олиро ҳамчун қарори эътибори қонуниашро гум карда эътироф намоянд, зеро вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар охири моҳи декабри соли 1979 тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта буд.

Гузашта аз ин, ба қавли ин депутат, барои вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон роҳбарони қонунии он кишвар чандин бор муроҷиат карда буданд, ҳамчунин, Артиши Шӯравӣ тибқи Созишнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ, ки дар моҳи декабри соли 1978 ба имзо расида буд, марзи давлатиро гузашт.

Аммо коршиносон дар тӯли чор даҳае, ки сипарӣ гашт, тасмими ворид кардани артиши Шӯравиро ба Афғонистон дар охири соли 1979 таҷовузи ошкор ҳисоб мекунанд, зеро он яке тасмимҳои фоҳиштарини кохнишинони Кремл буд.

Барои дуруст дарк кардани ин воқеа зарур аст, ки ба ин савол посух гӯем, ки чаро ба кишваре, ки дар тӯли даҳсолаҳо бо Иттиҳоди Шӯравӣ равобити хуб дошт, таҷовуз сурат бигирад?

Барои посух гуфтан ба ин суол бояд каме ба ақиб баргардем, аммо қабл аз ҳама, бояд зикр кунем, ки дар тӯли се қарни охир императорони Русия ва роҳбарони давлати шӯравӣ ин орзуро доштанд, ки рӯзе Афғонистонро ба ҳайати императории худ дохил кунанд.

Ҳанӯз дар соли 1929 вақте ки дар Афғонистон нахустин бор дар тӯли 180 соли охир тоҷикон бо сардории амир Ҳабибуллохон, ки бо номи Бачаи Сақо машҳур аст, ба сари қудрат омад, Сталин, роҳбари давлати шӯравӣ ба Афғонистон артиши худро ворид кард.

Азбаски Амонуллохон фирор кард, Артиши сурх ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, аммо барои сарнагун кардани давлати тоҷикон империяи Британия тасмим гирифт ва дар натиҷа Нодирхон, собиқ вазири дифои Афғонистон дар тахти Кобул нишаст.

Вазъият баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон тағийр ёфт ва империяҳои аврупоӣ, аз ҷумла Британияи Кабир пош хӯрданд ва ду абарқудрати дигар-Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар ҷанги фашизм иттифоқчӣ буданд, зуҳур карданд.

То охири солҳои 70-уми асри гузашта Афғонистон равобити хубе бо Иттиҳоди Шӯравӣ дошт, аз ин рӯ, ин марзи оромтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми қисмати ҷанубии он ба шумор мерафт ва то ҷое роли буферро низ иҷро мекард.

Аммо дар соли 1973 собиқ сарвазири Афғонистон Муҳаммад Довуд бо ёрии афсарони афғон, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда буданд, аз сафари тӯлонии амакбачааш Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба хориҷа истифода бурда, табаддулоти ҳарбиро пиёда карданд.

Дар натиҷа, Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки қариб 40 сол зимоми қудратро дар даст дошт, истеъфои худро эълон кард ва Довуд монархияро ё подшоҳигариро барҳам дода, ба ҷои он низоми ҷумҳуриро дар Афғонистон эълон намуд ва худаш ба зудӣ президент шуд.

Дар ҳукумати нав 4 нафар коммунист буданд ва Довуд ҳузури онҳоро дар равобит бо Кремл хуб истифода мебурд, аммо дар моҳи апрели соли 1977 воқеае рух дод, ки он на танҳо ба равобити Афғонистону шӯравӣ, балки ба раванди таърихи ҷаҳон таъсир расонд.

Ҳангоми мулоқот ба ҳайати шӯравӣ Брежнев, котиби генералии ҲКИШ ба Довуд мегӯяд, ки дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳаммарз буданд, дар зери пӯшиши коршиносони ғарбӣ ҷосусҳои созмонҳои ҷосусии Амрико пайдо шудаанд.

Ӯ дар идомаи суханронии худ қотеона талаб мекунанд, ки Довуд онҳоро аз кишвараш ронад, аммо азбаски ин ултиматуми Брежнев ба Довуд сахт мерасад, бинобар ин, аз паси миз бархоста мегӯяд:

- Афғонистон кишвари қашшоқ аст, аммо сарфи назар аз ин, мо ба ҳеҷ кас имконият намедиҳем, ки ба корҳои дохилии мо дахолат кунад, ҳатто ба роҳбари давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Брежнев.

