Зиндагӣ курраи оташборест,ки гоҳе камоташу сердуд ва гоҳи дигар равшану бедуд. Андарин курраи пурмоҷарою сеҳрофарин барои мо одамон зиндагӣ осон нест.Дуди ғализу ҳамешагии гоҳе аёну гоҳе ноаёни ин курра, ки дар оғози зиндагӣ гармияшро эҳсос менамоему аз оқибат ва пайомади дуду ғубораш ғофил ишқу зиндагиро осон мепиндорем.Дар фазои зиндагӣ болу пар боз мекунему гумон мекунем,ки парвозҳои бобарору мусоид, бехавфу хатар ва баланду ҷовидона насиби мост.Бехабар аз дарду ранҷ,талхию зулмот, ясъу ноумедӣ, тӯҳмату бӯҳтон ва кулли бадбахтиҳои ғайричашмдошт, саҳни дохили ин курраро ҷои роҳату саодат, бахту иқбол ва осоишу ваҳдат мепиндорем.Гармии сеҳрофарини курраи дуду ғубор олударо гармии оғуши меҳру муҳаббати бепоёни саҳни  зиндагӣ гумон карда,дар ҷаҳони бекарони ғафлату дуд ғӯтавар мешавем.Фурӯ дар умқи андешаҳои раҳои  аз ҳама ҳолатҳои носозгор ба остони ҳазорон саҳну курраҳои навбати рӯ ба рӯ мешавем.Дар батни ин курра ҳирси молу сарват,шӯҳрату давлат ва ҷоҳу савлат ҳамеша ба рағми адолату ҳақиқат майл дошта,ба гузашти айём саҳифаҳои рӯзгори мо одамонро пурдоғу нангин мегардонад.Қонунҳои амалкунандаи фазои тағирёбандаи ин курраи рангиншиор ҳар гоҳ, ҳар ҷо ё ҷо- ҷо адолатро поймолу ҷаҳолатро мӯҳтарам мегардонад.Ҳақиқатро пардапӯшу ғаразҳоро комнӯш мегардонад.Сафедиро сиёҳу сиёҳиро сафед вонамуд сохта,талхиҳоро ширину шириниҳоро талх  месозад. Қаҳрамони воқеиро душману душмани ғадорро дӯсти басо ширин дар саҳифаҳои таърих муарифи карда,ба шаъну шараф, қадру қиммат, шукӯҳу шаҳомат,назокату шарофат ва сиришти муқаддасоти зиндагӣ доғи хиёнат мечаспонад.

Дар таърихи халқҳои ҷаҳон санаду далелҳои зиёде собит намудаанд, ки бо гузашти айём пардаҳои торики ҷаҳолату ғаразҳо аз рӯи ҳақиқату адолат бардошта шудаанд.Нури рӯшноии ҳақиқати талх дилу дидаи ташнагони нуру зиёи оламафрӯзро шодоби ишқу муҳаббати зиндагӣ гардонидааст.Қулфи дари фитнаю балоҳоро кушода ба манзили нуру сафо ва сидқу вафо табдил додааст.

Таърихи миллат ва давлату давлатдории мо тоҷикон низ аз талхию нобарориҳои ҷараёни раванди таърихи башарият эмин намонда,саҳифаҳои басо талху тоқатфарсо ва пурдоғу аламовари худро дорад. Воқеъаҳои таърихи чун гирдоби бало осору оқибати худро боқи гузошта, ҳар сари чанд вақт такрор мешаванд.Дар таърихи навини миллату давлати мо кам набуданд ҳодисаҳое, ки рӯзгори мардумро печидаю тира сохта,рӯҳи озодипарасту хуҷастаармони одамонро шикастаю пажмурда гардонидаанд.

Рӯзгори яке фарзандони шарафманду фарзона,арҷманду сарсупурда,шуҷоатманду ботамкин,ватандӯсту халқпарвар, сарбаланду бономус ва муборизу дурандеши ин халқу ватан ,Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин роҳбари ҷумҳурӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Лутфуллоев Нусратулло далели гуфтаҳои болост.Нусратулло Махсум дар фурсати умри кӯтоҳи 47 солаи худ то ба дараҷаи балантарин,шахси аввали ҶШСТоҷикистон сабзида, дорандаи мукофоту унвонҳо,ифтихорномаю медалҳо ва ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардида буд. Ҳавою фазои гардиши чархи таърих суръату сифати хоси худро дошта,  амру фармон ва илтиҷою хоҳиши касеро ба эътибор нагирифта он чуноне даврзанон ба пеш меравад, ки пайомади оқибатҳои ҳаррӯзаю ҳар солаи онро касе пешгӯи наметавонад кард.

