Ҳамасола зимни ҳафриёти ёдгорӣ бозёфтҳои моддии назаррасе ба даст меоянд, ки гиреҳкушои ин ё он муаммоҳои сарбастаи таърихи ниёгони мо мегарданд.

Соли 2004 ба мо бостоншиносон муяссар гардид, ки аз қабати мадании дуюми ҳафриёти XI (3200-2900 сол то милод) чоҳи мудавваршаклеро пайдо намоем. Чоҳ 1,15 х 1,15 м масоҳат дошта, дар дохили он устухонҳои ҳайвони калони шохдор мавҷуд буданд. Ҳангоми таҳқиқи чоҳ беш аз 10 намунаи қисмҳои ҷудогонаи устухонҳои ҳайвони калони шохдор дар якҷоягӣ бо қайроқсангҳо ва лахчаву хокистар ба даст омаданд.

Ҳини пажуҳиш асосан устухонҳои сари гов ва қисми сутунмуҳра пайдо карда шуданд, ки ҳаҷмашон аз говҳои муқаррарии имрӯза бузургтаранд. Бо мақсади муайян кардани ба кадом намуди ҳайвон мансубият доштани устухонҳо мо ба доктори Институти зоология ва паразитологияи АУ Тоҷикистон Шарипов Шарафҷон муроҷиат намудем. Дар натиҷа аниқ карда шуд, ки устухонҳо ба гови ваҳшии “Тур” тааллуқ доштааст.

То имрӯз бостоншиносон накши “Тур”- ро танҳо дар рӯи сангнигораҳои Қазоқистону Муғулистон, Сибиру Урал ва Олтой, ки ба аҳдҳои неолит, энеолит ва биринҷӣ (ҳазораҳои II-I қабл аз мелод) мансубанд, пайдо кардаанд. Дарёфти сари Тур дар таърихи аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ бори аввал мушоҳида мегардад.

Қисмҳои ҷудогонаи устухонҳои Тур, ки аз Саразм пайдо карда шудааст, нисбати ёдгориҳои дар боло зикргардида қариб се ҳазор сол қадимтар буда, онро бо маросими ба худ хос (афрӯхтани оташ), қурбонӣ кардаанд.

Ба маврид аст қайд намоем, ки ҳанӯз соли 1986 ҳангоми тадқиқкоти маъбади бузургдошти оташ аз ҳафриёти чоруми Саразм муҳри сангии шакли силиндир-доштае пайдо карда шуда буд, ки дар гирди он нақши гови азимҷусса (Тур) ҳаккокӣ карда шудааст. Муҳри сангин аз ибодатхонае, ки ба андозаи 36 метри мураббаъ масоҳат дораду девори самти ғарбии он бо ранги аҳмарӣ оро дода шудааст, пайдо гардидааст. Дар мобайни фарши толор оташкадаи мудавваре чойгир аст, ки дар вақташ аз умқи марказии он фарри яздӣ-оташи муқаддас, ки нишони мехрпарастӣ аст, забона мезад.

Имрӯз дар натиҷаи киёс бо бозёфтҳои бостонии ҳамдавру ҳамҷавори саразмиён маълум мегардад, ки дар атрофи муҳри сангӣ тасвири гови Тур ҳаккокӣ карда шудааст. Инчунин тасвири барзагови муқаддаси Тур (аз тарафи муаллифи ин сатрҳо) аз сангнигораҳои сойи Сабағи Масчоҳи Куҳӣ пайдо карда шудааст, ки ба ҳазораҳои III-II-и қабл аз мелод мансуб аст. Пас маълум мегардад, ки сокинони саргаҳи Зарафшон низ ҳанӯз дар ҳазораҳои IV-II-и қабл аз мелод гови Турро низ парастиш менамудаанд. Инчунин аз ёдгории аҳди қадими кишоварзии Олтинтеппа, воқеъ дар Туркманистони Ҷанубӣ (ҳамдаври ёдгории Саразм) аз дохили як ибодатгоҳ сари тиллоии гов пайдо карда шудааст, ки дар пешониаш санги лоҷуварди шакли нимдоирадошта насб шудааст. Муҳаққиқи  ёдгорӣ профессор Массон.В.М. низ ҷой доштани парастиши говро дар байни қабилаҳои муқими кишоварзони ин мавзеъ тасдиқ менамояд.