Баъди изҳори ин эътирози кӯтоҳи худ Довуд гуфтушунидро тарк мекунад ва аз толор берун мешавад. 

Ин воқеаро то чанд соли пеш русҳо тайид намекарданд, ҳарчанд ки дар Афғонистон барои хосу ом маълум буд. Ахиран яке аз муаллифони русӣ ин воқеаро зикр карда, гуфтаасст, ки Брежнев фақат хоҳиш мекунад, аммо Довуд хоҳишро аз ултиматум фарқ намекунад.

Ин воқеа сабаб гардид, ки бо тасмими Кремл ба зудӣ ду ҷиноҳи Ҳизби халқии демократии Афонистон-Халқ ва Парчам баъди 13 соли парокандагӣ муттаҳид шуданд ва баъди 1 сол табаддулоти дигари ҳарбиро ба роҳ монда, Довудро сарнагун карданд.

Роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати нави марксистиро эътироф намуда, дар баробари ин зикр карданд, ки ба пирӯзии кудатои савр (моҳи апрел дар Афғонистон) дахл надоранд, вале огоҳон дар саросари  ҷаҳон ба ин иддао бовар накарданд.

Ҳамин тариқ, дар моҳи апрели соли 1978 пешвои ҷиноҳи Халқ Нурмуҳаммад Таракӣ-роҳбари давлат, Бабрак Кормал-сарвазир ва Ҳафизулло Амин-муовини сарвазир ва вазири хориҷа шуданд.

Аммо ба зудӣ ҷиноҳи Халқ тарафдорони ҷиноҳи Парчамро зери фишору тазйиқ қарор дода, онҳоро ба зиндонҳо партофтанд ва чеҳраҳои намоёнашро, аз ҷумла худи Барак Кормалро ба сифати сафир ба кишварҳои хориҷӣ фиристоданд.

Баъди саркӯби ҷиноҳи Парчам мухолифат миёни Таракӣ ва Амин шуруъ гардид ва ахиран Амин Таракиро на танҳо сарнагун кард, балки ӯро гаравгон гирифт. Ҳамин тариқ, Амин худро котиби генералии ҲХДА эълон намуд.

Ӯ ба намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ расман эълон кард, ки Таракӣ мариз аст, аз ин рӯ имкони идомаи фаъолиятро надорад, аммо баъди се ҳафта бо супориши Амин ӯро куштанд.

Худсарии Амин Брежневро, ки чанд рӯз пеш Таракиро ба ҳузур пазируфта, ваъда дода буд, ки ӯро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунад, чиддан нороҳат карда буд, аз ин рӯ, ӯ аз раиси КГБ Ю.Андропов мепурсад, кӣ чаро кормандонаш Таракиро ҳифз карда натавонистанд?

Хулоса, пинҳонӣ ба Афғонистон ворид кардани қӯшунҳои шӯравӣ 12 декабри соли 1979 аз ҷониби ба қавле Бюрои сиёсии хурд қабул карда шуд, ки ба ҳайъати он пиронсолоне чун - Котиби генералии КМ ҲКИШ, роҳбари Президиуми Шӯрои Олӣ Брежнев Л.И., вазири мудофиа, маршал Устинов Д.Ф., вазири корҳои хориҷӣ Громико А.А., роҳбари КГБ-и СССР Андропов Ю.В., котиби КМ ҲКИШ Пономарев Б.Н шомил мешуданд.

Аъзоён ва номзадҳои боқимондаи Бюрои сиёсӣ ва ҳамчунин, аъзоёни Шӯрои Олии СССР танҳо пас аз қабули қарор аз он огоҳ шуданд.

Роҳбари Шӯрои вазирони СССР Косигин А., сардори Ситоди генералӣ маршал Огарков, мушовири калони ҳарбӣ дар назди армияи Афғонистон генерал Заплатин, мушовири ҳизбӣ дар назди ҳизби ҳукмрони Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон қатъиян муқобили ворид кардани неруҳои ҳарбӣ буданд.

Сардори дастаи зудамали КГБ-и СССР дар Афғонистон генерал Иванов Б.С. ягона мушовири тарафдори воридшавии армия буд.

Ҳамаи мушовироне, ки муқобили воридшавии Армияи СССР ба Афғонистон буданд, ба зудӣ ба СССР бозхонд шуданд. Мушовирони нав, бо шумули генерал-полковники армия Магомедов С.К. бо вазъи Афғонистон ҳоло шинос набуданд.

Неруҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ бо хоҳиши Котиби генералии КМ ҲХДА, сарвазири Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин ворид карда шуданд. Новобаста ба он ки ӯ дар ҷараёни мубориза барои қудрат тирамоҳи соли 1979 Котиби генералии КМ ҲХДА, роҳбари Шӯрои инқилоби ҳарбии Афғонистон Нурмуҳаммади Таракиро маҳв карда буд, мушовирон ӯро ҷонибдорӣ мекарданд. 

Рафиқи хунхор Амин пас аз ба қудрат расидан дар амал собит намуд, ки ӯ бозичаи дасти КГБ-и СССР намешавад. Аз ин сабаб, барои маҳви ӯ генерал Иванов нақшаи агенти ЦРУ муаррифӣ кардани ӯро тарҳрезӣ намуд.

Нуктаи дигар ин аст, ки пеш аз қатл Таракиро дар Маскав Брежнев қабул карда буд. Роҳбари шӯравӣ ба ӯ дастгирии ҳамаҷонибаро ваъда карда буд, аз ин сабаб, қатли Таракиро «Леонид Илич» як навъ даъват ба ҷанг аз ҷониби Амин қабул намуд.

Дар ин байн роҳбари тавонои КГБ-и СССР Андропов дар ҳолати ногувор қарор дошт, зеро кормандони ӯ на фақат сарнагун кардани Таракӣ, балки қатли ӯро натавонист пешгӯӣ кунанд. 

Дар натиҷаи ин ҷанг, ки қариб 10 сол идома ёфт, беш аз якуним миллион шаҳрванди Афғонистон кушта шуд, чанд миллиони дигар ба муҳоҷират, алалхусус ба Эрону Покистон рӯ оварданд. 

Ҳамчунин шаҳрвандони ин кишвар ба Аврупову Амрико ва дигар давлатҳои осиёӣ кӯч бастанд.

Беш аз 15 ҳазор аскарони Артиши Шӯравӣ ҷони худро дар Афғонистон бохтанд. Ин ҷанг ба буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ низ хисороти калон расонд ва бархе коршиносон ба ин назар ҳастанд, ки дар суқути давлати абарқудрати шӯравӣ ҷанги Афғонистон саҳми зиёд дошт.

Замоне ки неруҳои ҳарбии шӯравӣ ба он кишвар ворид шуд, мақсад наҷот додани ҳукумати марксистии он кишвар буд, ки дар муқобилаш на танҳо муҷоҳиддин, балки аксарияти мардум бархоста буданд.

Замоне ки Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуд, дар дар раъси қудрат Ҳафизулло Амин қарор дошт. Аммо масъалаи куштани Амин ҳанӯз қабл аз ворид шудани Артиши Шӯравӣ матраҳ гардида буд. 

Муроҷиатҳои Таракӣ аз ҷониби Маскав ҳанӯз замони зинда буданаш аз ҷониби Маскав рад шуда буданд, аз ин рӯ, истинод кардан ба даъватҳои Таракӣ аз лиҳози таърихӣ дуруст ба назар намерасад.

Аммо Бабрак Кормал, ки баъди қатли Амин аз ҷониби спетнази КГБ-и ИҶШС ба сари қудрат омада буд, ҳеҷ гоҳ ҳозир нашуд эътироф кунад, ки Артиши шӯравиро ӯ ба Афғонистон даъват намуда буд.

Баъди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ ва пош хӯрдани ин давлати абарқудрат Русия ҳамкориро на танҳо бо ҳукумати муҷоҳиддин зери роҳбарии профессор Бурҳониддин Раббонӣ, балки бо ҳаракати Толибон низ ба роҳ монд.

Кремл, ки муҷоҳиддинро омили аслии шикасти худ дар ҷанги ин кишвар ҳисоб мекард, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум гуфтушуниди махфиро бо Толибон ба роҳ монд, аммо баъди расман эътироф кардани Ҷумҳурии Чечен аз ҷониби Аморати исломии Афғонистон зери роҳбарии мулло Умар музокирот қатъ гардид.

Ворид шудани эътилофи неруҳои ғарбӣ дар тирамоҳи соли 2001 ба ин кишвар, ки дар раъсашон Амрико қарор дошт, то ҷое вазъияти геополитикии минтақаро тағйир дод.

Чанд сол қабл маълум гардид, Русия, ки мушкилоти Чеченистонро ҳал карда буд, музокиротро бо Толибон аз нав шуруъ кардааст. 