138 сол қабл аз ин, яъне соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии сарзамини Рашти ҳозира (собиқ Қаротегин) дар оилаи яке аз деҳқонони камбағал Лутфулло тифле таваллуд шуд,ки бо умед исмашро Нусратулло ниҳоданд. Касе гумон надошт, ки ҳамин тифли деҳотӣ дар қатори дигар камбағалбачаҳои кӯҳистонӣ, ки гоҳе пойлучу нимбараҳна,нимгуруснаю дил ба умед ва хушгумону нексиришт то ба дараҷаи роҳбари аввали давлату миллат мерасад.Тимсоли исми гузоштаи волидайнаш Нусрати Аллоҳ ҳамқисмату ҳамтақдири миллату давлати худ душворию фалокат, ҳодисаю воқеъа ва пастию баландиҳои пешомади рӯзгорро бо таҳаммулу андеша ва муборизаҳо паси сар мегузорад. Нусратулло, ки нисбати рафиқону ҳамсолонаш зираку ҳушёр, серҳаракату далер ва кунҷкову заҳматпеша буд, дар айёми ҷавонияш ба шаҳри Қӯқанд сафар карда, он ҷо ҳам кор карду ҳам дар мактаби русӣ таҳсилро анҷом дода , соҳибмаълумот гардид. Дар баробари обутоб ёбии ҷисмонӣ ба ҳаракату ҷумбишҳои сиёсӣ шомил гардида,дониш ва маҳорати зеҳнию ақлонӣ, ҷаҳонбинию худшиносӣ ва таъриху ҷомеъашиносии худро сайқал медод. Дониш, маҳорат ва кордонию масъулиятшиносии  ӯро ба назар гирифта, соли 1920 ба узвияти Ҳизби Коммунисти қабулаш карда, супориш ва иҷроиши вазифаҳои муҳими ҳизбию давлатиро ба ӯҳдааш мегузоштанд. Баъд аз чанд муддати иҷроиши супоришҳои пайдарпай ҷасорату кордонии Нусратуллоро ба назар гирифта, ба вазифаи раиси Кумитаи таъминоти озуқаи  Артиши Сурх дар собиқ вилояти Ғарм ва вакили масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Бухоро дар Бухорои Шарқиӣ таин карда мешавад.Чун аз ӯҳдаи сарбаландонаи ҳамаи вазифаҳояш баромад, минбаъд ба вазифаҳои раиси Комиссияи фавқулодаи (КИМ) Комитети Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ ва солҳои 1921- 1922 роҳбарии қисмҳои ҳарби Артиши Сурхро ба ӯҳда дошт. Соли 1924 аз 1-ум то 5-уми сентябр дар Душанбе Анҷумани якуми депутатҳои халқи Бухорои Шарқӣ баргузор гардиду дар он анҷуман Нусратулло Махсумро раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ интихоб намуданд.

Аз оғози моҳи август то охири моҳи октябри соли 1924 барои халқи тоҷик давраи ниҳоят муҳим ва душвори таърихи ба ҳисоб меравад.  2-уми августи соли 1924 Бюрои Осиёи Марказии КМ ҲК(б) ҳайати Комиссияи марзбандии миллӣ- ҳудудиро тасдиқ кард, ки дар ҳайати 15 нафараи он ягон нафар тоҷик ё намояндаи халқи тоҷик набуд.Дар ҳайати ин 15 нафара, 4 нафар ӯзбек, 1 нафар украин, 5 нафар қазоқ, 1 нафар латиш, 1 нафар литвонӣ, 1 нафар рус, 1 нафар туркмен ва 1 нафар қирғиз фаъолона амал намуда, муаян намудани ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро оғоз намуданд. Бо ҷаҳду талошҳои чанд нафар фарзандони бо ору номуси миллат, баъд аз 14 рӯзи фаъолияти комиссия, яъне 16 -уми август намояндагони миллати тоҷик Чинор Имомов,Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Саидҷонов ба ҳайати комиссия дохил карда шуданд. Баъд аз 4 рӯзи ба ҳайати комиссия шомил шудани намояндагони халқи тоҷик 20-уми август бо қарори комиссия дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон вилояти Мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд,ки ҳамаги ҳудуди ҳамонвақтаи Қаротегин, Дарвоз ва Мастчоҳро дар бар мегирифт. Аз натиҷаи чунин сурат гирифтани ҳолати кор маълум мешавад, ки Комиссияи марзбандӣ хоҳишу пешниҳодҳои намояндагони Тоҷикистонро ба назар нагирифтаанд ё намояндагони миллати тоҷик ягон кӯшише барои таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон накардаанд?