Парастиш ва эътиқод ба гов аз давраҳои хеле қадим, аз давраи Пешдодиён то давраи Сосониён дар байни қабилаҳои ориёӣ маълум буд.

Барои гиреҳкушоӣ намудани бозёфтҳои бостонӣ оид ба парастиши гов пеш аз ҳама устураҳо ва маъхазҳои хаттӣ ёрии амалӣ мерасонанд.

Гови нахустин (яктоофарида) бино бар навиштаи «Бундаҳишн» нахустин чорвоест, ки Аҳуро-Маздо ӯро дар Эронвич ба миёнаи ҷаҳон, дар канори рӯди Дайитинек (рӯди Зарафшон А.Р.) биофарид. Он гов сапеду рӯшан буд чун моҳ, ва ӯро боло ба андозаи се ной буд. Обу гиёҳ барои ёрирасонӣ бад-ӯ офарида шуд, зеро дар даврони омехтагӣ ӯро зӯру боландагӣ аз онҳо буд. Ин говро Аҳриман бо ёрии Чахӣ кушт ва аз тухми ӯст, ки ҳамаи сутурон ва чорпоёни ҷаҳон падид омадаанд.

Инчунин дар Авасто (Геу ё Геуш) номи куллии ҳамаи чорпоёну сутурони судманд аст ва гумон меравад, ки тухмаву бунёди онҳо (ва низ тухмаи галлаҳову гиёҳҳои доруӣ) дар моҳ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар Вандидод (фар. 21, банди 9) гуфта шудааст: » Эй моҳи дорандаи тухмаи гов! Барой…»

Дар «Бундаҳишн» омадааст: «Панҷумин набардро гови яктоофарида кард. Чун даргузашт, аз андомҳои фавтидаи гов панҷоҳу панҷ навъ ғалла ва дувоздаҳ навъ гиёҳи дармонӣ аз замин руст. Равшанӣ ва зӯрӣ, ки дар тухми гов буд, ба моҳ супорида шуд. Он тухма ба равшании моҳ полуда шуд. Ба ҳама гунае ороста шуд. Ҷон дар ӯ карда шуд ва аз он ҷуфте гов, яке нару дигаре мода (ба замин оварда шуд). Сипас бар замин аз ҳар навъе дуто, яъне дувисту ҳаштоду ду навъ авзор пайдо шуданд.»

Дар Авастои нав ва «Бундаҳишн» низ моҳ дарбаргирандаи тухмаи гов (чорпоёну сутурон) хонда шудааст. Дар «Бундаҳишн» омадааст, ки нахустин офаридаи Аҳуро-Маздо варзов буд. Аҳриман деви (Озу) – деви ранҷу гуруснагиву бемориро ба озори ӯ гузошт. Варзов аз он осеби аҳриманӣ чандон лоғapy нотавон шуд, ки ҷон супурд. Ҳангоми мурдан аз ҳар як андомҳои ӯ панҷоҳу панҷ гуна буншан (зироатҳои ғалладона, А.Р.) ва дувоздаҳ гуна гиёҳҳои дармонӣ падид омад ва он чи аз он тухмаи варзови поку нерӯманд буд, ба Моҳ роҳ ёфт ва дар партави фурӯғи он полуда шуд ва аз он ҷуфте ҷондори нарина ва модина падид омад ва аз он дувисту ҳаштоду ду ҷонвари дигар зода шуданд.