Аҷиб аст, ки баъди чор даҳа Думаи давлатии Русия тасмим мегирад, ки дар мавриди қарори Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҷеъ ба иштибоҳ эътироф намудани вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон таҷдиди назар кунад, ҳарчанд маълум аст, ки баъди вуруди неруҳои ҳарбии ИҶШС президент Ҳафизуллоҳ Амин, ки шӯравиҳоро даъват карда буд, аввал заҳролуд карда шуд ва сипас дар рафти ҳамлаи хунин қатл гардид.

Ҳамин тариқ, ҷанги шармандавори Артиши Шӯравӣ, ки то он замон «мағлубнопазир ва афсонавӣ» шумурда мешуд, оғоз гардид ва беш аз 100 давлати аъзои СММ, ки байни онҳо дӯстони СССР низ кам набуданд, онро таҷовуз номида, маҳкум карда буданд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

Хонданд 252
Бабрак Кормал: “Ман қурбони иштибоҳоти таърихии Иттиҳоди Шӯравӣ шудам”

Мусоҳибаи таърихии фақид Бабрак Кормал бо маҷаллаи “Шпигел” 

Ишора: “Ман дар саросари давраи Кормал дар зиндон будам. Ба одамҳои дохили зиндон, посбонҳо хира мешудам. Ба ягона телевизиони дохили утоқи 250 - нафарӣ зул мезадам. Шоҳиди даҳшатҳои асре будам, ки ҳамаро ба ҷӯш оварда буд. Аммо ҳамвора як савол дар зеҳнам мечархид: оё ман воқеан бо афкор ва нигоҳи ин ҳукумати парчамӣ нисбат ба Афғонистон ва оянда аз тайи дил мухолиф ҳастам? Нидое аз руҳам боло меомад: На! 

 - Пас чаро ин ҷо ҳастам? 

Сӣ сол баъд ҳамон саволи ман посухе хокистарӣ пайдо кардааст... Ҳама - ин сӯи хат ва он сӯи хат - сипари бало будем. 

 (Раззоқи Маъмун) 

Бабрак Кормал, ки дар синни 62 ҳаёташ ба сар мебарад, ҳамзамон бо таҳоҷуми неруҳои Шӯравӣ дар декабри соли 1979, ба ҳайси раҳбари Афғонистони инқилобӣ зимоми умурро ба даст гирифт ва дар соли 1986 бо Наҷибуллоҳ таъвиз шуд, ахиран аз Маскав ба Кобул баргаштааст. 

Шпигел: Баъд аз ин ки аз қудрат барканор шудед, оё Шумо ба майли худ барои муддати чаҳор сол дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ намудед? 

Кормал: Ин интихоб ба иродаи ин ҷониб набуд. Ман фақат қурбонӣ ва сипари балои иштибоҳоти таърихӣ ва ҷуброннопазири таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон шудам. 

Шпигел: Аммо ин шумо будед, ки ҳамзамон бо таҳоҷуми артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба қудрат расидед. Чӣ касе масъули ранҷи мардуми Афғонистон аст? 

Кормал: Ҷанг дар Афғонистон бо таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравӣ, тавре ки иддао мешуд ба хотири ҳифзи сарҳадоти ҷануби Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ афтид, оғоз нагардид. Ин ҷанг бо кудатои шаҳзода Муҳаммад Довуд дар соли 1973 алайҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ оғоз гардид ва ин даргирӣ пас аз апрели 1978 бо қиёми ҳарбӣ таҳти номи сотсиалисм ва диктатурии пролетариат, ки бо равишҳои сталинистӣ иҷро шуд, шиддат гирифт. Аслофи ман қаблан аз Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 14 бор тақозои мудохилаи фаврии ҳарбӣ намуданд. 

Шпигел: Вақте, ки шикасти ин сиёсат барои ҳамагон равшан шуд, пас чаро канорагирӣ накардед? 

Кормал: Ман ҳамеша ва ба тарзи мусаммам мухолифи ҳузури неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Дар ҳар фурсат ман исрор доштам, ки артиши Шӯравӣ ҳар чӣ зудтар кишварро тарк намояд. Аммо ҳатто баъд аз истеъфои ман, шӯравиҳо барои муддати се сол боқӣ монданд. 

Шпигел: Оё шумо нисбат ба зиндагиатон нигарон набудед? 