Рӯзи 7-уми сентябр, яъне баъди 16 рӯз Бюрои Осиёи Миёнагии  КМ ҲК(б) ин қарорро тасдиқ намуд.Тавре, ки дар боло ишора рафта буд, дар он рӯзҳо Нусратулло Махсум дар Тошканд набуд. Бинобар сабаби дар Анҷумани аввалини депутатҳои халқи Бухорои Шарқӣ иштирок кардан , аз 1-ум то 5-уми сентябр дар Душанбе қарор дошт. Дар ин Анҷуман Нусратулло Махсум раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ интихоб шуда буд. Баъди ба ҳайси раис интихоб шуданаш таъҷилан ба Тошканд сафар карда, ба натиҷаи кори комиссия ва қарорҳои қабул намудаи он шинос мешавад. Мувофиқи қарори қабул кардаи ин комиссия Вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта буд,ки марзи ҳозираи водии (Қаротегин) ҳоло Рашт, Дарвоз ва Мастчоҳро дар бар мегирифт. Ин ҳолат ва ин қарори комиссия Нусратулло Махсумро қаноатманд накарду таъҷилан ба номи Иосиф Сталин нома навишт,ки нисбати таърих ва миллати тоҷик беадолатии маҳз содир шудааст. Баъди исрору талабҳои зиёди Нусратулло Махсум ва дигар фарзандони обрӯманди миллат ҳудудҳои имрӯзаи Исфара, Хӯҷанд, Конибодом, Истаравшан хулоса, вилояти имрӯзаи Суғд ба ҳайати Тоҷикистон дохил карда шуду муборизаҳо баҳри густариши ин раванд идома ёфт.

Оғоз пас аз ғалабаи инқилоби Октябр нерӯи тавоно ва ноаёну ғайричашмдошти бадхоҳони миллати тоҷик, ки замина аз дониши ноқису худхоҳӣ, такаббуру ҳирс ва кинатузию бадгумониҳо доштанд,нуфуз ва таъсири худро бештар намуда,дар муқобили пешвоёни миллату давлати тоҷикон ҳама гуна дасисаю фитна ва тӯҳмату бӯҳтонҳоро ошкору пинҳон идома медоданд. Муқовимату талошҳои намояндагони давлату миллати мо дар зинаҳои навбати ба натиҷае расид, ки 4-уми октябри соли 1924 Шӯрои марзбандии Ӯзбекистон масъалаи «Дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди муҳокима гузошт. Идомаи ин муҳокимарониҳо ба он анҷомид, ки 27-уми октябр Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Нусратулло Махсум ва дигар фарзандони фарзонаи миллат муборизаро дар асос ва заминаи далелҳои таърихӣ идома дода, баъди 5 сол, яъне соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистони  дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон бударо ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расониданд.Чун РССТоҷикистон таъсис ёфт, аз соли 1929 то соли 1934 Нусратулло Махсум Раси Комитети Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бодарназардошти соҳибтаҷрибагию кордониҳояш инчунин дар як вақт аз 18- уми марти соли 1931 то 4-уми январи соли 1934 муовини раиси Комитети Иҷроияи Марказии СССР (ИҶШС) низ кор карда буд.