Ҳангоме, ки варзов ҷон месупурд, равони Гаушурван (равони офариниш ё равони гови нахустин) аз колбадаш берун омад ва дар баробари вай истод ва чунон хурӯше баркашид, ки гуё ҳазор мард бо ҳам фарёд бароварданд ва аз ситаме, ки дар замин бар сутурон меравад, бинолид ва аз Аҳуро-Маздо пурсид:

— Ҷаҳони офаридагонро ба кӣ супоридӣ? Кирдорҳои зишт заминро вайрон кард ва гиёҳҳо беоб монданд! Куҷост он марде, ки ту навиди офаридани ӯро додӣ, марде ки дини раҳоӣ ва растагорӣ оварад?

Аҳуро-Маздо гуфт:

— Эй Гаушурван! Ранҷи ту аз Аҳриман аст. Агар он марде, ки офаридани ӯро навид додам имрӯз ҳастӣ ёфта буд, ҳароина Аҳриман чунин густох намешуд.

Он гоҳ Гаушурван ба ситорагон шитофт ва гила аз сар гирифт. Пас ба мох, даромад ва боз хурӯш баровард ва саранҷом ба шаҳри хуршед шитофт ва дар он ҷо Аҳуро-Маздо фравашии Зардуштро бад-ӯ бинмуду гуфт:

— Ин аст он касе ки хоҳам офарид ва дини раҳоӣ хоҳад овард!

Пас Гаушурван хушнуд шуд ва хешкории худро, ки парвариши мардумону хӯрок додан ба онон аст пазируфт. (Бундаҳишн, бахши 4).

Абӯрайҳони Берунӣ менависад, ки эрониён дар рӯзгори ӯ мепиндоштанд, ки гардунаи моҳро гове аз нур, ки ду шохи заррин ва даҳ пои симин дорад мекашад. Ин гардуна дар шаби шонздаҳуми даймоҳ ба муддати як соат падидор мешавад ва касе онро бингарад, ҳар орзӯе ки дошта бошад, бароварда мешавад. (Осор-ул-боқия., саҳ.226)

Бисёр ховаршиносону бостоншиносони хориҷиву ватанӣ барзагови мукаддаси Турро ба афсонаву ривоятҳои бахшида ба авлоди Фаридун алоқаманд медонанд. Шаҷараи худи Фаридун бошад аз Ҷамшеди писари Вивангхон ва ё худ Ваюнгахон ибтидо мегирад.

Бино ба гуфтаи бисёр муҳаққиқон Фаридун пас аз тоз ё тоҷ яке аз бузургон ва бунёдгузорони қабилаи туирйа ва халқи Турон буда, дар ҳар ҷои Авасто, ки сухан дар бораи Тур меравад, Турон ва туронӣ дар назар дошта шудааст. (Яштҳо., ҷ 2, сах.93).

Дар готҳои 46, 12 Тур бо номи авлоди Фаридун омадааст. Ё худ шаҷараи Фаридун дар «Бундаҳишн», фасли 31., банди 7 ба тариқи зайл омадааст:

Фаридун Оспион, писари Пуртуро, Оспион писари Савктуро, Оспион писари Пуртуро, Оспион писари Сиёҳтуро, Оспион писари Сапедтуро, Оспион писари Кафтуро, Рамактуро, Оспион писари Ванвар Рашна, Оспион писари Ҷамшед, писари Ваюнгахон.

Агар калимаи Оспион (асп) маънои аспдорро ифода намояд, пас пешгузаштагони ӯ бо гов яъне Тур пайваст буда, онҳо говпараст ва говдорон мебошанд.

Шаҷараи Фаридун дар таърихи Табарӣ чунин оварда шудааст: Фаридун писари Исфиён, писари Исфиён Некгов, писари Исфиён Сеҳргов, писари Исфиён Пургов, писари Исфиён Охшингов, писари Исфиён Сиёҳгов, писари Исфиён Сапедгов, писари Исфиён Кобаргов, писари Исфиён Ромингов аст. (Табарӣ., ҷ.1, саҳ.153).