Кормал: Ин барои як афғони ватанпараст оддист, то ба хотири меҳанаш ҷон диҳад. Бо ин вуҷуд, ман борҳо мухолифати хешро нисбат ба сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ эълом доштам. 

Шпигел: Чӣ ангеза боис шуд, то Шумо аз Маскав баргардед? Оё мехоҳед то дубора ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар Афғонистон бипардозед? 

Кормал: Ман мехоҳам то барои эҳёи сулҳ ва амният дар Афғонистон мубориза намоем. Орзу дорам то аз ҳокимият ва тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқи ақвому қабоил, арзишҳои демокрасӣ ва ҳуқуқи башар дар кишвар дифоъ намоем. Шахсан ҳеч орзуе барои худ надорам. 

Шпигел: Ин таҳаввул дар вуҷуди Бабрак Кормал чӣ гуна воқеӣ аст, чун шумо дар гузашта пайрави интернатсионолисми марксисти будед? 

Кормал: Бо вуҷуди режими тоталитар ва равишҳои сталинистӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ бар асоси докторини Брежнев, бар бисёре аз неруҳои мутараққӣ ва меҳанӣ дар ҷаҳон таъсиргузор будааст. Набояд фаромӯш кард, ки мардумони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамеша аз ҷунбишҳои озодибахши зиддиистеъморӣ ҳимоят намудаанд. Ин мабнои дӯстӣ бо Афғонистон буд. Илова бар ин, кишварҳои ғарбӣ, ба вежа абарқудрат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқаи зиёде ба кишвари мо надоштанд ва ин рӯйкард ҳамчунин тавозуни сиёсати хориҷии Афғонистонро мухтал кард. 

Ба ҳар ҳол, ҳизби мо ҳаргиз ҳизби марксистӣ набуд. Мо демократҳои миллӣ ҳастем ва ба ислом эҳтиром гузоштаем. 

Шпигел: Вақте, ки дар ин ҷо дигар тафовутҳои иделогӣ ва оштинопазир бо мухолифине, ки ҳанӯз бо ҷонишини Шумо Наҷибуллоҳ дар ҷанганд, нест, пас ҳама чиз ба хотири қудрат аст? 

Кормал: Далели аслии тафовут мудохилоти таҳрикмези кишварҳои хориҷӣ аст. То замоне, ки ин мудохила идома меёбад, ҷанг давом хоҳад дошт. Ҳеҷ сиёсатмадори афғон наметавонд худро дар рухдодҳои гузашта табраа намояд. Барои дастёбӣ ба сулҳ мо ниёз дорем, то бар суннатҳои исломӣ миёнҷигарӣ барои поёни ин кашмакашҳо тамаркуз намуда ва қазоватро бар наслҳои баъдӣ вогузор намоем. 

Шпигел: Оё шоҳи собиқ Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои истиқрори сулҳ ваффақ хоҳад шуд? 

Кормал: Дар охирин даҳаи даврони ҳукмравоии ӯ ман муносиботи хубе бо вай доштам. Дар он замон ман барои муддати ҳашт сол узви парлумон будам. Бо вуҷуди иштибоҳоти пайравонаш, Афғонистон таҳти раҳбарии Зоҳиршоҳ, сиёсати хориҷии бетарафиро таъқиб менамуд, эҳёи иқтисод шакл мегирифт. 

Имрӯз Зоҳиршоҳ метавонад нақши муҳимеро барои истиқрори сулҳ дар кишвар ифо намояд. Ин ваҷиба шомили масъулияти дигар шахсиятҳои либерал низ мегардад, ки дар табъид ба сар мебаранд. Онҳо бояд баргарданд. Замони он фаро расидааст, то интиқому кина, оташи кудурату ихтилофоти хурдро дафн намоем. 

Неруҳои либерал ва демократ бояд бо ҳам муттаҳид шуда ва Афғонистонро ба сӯи оромиш савқ диҳанд. 

 

Поён

 

Кормал: Мо бояд интиқом ва кинаро дафн намоем, 

“Шпигел” (Олмон), шумораи 38, соли 1991, 

Баргардон: Муҳаммад Ориф Ирфон (декабр, 2018, Лондон)

Хонданд 324
Рақобати технологии КГБ ва СРУ

5 декабри соли 1991 дар шаҳри Маскав дар арафаи суқути империяи Иттиҳоди Шӯравӣ воқеае рух дод, ки дар таърихи башар назир надошт.

