Моҳи марти соли 2015 дар Шветсия қабри зан-викинг кашф шуд, ки дар он ангуштарӣ бо навиштаи “Барои Аллоҳ” бо ҳуруфи арабӣ пайдо карданд. Муаррихону муҳаққион дар ҳайрат уфтоданд, ки ин ангуштарӣ ба Шветсия чӣ гуна расидаву дар дахмаи ин зан ҷо гирифта? Вале чун ба таҳқиқ ба гузашта бингарем ва осори гузаштагону нишонаҳои асрҳоро таҳқиқ кунем, мебинем, ки викингҳо собиқаи тӯлонии иртибот бо олами Исломро доштаанд.

 

Кистанд викингҳо?

Vikings – викингҳо дарёнавардони искондоновӣ буданд, ки умдатан ба забони искандановии қадимӣ суҳбат мекарданд. Онҳо бо тарафҳое аз сарзаминҳои Аврупои Шимолӣ робитаи тиҷорӣ доштанд. Ин муомила дар як минтақаи васеъи шимолӣ, марказӣ, шарқӣ ва ғарбии Аврупо дар асрҳои 9 то 11 милодӣ сурат мегирифт.

Наздик ба се садсола ҷангҷӯёни викинг бо киштиҳои дароз ва дурахшони худ Аврупоро ба ҳарос афканда буданд. Онҳо аз Сканданавия барои ҷустуҷӯи нуқра, бардагон ва замин ба дарё рафтанд. Бархеи онҳо ба Британия ва Фаронса ва бархе дигар ба Русия ва рӯдхонаҳои дурдасти Осиё юриш мебурданд.

Викингҳо ҷӯёндагони далер ва бебоке буданд. Онҳо бо як ҷасорати хос аз миёни амвоҷи хурӯшони уқёнуси Атлас гузар карда, Исландия ва Гренландияро пайдо намуданд ва ба шимоли Амрико низ гом ниҳоданд. Викингҳо охирин миллат дар Аврупо буданд, ки дар оини чандхудоӣ монданд. Ин буд як маълумоти хеле мухтасар аз Донишномаи озоди форсӣ дар бораи викингҳо. Ёдовар мешавем, ки як сериёли канадиёӣ ва ирландие бо номи “Викингҳо” вуҷуд дорад, ки ҳикоёти ҷолибе аз ҳаёти ин қавм мекунад. Ин силсилафилм аз моҳи марти соли 2013 оғоз шуда, то соли гузашта идома дошт.

 

Маълумотҳои хаттӣ

Баргардем ба мавзуъ. То замони мо маълумотҳои зиёди хаттии олимони мусалмон ва сайёҳону ҷаҳонгардони кишварҳои исломӣ дар бораи викингҳо расидааст. Яке аз манбаъҳои арзишманд мансуб ба ҷаҳонгарди араб Аҳмад ибни Фазлон (877-960) мебошад. Ибни Фазлон бо сафарномаи худ шуҳрати олам дорад ва ин китоб як манбаъи хеле муътамади таърихиву ҷуғрофии он солҳо маҳсуб ёфта, имрӯз ҳам арзиши илмии зиёд дорад.

Дар бораи викингҳо инчунин Муҳаммад ал-Идрисӣ (1100-1165), Ат-Тартусӣ (1059-1127), Абулҳасан Алӣ ибни Масъудӣ (таърихнавис, ҷуғрофидон ва ҷаҳонгарди араб. 896-956), Ибн Руста (асри Х), Ибн Хуқал (асри Х) ва дигарон гузоришоти ҷолибе дар навиштаҳои худ ироа кардаанд. Дар манбаъҳои арабӣ викингҳо бо истилоҳи “сқолиба” (истилоҳе, ки шарқиён славянитаборон ва уропоиёнро ном мебурданд) ёд шудааст. Ибни Руста дар бораи викингҳо навиштааст: “онҳо зебо, тозаву озода ва хушлибос буданд. Онҳо либосҳои худро тозаву озода нигоҳ медоранд, мардон бозубанди бо тилло ороишёфта доштанд. Нисбат ба ҳамдигар олиҳимматанд, меҳмонони худро эҳтиром мекунанд ва ҳамаи касонеро, ки паногоҳ мехоҳанд ва ё ба меҳмонӣ назди онҳо мераванд, эҳтиром мекунанд. Онҳо ба касе иҷозат намедиҳанд, ки меҳмонони онҳоро безобита кунад ва ё ба вай зарар расонад..”

Ибни Фазлон бошад викингҳоро чунин тавсиф кардааст: “қоматбаланд ба сони даратони хурмо”.  

 

  1. Викингҳои ҷанговар

Дар давраи асрҳои 8 то 11 викингҳо ба масофаҳои дуре шино карданд, ки то замонашон ба касе ин муяссар нашуда буд. Дар экспедитсияҳои худ онҳо аз Аврупои Ғарбӣ то ба Осиёи Марказӣ расиданд. Ба шарофати ҳамин сафарҳо аз онҳо дар бораи тамаддуни исломӣ ва олимони кишварҳои исломӣ маълумоти зиёде боқӣ мондааст. Муаррихон бар ин назаранд, ки викингҳо маҳз дар сарзаминҳои исломӣ, бахусус дар он қаламраве, ки Аббосиён ҳукумат меронданд, нуқтаҳои тиҷоратӣ пайдо карданд, нуқтаҳое, ки қаблан ҳатто орзуи онро ҳам надоштанд.

