20-уми декабр Ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ Амиршо Миралиев зодрӯз дорад

Иттилоъ гирифтам, ки чанд рӯз қабл Амиршо Миралиев ҳаҷҷи умра карда, ҳоҷӣ шудааст. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки ашхосе чун Миралиев дар заминаи поквиҷдониву масъулиятшиносӣ моҳиятан хеле пеш ба ин мартаба расидаанд.

— Дар хонаи Худо барои рушду нумуъ, ободии кишвари азизамон ва сарбаландии беш аз пеши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуо кардам. Ба Худованд ниёиш кардам, то саодати бардавомро барои кулли тоҷику тоҷикистониён арзонӣ дорад,- мегӯяд номбурда.

16-уми ноябри соли равон. Шаҳри Роғун. Маросими ба кор шуруъ намудани чархаи аввали НБО-и “Роғун”. Ҳамроҳ бо дигар нухбагони кишвар ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ Амиршо Миралиевро дидам. Болидаруҳ ва ифтихорманд ба назар мерасид. Табъи болида доштанаш аз табассуму шӯхиҳояш бо ҳамроҳонаш бараъло буд. Бо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров низ муколамаи кӯтоҳе дошт. Намедонам мавзуъ чӣ буд, вале дар чеҳраҳояшон табассум гул кард…

— Ин иқдом ба мо, ки синну соламон ба ҷое расидааст, руҳу тавони тоза бахшид. Шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ин рӯйдоди нодир ҳадду канор нест, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар — ба кор оғоз кардани иншооти тақдирсози мамлакат — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид. Моҳиятан бо ибтикор ва дар заминаи талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба воқеият табдил ёфт,- гуфт бо қаноатмандӣ Амиршо Миралиев.

15-уми сентябри соли равон, тарабхонаи “Яккачинор”.  Журналист ва адиб Умари Шерхон дар робита ба гусели гулдухтараш ба ҳаёти мустақилона маҳфил орост. Бо ҷамъи журналистон он ҷо қарор доштем. Яке аз аввалинҳо Амиршо Миралиев омад. Соҳибтӯй ӯро ба ҳуҷраи ба истилоҳ барои меҳмонҳои хоса омодашуда даъват кард.

— Он ҷо барои дигарон аст, ман дар саҳн мешинам,- бо қатъият иброз дошт Миралиев. 

Ба зудӣ дар атрофаш ихлосмандону шогирдон  парвона шуданд. Бо Муҳаммад Ғойиб шӯхиҳои намакин кард, самимона ва орӣ аз киноя. Муҳимтар аз ҳама, ба пешвозу гуселаш зиёд нафарон бархостанд, эҳтиромашро ба ҷой оварданд, аз дастгириву поквиҷдониаш ёдовар шуданд. Ин омилро қариб дар тамоми маросиме, ки Миралиев ширкат меварзад, мушоҳида кардан имконпазир аст.

Манзур аз овардани ин ду лаҳза бозгӯйӣ намудани рӯзгори Амиршо Миралиев — яке аз содиқтарин ҳамсафони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Миралиев аз ангуштшумор ашхосест, ки баъд аз нафақа рафтан “кулбаи ман дар канор аст”-ро шиор қарор надодааст.

Дар ҷомеаи мо маъмул аст, ки шахсони дар гузашта соҳибмансаб баробари ба нафақа рафтан аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ мешаванд, шиква, афсӯс, бечоранолӣ, киноя, таъназанӣ ва ғайра шеваи зиндагиашон мешавад. Қисмати дигар ба шуғлҳои дигар, ки аслан ба эшон рабт надорад, машғул мешаванд, ки аз лиҳози мақому манзалати қаблӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Алорағми чунин нафарон, рӯзгори Миралиев баъди ба нафақа баромадан низ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ҳаргиз худро аз ҳаводиси ҷомеа дар канор намегирад. Аз мубаллиғони собитқадами сиёсати Пешвои миллат буду ҳаст. То кунун иродаи шикастнопазир ва нерӯи хастагинопазир дорад. Шукргузору қаноатпеша аст, аз касе, хоса соҳибмансабоне, ки барои ба қуллаи мансаб расидани баъзеашон саҳми бориз дорад, шиква намекунад. Бо вуҷуди он, ки гапаш мисли “алмос мегузарад”, дар ягон ҳолат “ба ҳар ош қатиқ намешавад”. Салобату олуфтагиаш тағйир наёфтаву завқаш ҳамоно боло ва камназир аст. Хуш ба ҳолаш!