Дар ин рӯз раиси Шӯрои байниҷумҳуриявии амният (то чанд муддат пеш Комитети бехатарии давлатӣ ё КГБ) Вадим Бакатин ба сафири Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ Страусс Тэлбот дар ҳаҷми 70 саҳифа нақшаи дастгоҳҳои махфиро, ки дар сафорати Амрико дар Маскав насб шуда буданд, супорид.

Солҳо баъд Бакатин барои сафед кардани худ борҳо расман изҳор дошт, ки системаи гӯшкунии сафорати Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ кайҳо куҳна ва ифшо шуда буд, аз ин рӯ, зарурати махфӣ нигоҳ доштани нақшаи он вуҷуд надошт.

Ҳамчунин, ӯ зикр мекунад, ки ин кор ба хотири ба эътидол овардани  вазъият миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифта буд, аз ин рӯ президентони ИҶШС М.Горбачёв ва Русия Б. Елтсин ба ӯ супориш дода буданд, ки ба ин кор даст занад.

 

Хиёнати бесобиқа 

Аммо туҳфа воқеан ҳам туҳфаи беназир буд, зеро Вашингтон ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта иттилоъ ёфта буд, ки бинои сафораташ, ки ҳоло анҷом наёфта буд, аз ҷониби кормандони КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути дастгоҳҳои махсуси дар деворҳо насбшуда гӯш мешавад.

Ҳукумати Амрико 17 августи соли 1985 тасмим гирифт, ки сохтмони бинои мазкурро қатъ кунад. Баъдан, рӯзи 28-уми октябри соли 1988 президент Роналд Рейган фармон баровард, ки ин бино тахриб карда шавад, аммо ин фармон бо сабабҳои номаълум татбиқ нагардид.

Ба дунболи фармони Рейган Конгресс қарор кард, ки барои сохтмони нави бинои сафорат дар Иттиҳоди Шӯравӣ 300 миллион доллар ҷудо шавад. 

Қарори мазкури Конгресси Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба истифодаи бинои сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар минтақаи Маунт-Алтои шаҳри Вашингтон акнун ба анҷом расида буд, иҷоза намедод.

Ҳамин тариқ, ҷониби Амрико тасмим гирифт, ки ҷосусии технологии Иттиҳоди Шӯравиро дар сафораташ дар Маскав истифода бурда, ҳангома барпо намуда, сипас онро ба суди худ истифода барад. 

Ба иборати дигар, Кохи сафед бо роҳҳои дипломатӣ ба Кремл паём дод, ки ният дорад аз болои Иттиҳоди Шӯравӣ ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат намуда, ҳамчун ҷуброн 300 миллион доллар талаб кунад.

Ин ҳамон  маблағе буд, ки барои сохтмони бинои нави сафорати Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ зарур буд, аммо Кремл низ ишора кард, ки агар Вашингтон ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунад, Маскав аз болои Амрико ба ин додгоҳ шикоят мебарад.

Аммо ҷуброне, ки Кремл талаб мекард, хеле зиёдтар аз товоне буд, ки амрикоиҳо талаб доштанд. То ин замон дар Кохи сафед, ки КГБ кайҳо боз аз насби дастгоҳҳои махфии гӯшкунӣ ва нақби дар зери сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон кандаи FBI ё чунон ки ба забони русӣ мегӯянд -ФБР бохабар аст.

Хабари кандани нақб ва дар он насб кардани системаи гӯшкуниро дар зери бинои сафорат корманди Созмони ҷосусии Амрико Хансен, ки чанд сол боз ба нафъи КГБ кор мекард, иттилоъ дода буд.

Яке аз масъулони Раёсати техникии КГБ –и Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 80-уми асри ХХ генерал Красовский дар ин иртибот мегӯяд, ки Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир набуд, ки ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунад, зеро ба нафъи худаш набуд ва сабабаш ин буд, ки амрикоиҳо фақат иттилоъ доштанд, ки дар сафораташон дастгоҳҳои гӯшкунӣ насб шудааст, аммо ҳеҷ далеле барои исботи ин даъво надоштанд.

Ба қавли номбурда, ҳама чизе, ки амрикоиҳо ба додгоҳ ба ҳайси далели шаъйӣ пешниҳод карда метавонистанд, чанд оҳанчаеро, ки дар натиҷаи шикастани деворҳои сафорат пайдо карда буданд, пешниҳод мекарданд, аммо барои чӣ гуна истифода бурдани ин оҳанчаҳо ягон далели дурусте надоштанд

Пешниҳод кардани ин оҳанчаҳои номаълум ба додгоҳи байналмилалӣ боиси он мегардид, ки тамоми расонаҳои Иёлоти муттаҳида ба ҳоли FBI ва Созмони ҷосусии Амрико механдиданд.