Устод Яъкубшоҳ Юсуфшоҳ, дар асари хеш «Тоҷикшиносӣ» дар асоси ривоятҳо оиди таваллуди Зардушт ва Фаридун чунин овардааст “Вақте, ки Зардушт аз модар зода мешавад, қувваҳои аҳриманӣ ӯро дар роҳи говон мепартоянд, то ки ӯро бикушанд. Аммо модагове омада, болои ӯ меистад ва Зардуштро аз марг наҷот медиҳад. Ҳамин ҳодисаро такроран дар таваллуди Фаридун низ мебинем. Вақте, ки Фаридун аз модар ба дунё меояд Заҳҳок мехоҳад вайро нобуд созад. Модараш Фаридунро пинҳонӣ ба саҳро мебарад, гове шир дода ӯро калон мекунад. Вақте, ки Фаридун бузург мешавад, савори барзагов, бо гурзи гавсар ба ҷанги Заҳҳок меравад ва ӯро ба қатл мерасонад.

Инчунин гов дар Авасто бо номи фариштаи Говмард (Каюмарс) ёд шуда, яке аз офаринишҳои Аҳурамаздо ба ҳисоб меравад.

Дар Бундаҳишн оиди офариниши Каюмарс чунин омадааст; «…шашум Каюмарсро офарид, рӯшан чун хуршед. Ӯро ба андозаи чор ной баландӣ буд. Паҳно(ш) чун боло(ш). Рост бар болои рӯди Даити (Зарафшон А.Р.), ки дар миёни ҷаҳон истад. Каюмарс бар сӯи чап ва гов бар сӯи рост. Дурии эшон яке аз дигаре ва низ дурӣ аз оби Даити ба андозаи болои (қади) худ(- и эшон) буд. Каюмарс дорои чашм, гӯш, дорои забон ва дорои даҳшак буд. Даҳшак (шояд ДНК бошад) доштан ин аст, ки мардум аз тухми ӯ бад-он гуна зодаанд. Барои ёрии ӯ хоби осоишбахшанда офарид. Ҳурмузд ин хобро ба тани марди баланди 15-солаи рӯшан (шахси ба балоғат расида А.Р.) фароз офарид. Вай Каюмарсро бо Гов аз замин офарид. Ҳурмузд аз рӯшанӣ ва сабзии осмон нутфаи мардумон ва говонро фароз офарид, зеро ин ду нутфаро (ки оташтухма, на обтухма, дар тани Гову Каюмарс бидод, то афзоиш ёфтани мардумон ва гӯсфандон аз он бувад (Турон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ; саҳ.143).

Ҳамин тавр дар устураҳо ориёи нахуст — Турро муқаддас шуморида, дар Авасто дуоҳои ҷудогона бахши Говаш (Говмард) ҳамчун худои олами ҳайвонот ситоиш карда шудааст. Аз Фарвардиняштҳо бармеояд, ки халқҳои ориёӣ дар панҷ музофоти Осиёи Марказӣ зиндагонӣ кардаанд. Кишоварзони муқимнишин дар воҳаҳои Эрон, Бохтар, Суғд, Марғиён ва Фарғона ҳаёт ба сар мебурданд. Дар чор музофоти дигар, — Чимкенти имрӯза, Қазоқистони Шарқӣ, саргаҳи дарёи Об ва Олтою Байкал низ қабилаҳои ориёии саҳронишин зиндагонӣ мекарданд. Давраҳои зисти нисбатан қадимтари онҳо ба (ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз мелод А.Р.) рост меояд.

Тақсимкунии ҷахони ориёӣ ба се қисм аз тарафи Фаридун, ба давраҳои нисбатан баъдина (охири ҳазорсолаи III — и қабл аз мелод — А.Р.) шояд мансуб бошад. Дар асоси мадракҳои бостоншиносӣ охири ҳазораи III ва ибтидои II -юми пеш аз мелодро давраи кӯчиши бузурги халқҳо каламдод намудаанд.

 

Абдурауф Раззоқӣ

бостоншинос, муҳаққиқи Саразми бостон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here