Замони дар нафақа қарор доштан зиёдтар аз суҳбатҳои Миралиев баҳра бурдам. Ба шарофати ин суҳбатҳо дарсу одамгарӣ метавон омӯхт, дар шинохти инсонҳо таҷрибаноктар шудан саҳл аст, истеъдоди камназири роҳбарӣ ва тавъам намудани онро бо одамият метавон мушоҳида кард, ба мавҷудият ва пойдории садоқату самимият, ки ҳоло аксарият моли таърих ва сужаи филмҳои ҳиндӣ медонанд, метавон мутмаин гардид. Дар маҷмуъ, ин суҳбатҳо Миралиевро аз зовияҳои дигар бароям рӯнамоӣ кард, ки дар ояндаи наздик бозгӯйӣ хоҳам кард.

Далели бебаҳс аст, ки садоқат, ҷасорат, мактаб, салобат ва одамияти Миралиев камназиру омӯхтанист. Зеро дар тамоми ҳолатҳо, новобаста аз вазъият, ба мисли баъзеҳо андешаашро дигар накардаасту намекунад. Аз нотавонбинон заррае ҳарос надорад.

Номбурда минҳайси инсони донишманду хоксор дар зеҳни ашхоси зиёде ва дар ташаккули шахсияташон нақш гузоштааст, ки ин омил аз бепоя будани воҳимае, ки дар бораи “каснописандии» ин нафар роиҷ буд, шаҳодат медиҳад.

Вижагии дигари Миралиев, ки дар аксар соҳибмансабон “тухми анқост”, одамияти баландаш аст. Ҳарчанд хеле ҷиддиву бовиқор ба назар мерасад, бо ҳамон ҷиддияту салобати хоси хеш, вале бародарвор бо ҳама  салому гуфтугӯ мекунад. Аз ҳолу аҳволи фарзандонашон пурсон мешавад ва ба пайвандон салом мефиристад.

Далелҳо аз он ҳокианд, ки аксар нафароне, ки босаводу кордон буданду замоне бо Амиршо Миралиев якҷоя кор кардаанд, ба вазифаи ба  худашон муносиб сазовор дониста шуданд. Моҳиятан ин хислати сиёсатмадор, яъне эътирофи савод, истеъдод, ҳунар ва баъд аз он хислатҳои дигари кадрҳо аз садоқати шахсиятҳо ба давлат ва вазифаҳояшон дарак медиҳад.

Ба ҳайси нафари холис мегӯям, ки ӯ «бачаи эрка» надорад, касе аз «пушт»-и ӯ ба ягон кори бад даст намезанад. Зеро дар тамоми вазифаҳое, ки кор кардааст, дар сурати даст задан ба аъмоли нопок касеро хотир  намедид. Биноан, дар борааш гуфтаанд, ки “Як гап дораду як нигоҳи қаҳрогин. Сиёсатмадори пурҷазаба аст, ки аксаран ҷуръати ҳар майда — чӯйдаро бо ӯ муҳокима кардан надоштанд”.

Кунун бисёриҳо, ҳатто нафарони пештар ба Миралиев чандон таваҷҷуҳ надошта эътироф менамоянд, ки ӯ аз зумраи он мушовирони Президенти Тоҷикистон буд, ки суханаш қадр дошту андешаҳояш пазируфтанӣ. Таҷрибаи калони кории ӯ дар сиёсат аз замони шӯравӣ то ин дам имконаш медод, ки ҳар қадамашро дониста монад ва ҳам назарашро санҷида бигӯяд. Шояд дар машваратҳои ӯ иштибоҳе набудаву дар пешниҳодҳояш манфиат бештар аз дигарон буд, ки пазируфта мешуданд. Аз зумраи ками мансабдоронест, ки таърифу худнамоиро дӯст намедорад. Ҳатто вақте кормандони рӯзномаи “Садои мардум” китоби вакилонро таҳия мекарданд, Амиршо Миралиев нахост, ки дар бораи ӯ дар ин китоб чизе бинависанд, дар ҳоле ки баъзе аз вакилон тақозо мекарданд, то таърифи бештарашон кунанд.

Дар борааш китоберо бо номи “Родмарде дар масири сиёсат” мураттаб намуда будам. Ин иқдом дар шинохти Миралиев маро амиқтар бурд. Баробари нашри китоб зиёд нафарони фарҳехтаи кишвар гила карданд, ки чаро назари онҳоро дар китоб ҷойгузин накардам. Ин аст, ки тасмими омодасозии қисмати дуюми онро дорам…

Таъкид менамоям, ки китоби мавриди назар ва матолиби ба Амиршо Миралиев рабтдоштаро замоне навиштам, ки на ман тамаъ дораму на ӯ ба ин ниёз. 

Дар маҷмуъ, Амиршо Миралиев аз шумори ками соҳибмансабони воломақоми замони Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад, ки ҳалолкору ҳалолхӯр аст ва номи хешро бо принсипҳои ҷиддии корӣ ва сарсупурдагӣ ба вазифааш шарафмандона анҷом дода, кунун шарафмандона даври пирӣ меронад.

Зодрӯз муборак!

 

Далери АБДУЛЛО, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here