Аммо шӯравиҳо баракси рақибони худ тамоми далелҳои шаъйиро доштанд, зеро кормандони бахши амнияти бинои нави сафорат дар Вашингтон садҳо элементҳои системаи гӯшкуниро пайдо карда буданд. 

 

Биноҳои сухангӯ 

Масъалаи сохтмони бинои нави сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Маскав нахустин бор дар соли 1969 баррасӣ гардид, аммо амалан ҷонибҳо дар соли 1976 ба мувофиқа расиданд.

Ҳукумати Амрико 192 миллион доллар ҷудо кард ва баъди анҷоми корҳои лоиҳавӣ дар соли 1979 сохтмони бинои нави сафорат дар Маскав шуруъ шуд. Дар ҳамин давра сохтмони бинои нави Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон сар шуд, аммо Маскав маблағи умумии ихтисосдодаи худро барои ин иншоот эълон накард.

Тиқби мувофиқа, тамоми маводи сохтмонӣ, дару тирезаҳо, лифтҳо ва ғайраро ҷонибҳо метавонистанд аз дилхоҳ кишвар харанд. Аз ин истифода бурда, кормандони КГБ финҳоро, ки барои бинои сафорати Амрико дар Маскав хишт мепӯхтанд, истифода бурданд. 

То ҳол маълум нест, ки барои “харидан”-и финҳо Маскав чӣ қадар маблағ масраф карда буд. Танҳо ҳамин маълум аст, ки финҳо аз уҳдаи ин кор бо муваффақият баромада, дар даруни хиштҳо асбобҳои гӯшкуниро ҷо дода, ба онҳо осебе нарасонданд.

Ихтироъкори асосии ин система фориғ-ут-таҳсили Институти электротехникии шаҳри Ленинград ба номи В.И.Ленин Вячеслав Асташин буд.

В.Асташинро баъди хатми институти мазкур соли 1969 ҳамчун донишҷӯи боистеъдод дар институт монданд ва ӯ фаъолияти кори худро аз кафедраи акустика шуруъ намуд. Кори илмии ӯ таҳқиқи нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх буд.

Аммо фаъолияти В.Асташин дар Институти электротехникии шаҳри Ленинград зиёд давом накард, зеро ӯро ба зудӣ барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба КГБ даъват карданд.

Мавсуф ҳанӯз замони таҳсил ҳамчун донишҷӯи ихтироъкор таваҷҷуҳи  кормандони ин созмонро ба худ ҷалб карда буд, ҳарчанд худаш дар ин маврид иттилоъ надошт.

Чунон ки Вадим Асташин дар китоби хотироташ роҷеъ ба бародараш менависад, Вячеславро дар системаи КГБ ба гуруҳи таҳқиқотие шомил карданд, ки ба такмили системаи махфии гӯшкунӣ сарукор дошт.

Азбаски В.Асташин дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил шуд, 2 сол баъд ӯро роҳбари ҳамин шуъба таъин карданд. Соли 1979 вақте ки сохтмони бинои сафорати Амрико дар Маскав шуруъ гардид, системаи гӯшкунии В.Асташин аллакай тайёр шуда буд.

Муҳимтарин дастовард ва ё навгонии системаи В.Асташин дар он буд, ки нақши дастгоҳи гӯшкуниро худи маводи сохтмонӣ ва конструксияи бино иҷро мекарданд, аз ин рӯ, муайян кардани ҷои интиқоли иттиллоот номумкин буд.

Дастгоҳҳои хурди гӯшкунӣ дар панелҳои бетонӣ ҷой дода шуда буданд ва хусусияти асосии онҳо ин буд, ки ба андозаи сари сӯзан андоза доштанд, бинобар ин, кормандони бахши амнияти бинои сафорати Амрико, ки чандтои онро дар натиҷаи шикастани хиштҳо пайдо карда буданд, партов ё чизи бекорае ҳисоб намуданд.

Чунин «партов»-ҳои ба шакли пуфакча, кубикча, чӯбча ва ғ. дар даруни хиштҳои дар Финляндия тайёркардашуда ба ҳазорҳо мерасид.