Сафарҳои баҳрии викингҳо баёнгари нерӯи пурқуввати ҳарбии онҳо ва стратегияи онҳо буд. Бостоншинос Борн Мюрре менавсад, ки “онҳо (викингҳо) ваҳшиву нодон набуданд. Онҳо басо хуб медонистанд, ки бо кадом нерӯи ҳарбӣ ва фишори идеологӣ метавонанд рӯ ба рӯ шаванд”.

Дар мақолаи Умар Мубайдин омадааст: Флоти викингҳо Лиссабон, Севил, Кодис ва Олхесирос дар Аморати Андалус ва Асилаи Марокашро ғорат намуд. Ҷавобан ба ин амир флоти викингҳоро дар дарёи Гводалкивир дар муҳосира гирифт, 30 киштиро нобуд ва 1000 нафар аз ҷумлаи викингҳоро кушт…”

 

  1. Викингҳои тоҷир

Викингҳо ва мусалмонон марказҳои тиҷоратиро дар шаҳрҳои Киев ва Новгород поягузорӣ карданд. Маҳз дар ҳамин марказҳо бори аввал мусалмонон мушоҳидаҳои худро дар бораи викингҳо ва русҳо навиштанд ва бо арабӣ онҳоро номгузорӣ ҳам карданд. Он замон дирҳами арабӣ ба ҳадде қурб дошт, ки аз асри 10 то 12 миёни викингҳо чун асъори умумӣ истифода мешуд. Барои дирҳамҳои арабӣ сканданавиҳо ҳатто ба Шарқ юриш ҳам бурда буданд. Бино ба навиштаи Ал-Масъудӣ тоҷирони кишварҳои исломӣ ҳавасманди бештар харидани кулоҳ ва пӯстинҳо аз пӯсти рубаҳи сиёҳ буданд, ки арзиши баланд дошт.

 

  1. Викингҳои мусалмон

Дар бораи ба ислом гаравидани викингҳо ёддоштҳо зиёданд. Ва яке аз онҳо навиштаи ҷуғрофидони мусалмони асри 16 Амин Розӣ мебошад. Вай аз ҷумла навиштааст: “Онҳо (викингҳо) гӯшти хукро хеле дӯст медоштанд, ҳатто касоне аз зумраи эшон, ки ислом оварда буд, талош мекард гӯшти хукро истеъмол намояд”.

Умар Мубайдин менависад: “Викингҳо болои мусалмонон ва насрониҳо дар нимҷазираи Пиреней юришҳои зиёд кардаанд. Дар ниҳояти амр қисме аз викингҳо на танҳо ислом оварданд, балки аз ҷумлаи шинохтатрин касоне шуданд, ки панирро аз Кордоб ва Севил меоварданд”.

Эндрю Марр дар як филми мустанади худ, ки ВВС ба навор гирифтааст, мегӯяд, ки викингҳо дар Русия низ ба қабули ислом хеле наздик буданд, вақте шоҳи онҳо наметавонист ин муамморо ҳал кунад, ки кадоме аз динҳои ҷаҳонӣ беҳтар аст (сухан дар бораи лаҳзаи машҳуре меравад, ки вақте княз Владимир Муқаддас миёни иудаизм, масеҳият ва ислом интихобе дошт).

 

  1. Кашфиёт

Дар қабри як зан, ки соли 2015 ёфт шудаву он мутааллиқ ба асри 9 мебошад, ангуштари нуқра бо санги банақш пайдо кардаанд. Бояд гуфт, ки худи ҳалқа охири асри 19 пайдо шудааст, вале ҳамагӣ каме пештар навиштаи арабӣ бо хати куфӣ дар он мушоҳида шудааст. Калимае, ки ҳаккокӣ шуда “Иллаллоҳ” аст. Ҳарчанд сару либоси он зан сканданавист, вале ҷасад ин имконро ба олимон надодааст, ки онҳо эътиқоди вайро ташхис кунанд. Мутахассисон ин суолро посух ҷустанд, ки оё ин ҳалқа магар ғанимати ҷангӣ буд? Ё туҳфа? Ва ё бахше аз ороишоти ин зан? Аммо ҳоло ин суолҳо комилан бидуни ҷавоб мондаанд, чун тасдиқи илмии ҳар гуна фарзия вуҷуд надорад.

Дар айни замон ин ҳалқа ҳоло дар осорхонаи Стокҳолм гузошта шудааст. Пӯшида нест, ки бонувони викинг ҳар гуна ороишот ва зару зеварро бо худ доштанд. Ҳатто Ибни Фазлон навиштааст, ки бонувони викинг ангуштари тиллову нуқра доштанд.

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here