Дар ҷомеаи башарии сайёраи мо Замин нобасомонию каҷфаҳмӣ, рашку ҳасад, кинаю бухл ва бадгумонию иблиссифатии ашхоси дар зинаҳои гуногуни мансабу фазифаҳо аз аввал ҳам ҷой дошту то ба имрӯз идома дорад. Метавон гуфт, ки фидокорию хоксори, ҷаҳду талош ва беғаразона шоистакориҳои пай дар пайи Нусратулло Махсум барин шахсиятҳои таърихӣ ҳам қурбони макру ҳилла ва тамаллуқу чоплӯсиҳои сиёсатмадорони баландмартабаи ҳар давру замон мегаштаанд. Ҳамин буд, ки охирҳои соли 1934 Нусратулло Махсумро бо гуноҳи «миллатчии буржуазӣ» роҳбарияти давлати абарқудрати СССР бо тӯҳмат аз вазифа озод карда, ниҳоят 15- уми декабри соли 1938 дар қатори ҳазорон нафар равшанфикрону мутафакирони фидоии халқу миллатҳои дигари СССР парронда шуд. Бо гузашти 19 сол, 28- уми декабри соли 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олии СССР қатли Нусратулло Махсумро ноҳақ ҳисобида, бо ҳалномаи худ сафед кард.

Тавре, ки мегӯянд дар сиёсат ҳар гуноҳу хатое ва хиёнату бераҳмиҳо на як бору ду бор содир шуда ва ин аввалину охирин нест. Узри бадтар аз гуноҳ содир шуд вале маҳбубияти қаҳрамон  аз қалбҳои пурмеҳру озодидӯсти аҳли башар ҳеҷ гоҳ дур нахоҳад шуд. Инак баъд аз 78 соли қатли «душмани халқ» дар зодгоҳаш дар фазои басо дилкашу озод, нерӯи тавонманди муҳаббати халқи ватан бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ парда аз рӯи нимпайкараи Нусратулло Махсум бардошта, унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро барояш абадан муносиб донистанд. Бо гузашти 62 соли маҷудияташ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани СССР моҳи августи соли 1991, 9- уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолиятии худро ба даст оварду Созмони Милали Муттаҳид дар қатори беш аз 200 мамлакати ҷаҳон соҳибистиқлолиятии онро ба расмият шинохт. Имрӯз парчами серангаю тоҷ ва 7 ахтардори Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар маркази пойтахти он шаҳри Душанбе дар яке аз пояҳои балантарини ҷаҳон парафшон буда, он рӯз дур нест,ки бахту саодат, иқтидори иқтисодӣ,фазои сулҳу осоиштагӣ,осоиши моддӣ ва пешрафти маънавии ин миллати бунёдгару башардӯст дар сатҳи парчами баландтарину хушранг ва парафшону баландпарвозаш, ки натиҷаи орзую омол,кӯшишу ғайрат ва садоқатмандию вафодории фарзандони барӯманди ин миллат аст, ҷой хоҳад гирифт. Ва акнун дар қатори дигар давлатҳои Сайёраи Замин Ҷумҳурии Тоҷиистон 28 сол боз ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷодаи ободкорию созандагӣ азму талош дорад.Тавре,ки ба ҳама маълум аст, нахустин поя ва дигар рукнҳои асосии  давлату давлатдории тоҷиконро родмардони саросари Тоҷикистон гузоштаанду дар қатори онҳо беш аз ҳама ва пеш аз ҳама саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсуми сарсупурда низ ҳаст.

Соли 2021 дар соли ҷашни пуршукуҳи 30- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба зодрӯзи ин фарзанди шарафманди миллат 140 сол пур мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихии пурифтихор гузаронидани маъракаю маҳфилҳои бадеию фарҳангӣ,таърихию худшиносӣ ва дигар чорабиниҳои мустаҳкамкунандаи ҳисси ватандӯстию ҷаҳонбинӣ,худшиносию башардӯстӣ ва созандагию ободкориҳои миллӣ гузаронидан иқдомест ба поси хотир ва бузургдошти ёди қаҳрамонони миллату давлат. Ҳақшиносию адолатхоҳии воқеии мо он гоҳ равшану собитқадамона хоҳад буд, ки шаҳру ноҳияҳо, коргоҳу кӯчаҳо ва донишгоҳу муассисаҳои навбунёдро бо номи ҳамин гуна қаҳрамонон гузорем.

Имомалӣ ТАБАРӢ

Добавить комментарий