Ин дастгоҳҳо зарядро аз вибратсия, сиркулятсия ва буғи оби гарм мегирифтанд ва ин беҳтарин ва такмилёфтатарин системаи гӯшкунӣ дар солҳои 80-ум дар тамоми ҷаҳон ҳисоб меёфт.

Ҷолиб ин буд, ки барои истифода бурдани системаи нави гӯшкунии сафорати Амрико, ки рақиби асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар даврони ҷанги сард ҳисоб меёфт, Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷоза медиҳад.

Ҳамин тариқ, сафорати нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар дили империяи шӯравӣ ба як микрофони бузург мубаддал мешавад, зеро кормандони КГБ тамоми гапҳоро бидуни кадом монеае гӯш мекарданд.

Ҳатто вақте ки томографияи компютерӣ пайдо шуд, амрикоиҳо кӯшиш карданд, ки тавассути он дастгоҳҳои гӯшкунии сафораташонро дар Маскав, ки аз ҷониби кормандони КГБ насб шуда буд, пайдо кунанд, аммо ин ҳам фоида накард.

Томографияи компютерӣ фақат баъзе элементҳои системаи гӯшкуниро ёфт, аммо тамоми схемаро амрикоиҳо на пайдо карда тавонистанд на кашф карда. Ба онҳо ҳатто муяссар нашуд тарзи кори ин системаро фаҳманд.

 

Технологияҳои нав ва рушди ҷосусӣ 

Дар арафаи супурдани схемаи системаи гӯшкунии сафорати Амрико дар Маскав подполковник В.Асташин ба истеъфо баромад. Вақте ки ӯ аз хиёнати В.Бакатин иттилоъ ёфт, ба ҳолати шок афтид.

Ба ҳолати бади саломатии худ нигоҳ накарда, ҳозир нашуд, ки ба духтурҳо муроҷиат кунад, ӯ дору ҳам намехӯрд. Ва нафақае, ки В. Асташини 50 сола мегирифт, ӯро ба як нафари қашшоқ мубаддал карда буд.

Аз ин ҳолати бади равонӣ ва «падари системаи гӯшкунӣ» -и» сафорати Иёлоти Муттаҳида иттилоъ ёфта, охири соли 1992 ду нафар корманди консулгарии ин ниҳоди дипломатӣ, ки бешак афсарони Созмони ҷосусии Амрико буданд, ба хонаи В.Асташин омаданд.

Дар рафти суҳбат онҳо пешниҳод карданд, ки собиқ подполковники КГБ ба Амрико кӯч бандад, зеро дар яке аз донишгоҳҳо ӯро ба кор мегиранд ва Асташин кафедра таъсис дода, мудир мешаваду 50 фоизи  кормандонро худаш интихоб мекунаду 50 фоизи дигарашро ҷониби мизбон.

Ӯ хуб дарк мекард, ки барои амрикоиҳо дигар схемаи системаи гӯшкунии сафораташон дар Маскав муҳим нест, зеро баъди хиёнати В.Бакатин ҳама чизро медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо мехоҳанд барои ӯ тамоми шароит муҳайё намуда, потенсиали зеҳнии ӯро барои ихтироъҳои нав, ки бидуни шак алайҳи Русия истифода мебаранд, истифода баранд.

В.Асташин меҳмонҳои нохондаро аз дар берун карда, гуфт, ки «ӯ ватанро намефурӯшад».

Баъди марги подпоклвник Асташин Кремл ва Кохи сафед дар мавриди истифодаи сафоратҳояшон ба мувофиқа расиданд ва Амрико бинои ба анҷомнарасидаи худро тамом карду кормандонаш ба онҷо кӯчиданд.

Кормандони сафорати Русия дар соли 1999 бинои нави сафораташонро  мавриди истифода қарор доданд.

Ҷолиб ин аст, ки дар ибтидои асри наву ҳазорсолаи нав дигар технологияҳои иттилоотӣ он қадар рушд карда буданд, ки гӯшкунии на танҳо сафоратҳо, балки сарони давлатҳо ба як кори муқаррарӣ мубаддал мегардид.

Аммо сарфи назар аз рушди технологияҳо барои истифодаи босамари онҳо дар фаъолияти ҷосусӣ боз ҳам халлоқияти инсон омили асосии будааст ва кореро, ки дар даҳаи дуюми асри 21 хитоиҳо карданд, дар таърихи башар назир надошт. 

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

Хонданд 699
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.